ДАВЛАТДОРӢ. АЗ ОЛИ СОМОН ТО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар давраи тақдирсози ҳаёти кишвар ба майдони сиёсат қадам ниҳода, Тоҷикистонро ба як мамлакати амн, пешрафта, дар миқёси ҷаҳон ташаббускори масъалаҳои глобалии сулҳу субот, ҳифзи муҳити зисти оламиён ва бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин сохтани кулли башар табдил дод. 
Ходими бузурги сиёсиву давлатии сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои воқеии тоҷикони дунёро ба айсберг    метавон ташбеҳ дод, ки дар паҳнои уқёнус шино  дораду бо шаҳомати хеш бинандаро ба худ мафтун месозад.
Чунин менамояд, ки дар бораи Президенти кишварамон бисёр чизҳоро медонем. Оид ба сафарҳои давлатию корӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ пайваста мехонему тавассути «оинаи нилгун» сафарҳояшро ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мулоқотҳояшро бо аҳли заҳмату зиёиён мебинем; ӯ дар назди халқ тавре сухан меронад, ки шунавандаро ба ҳаяҷону андеша меорад ва ба корнамоиҳо ҳидоят месозад, ҳамзамон, дар дили мардум маъво мегирад. Воқеан, Роҳбари давлат шахси нотакрор аст. Вале сифати асосии Пешвои миллат фақат дар ин не, балки дар симои ахлоқӣ ва ғановати маънавии ӯст: вай аз замони хеш хеле пеш рафтааст, дурбин аст, рушди кишварро барои солҳои зиёди минбаъда муайян кардааст. Мо, аллакай, метавонем ба оянда бо назари нек ва дилпурона назар афканем. 
Имрӯз Тоҷикистон мамлакати соҳибистиқлолест, ки онро давлатҳои зиёд эътироф кардаанд, ҷумҳурии аз назари ҷуғрофӣ хурд, вале дорои имкониятҳои бузургест, ки дар ҳама гӯшаҳои дунё медонанд ва ба ҳарфаш гӯш медиҳанд. Аз ин рӯ, намояндагони давлатҳои зиёд барои ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва сайёҳӣ ба диёри ҳамешабаҳори мо ташриф меоранд ва омодагии хешро барои бастани шартномаҳои ҳамкории барои ду тараф муфид иброз медоранд. 
Аз рӯзи эълони Истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ҳамагӣ се даҳсола сипарӣ шудааст. Аз рӯи ченаки таърих ин басо муҳлати кӯтоҳ аст, вале дар ин солҳо корҳои зиёде ба анҷом расиданд, таҳкурсии корномаҳои ояндаи халқи тоҷик, ки ҳаракати мунтазам ба сӯйи пеш бидуни он имкон надорад, гузошта шуд. Мо дар хостаҳои худ басо бетоқатем, ҳама чизро зиёд ва дарҳол мехоҳем, лекин, агар ба роҳи тайшуда як назар афканем, бори дигар мебинем, ки аз чи оғоз намудему ба чи ноил шудем, ҳатман ба қадри ирода, қувва, қатъият ва дурандешии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мерасем.
Президенти кишвар саропо пеши назари мост. Одиву кушода, дар муносибат бо одамон самимӣ. Тамоми хислатҳои неки инсонӣ дар зоҳиру ботини Президенти мардумии мо эҳсос мешаванд. Бо шубҳаву гумонҳо низ ошност, вале қобилияти зуд бартараф намудани онҳоро дорад, имрӯзи кишварро бо таърихи ғаниву мураккаб ва пуртазодди он муқоиса  мекунад  ва  ин  имконият  медиҳад  ягона роҳи дурустро интихоб намояд, ки ба мамлакат беҳад зарур, ба тамоми халқ басо муфид аст.
Аз се ду ҳиссаи кори бузурги ақлоние, ки ҳар рӯзу ҳар соат Пешвои муаззамамон дар соҳаҳои гуногун анҷом медиҳанд, барои мо ниҳон мемонад, вале таърих, ояндагон ба қадри онҳо  хоҳанд расид. 
Дар бораи фаъолияти густурда, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва фидокориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни бунёди давлатдории навин бисёр гуфтаву навиштаанд, вале он ҳама ҷиҳатҳои алоҳидаи шахсияти бисёрҷабҳаи ӯст, дунёи бойи маънавӣ, қобилияти тасхиркунандааш дар масъалаҳои таърих, маросиму анъанаҳо, фарҳанги халқи тоҷик, тафаккури фалсафии воқеият – ин ҳама китобест, ки оянда рӯйи коғаз хоҳанд омад. Мегӯянд, агар бузургии кӯҳро фаҳмидан бихоҳӣ, ба он наздик бишав. 
Таърих барои Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйхати санаҳову воқеаҳову ҳолномаҳои онҳое нест, ки дар замони худ қисмати халқу кишварҳоро ҳал мекарданд, балки чашмаи ҷонбахшест, ки оби софаш неру мебахшад, эҳсоси фалсафии ҳаёт ва дарки воқеии вазифаи ҳар касро дар рӯйи Замин ташаккул медиҳад.
Сифатҳои беҳтарини халқи тоҷик дар шахсияти Пешвоямон таҷассум ёфтаанд. Сарвари давлати мо шахси  ватандӯст ҳастанд, қатъияту ҷасурӣ доранд, аз масъулият намеҳаросанд ва ба ҳар мушкиле, ки чун пӯлод обутобашон медиҳад, омодагӣ зоҳир месозанд. 
Асарҳои таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ганҷи пурбаҳои дониш оид ба гузаштаи халқи тоҷик, дарку андешаи онанд, ки чи корҳо карда шуданд ва барои зиндагии осудаи миллат боз чи бояд кард. Халқи тоҷик қисми таркибии ҷомеаи ҷаҳонист, гуфтанд Президентамон ва таърихи онро ба саҳифаи дурахшони тамаддуни инсоният бо асарҳояшон бипайвастанд. 
Мафҳуми корнома серпаҳлуст. Корномаҳое ҳастанд, ки бо тақозои вазъият, масалан, наҷоти нафаре содир шудаанд. Чунин корномаҳо ҳам қобили тақдиранд, лекин ногузир фаромӯш мешаванд ва ё дар ёди шумораи ками одамон мемонанд. Корномаҳое ҳастанд ба дарозои замон, ки аз амалҳо баҳри наҷот ё шукуфоии миллат иборатанд. Ба чунин корномаҳо танҳо арбобони бузурги сиёсату давлат қодиранд. Онҳо ба баҳои сазовори мардум ноил гашта, дастоварди таърихи он ва ё таърихи тамоми инсоният мешаванд.
Маҳз чунин корномае ба дарозои замон, ки се даҳсолаи мураккабу муҳимро дар бар мегирад, нишон доданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилӣ, ҳифзи ягонагии давлати ҷавони тоҷик ва таъмини сулҳу Истиқлоли воқеии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаҳои заррини корномаҳои Пешвои миллатанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтори бегазанди ҳокимияти фаъолу ташаббускорро бунёд ниҳоданд, таҳкурсии сиёсии кишварро мустаҳкам намуданд, роҳҳои рушди мунтазами тамоми соҳаҳои онро муайян карданд. Ин номгӯи як қисми корҳоест, ки мавсуф чун Сарвари давлат ба иҷро расонданд.
Мегӯянд, ки ҳама чиз дар муқоиса маълум мешавад. Ба умқи таърихи миллати тоҷик сар фурӯ бурда, шахсиятеро ҳамвазни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфтан душвор аст, ки дар чунин муддати кӯтоҳи таърихӣ барои халқу кишвараш ин қадар корҳо карда бошад. Корномаи Оли Сомон дар муддати як аср ба вуқуъ пайваст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон корро дар се даҳсола анҷом доданд.
 
Бознашр аз сомонаи рӯзномаи " Ҷумҳурият "
Ато ҲАМДАМ, Нависандаи халқии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика