Вохӯрии кормандони Маркази исломшиносӣ бо намояндагони иттиҳодияҳои динӣ, муассиаҳои таълимӣ, ҷавонон ва фаъолони ноҳияи Ашт

 

29 июни соли ҷорӣ, дар асоси Нақшаи кори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатӣ бо масъулини муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои динӣ, ҷавонон, фаъолон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар мавзўи «Дунявият  ва роҳҳои пешгирии сиёсисозии дин дар давлати миллӣ» баргузор гардид.

 

Дар чорабинии мазкур намояндаи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбеков Маҳрамбек, мудири шуъбаи дини ноҳияи Ашт - Турсунов Н., ва дигар шахсони масъули  иштирок доштанд.

 

Дар ҷараёни мулоқот М. Маҳрамбеков дар мавзӯи «Дунявият  ва роҳҳои пешгирии сиёсисозии дин дар давлати миллӣ» маърӯза намуда, ибороз дошт, ки ҶумҳурииТоҷикистон мутобиқи моддаи якуми Конститутсияи ҶТ давлати дунявӣ эълон карда шудааст ва он яке аз мафҳумҳои асосиии муайян кунандаи муносибати давлат бо дин, иттиҳодияҳои динӣ ва бо асли озодии виҷдон мебошад. Мазмуни дунявияти низоми сиёсӣ дар ҶТ асосан дар моддаҳои 1.5. 8. 26. 28, 30, ва 100-уми Сарқонуни ҶТ шарҳи мушаххаси худро ёфтанд.

 

Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

 

Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

 

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.

 

Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. (Моддаи 8)

 

Давлати  миллӣ барои ҳамзистии осудаи афкору андеша ва нерўҳои сиёсии динӣ ва дунявӣ дар чорчубаи як низоми қонунӣ шароит фароҳам меорад.

 

Ҳамчунин дар моддаи 26 Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон дар бораи муносибати шахс бо дин чунин омадааст:

 

Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.

 

Принсипи дунявӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, дахолат накардани давлат бакорҳои дохилӣ ва масъалаҳои фаъолияти динӣ, муносибати эҳтиромона ба ҳамаи ташкилотҳои динӣ, таъмини ҳуқуқи баробарии онҳоро дар назар дорад.

 

Дунявият мухолифи дин нест, дунявият атеизм нест, балки озодии дин аст. Мафҳуми шабеҳи дунявият вуҷуд дорад, ки “таҳаммулпазирӣ” аст, ки маънои таҳаммулпазирӣ ба дини бегона, эътирофи ҳуқуқи мавҷудияти онро дорад. Ин ба мардум имкон медиҳад, ки бовуҷуди тафовут дар эътиқод, ақида ва дин боҳамзиндагӣ кунанд.  Дар давлати дунявӣ метавонад ҷараёнҳои гуногуни  сиёсӣ  вуҷуд дошта бошанд, ягона меъёр  барои  ҳама шаҳрвандон риоя қонун ва дар назди қонун баробар бошанд. Дунявият идеология нест, дунявият як шакли давлатдорист, пеш аз ҳама, низоми  қонун бунёдест, ки суннат ва расму оинҳои халқи  худро гиромӣ ва ҳифз намуда, нисбат ба идеологияи динии харобиовари радикалӣ муносибати манфӣ дорад.

 

Яке аз масъалаҳои дигар ин таҳаммулпазирӣ аст ва дар қонунгузории давлати дунявии Тоҷикистон сабт ёфтааст. Аз ҷумлаи арзишҳои муҳими фарҳангӣ ин ҳамзистиву таҳаммулпазирии динию ақидавии мардум тоҷик мебошад. 

 

Дар баробари ин, дунявият ва диндорӣ ба ҳам зид нестанд, зеро аввалӣ шакли ҳокимиятро дар назар дорад ва дуюмӣ ниёзҳои маънавиро танзим мекунад. Дунявият мухолифи дин нест, дунявият атеизм нест, балки озодии дин аст. Мафҳуми шабеҳи дунявият вуҷуд дорад, ки “таҳаммулпазирӣ” аст, ки маънои таҳаммулпазирӣ ба дини бегона, эътирофи ҳуқуқи мавҷудияти онро дорад. Ин бамардум имкон медиҳад, ки бо вуҷуди тафовут дар эътиқод, ақида ва дин боҳам зиндагӣ кунанд. 

 

Дар давлати дунявӣ метавонад ҷараёнҳои гуногуни сиёсӣ вуҷуд дошта бошанд, ягона меъёр барои ҳамаи шаҳрвандон риояи қонун ва дар назди қонун баробар бошанд. Дунявият идеология нест, дунявият як шакли давлатдорист. Чунин муносибат  хавфи  муқобилгузории  як идеология ба идеологияи дигарро кам мекунад. Пеш аз ҳама гуфтаҳои боло ба соҳаи амнияти миллӣ дахл доранд, ки афзалияти асосии ҳар як давлат мебошад. Барои он ки нақши арзишҳои миллӣ ва диниро дар таҳкими давлати миллӣ муайян кунем, аввалан зарураст, ки таносуби ин арзишҳоро дар таркиби фарҳанги миллӣ равшан созем. Зеро яке аз пояҳои давлати миллӣ ин мавҷудияти фарҳанги миллии нодир ва нотакрор буда, дар айни замон ин масъала бевосита ба мавзўи муносибати мутақобилаи давлату дин ва ҳамзистии ҳуввияти миллию динӣ дар фазои давлати миллӣ робитаи зич дорад.

 

Ҷойгоҳи арзишҳои миллию мазҳабӣ дар таркиби фарҳанги миллӣ ва возеҳияти ин арзишҳо чӣ дар андешаю худшиносии миллӣ ва чӣ дар таҳкими давлати миллӣ аз хусусият ва нақшу мақоми таърихии ин арзишҳо дар муайянсозии тақдири халқу миллати муддаӣ ба ин фарҳанг бармеояд. Зиёда аз ин ҳангоми баҳо додан ба масъалаи мазкур хусусияти этнофарҳангии дини исломро дар замони зуҳури он, аз як тараф, ва сатҳу вазъи фарҳангӣ - маънавии халқҳои тоҷику форсро, ки баъдтар исломро қабул карданд,аз тарафи дигар, ба назар гирифтан зарур аст.

 

Ҳарчанд Истиқлолият майдони фарохеро барои ихтиёдорӣ ба қабули санадҳо ҳуқуқӣ дода бошад, ҳам миллатсозиву ҷомеасозӣ ва бунёди давлати пешрафта кори хеле мушкил аст.  Вале озодии виҷдон маънои таҳқиру бадбинӣ надорад ва барои нигоҳ доштани суботи кишвар давлат ба ин роҳ намедиҳад ва инро маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон маъно кардан на ҳама вақт дуруст аст. Зеро мо ҳозир дар бораи озодии виҷдон ҳамчун мафҳуми ҳуқуқӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ суҳбат дорем.

 

Маҳрамбеков Маҳрамбек - котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Яндекс.Метрика