Ваҳдати Миллӣ – омили рушди ҷомеаи Тоҷикистон

Қисми II

Тарғибу татбиқи пайвастаи ғояи ваҳдати миллӣ боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва  боз ҳам мустаҳкам гаштани пояҳои давлатдории миллии мо мегардад. Дар замони Истиқлол ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Сарвари мамлакатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Татбиқи пайгиронаи ин ғояи созандаву ормонӣ барои рушди минбаъдаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати тозаистиқлоли тоҷикон, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои ҷомеа ва кишвари маҳбубамон заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард.

Аввалин дастоварди бузурге, ки дар партави аз ҷониби Сарвари мамлакат ба таври пайгирона ва хирадмандона тарғибу татбиқ шудани  ғояи ваҳдати миллӣ ба даст оварда шуд, фурӯ нишонидани ҷанги дохилӣ, истиқрори сулҳу ризоияти умумимиллӣ мебошад, ки ба шарофати ин дастоварди бузург якпорчагии мамлакат ҳифз карда шуд.  Бо ишора ба ин нуктаи муҳим, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ҷашни солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ изҳор дошта буданд: «Имрӯз дар арафаи яксолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ман ба халқи худам гуфта метавонам, ки ҳарчанд зисту зиндагонии мардум беҳбудӣ наёфта бошад, ҳарчанд мушкилоти азими иқтисодӣ пешорӯи мо бошад, вале дар бобати хотима бахшидан ба ҷангҳои бародаркушӣ, нигоҳ доштани якпорчагии Ватани азиз ва таъмини сулҳу осоиш барои барои шаҳрвандон, мо вазифаи аввалиндараҷаи худро иҷро кардем».

Пас аз таъмини сулҳу оромӣ файзу баракате, ки гӯё дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ сарзамини моро тарк карда буд, аз нав вориди кишвари мо гашт ва соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи моро мисли борони файзбори наврӯзи оламафрӯз рӯҳу равони тоза бахшид. Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як омили созандаву таҳкимбахш имкон фароҳам овард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи Пешвои харадманду маҳбуби худ муттаҳид гашта, бо азму иродаи матин баҳри ободии Ватан ва рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат талош ба харҷ диҳад.  Иттилооти фараҳбахши оморие, ки ҳамарӯза тавассути садову симо ва васоити ахбори умум дар бораи дар шаҳру навоҳиҳои гуногуни ҷумҳурӣ сохтану ба истифода дода шудани иншоотҳои гуногуни саноатӣ, фарҳангӣ, таълимӣ ва ғайра пахш карда мешаванд, ҳамаи ин дастовардҳо ба шарофати сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои Милллат ва тақвияти ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд ва далели равшани ба ҳаёт татбиқ гардидани ормонҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошанд.

Аз ҷумлаи бузургтарин дастовардҳои замони Истиқлол, ки ба шарофати татбиқи ғояи ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд, бунёди роҳҳо ва  раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, давра ба давра коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, бунёди нерӯгоҳҳои бузурги обию барқӣ, рушди муносибату ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷии дуру наздик, баланд гардидани нуфуз ва обрӯи  Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар мубориза алайҳи терроризму экстремизм ва тазоҳуроти дигари номатлубу хатарноки замони муосир, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудану мавриди татбиқ қарор гирифтани пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои оби тоза ва даҳҳо дастовардҳои дигарро зикр кардан мумкин аст. 

Яке аз омилҳои таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ эҳёи ифтихор ва худшиносии миллӣ аз тариқи танзими ҷашну маросимҳо ва суннатҳои миллӣ, шиносоӣ бо осори безаволи фарҳанги ноби беш аз чорҳазорсолаи ниёгон, таҷлили чеҳраҳои маъруфи фарҳангию сиёсии гузаштаву муосири миллат, табъу нашри сарчашмаҳои динӣ ва шоҳасарҳои илмиву адабии ниёгон ва дигар иқдомҳои наҷибе мебошанд, ки бевосита бо ташаббуси Сарвари давлатамон дар замони Истиқлол ба ҳукми анъана даромада, барои такмили ахлоқу маънавиёт ва ҷаҳонбинии наслҳои имрӯза нақши басо бузургро ба иҷро расонида истодаанд .  Аз ҷумлаи чунин чорабиниҳои муҳим таҷлили 1150 – солагии одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 100 – солагии аллома Бобоҷон Fафуров, таҷлили Соли бузургдошти фақеҳи бузург, поягузори мазҳаби бонуфузи дини мубини ислом Абӯҳанифа Нӯъмон Ибни Собит, маъруф ба Имоми Аъзам, ба устод С. Айнӣ, Б. Fафуров, М. Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур додани унвони олии Ватан –Қаҳрамони Тоҷикистон ва табъу нашри як силсила шоҳасарҳои олимону адибони классики тоҷикро метавон зикр намуд. Қадршиносии фарзандони содиқу бовафо ва фидокори миллати тоҷик аз ҷумлаи тадбирҳои хирадмандонае  мебошад, ки моҳиятан барои таҳкими якдиливу муттаҳидии мардумони вилоятҳои гуногун Тоҷикистон ва ҳифзи ва якпорчагии кишвари маҳбубамон, инчунин,   вусъат бахшидан ба раванди худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои волои маънавии гузаштагон ва тарғиби онҳо дар ҷомеа нигаронида шудаанд.

Бояд эътироф намуд, ки эҳёи худогоҳии миллӣ ва ифтихори як иқдоми қаҳрамонона даврони Истиқлол буда, марҳилаи наверо дар таърихи муосири халқи тоҷик оғоз бахшидааст. Хусусияти хоси ин марҳила аз он иборат аст, ки наслҳои муосир ба таърих ва мероси ғании маънавии ниёгони худ ба чашми ибрат назар карда, аз осори илмию фарҳангии аҷдоди бузурги худ  дар роҳи хештаншиносии миллӣ, инкишофи тафаккур, шуури таърихӣ ва давлатдории миллӣ ҳарчӣ беҳтару бештар баҳраманд мешаванд. Ганҷинаи маънавии халқи тоҷик аз панду ҳикматҳое, ки ҷомеаро пайваста ба дӯстӣ, иттифоқу ягонагӣ, ҳамзистӣ ва ҳусни тафоҳум даъват менамоянд, саршор мебошад. Дар он алалхусус, ситоиши тавҳиду ягонагӣ баҳри ноил гардидан ба саодати иҷтимоӣ мақоми махсус дошта, ҷудоигароиву тафриқаангезӣ ва дигар амалҳои номатлубу хатарноки иҷтимоӣ шадидан маҳкум карда шудаанд .

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар яке аз ҷашнҳои солонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ чунин таъкид намудаанд:  «Ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад». 

Дар ҳошияи ин андешаи ноби Сарвари мамлакат зикр кардан мехостам, ки дар ҳакиқат, ғояи ормонии ваҳдати миллӣ дар фарҳанги миллии тоҷикон аз қадимтарин давраҳои пайдоиши тамаддуни ориёӣ вуҷуд дошта, на танҳо дар осори диниву фалсафӣ, балки дар афсонаю ривоятҳо, қиссаву достонҳо, суруду таронаҳо, панду ҳикматҳо ва дигар намунаҳои осори шифоҳии ниёгон дар шаклҳои гуногун тасвир ва ифода ёфтааст. Гуфтан мумкин, ки мардуми мутамаддину матақаддими тоҷик  худ дар тӯли дарозои пайваста дар орзуи ҳаёти хушу хуррам умр ба сар мебурд ва ҳусни тафоҳуму бародарии аҳли башарро чун яке аз роҳҳои асосии расидан ба зиндагонии осудаҳолона меҳисобид. Аз ин рӯ, олимону мутафаккирони классикии мо дар осори безаволи илмиву адабии худ  дӯстию ҳамбастагӣ ва иттиҳоду ягонагиро ҳамчун рисолати асоситарини инсоният дар рӯи замин тафсир намуда, дар ин мавзӯъ суханоне гуфтаанд, ки имрӯз дар байни мардум ба ҳукми зарбулмасалу мақол маъруфият пайдо намуда, иштиҳор ёфтаанд. Азҷумлаи анъанаҳои неки фарҳангии олимону мутафаккирон ва адибони классикии мо – тасвирҳои фалсафию бадеии ҷомеаи ормонӣ ё худ “мадинаи фозила” мебошанд, ки имрӯз низ арзиши иҷтимоиву тарбиявии худро аз даст надодаанд ва барои такмили ғояи ваҳдати миллӣ мисли як сарчашма ё дастурамали беғараз хизмат карда метавонанд. Давр фарҷоми сухан таъкид кардан зарур аст, ки ғояи ваҳдати миллӣ, ки аз сарчашмаҳои ноби фарҳанги қадимаю тамаддунсози тоҷикон маншаъ гирифтаанд,  ҳамчун маҳсули бебаҳои таҷрибаи инсонӣ дар роҳи инсондӯстию инсонпарварӣ имрӯз низ мо-ворисон ва барандагони ин мероси сӯи шоҳроҳи саодату созандагӣ ва рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ҳидоят менамоянд. 

                               Наботов М мудири шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ

Яндекс.Метрика