Баъзе масоили усулии таносуби давлати дунявӣ ва дин

         Масъалаи таносуби дин ва давлати дунявӣ дар низоми сиёсии ҷомеаи мусулмонии муосир, ки таваҷҷўҳ ба дин зиёд буда, дин ҷузъи ҷудонашавандаи равандҳо ва сиёсатҳои минтақавӣ мебошад, яке аз мавзўъҳои басо муҳим, вале мураккабу баҳснок ба ҳисоб меравад. Доир ба муколамаи дину давлати дунявӣ, таносуби онҳо, баъзе ҷанбаҳои ҳамкории дину давлати дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд тадқиқотҳои  илмӣ ба рўи кор омадаанд. Дар онҳо роҳҳои устувор кардани боварӣ дар байни намояндагони ҷаҳонбинии динӣ ва арзишҳои дунявӣ ва диалектикаи онҳо дар даврони бунёди давлати миллӣ нишон дода шудааст.[1] Аммо масъалаи таносуби дину давлати дунявӣ дар ҷомеаи муосири мусулмонӣ ва ҷанбаҳои методологию назариявии он то имрўз мавриди таҳқиқи ҳаматарафа қарор нагирифтааст. Дар ин масъала ҷанбаҳои баҳснок ва ҳалталаб зиёданд. Дар ин ҷо мо мухтасаран баъзе масоили усулии таносуби дин ва давлати дунявиро баён месозем.

         Баъди ба даст овардани истиқлолияти миллӣ дар мамолики мусулмонии садаи XX, дар раванди интихоб намудани роҳи минбаъдаи тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ, ду шакли таърихан маъмули давлатдорӣ - монархӣ ва ҷумҳуриявӣ ба вуҷуд омад. Шакли ҷумҳуриявии давлатдорӣ ба низомҳои сиёсии исломӣ ва демократӣ-дунявӣ ҷудо мешаванд. Дар баъзе давлатҳо (ба монанди Туркия) низоми демократӣ-дунявӣ дар зери таъсири Ғарб қабул гардид. Дар ҷумҳуриҳои пасошўравӣ дунявият аз давлати собиқ Шўравӣ ба мерос мондааст. Бино бар он, дар ҳамаи ин кишварҳо дунявият асосан дар зери таъсири Аврупо ташаккул ёфтааст.

Дунявият дар асли худ арзиши умумибашарӣ буда, ҳудуди миллӣ ва минтақавӣ-ҷуғрофӣ надорад. Дар тўли таърих дар минтақаҳои гуногун ҳар кадом халқу миллати соҳибдавлат аз он мувофиқи хусусиятҳои миллӣ-мадании худ истифода кардаанд. Аз ин рў, ҳангоми ҳамчун сифати давлат қабул кардани дунявият аз ба тариқи механикӣ дар шакли ғарбӣ татбиқ намудани он худдорӣ кардан ва ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои миллию динии ҳар минтақа яке аз шартҳои муҳими ҳифзи дунявият ва рушди ҷомеаи демократӣ мебошад. Ба эътибор нагирифтани ин ҷанбаи масъала метавонад дар роҳи ҳамзистии дину давлати дунявӣ душвориҳо эҷод намояд. Ҳанўз дар ибтидои солҳои шастуми садаи XXшарқшиноси Шўравӣ Конрад Н.И. дар мақолаи «Старое востоковедение и его новые задачи» бар хилофи сиёсати аврупоимарказият таърихи  башарро ҳамчун як раванди умумитаърихӣ баррасӣ карда, нақши бонуфузи тамаддуни Шарқро дар ин раванд нишон додааст. Ў тафовути таъриху маданияти Шарқу Ғарбро таъкид карда, мегўяд: «Аврупомарказият дар худ ҳамеша хавфи ба тариқи механикӣ ба ҳаводиси таърих ва маданияти Шарқ кўчонидани он мақулотеро дорад, ки хоси таърих ва маданияти Ғарбанд... Афкори назариявии Шарқро дар ҳамаи соҳоти илм роҷеъ ба инсон ва ҷомеа ба ҳисоб гирифтан зарур аст…Яке аз вазифаҳои илмҳои инсонӣ ва ҷомеашиносӣ имрўз –  бартараф кардани аврупомарказият дар илм аст….Ин на танҳо хавфи аврупомарказияти илмиро бартараф мекунад, ҳамчунин хавфи осиёмарказиятро пешгирӣ менамояд».1

         Воқеан ҳам, дар кишварҳои аврупоӣ бо назардошти хусусияти дини насронӣ ва нақши он дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии ҷомеа дунявият ҳамчун нишонаи давлат қабул ва муносибати давлат ба дин муқаррар гардидааст. Бунёди ҷомеаи демократӣ-дунявӣ дар кишварҳои мусулмонӣ низ тақозо мекунад, ки хусусиятҳои дини ислом ба назар гирифта шавад. Зеро мисли кишварҳои аврупоӣ (Руссия низ ҷузъи олами насронист) ба тариқи механикӣ татбиқ намудани принсипҳои дунявият ва ҷудо кардани дин аз давлат метавонад дар роҳи ҳамзистии дину давлати дунявӣ ва рушди он душвориҳо ба бор орад. Пас, хусусиятҳои фарқкунандаи дини ислом аз насроният дар чист?

         Мусаллам аст, ки насроният дар симои калисо дорои сохтори муайяни ташкилӣ-идорӣ мебошад. Мафҳуми калисо маънои «хонаи Худо»-ро дошта, сохтори диниест, ки аз як тараф вазифаи танзимнамоии муносиботро дар дохили иттиҳоди динӣ ва аз тарафи дигар робитаҳои иттиҳодяи диндоронро бо гурўҳ ва ташкилотҳои дунявӣ иҷро менамояд. Чуноне ки мебинем, дар мазмуни сохтори калисо имконияти барқарор кардани робита ва доштани муколама бо давлати дунявӣ вуҷуд дорад.  Калисо иттиҳодияи диндорон аст, ки ба маркази ягонаи динӣ ва саррўҳонии он (поп, патриарх) итоат мекунад. Масалан, калисои католикии насроният аз тарафи маркази байналмиллалии он ва Папаи Рим, ки дар Ватикан қарор дорад, идора мегардад. Аз ин ҷиҳат, калисо ҳарчанд чун масҷид ҷои ибодат аст, вале аз рўи сохтор, вазифа ва нақши худ дар ҷомеа аз масҷид фарқ мекунад. Калисо дар навбати аввал чун сохтори бонизоми зинавии динӣ-иҷтимоӣ вазифаи миёнравиро байни инсону Худо иҷро мекунад. Мўътақидони насроният бидуни калисо ибодат ва маросимҳои ба он марбутро риоя карда наметавонанд, ки ин робитаи диндоронро бо калисо ва умуман бо насроният дар шакли устувор таъмин месозад. Амри рўҳонӣ барои ҳамаи диндорон ҳукми қонунро дорад. Ҳамин тариқ, дар ҷомеаи аврупоӣ, насроният дар шаклу сирати калисо таҷассум мегардад ва он метавонад аз як тараф ниёзҳои динии насрониёнро қонеъ созад ва аз тарафи дигар робитаи онҳоро бо давлат барқарор намояд.

         Аз ин хусусияти дини насронӣ бармеояд, ки ҳамон калисое, ки миёнравиро байни инсону Худо ба осонӣ иҷро менамояд, метавонад чунин нақшро дар байни давлати дунявӣ ва диндорони насронӣ низ ба анҷом расонад. Рўҳоние, ки аз номи Худо тавбаи фарди насрониро қабул карда, гуноҳи ўро бахшидааст, метавонад дар байни давлат ва насрониён нақши сиёсии муайянро низ дошта бошад. Аз ин рў, ҷудо будани дин  ва ташкилотҳои динӣ аз давлат дар кишварҳои насронӣ хусусияти нисбӣ дорад. Ин ҳолат ба ҳокимияти сиёсӣ барои пиёда сохтани барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии давлати дунявӣ монеа эҷод намесозад. Зеро давлат метавонад тавассути калисо оммаи диндоронро ба ҳаллли масоили умумидавлатӣ ҷалб намояд, аз вазъи динӣ-сиёсии мамлакат ва ниёзҳои диндорон бохабар бошад ва онро зери назорат гирад. Ба ибораи дигар гўем, ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудоанд, то ки онҳо ба умури давлатӣ дахолат накунанд. Аммо давлат аз дин ҷудо нест, зеро давлат фаъолияти ташкилотҳои диниро дар доираи қонун муқаррар карда, тавассути он аз болои ташкилотҳои динӣ назорат мебарад ва калисо дар ин робита ҳамчун пул дар байни дину давлати дунявӣ хизмат мекунад.

         Дар ислом бошад чунин сохтори бонизоми ташкилӣ-идорӣ, ки ба тариқи зинавӣ тамоми ниҳодҳои динӣ ва диндоронро тобеъ созад ва тавассути он фаъолияти динии мусулмононро зери назорат гирад, вуҷуд надорад. Дар ислом ҳеҷ як ниҳоду сохтори динӣ ва рўҳонӣ нақши миёнравиро дар байни Худову инсон бозида наметавонанд. Ҳар як мусулмон дар рафтору фаъолияти худ мустақил буда, ибодат ва маросимҳои ба он марбутро мустақилона ба ҷо меорад ва ба миёнраве ниёз надорад. Дар ислом ба ҷои сохтори бонизоми идории муттамарказ, ки хоси насронят аст, анъана мақом ва нақши муассир дорад. Анъана унсури устувори ҳаёти иҷтимоӣ ва мадании ҷомеаи мусулмонӣ буда, хусусиятҳои рўҳӣ-равонӣ ва тарзи зиндагии мардумро ба воситаи расму оин, ҷашну маросимҳо ва қоидаву меъёрҳои ахлоқӣ таҷассум мекунад. Анъана – ин ҷамъбасти таҷрибаи иҷтимоии халқ аст ва бо тағйир ёфтани сохтори иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа ба зудӣ тағйир намеёбад. Ислом дар тўли асрҳо тавонистааст, ки то майдатарин ҷанбаҳои ҳаёти инсонро тарҳрезӣ карда, тавассути на танҳо анъанаҳои сирф динӣ, ҳамчунин бо истифода аз суннатҳои маҳаллӣ-миллӣ дар ҳаёти мусулмонон мақоми иҷтимоӣ-маданӣ касб намояд. Раванди этнизатсия ҷанбаҳои миллию диниро ба ҳам омезиш дода, нақши исломро дар шакли анъана дар ҷомеа устувор гардонид.

         Илова бар ин, маҳз тавассути анъана рўҳонияти ислом тавонист дар ҳаёти иҷтимоӣ-маданӣ ва маишии мусулмонон фаъолона ширкат варзад. Иҷрои бисёр маросиму анъанаҳо бе иштироки рўҳониён сурат намегирад. Ин имкон медиҳад, ки рўҳониён дар тарғиби андешаҳои сиёсии худ аз анъана истифода баранд. Ҳамин тариқ, анъана дар баробари арзиши динӣ-ахлоқӣ доштан, баъзан барои бархе аз гурўҳҳои рўҳоният метавонад чун воситаи тарғиби ақидаҳои сиёсӣ истифода гардад ва ҳатто барои паҳн кардани ақидаҳои динии ғайрианъанавӣ низ мусоидат намояд. Нақши бонуфузи анъана ва рўҳониён дар ҳаёти ҷомеа дар як вақт метавонад ба раванди ташаккули арзишҳои дунявӣ низ таъсири манфӣ расонад ва дар байни дину давлати дунявӣ ихтилофро ба вуҷуд орад.

         Фарқияти дигари ислом аз насроният дар он аст, ки насроният бештар хусусияти ибодатӣ дорад, яъне он тамоми аҳкоми шаръиро дар рукни ибодат ҷой додааст. Чунки насроният дар он шароити таърихие ба вуҷуд омад, ки дар империяи Рим сохтори ҳуқуқию шаҳрвандӣ ва давлатдории бонизом амал мекард ва ниёзмандии мардум ба дине бо рукнҳои дигар вуҷуд надошт. Танҳо эҳтиёҷ ба зарурати ивазу ислоҳи болосохти ҷамъият-дин ва идеология эҳсос мешуд.1 Лекин ислом дар шароити таърихие ба вуҷуд омад, ки дар Ҷазират-ул-араб сохтори бонизоми ҳуқуқию шаҳрвандӣ ва давлатӣ мавҷуд набуд. Бинобар он, ислом ба ҷуз рукни ибодат, зерсохторҳои дигарро низ дар раванди ташаккули худ, махсусан баъди ғолибияташ дар нимҷазираи араб ва берун аз он коркард намуд ва рукнҳои муомилот (муносиботи шаҳрвандӣ), ал-ҳудуд (аҳкоми ҷиноӣ) ва имомату хилофат (аҳкоми давлатӣ)-ро низ фаро мегирад. Дар натиҷа ислом ҳамчун як сохтори махсуси мафкуравию иҷтимоӣ-сиёсӣ ба майдон омад. Ин хусусияти исломро бисёр донишмандону сисатмадорони ғарбию рус мушоҳида кардаанд. Донишманди рус Беляев И. мегўяд: «шўбҳае нест, ки дини мусулмонҳо на фақат эътиқод ба Худои яккаву ягона – Оллоҳ, балки маҷмўи қоидаву қонунҳои зиндагӣ ва панду ҳикматҳои ахлоқиву фалсафӣ ҳам мебошад».1

         Омили дигаре, ки дар роҳи ҳамзистии дину давлати дунявӣ ва таҳкими он монеъа эҷод карда метавонад, на аз табиати аслии дину дунявият, балки аз кўшиши сиёсисозии дин ва ба майдони бозиҳои ҳизбию сиёсӣ кашидани он бармеояд. Мафҳуми калидии дин имон мебошад, ки зиндагии инсонро тавассути қонунҳои илоҳӣ танзим менамояд. Аммо дунявият зиндагии инсонҳоро аз тариқи қонунҳон шаҳрвандӣ ба низом меорад. Вале ин зиддиятро мутлақ гирифтан лозим нест. Зеро дунявият дар асли худ маънои зиддидинӣ не, балки ғайридиниро дорад. Мафҳумҳои калидии дунявият, ба андешаи мо, «гуногунандешӣ» ва «озодандешӣ» мебошад. Озодандешӣ, ки асоси бисёрақидавӣ ба ҳисоб меравад, дар як вақт ифодагари озодии дин ҳам мебошад ва дар ин асос дар низоми дунявӣ баробарии ҳамаи динҳо дар назди қонун эътироф мегардад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дунявият ҳамчун сифати  сохтори давлатӣ бо назардошти шароиту имконият  ва арзишҳои миллию динӣ ба расмият дароварда шуда, тағйирнопазир мебошад. Муҳимтарин ҷанбаи дунявият дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дунявият ҷанбаи арзишӣ дорад. Он ҳамчун арзиши ғайридинӣ принсипи гуногунақидавии идеологию сиёсиро барқарор менамояд. Ин имкон медиҳад, ки дар асоси ягон ақидаи муайян ба вуҷуд омадани идеологияи давлатӣ ё умумиҳатмӣ бартараф гардад ва ба ҳамзистии дину давлати дунявӣ заминаи қонунӣ фароҳам ояд. Чуноне ки аҳзоби сиёсии гуногун метавонанд дар асоси қонун озодона дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон фаъолият намоянд. Дар моддаи 8 Конститутсия омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад». Ин чунин маънӣ дорад, ки дунявият ба сифати сохтори давлатӣ на бо мақсади хусусияти идеологӣ додан ба он ва маҳдуд кардани мафкураи динӣ, балки бо мақсади дар қатори дигар мафкураҳо мақоми баробар доштан ва як роҳи  пешгирӣ кардан аз ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию дунявӣ эътироф гардидааст. Чи тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон баён кардааст: «Давлатдории миллиро бе ин асос тасаввур кардан мумкин нест, дар такя ба ин асл мо метавонем сохтори ҷамъиятӣ, истиқлолият ва амнияти миллиро таъмин намоем, арзишҳои миллиро ҳифз намуда, барои инкишофи минбаъдаи давлати Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам созем».1 Чунин тарзи муносибати идеологӣ ба дунявияти давлат барои дар заминаи ақидаву арзишҳои гуногун ташаккул ёфтани як фарҳанги сиёсии умимимиллӣ-давлатии таҳамулгаро имкониятҳои ҳуқуқӣ муҳайё месозад.

Дар робита ба ҳифзи арзишҳои миллӣ як масъаларо бояд ёдрас кард, ки фарҳанги тоҷику форс на танҳо аз арзишҳои исломӣ, ҳамчунин аз маҷмўи он арзишҳои миллие, ки то зуҳури ислом вуҷуд доштанд, иборат аст. Ин арзишҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣаз Ҳинду Чин сар карда, то ба Юнону Балкан нақши муассир бозидаанд. Баъди зуҳури ислом ҳамин арзишҳо буданд, ки чун заминаи маънавии эҳёи фарҳанги миллии асримиёнагӣва давлати миллӣхизмат карда, миллати моро аз нестшавӣ, яъне арабу турк шудан ҳифз намуданд. Имрўз ҳам ин арзишҳо омили муҳими худшиносии миллии мо мебошанд ва онҳо заминаи маънавии идеали миллии моро ташкил медиҳанд. Зеро бидуни ин арзишҳо мо симои миллии худро нигоҳ дошта наметавонем. Бубинед, ки худи миллати араб баъди зуҳури ислом тамоми арзишҳои миллии худро, ки дар давраи ширку бутпарастӣ («ҷоҳилия») вуҷуд дошт, инкор накардааст. Баръакс бисёр арзишҳои  замони ширку бутпарастиро ҳифз карда, онҳоро ба талаботи дини  ислом мутобиқ сохт ва онҳо имрўз ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ ё худ исломии аъробро ташкил медиҳанд. Дар миллати араб мафҳумҳои «арзишҳои миллӣ» ва «арзишҳоии исломӣ» ҳаммаъноянд, зеро ҳар ду дар як муҳити таърихӣ-фарҳангӣ (миллӣ) ташаккул ёфтаанд. Лекин барои миллати тоҷику форс ин ду мафҳум ҳаммаъно нестанд, зеро онҳо дар муҳитҳои таърихӣ-фарҳангии гуногун ташаккул ёфтаанд. Арзишҳои исломии мо бо фарҳанги исломии аъроб ва дигар халқҳои мусулмон тавъам мебошад. Арзишҳои миллиамон бошад, ҳамчун баёнгарӣ руҳу равони мо, моро аз гирдбодҳои таърихӣ ҳифз намуда, симои миллии моро таҷассум менамояд. Ин арзишҳо, ки аслан хусусияти табиӣ ва иҷтимоӣ доштанд, дар раванди мусулмоншавии мо аз хусусияти динии собиқаи худ тоза гардиданд ва аз ҳамин сабаб ба Қуръону Суннат низ ихтилоф надоранд, дар  равнақи фарҳанги исломӣ низ чун заминаи маънавӣ хизмат карда, онро ғанӣ гардонидаанд. Бинобарон, моро лозим аст, ки дар баробари ҳифзи арзишҳои исломӣ, арзишҳои миллиамонро низ ҳифз намоем. Ин зарурият аз он бармеояд, ки имрўз дар доираҳои рўҳонияти кишвар ашхосе низ фаъолият доранд, ки арзишҳои тоисломии моро («Авасто», таълимоти гуманистию ахлоқии зардуштия, таълимоти фалсафии монавия, афкори иҷтимоии маздакия, ҷашнҳои Наврўз, Меҳргон, Сада, Гули Сурх, расму оинҳои маишию оилавӣ ва ғ.), ки дар Қуръон аз онҳо ном бурда нашудааст, арзишҳои куфр ҳисобида, инкор мекунанд. Ин амал дар кори ташаккули ҳуввият ва худшиносии миллии шаҳрвандон, махсусуан ҷавонон, таъсири манфӣ мерасонад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз зарурияти дунявиятро ба сифати сохтори давлатӣ пазируфтан, бо мақсади аз гурўҳҳои ифротгаро ҳифз намудани арзишҳои миллӣ ва таҳким бахшидан ба ҳуввияти миллӣ, ба вуҷуд омадааст.

Ҳамчунин бисёрақидавиро дар асоси идеологияи давлатӣ қарор додан барои дар ҳаёти ҷамиятӣ-сиёсӣ фаъолона ширкат варзидани ҳамаи гурўҳҳои аҳолӣ, иттиҳодияҳои гуногун, аз ҷумла динӣ, ва аҳзоби сиёсӣ  шароитҳои баробар фароҳам меорад. Ин масъала бояд дар сатҳи фарҳанг ва психологияи сиёсии нухбагони сиёсӣ таҳқиқу дарк гардад, то ки муносиботи идологии кўҳна бартараф ва роҳу усулҳои самарабахши муколама ва ҳамзистии дину давлати дунявӣ, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардааст, дарёфт карда шаванд.

Афзалияти дигари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нисбати Конститутсияи баъзе давлатҳои дунявӣ дар масъалаи муносибат ба дин ин аст, ки дар он сухан на дар бораи ҷудо будани дин аз сиёсат, балки ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат меравад. Ин метавонад барои бартараф кардани бўҳрони сиёсӣ ҳамчун заминаи идеологӣ хизмат намояд. Дар моддаи 8 Сарқонун омадааст: «Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд». Чунин тарзи муносибат ба дин аз ду ҷиҳат аҳамияти амалӣ дорад. Аввалан, ин маънои онро дорад, ки давлат танҳо ташкилотҳои диниро аз худ ҷудо карда, дар айни замон бо ҳамин усул, нисбат ба эътиқоду ҷаҳонбинии суннатии шаҳрвандони худ эҳтироми хос гузоштанро таъкид намудааст ва дар айни замон барои эҳтирому ҳифзи он кафолати ҳуқуқӣ медиҳад. Бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузаронидани Ҷашни байналмиллалии 1310 солагии Имоми Аъзам, Маркази Фарҳанги Исломӣ эълон доштани шаҳри Душанбе дар соли 2010, ҷашни 1200 солагии Имом Бухорӣ, дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани идҳои Рамазон ва Қурбон бо табрикоти сарвари давлат ва ғ. далели гуфтаҳои болоянд.

Сониян, мусаллам аст, ки ислом барои мардуми мусулмон дар зоти худ як падидаи маънавӣ-ахлоқиест, ки ҳадафи аслиаш инсонро ба «сирот-ал-мустақим» ҳидоят кардан мебошад, на воситаи ба саҳнаи низоҳои сиёсӣ кашидани вай. Бинобар он мардуми мо ба ислом бояд ҳамчун як арзиши эътиқодӣ ва маънавӣ  муносибат кунанд. Таҷрибаи давлатдории миллӣ нишон медиҳад, ки дахолат ба умури давлат ва мубориза барои ғасб кардани ҳокимияти сиёсӣ на аз тарафи мардуми мусулмон, балки ҳамеша аз ҷониби гурўҳу ҳаракатҳо ва ҳизбҳои сиёсии манфиатҷў бо дастгирии рўҳоният сурат гирифтааст, ки аз ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон сўистифода кардаанд. Бинобар он, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба умури давлатдории миллӣ дахолат накардани иттиҳодияҳои динӣ ва таъмин намудани амнияти миллату давлат иттиҳодияҳои диниро аз давлат ҷудо кардааст. Чунин тарзи муносибати давлати дунявӣ ба дин, агар аз як тараф ба рушди дин ҳамчун арзиши эътиқодӣ-маънавӣ мусоидат намояд, аз тарафи дигар, барои пешгирӣ кардан аз ифротгароии динӣ-сиёсӣ заминаи ҳуқуқӣ муҳайё месозад. Ба гуфти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин маънӣ «асли дунявият маънои махсусро пайдо менамояд. Шахс баъди муайян намудани диёнати худ хоҳ ба танҳоӣ ва ё хоҳ як ҷо бо диндорон наметавонад масъулияти умумиҷамъиятӣ ва умумиинсониро фаромўш намояд. Иттиҳодияҳои динӣ ва ҳизбҳои сиёсии характери динӣ дошта низ наметавонанд аз ҳуқуқ ва озодиҳои динии шаҳрвандон сўистифода намоянд».1

Ҳамин тариқ, дунявият озодиҳои диниву сиёсии шаҳрвандонро таъмин карда, дар ҳамин нуқта бо дин ба ҳам меояд ва ихтилофи байни онҳо бартараф мегардад. Аз ин назар, дунявият яке аз омилҳои асосии бунёди ҷомеаи мардумсолорӣ ва амнияти он мебошад. Аммо вақте ки дин бо сиёсат айният дода шуда, ҳамчун сиёсат моҳияти идеологӣ мегирад, аз лиҳози ҳадафҳои стратегии худ арзишҳои миллию дунявиро ботил месозад. Дар ин маврид дин бо дунявият ихтилоф пайдо мекунад ва таносубу ҳамзистии онҳо халалдор мешавад, ки он боиси муташанниҷ шудани вазъи динӣ-сиёси ҷомеа мегардад. Бинобарон, дин на чун сиёсат, балки ҳамчун фарҳанг омили муҳими суботи ҷамиятӣ мебошад. Дар айни замон бояд гуфт, ки ислом, ба хусус исломи ҳанафӣ, фарҳанги бумиро ё худ таҳҷоиро нодида нагирифта, ҳар он чи дар онҳо ба асли Қуръону Суннат ихтилофи ақидавӣ надошт, ба хотири ғанӣ сохтану инкишоф додани худ ва таъмини суботу амнияти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор дод. Ба таъбири дигар, агар ислом худро дар фарҳангҳои дигар халқҳо ҳазм намесохт, ҳеҷ гоҳ ҷаҳонӣ-умумибашарӣ намегашт. Аз ин нуқтаи назар, ислом барои рушду нумўи худ ҳам имрўз ва ҳам фардо бояд пеш аз ҳама ҳамчун фарҳанг дар саҳна бошад, на сиёсат. Ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ ва бо истифода аз арзишҳои дунявӣ тараққӣ ёфтани ислом яке аз шартҳои муҳими ҳамзистии дину давлати дунявӣ, субот ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

 Як нуктаро бояд ёдрас кард, ки ислом дар муқоиса бо динҳои ҷаҳонии дигар, махсусан насроният, аз арзишҳои дунявӣ бештар истифода кардааст. Ҳамон се рукни ислом, ки дар боло овардем, ба ҷуз рукни ибодат, дар асоси арзишҳои дунявӣ ташаккул ёфтаанд ва исломро ба як фарҳанги фарогир табдил додаанд. Низоми дунявии давлат имрўз барои ҳамзистии ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои гуногун, аз ҷумла дину дунявият шароиту имконоти мувофиқ фароҳам меорад.

Ҳамчунин яке аз омилҳое, ки метавонад ба ҳамзистии дину давлати дунявӣ баъзан мушкилот эҷод намояд, дар ҷомеаи мо афзалият доштани арзишҳою ҷаҳонбинии динӣ дар мафкураи омма ва заиф будани мавқеи арзишҳои дунявӣ мебошад. Ҷомеаи тоҷик ҳанўз дар пояи ҷомеаи ғарбӣ нест ва дар он арзишҳои дунявӣ ба монанди арзишҳои динӣ хусусияти ҳамагонӣ касб накардаанд. Сатҳи шуури сиёсӣ барои ташаккули фарҳанги таҳаммулгаро ва арзишҳои дунявӣ ҳанўз кифоя нестанд. Барои ба сатҳи ҷомеаи ғарбӣ расидан ҳадди ақал як давраи муайяни таърихиро бояд паси сар кард. Барои он ки дунявият дар Ғарб ба раванди воқеӣ ва дар қатори арзишҳои динӣ дар фарҳанги миллӣ мавқеъ касб намояд, давраи муайяни таърихиро тай намуд. Сотсиолог Смит Д.Е. раванди ташаккули арзишҳои дунявиро дар давлатҳои аврупоӣ на кам аз 150-сол ҳисобида, онро ба се давра тақсим кардааст. Дар давраи аввал, калисо аз давлат ҷудо гардид, ки дар натиҷа идеологияи динӣ аз сиёсат ҷудо шуд, вале зиддияти байни давлат ва ниҳодҳои динӣ афзуд. Ин ҳолат давлатро маҷбур кард, ки нисбати ниҳодҳои динӣ чораҳои ҷавобӣ андешад. Давраи дуввум, таъсири давлат ба он ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодие, ки дар ҷомеаи анъанавӣ зери таъсири ниҳодҳои динӣ қарор доштанд, васеъ гардид. Дар давраи сеюм коркарди арзишҳои дунявӣ ба вучуд омад, ки онҳо дар асоси қонун ва ҳуввияти миллӣ заминаи ташакули фарҳанги сиёсӣ шуданд.1

Ҳамин тариқ  раванди ташаккули арзишҳои дунявӣ дар ҷомеае, ки ба пояи ҷомеаи секулярӣ нарасидааст, мураккаб ва ноҳамвор сурат мегирад. Ҷомеаҳое, ки чун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш аз ҷомеаи анъанавӣ ба ҷомеаи ботамаддуни шаҳрвандӣ қарор доранд, метавонанд ин равандро зина ба зина паси сар кунанд. Он на бо роҳи ба тариқи сунъӣ тезонидан, балки бо усули баланд бардоштани сатҳи маърифати умумӣ, аз ҷумла ислоҳи шууру маърифати динӣ ва шуури сиёсии шаҳрвандон, ворид сохтани технологияи нав, ташаккул додани тафаккури гуманитарию техникии наслҳои ҷавон, муҳаё сохтани шароитҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ барои рушди бонизоми ҷомеа ва амалӣ намудани адолати иҷтимоӣ дар муносиботи ҷамъиятӣ сурат мегирад. Маҷмўи ин талабот шарикии  иҷтимоии дину давлати дунявиро дар соҳоти гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ тақозо мекунад.

Аз муқоисаи ислом бо насроният ва моҳияти конститутсионии дунявият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин бармеояд, ки ҳангоми пиёда сохтани принсипҳои давлати дунявӣ нисбати дин ва ташкилотҳои динӣ,  хусусиятҳои ислом ва талаботҳои дунявиятро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боло баён кардем, бояд ба эътибор гирифт.

Махсусиятҳои ислом ва вазъи динӣ-сиёсӣ дар замони муосир гуфтугўи доимии дину давлати дунявиро тақозо менамояд. Вале вуруди андешаҳои динии ифротии бегона ба фазои динӣ-сиёсии Тоҷикистон барои чунин муколамаи самарабахш  мушкилот эҷод менамояд ва на танҳо ба амнияти давлати дунявӣ, ҳатто барои мазҳаби ақлгарою таҳаммулпазири ҳанифӣ метавонад хатарзо бошад. Ба ин раванд баъзе аз руҳонияти суннатӣ, ки имрўз таблиғоташон баъзан бар хилофи мазҳаби ҳанифӣ сурат мегирад, низ мусоидат менамоянд. Бо назардошти он  хусусиятҳое, ки имрўз вазъи динӣ-сиёсии кишвар дорад, ба андешаи мо, танзими муносибати дину давлати дунявӣ низ мураккаб мегардад. Ин ҷо зарурияти муттаҳид сохтани ҳамаи нерўҳои ақлонии ҷомеа дар як марказ ба миён меояд. Дар ҳалли ин масъала на фақат мақомотҳои давлатӣ, ҳамзамон ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба мисли Маркази исломии Тоҷикистон бояд нақши муҳим дошта бошанд. Зеро  96% аҳолии кишвар пайрави мазҳаби ҳанифӣ ва 4% пайрави мазҳаби исмоилия буда, онҳо дар айни замон зери хатари равияҳои сиёсӣ-динии ифротӣ қарор доранд ва ҳифзи ин мзҳабҳо вазифаи муқаддаси ҳамаи ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

Аввал ин ки, чунин марказ ҳамкории дину давлати дунявиро барои ҳалли масоили ҳам динӣ ва ҳам умумимиллӣ-давлатӣ таъмин месозад ва барои ҳар ду тараф эҳсоси масъулияти муштаракро баҳри суботу амнияти ҷомеа ба вуҷуд меорад. Дигар ин ки, ниҳодҳои динӣ ва намояндагони ҳамаи қишрҳои руҳоният бо доштани мавқеъ, саҳм ва нақши мустақил барои пиёда сохтани барномаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҳукумат ва баҳри ҳифзи амнияти давлату манфиати миллат метавонанд талош варзанд.

Сониян, чунин ҳамкорӣ, аз як тараф, низоъи байни гурўҳҳои рўҳоният ва ниҳодҳои динӣ, ки ҳар кадоме дар байни мардум тарафдорони худро доранд ва аз тарафи дигар, ихтилофро миёни дину давлати дунявӣ метавонад бартараф созад.

Солисан, чунин ҳамкорӣ дар як маркази бонуфуз метавонад барои пешгирӣ кардани паҳншавии равандҳои нави сиёсӣ-идеологии хусусияти ифротӣ дошта, ки барои амнияти кишвар хатарзоянд, як омили хуби мусоидаткунанда бошад.

Боз як нуктаро таъкид бояд кард, ки пешгирӣ кардан аз таъсири равандҳои нави сиёсӣ-идеологии ифротӣ набояд танҳо ба дўши давлат қарор гирад. Ин ҳолат пеш аз ҳама бояд рўҳоният, ҳизби сиёсӣ ва дигар ниҳодҳои диние, ки дар фазои исломи суннатии ҳанафӣ зисту фаъолият доранд, ба ташвиш оварад, то ки умумияти мазҳабии шаҳрвандони кишвар ва манфиати худи онҳо низ ҳифз гардад. Ин масъала ҳамкории тамоми нерўҳои ақлонии ниҳодҳои диниву мазҳабӣ ва сиёсии ҷомеаро талаб мекунад.

Дар раванди шарикии иҷтимоии дину давлати дунявӣ нақши маъорифу илм хеле муассир аст. Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши илму маъориф, аз ҷумла маъорифи исломӣ дар замони истиқлолият корҳои зиёдеро анҷом дод. Вале ин масъала ҳанўз пурра ҳалли худро наёфтааст. Дар ин самт махсусан ислоҳи маъорифи динӣ дар партави дастовардҳои илми муосир ногузир аст. Модели муосири ғарбии илму маъориф, ки сарчашмаи худро аз тамаддуни исломии асримиёнагӣ мегирад ва дар он тоҷикон нақши муассир доштаанд, ба арзишҳои миллию динии мо мухолиф нестанд. Ҳанўз шарқшиноси Шўравӣ – Бартолд В.В. дар асараш «Ислам. Общий очерк» навишта буд, ки мадрасаҳои мусулмонӣ ба пайдоиши макотиби олии аврупоӣ таъсири калон расонидаанд. Аз донишгоҳҳои муосири аврупоӣ, махсусан коллеҷи англисӣ, ба мадраса шабоҳат дорад. Вале таъсири мактаби олии мусулмонӣ ба илми аврупоӣ ҳанўз омўхта нашудааст ва он як саҳифаи норавшани таърихи мусулмононро ташкил медиҳад.1

Ба андешаи донишмандони аврупоӣ муроҷиат ба улуми дунявӣ дар олами мусулмонии асримиёнагӣ кори боэътибору бонуфузи ҷамъиятӣ ба ҳисоб мерафт. «Ин олам бешубҳа донишҳои дунявиро ба сатҳи баланд гузошт. Нисбат ба маданияти ғарбӣ-аврупоӣ дар давраи нашъунамои  тамаддуни Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои IХ-XIIдонишҳои дунявӣ ва кашфиётҳои илмӣ хеле паҳн гардиданд. Мувафаққиятҳои ин тамаддун боз ҳам равшантар мегардад, агар мо ба хотир орем, ки маҳз ҳамин тамаддун барои тадриҷан аз таъсири ҳукмронии илоҳиёт озод шудани аҳли китоби аврупои ғарбӣ дар асрҳои минбаъда ва ба майдон омадани нобиғаҳо дар Давраи Эҳё ва Замони Нав кўмак расонид».2 Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки донишмандони олами ислом ҳарчанд дар масоили камолоти маънавӣ-ахлоқии шахсият ба арзишҳои исломӣ такя мекарданд, вале ҷустуҷўи усулҳои таълими илмҳои дунявӣ асоси назарияи педагогияи миллии халқҳои мусулмонро ташкил медод, ки мардуми тоҷику форс дар саромади он қарор доштанд.

Тоҷикон дар эҷоди таълими илмҳои дунявӣ ва динӣ таҷрибаи таърихии пурғановат доранд. Тоҷикон тавонистанд дар тўли ҳазорсолаҳо ин ду шакли илму таълимро эҷод ва ҳифз карда оянд ва барои бархе аз халқиятҳо ҳамчун устод хизмат намоянд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон дар тўли таърих моделҳои нодиру мушаххаси таълиму тарбияро ҳам дар сатҳи таълими маълумоти динӣ ва ҳам дунявӣ коркард намудаанд. Устод С. Айнӣ мегўяд, ки «Дар мадрасаҳои Бухоро дар баробари улуми динӣ, илмҳое аз қабили ҳисоб, ҳандаса, таърих, тиб, ҳикмати табиӣ, мантиқ, шеър ва адабиёт низ омўхта мешуданд. Дар қисми динӣ: Қуръон, ҳадис, тафсир ва усули фиқҳ барин қоидаҳои асосии шариат, дар қисмати таърих: сияри набӣ (шарҳи ҳоли пайғомбарон), тарҷумаи ҳоли салаф (гузаштагон) ва табақот барин илмҳои ибратомўз хонанда мешуданд ва бино бар ин муллоҳои онвақтаи Бухоро аз асли дини ислом бохабар буда, аз номи шариат ҳар фанро ҳаром нашуморида, ҳар касро такфир намекарданд».1Ба андешаи устод Айнӣ, равнақи илму исломи асил омили рушди гуманизми иҷтимоӣ ва ахлоқ мебошад. Аз ин ҷост, ки ҳамкории дину давлати дунявӣ дар соҳоти маорифу маълумот дар фарҳанги тоҷик заминаи амиқи таърихӣ доштааст.

Дар кишварҳои мусулмонии пасошўравӣ илму маорифи дунявӣ ҳанўз дар замони собиқ давлати Шўравӣ ташаккул ёфта буд. Давлати Шўравӣ ба раванди муколамаи фарҳангҳои халқу миллатҳои гуногун дар таркиби сохтори Шўравӣ шароит ва имкониятҳои муҳимро фароҳам овард. Ин раванд дар кишварҳои мазкур шахсиятеро тарбия кард, ки сарфи назар аз нигоҳ доштани симои миллию мазҳабии худ, ҳомили ду маданият-анъанавӣ ва муосири ғарбӣ буд, ки хусусияти дунявӣ дошт. Ҳоло бо сабаби ҷаҳонишавии соҳоти ҳаёти ҷамъиятӣ ва бархўрду муколамаи тамаддунҳо таъсири омилҳои берунӣ ба маорифу маълумоти миллӣ – чи маорифи дунявӣ ва чи динӣ беш аз пеш меафзояд. Ин омил ба вазъи динӣ-сиёсии ҷомеа низ метавонад таъсири дугона расонад. Таҳсили ҷавонони кишвар дар донишгоҳҳои динии хориҷӣ дар баробари тайёр кардани уламои таҳсилдидаи бомаърифат бо мақсади қонеъ гардонидани ниёзҳои динӣ-маънавии мардуми кишвар ҳамчунин метавонад як омили паҳншавии равандҳои нави идеологӣ ва сиёсии хусусияти динидоштаи ифротӣ низ гардад. Ин боиси халалдор шудани суботи ҷомеа мегардад. Чуноне ки борҳо Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид медорад, таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар бояд аз мавқеи манофеи амнияти миллату давлат сурат гирад. Ҳоло дар дохили кишвар имкониятҳои тайёр кардани уламои динӣ шароит фароҳам омадааст. Имрўз раванди ҷаҳонишавӣ, тарбия кардани уламои «типии нав»-ро тақозо дорад. Ин уламо бояд симои миллӣ дошта, бошанд ва дастовардҳои илми муосирро бо ахлоқи миллӣ-динӣ пайванд карда тавонанд. Уламои бомаърифату асили динӣ низ ҷузъи зиёии миллат аст. Нақши чунин уламо дар рушду камоли маънавӣ-ахлоқии ҷомеа ҳамеша муассир буд ва муассир боқӣ мемонад. Чунин уламо метавонанд дар пешгирӣ кардани раванди сиёсисозии ислом ва радикализми динӣ шарики давлати дунявӣ бошанд. Албатта на  дар симои рўҳонияти суннатию расмӣ, балки дар симои як навъи зиёии миллӣ. Мактаби миллӣ низ бояд дар асоси синтези арзишҳои илмӣ-техникии муосир ва арзишҳои миллию ахлоқӣ рушд ёбад. Шояд дар барномаҳои таълимии синфҳои болоии макотиби ҳамагонӣ, миёнаи махсус ва олӣ, махсусан дар факултаҳои гуманитарию ҷомеашиносӣ ворид сохтани курси таълимии  «Ахлоқи Шарқ», «Афкори педагогии мутафаккирони тоҷику форс», ки аз андешаҳои таҳаммулпазирӣ ва гуманистӣ саршоранд, дар ин самт нақши бориз бозанд. Зеро то имрўз «Психология ва Педагогия»-и замони Шўравиро дар макотиби олӣ таълим додан ба дарди мо намехўрад. Мо ба омўзиши психологияи миллии хеш ниёз дорем. Зеро ташаккули худшиносии миллӣ ба чигунагии психология миллӣ вобастагӣ дорад.

Дар сохтори маорифу маълумот бояд ҷанбаи маънавӣ афзалият дошта бошад. Вақте ки дар таълими ҷавонон ҷанбаи маънавӣ афзалият пайдо карда, тафаккури гуманитарии онҳо ташаккул меёбад, тафаккури техникӣ низ дар ин замина ривоҷ ёфта, аз худ кардани улуми техникӣ осон мегардад. Таҷрибаи таърихии кишварҳои пешрафтаи Шарқ, ба монанди Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Ҷопон, Эрон ва ғ. инро собит сохтааст. Чунин мутахассисин метавонанд ҷомеаро аз бўҳрони иқтисодӣ ва маънавию сиёсӣ берун оранд. Аз ин рў, консепсияи мактаби миллии дунявӣ бояд дар асоси синтези арзишҳои миллӣ-анъанавӣ ва назарияҳои педагогии муосир бо афзалият доштани ҷанбаҳои миллӣ-маънавӣ дар сохтори маориф ба рўи кор ояд.

Соҳаи дигари ҳамкории дину давлати дунявӣ метавонад соҳаи ҳуқуқ бошад. Аз рўи асли худ ҳуқуқ ба мисли давлат хусусияти дунявӣ дорад. Зеро он бо пайдоиши давлат ба вуҷуд омада, ниёзҳои иҷтимоии одамонро инъикос ва муносиботи шаҳрвандиро танзим менамояд. Пайдоиши ҳуқуқ ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ ҳарчанд ба зуҳури давлат алоқаманд аст, вале он ҳанўз дар ҷомеаи ибтидоӣ дар шакли қоидаҳои динӣ-ахлоқӣ ва одатӣ тавлид ёфта буд. Он меъёрҳои динӣ-ахлоқӣ ва одатие, ки дар зери парчами дин ташаккул ёфта буданд, дар як вақт вазифаи ҳуқуқро иҷро мекарданд. Бо пайдоиши давлат ин меъёрҳои динӣ-ахлоқию одатӣ, ки дар асл мазмуни дунявӣ доштанд, ба қоидаҳои ҳуқуқӣ табдил ёфтанд ва ҳуқуқэҷодкунӣ як соҳаи фаъолияти давлатро ташкил дод. Лекин аз сабаби он ки шуури динӣ тўли ҳазорсолаҳо дар ҷомеа ҳамчун ҷаҳонбинии ҳукмрон ва ба сифати идеологияи давлатӣ амал мекард, давлат дар раванди эҷод кардани ҳуқуқ меъёрҳои диниро риоя мекард, ниёзҳои дунявии одамон дар партави таълимотҳои динӣ ба сифати қоидаҳои ҳуқуқӣ коркард шуда, муносибати ҷамъиятиро танзим мекарданд. Бинобарон, дар аксар маврид арзишҳои ҳуқуқӣ дар робита ба дин арзи вуҷуд доштанд. Ин ҳолат махсусан дар ҷомеаҳое ба монанди эронӣ, яҳудӣ, чинӣ, ҷопонӣ ва ғ., ки соҳиби дини миллӣ буданду дар баъзеи онҳо имрўз ҳам чунин мебошад, барҷастатар зоҳир мегардад. Дар чунин ҷомеаҳо диният ва миллият тақсимнопазир буда, арзишҳои динӣ ва дунявӣ як маданияти томро ташкил медиҳанд ва ҳамдигарро пурра месозанд. Чуноне ки мафҳуми «яҳуд» ҳам ба унвони миллат ва ҳам дин истифода мегардад.

Дар динҳои ҷаҳонӣ бошад, ба сабаби хусусияти фаромиллӣ (космополитикӣ) доштанашон масъала ранги дигар дорад. Дар ин динҳо мафҳумҳои «қавм», «миллат» ва «арзишҳои миллӣ» асосан аҳамияти худро гум мекунанд ва ягонагии динӣ-мазҳабӣ аз умумияти миллӣ боло мегирад. Аммо ин динҳо низ бо вуҷуди хусусияти фаромиллӣ доштан, фарқиятҳои миллиро натавонистанд аз байн баранд. Азбаски онҳо дар муҳити таърихӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии муайян ба вуҷуд омада буданд, дучори муқобилияти фарҳангу тамаддунҳои ғайр гардиданд. Дар натиҷа этнизатсияи динҳои ҷаҳонӣ ба вуҷуд омад. Дар раванди мутобиқ шудан ба шароитҳои маҳал ин динҳо агар, аз як тараф, аз ҳисоби истифода бурдани арзишҳои миллӣ бештар пурғановат гардида, аҳамияти умумибашарӣ пайдо карда бошанд, аз тарафи дигар, вобаста ба шароитҳои маҳал ва ниёзу манфиатҳои миллӣ то он ҷое хусусияти миллӣ -минтақавӣ касб карданд, ки ҳатто дар ҳамин замина ба равияю фирқаҳои мухталиф тақсим шуданд. Бинобарон, динҳои ҷаҳонӣ ба ҷуз арзишҳои динӣ, арзишҳои миллии халқҳои дигарро низ фаро мегиранд, ки аҳамияти дунявӣ дошта, дар якҷоягӣ бо арзишҳои динӣ мазмуни фарҳангҳои миллиро ташкил медиҳанд. Чуноне ки фарҳанги ба ном исломии муосири мо тоҷикон аз маҷмўи арзишҳои динӣ ва миллӣ иборатанд. Аз ин рў, динҳои ҷаҳонӣ низ (ба монанди ислом) бо роҳи этнизатсия шудан дар шакли маданияти миллӣ арзи вуҷуд кардаанд.

Ҳамин тариқ, дар таърихи ҷомеаи башарӣ, чи динҳои бутпараству миллӣ ва чи динҳои ҷаҳонӣ ҳамеша ҷузъи муҳими маданияти халқҳоро ташкил дода омадаанд. Дар ҷомеаи муосир низ сарфи назар аз дунявӣ будани давлат дин ва маданият аз ҳам ҷудонашавандаанд. Дин қисми муҳими ҳаёти маданӣ-маънавӣ ва ахлоқии ҷомеаи инсониро ташкил медиҳад.

Як нуктаро бояд таъкид кард, ки фардият ва нотакрории ҳар кадом миллату давлатро маданият ва дини ба он мувофиқ ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки баъзе фарҳангшиносон (ба монанди Тойнби) дин ва муҳити ҷуғрофиро дар асоси таснифи тамаддунҳо қарор додаанд. Ин ду меъёр ба давлат низ тааллуқ дорад. Зеро ҳар кадом тамаддун ба маънои пуррааш танҳо дар доираи сохтори сиёсии мушаххас, яъне давлат ифода ёфта метавонад. Давлат ҳамчун ташкил ва идоракунандаи ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии миллат танҳо дар пояи маданияти миллӣ вуҷуд дорад. Давлати дунявӣ, ки ба хотири ҳифзи озодию манфиатҳои шаҳрвандон ва рушди ҷомеаи солим арзишҳои пешқадами миллию динӣ ва умумибашарӣ дунявиятро ба сифати сохтори давлатӣ пазируфтааст, метавонад аз мероси миллию динӣ роҷеъ ба адлу инсоф, баробарию озодӣ ҳифзи моликияту қонун ва ғ. истифода барад. Дар Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳое ҳастанд, ки дар асли худ аз фарҳанги ҳуқуқии ислом, ки арзишҳои миллиро низ фаро гирифтаанд, ба мерос мондааст ва хотираи ҳуқуқии фарҳанги исломиро бо ҳуқуқи феълӣ мепайванданд. Беҳтарин намунаи ҳамбастагии низоми ҳуқуқии муосири мо бо ҳуқуқи исломӣ ин қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Аз ин лиҳоз, низоми ҳуқуқии ислом, ки аз арзишҳои дунявӣ фаровон истифода карда, дар ташаккули ҳуқуқи башар, аз ҷумла аврупоиён, мусоидат кардааст, ҳамчун ҷузъи маданияти мо метавонад дар рушди низоми ҳуқуқи миллӣ-дунявии муосири мо низ хизмат намояд. Ҳамкорӣ дар ин самт яке аз омилҳои ҳамзистии дину давлати дунявӣ мебошад. Албатта ҳамкории дину давлати дунявӣ бо он чизе, ки дар боло баён кардам, маҳдуд намегардад. Ҷустуҷў ва дарёфт кардани роҳҳои гуногуни чунин ҳамкорӣ вазифаи муқаддаси масъўлини ҳар ду тараф аст.

 

     Нурулҳақ Қамар

 


[1] Ниг.: Абдуллоев Ш. Мавқеъ ва мақоми дин дар давлати дунявӣ. Рўзномаи «Чашмандоз», 2001. № 9, 10; Абдуллои Раҳнамо. Ҳизби динӣ ва давлати дунявӣ. Душанбе, 2008; Ахмедов С. Светское и религиозное элементы в национальном государстве. Дар кит. «Построение доверия между исламистами и секуляристами – таджикский эксперимент». Душанбе, 2004. саҳ. 88-107.; Давлатов М. Деидеологизация светского и религиозного начало в политических противоречиях Таджикистана. Ҳамон љо. Саҳ. 139-160; Жан-Николя Битер и Вольф Ганг Цельнер. Таджикский исламско-светской компромисс: результаты и процесс. Ҳамон љо. Саҳ. 12 – 50; Олимов К. Диалектика светского и религиозного мировоззрения в условиях построения национального государства. Ҳамон љо. Саҳ 65-77; Сафаров С. Продолжения относительно мер по укреплению доверия между представителями светского и религиозного мировоззрения в процессе поисках компромисса. Ҳамон љо. Саҳ 256-264; Шозимов П., Ҳайдаров Р. «Введение» дар китоби «Государств и религия: поиск путей продолжения диалога». Материалы семинара. Душанбе. Ирфон, 2005. саҳ. 6-14; Кабирӣ М. Гуфтугўи давлату дин дар Тољикистон: адами нухбагони (элитаи) мазҳабии муносиб ин равандро заиф гардонидааст. Ҳамон љо. Саҳ. 25-29. Жан-Николя Битер. Муколамаи дунявӣ ва исломии Тољикистон: татбиқи муколама аз тариқи амалия. Дар китоби «Муколама аз роҳи амал. Таљрибаи Тољикон». Душанбе. 2008. саҳ. 5-17.

1 Конрад Н.И. Запад и Восток. Статьи. Москва. Глав. ред. Восточная литература. 1972.саҳ. 24-28.

1 Ниг.: Абдуллоев Ш. Мавқеъ ва мақоми дин дар давлати дунявӣ. Рўзномаи «Чашмандоз», 2001. № 9, 10.

1 Беляев И. Ислам и политика. «Литературная газета», февраль, 1980.

1 Эмомалӣ Раҳмон. Эмоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ. Душанбе-2009, саҳ.29.

1 Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамон љо. Саҳ. 29.

1 Вертяев К.В. Исламский фактор в политической жизни Турции. Дар китоби «Ислам на современном Востоке». М. изд. «Крафт», 2004, саҳ. 81-87.

1 Бартолд В.В. Сочинение. Том 6. саҳ.52.

2 Сагадеев А.В. Примечания редактора. –Роузентал Ф. торжества знания. М. 1978. Саҳ. 18.

1 Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. Душанбе, 1987. Саҳ. 9.

Яндекс.Метрика