Баъзе ҳадисҳои паёмбар (с) дар бораи шахси фавтида

Аз Оиша (р) дар мавриди хулқи паёмбари Худо (с) пурсида шуд: Гуфт, хулқи Ӯ Қуръон буд. Мо агар пайрави Ӯ бошем бояд, ҳади ақал аз гуфтори бад дурӣ биҷӯем то сазовори пайравиаш бошем.

Имом Термизи, Абу Довуд ва Ибн Ҳибон аз Ато ибни Абу Рабоҳ аз ибни Умар, ривоят кардаанд, ки паёмбар (с) гуфт: Некиҳои гузаштагонатонро ба ёд оред ва аз зикри корҳои бадӣ онҳо боз истед. 

Имом Бухорӣ ҳадисеро, ривоят мекунад, паёмбар (с) гуфт: Мурдагонро бад нагӯед, зеро ки онон ба он чи пеш фиристодаанд, расидаанд.

Имом Насоӣ ҳадиси дигареро ривоят мекунад: Дар назди паёмбари ислом (с) мурдаеро ба бадӣ ёд карданд, он ҳазрат (с) гуфт: Ёдоварӣ накунед гузаштагонатонро, магар ба некӣ.

Ва дар ҳадиси дигаре омадааст: Ба бадӣ ёд накунед гузаштагонатонро, зеро бо ин амалатон зиндагонро азият медиҳед.

Имом Муҳаммад ибни Ҳазм дар китоби «ал-Муҳалло» мегӯяд: Қасдан барои азият кардан мурдаҳоро бад гуфтан ҳалол нест.

Аз паёмбар (с) пурсидаанд, ки беҳтарини мардум киҳоянд? Паёмбар (с) гуфт: беҳтарини мардум боманфиатарини онҳо барои мардум аст.

Паёмбар (с) мефармояд: Ба ҳисоби худ расидагӣ кунед, қабл аз ин ки ба ҳисоби шумо пас аз марг расидагӣ шавад. Аъмоли худро бисанҷед, қабл аз ин ки аъмолатон санҷида шавад. 

Мақсад аз ёдоварии ин аҳодис он аст, ки пеш аз оне ки фавтидаеро бад мегӯӣ аз худат бипурс, ки имрӯз чӣ кори хуберо анҷом додаӣ?

Дар охир овардани ду мисра шеър аз Иқболи Лоҳурӣ айни муддаост:

Ҳарфи бадро бар лаб овардан хатост,

Кофару муъмин ҳама халқи Худост.

Наботов М. Сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ

Яндекс.Метрика