Ваҳдати Миллӣ – омили рушди ҷомеаи Тоҷикистон

Қисми I.

Таҳлили муқоисавии мафҳуми ваҳдати миллӣ дар адабиёти муосири илмӣ нишон медиҳад, ки таҳти ин мафҳум назария ва таҷрибаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоии таъминкунандаи иттиҳоду якпорчагии халқу миллатҳо ва қишру табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Инчунин ваҳдати миллӣ ҳамгироӣ ва мушорикати муштаракулманофеи субъектҳои гуногуни миллӣ ва гурӯҳиро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа инъикос ва таъмин менамояд. Роҷеъ ба таърихи пайдоиши ғояи ваҳдати миллӣ сухан ронда, муаллиф тазаккур додааст, ки ғояи мазкур дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик собиқаи хеле қадима дошта, дар Авесто ва осори дигари дину оинҳои тоисломии мардуми ориёинажод, асарҳои фалсафию бадеии мутафаккирону адибони асримиёнагӣ, инчунин, дар ривоятҳо ва зарбулмасалу мақолаҳои халқӣ ва намунаҳои дигари осори шифоҳӣ, бо тарзу усулҳои хеле марғубу дилнишин инъикос ва таъкиду тарғиб карда шудааст. Дар замони Истиқлол барои татбиқӣ амалии ғояи ваҳдати миллӣ, ки яке аз ормонҳои деринаи миллати мутамаддину бостонии тоҷик ва кулли ҷомеаи башарӣ мебошад, шароит ва имконияти мусоид фароҳам омад. Нахустин иқдоми сиёсии Давлати тозабунёди Тоҷикистон, ки бо ташаббус ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба амал оварда шуд, маҳз барои таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ нигаронида шуда буд. Пас аз таъмини сулҳу оромӣ файзу баракате, ки гӯё дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ сарзамини моро тарк карда буд, аз нав вориди кишвари мо гашт ва соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи моро мисли борони файзбори наврӯзи оламафрӯз рӯҳу равони тоза бахшид. Дар марҳилаи муосири рушди Тоҷикистон ғояи ваҳдати миллӣ ба ҳайси як омили созандаву таҳкимбахш мардуми шарифи Тоҷикистонро дар атрофи Пешвои хирадманду маҳбуби худ мутаҳҳид гардонидааст. Ва ҳар як шаҳрванди баору номусиТоҷикистонро баҳри ободӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Ватан ҳидоят мекунад. 

Ваҳдати миллӣ гуфта дар адабиёти муосири сиёсиву хуқуқӣ ва иҷтимоӣ мафҳумҳо  ва фаъолиятҳое дар назар дошта мешаванд, ки онҳо назми ҳаёту фаъолияти ҷомеаҳои этникиро дар дохили кишвар таъмин ва инъикос мекунанд. Ваҳдати миллӣ як силсила  омилҳои табиӣ ва иҷтимоӣ, дохилӣ ва берунӣ  дорад. Ҳамгироӣ ва мушорикати субъектҳои миллӣ ё этникӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ - иқтисодиёт,   технологияи, илм, сиёсат, санъат, варзиш, дин, ва ғ. аз вуҷуди ваҳдати миллӣ дар сатҳи ҳаёти ҷамъиятӣ  гувоҳӣ медиҳанд. Дар сатҳи хаёти фардӣ бошад, вахдати милли дар ҳиссиёту худшиносии миллии афрод, таносуби рӯҳию равонӣ (психологӣ) ва дигар хусусиятҳои  барои ҳамаи аъзои ҷомеаи миллӣ муштараки ҳаёт ва фаъолияти иҷтимоӣ ифода меёбад. Ҳарчанде ки ваҳдати миллӣ  ҳанӯз маънои риоя шудани принсипҳои адолат ва баробарӣ дар касби неъматҳои ҷамъиятиро надорад, вале барои ҳамаи аъзои ҷомеаи миллӣ муфид ва муҳим мебошад. Гузашта аз ин, тибқи андешаҳое, ки дар адабиёти муосири ғарбӣ ифода ёфтаанд, ваҳдати миллӣ на танҳо барои амнияту рушди ин ё он давлати ҷудогона муфид мебошад, балки барои ҳамгироӣ ва рушди муштараки давлатҳо ва ҷомеаҳои гуногуни миллӣ, таъсиси созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкории муштаркулманофеи давлатҳо ва ҷомеаҳои гуногуни миллӣ низ нақши аввалиндараҷаро иҷро мекунад.   Ваҳдати  миллӣ барои ҳамаи кишварҳое, ки дар ҳудуди онҳо халку миллатхои  гуногун маскун мебошанд, яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи  сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дастёбӣ ба ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили  сулҳу оромӣ, рушди иқтисодӣ, таъмини адолату баробарӣ ва дигар  арзишҳои ичтимоӣ маҳсуб мешавад, аз ин рӯ  ҳар як  давлати соҳибистиқлолу  ҳуқуқбунёд барои таҳкими он мубориза мебарад. Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳтадгироӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ, то фаро расидани давраи бӯҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои бузург  ноил гардид. 

Таъмини ваҳдату якдилии миллӣ ва якпорчагии кишвари маҳбубамон бешубҳа яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсиву иҷтимоии мо мебошад, ки барои ноил шудан ба ин неъмати бузург мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи сарвари давлатамон мушкилоту монеаҳои сахти айёми мудҳиши  ҷанги шаҳрвандӣ ва даврони гузаришро мардонавор ва сарбаландона паси сар кардааст. Бо ҳамин хотир аст, ки Рӯзи Ваҳдати Миллӣ ба ҳайси яке аз бузургтарин ва фараҳбахштарин рӯйдодҳои даврони Истиқлол ҳамасола дар саросари кишвар бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад. 

Фазилати таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар ҷашнҳои расмӣ ва миллии мо дар он аст, ки тавассути баргузор кардани чунин маъракаҳои бузурги фарҳангӣ хотираи таърихӣ, ифтихори миллӣ, ҳиссиёти ватандӯстӣ, якдиливу ҳамгироӣ ва арзишҳои дигари давлати соҳибистиқлол ва миллати мутамаддину сулҳдӯсти Тоҷикистон таҳким ва такомул ёфта, ба ин васила амнияту ваҳдати милливу давлатии Тоҷикистон ва тамоми қавму халқиятҳои маскуни он таъмин карда мешавад. 

Дар арафаи таҷлили ин ҷашни бузург конфронсу симпозиумҳо, барномаҳои гуногуни телевизионӣ ва чорабиниҳои дигари илмиву фарҳангӣ баргузор карда мешаванд, ки тавассути онҳо мардум, алалхусус наслҳои ҷавону наврас аз таърих ва саргузашт, дастовардҳо ва бурду бохти мардуми шарифи кишварамон дар замони Истиқлол огоҳ шуда, зарурияти ҳифзи  иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро амиқ дарк карда, ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.

Умуман, метавон гуфт, ки таъмин ва таҳкими ваҳдати миллӣ яке аз ормонҳои азалӣ ва ҷамъиятии мардуми мутамаддину  бунёдкори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Чӣ тавре ки Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳои худ ин нуктаро таъкид кардаанд, “ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад».

Наботов М мудири шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ

Яндекс.Метрика