Гар хуфтаӣ бедор шав, мастӣ макун ҳушёр шав...

❗Гар хуфтаӣ бедор шав, мастӣ макун ҳушёр шав, Бар даргаҳи Ҷаббор шав, эй дил, даме бедор шав! Бо дил бигуфтам ҳар саҳар, эй аз қиёмат бехабар, Бархезу бар олам нигар, эй дил, даме бедор шав! Бархез вақти субҳудам, дар роҳи масҷид мон қадам, То шод бошӣ рӯзи ғам, эй дил, даме бедор шав! Бархезу кори худ бисоз, роҳат чу дур асту дароз, Аз молу мулки худ маноз, эй дил, даме бедор шав! Ин молу мулки ин ҷаҳон, судат надорад он замон, Лек дармони ба ҷон, эй дил, даме бедор шав! Чандин ҷавонон нозанин, рафтанд дар зери замин, Бовар надорӣ рав бубин, эй дил, даме бедор шав! Аз ту бимонад нолае, ояд яке бегонае, Рафтӣ ту дар вайронае, эй дил, даме бедор шав! Модар буду туро падар, онҳо бирафтанд пештар, Ту ҳам хоҳӣ шуд бадар, эй дил, даме бедор шав! Эй Шамси Табрезӣ туро, аз Ҳақ расида ин нидо, Бар гуши мардум кун садо, эй дил, даме бедор шав!
✍️Мавлоно Балхӣ - Румӣ.

Яндекс.Метрика