Доктор Файзулло Ҷалол - намоди истисноӣ ва фавқулодаи қаҳрамонӣ

Теғ мебояд кашиду ҷом мебояд сутуд,

Нест дар туркӣ намак, тоҷик мебояд будан.

                                                        Т. Омулӣ

Доктор Файзулло Ҷалол, яке аз тоҷикони номдори Афғонистон, собиқ муовини вазири маорифи кишвар ва аз устодони нухбаву донишманд ва таҳлилгари мумтози Донишгоҳи Кобул мебошад. Баъди мунозираи лафзие, ки бо М. Вардак намояндаи ҳаракати террористии "Толибон" дар Қатар, дар ТВ "Тулӯъ"  дошт, исми муборакаш бори дигар вирди забонҳо гашт. Барои хонанда, бинобар шинохте, ки аз ин шахси ҷасур ва сиёсатмадори бемуҳобо қаҳрамон дорам, мехостам маълумоти шарҳиҳолӣ ва баъзе паҳлӯҳои норавшани ибратомӯзи ҳаёти Файзулло Ҷалолро бозгӯ намоям, то барои насли имрӯз ва оянда сарнавишти ҷараёни адолатхоҳии тоҷикони он тарафи дарё мушаххастар шавад. 

Пешопеш изҳор бояд намуд, ки ҳазорҳо нафар равшанфикрони бедордил ва огоҳ, ки тоҷиктабору форсивонанд, дар ҷомеаи қабиласолори Афғонистон бо мушкилоти ҳуввиятӣ дасту панҷа нарм мекунанд, вале боз ҳам бо қотеияти беҳамто шамъи тоҷикият ва асолати миллиро бо виқор ва ҷасоратмандии истисноӣ равшан нигоҳ медоранд. 

Файзулло Ҷалол, профессор, доктори илмҳои сиёсӣ ва яке аз сиёсатмадорони матраҳи Афғонистон мебошад. Ӯ зодаи дараи  Ҷувайи ноҳияи Дарвози Бадахшони Афғонистон ва аз зумраи пайравони мактаби сиёсии Тоҳири Бадахшӣ, асосгузори ҳаракати зидди тамомиятхоҳӣ ва бартариталабии паштунҳо ва асосгузори раҳбари созмони "Созмони инқилобии заҳматкашони Афғонистон" мебошад, ки аз ҷониби мухолифонаш ба "Ситами миллӣ" мусаммо шуда буд. Ин созмон дар солҳои 60-70-ум парчами адолатхоҳиро бардошта, ҳаракати миллиро дар марказ ва шимоли он кишвар бар зидди сиёсатҳои табъизгароёна бунёдгузорӣ намуд, ки зимни муборизаи наслҳои баъдӣ ин ҳаракат бунёдӣ ва ниҳодина шуд. Барои сароҳати калон, иқтибос аз мақолаи олими шинохта Ҷамолиддин Саидзода дар бораи сабку услуби муборизаи тоҷикони Хуросони таърихӣ меорем, ки ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Тоҳири Бадахширо айнан тасвир кардааст. 

"Гузашта аз ин, сиёсати динии кишвар ба ҳадде қавмҳои соддаи ғайрипашту, аз ҷумла тоҷиконро фирефтаи худ карда буд, ки онҳо дар пурсиш миллаташонро пинҳон медоштанд, худро мусулмон, кобулӣ, ҳиротӣ, балхӣ, бадахшӣ ва ғайра муаррифӣ мекарданд, ба ҳеҷ ваҷҳ тоҷик намегуфтанд. Онҳое ҳам ки аз қазия андаке бохабар буданд (равшанфикрон дар назаранд - Ҷ.С.), аз тарс маҷоли ошкоро аз миллати худ хабар доданро надоштанд, зеро онҳоро қавмгароёни соҳибдавлат, ки қудрат дар дасташон буд, нобуд мекарданд. Намунаи боризи ин гуна нобудкунии равшанфикрон Тоҳири Бадахшӣ метавонад, буда бошад, ки тӯъмаи қавмгароёни пушту гардида буд".

Ҳамин  муаллиф боз бар нуфузи сиёсатмадори номбурда таъкид меварзад, ки "дар ин бора гуфтори муаллифи китоби "Дар хизмати маорифи Афғонистон" М. Лутф қобили ханда аст, ки м егӯяд: "Тоҳири Бадахшӣ зодаи Бадахшони Афғонистон аст. Фарзанди баору номуси миллати тоҷик аст. Ӯ ҳанӯз дар замони таҳсил дар Донишгоҳи Кобул бо фаъолияти инқилобӣ машғул мешавад ва бо ҳаммаслакон, мисли Абдулқодир, Анаҳито, Коваи Ҳиротӣ, Бунёдӣ, Д. Панҷшерӣ мепайвандад (Ҷ. Саидзода. "Афғонистон ва Хуросон - ду кишвари мустақил" "Имрӯз News", ноябри соли 2021).

Тавре зикр шуд, Файзулло Ҷалол мансуб ба қишри равшанфикри шимоли Афғонистон мебошад ва амалан аз наврасӣ бар зидди зӯргӯӣ ва афзалиятхоҳиҳои қавмии паштунҳо муборризаи беамонро оғоз кардааст. Шоҳидони ҳол ва ровиёни ахбор мегӯянд, ки Ф. Ҷалол дар наврасӣ дар зодгоҳаш шиорҳои адолатхоҳӣ, баробарии ҳуқуқи қавмҳоро паҳн намуда, чанд вақт ба "ҷурми эътирозгарӣ" маҳкум ҳам шудааст. 

Хатти машъи сиёсии Ф.Ҷалол боз аз он боризтар ва таъсисгузортар ҷилва мекунад, ки ӯ дар ин масири хатарнок танҳо нест - ҳамсари ӯ доктор Масъуда Ҷалол, низ аз сиёсатмадорони варзида ва пешгомони ҳаракатҳои маданӣ ва маорифпарварӣ дар Афғонистон мебошад. Соли 2004 Масъуда Ҷалол дар интихоботи президенти Афғонистон иштирок карда, сабқатро дар миёни бисёр номзадҳо баранда шуд ва дар раддаи дуюм қарор гирифт. Сипас ба вазифаи вазири кор бо занони Афғонистон таин гашта, дар пешбурди тадибрҳои равшаннамоӣ дар ҷомеаи анъанавии Афғонистон саҳми босазои худро гузошт. 

Файзулло Ҷалол сиёсатмадори мардумсолор ва пешқадам буда, дар миёни олимони дунявимадори ҷомеаи афғонистонӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Мусаллам аст, ки дар миёни сиёсатмадорон ин ҷойгоҳи фйарқкунандаи ӯ пеш аз ҳама бастаги ба мавқеи пойдор ва бинишиу дониши устувори миллияш дорад. Зиндагӣ ва ҳаёти сиёсии Ф. Ҷалол - улгу ва намунаи худгузарӣ ва сарсупурдагист. Саҳми ӯ дар оғози шаклгирии ҳаракати озодихоҳии мардуми заҳматкаш дар солҳои 80-уми асри гузашта, дар таркиби созмони заҳматкашони Афғонистон ва дар тӯли 20 соли ахири ҳукумати истибдодии Карзай - Ғанӣ (2001-2021) ба сони "рахна кардан дар умқи Олам и Кӯҳан" ва хусусан суханронии пурмуҳтавояш дар бораи сатҳи ақлонии толибон сутуданист. Ӯ аз ҷумлаи огоҳтарин аъзои қишри зиёии Афғонистон мекбошад, ки дар тасаллути комил ба адабиёт, таърих, сиёсат, иқтисодиёт, дин, сохтори қавмӣ - қабилавии он кишвар дорад ва бо такя ба усулҳои муосири таҳлилгарӣ ба умқи мушкилоти ҷомеаи афғонистонӣ менигарад. 

Суҳбати сарироҳие, ки бо аъзои ҳизбу ҳаракатҳои чапгаро  (СОЗО, САФЗО, Озодагон, Кунгураи миллӣ) нисбат ба баъзе ҷанбаҳои корӣ ва шахсии зиндагиномаи Файзулло Ҷалол доштем, мушаххас шуд, ки у бо аҳли таассубу хурофот ва муомилагарони даҳр, аз ҷумлаи ҳамтаборони кутоҳандеши худ низ, ки тибки маслиҳат ва хайри умум амал накардаанд, сари созиш надорад. 

Дар давраи омӯзгории Ф. Ҷалол, назму низом ва касбият дар донишкадае, ки ӯ ба тадрис машғул аст, ба дараҷае боло рафтааст, ки дар бораи қишри таҳсилкарда ҳамчун омили таъсиррасон дар воқеаҳои ҷомеа сӯхан гуфтан мумкин аст. Серталаби ба худ ва дигарон, ҷасорати истиснои, хушмуомилаги, адолатпарвари аз зумраи хислатҳои хоси рафтории Ф. Ҷалол мебошанд.

Шогирдони пешинаш дар донишгоҳи Кобул мегӯянд, ки адолатпарастӣ, ҳақиқатгуфторӣ, риёкор набуданд, ҳимоят аз ҳуқуқи донишҷӯёне, ки қурбонии таассуби қавмии устодон мешаванд, аз ӣхислатҳои асосии Ф. Ҷалол аст. Ба гуфтаи онҳо, дар донишгоҳи Кобул танҳо устодон мешаванд, аз хислатҳои асосии Ф. Ҷалол аст. Ба гшуфтаи онҳо, дар Донишгоҳи Кобул танҳо устоде, ки бо садои баланд ва расо зимни мушоҳидаи ноҳақии устоди дигар метавонад хитоб кунад, ки "фосиқ нашав, мунофиқ нашав!", Ф. Ҷалол аст. 

Ҳузури Файзулло Ҷалол дар саҳна ва арсаи сиёсати навини Афғонистон ҳамчун фурсати муносибе барои шаклгирии ғояи муборизаи сиёсӣ ва решакан кардани ҳар гуна зуҳуроти номатлуби тундгароӣ арзёбӣ мегардад. Ӯ касе ҳаст, ки бо такя ба захираи нерӯи инсонӣ шахсияти худро сохтааст ва ба шароити ногувори кишвараш тайёру айёр намудааст. Шиори зиндагии ин гуна шахсиятҳо ин аст: " Сар медиҳему сангар намедиҳем". 

Ва бубинед, ки дар лаҳзаҳои буҳронӣ донишмандоне, ба мисли устод Ф. Ҷалол чун номуси ҳамешабедори тоҷик ба ҷӯш меоянд ва ҳарофи худро беибо ва бо такя ба иқтидори зе6ҳнии волло , чӣ тавре мавсуф дар қазияи вазъи имрӯзаи Афғонистон изҳор намуданд: "Кобул табоҳ аст, мардум нони хӯрдан надорад, пойтахт аз лиҳози қавмӣ табоҳ аст, аслан, ифҳому тафҳим дар идороти толибон миёни як муроҷиаткунанда ва як  вазир вуҷуд надорад" гуфтанд.

Ин ҷо манзури Ф. Ҷалол, ки ба ифодаи имрӯзии тоҷикони Афғонистон як намоди ҳаракати "тоҷикандешӣ" шудааст, он аст, ки афроде ба идораҳо таъйин шудаанд, ки забони аслӣ ва аксарияти мардумро, ки дарии тоҷикӣ аст, намефаҳманд. Ва боз зарбаи аз он ҳам шикананда ба он ноқобилони даҳр мезанад: "Толибон фикр мекунанд. ки ақли кулланд, ақли кул нестанд, агар фикр кунанд, ки сад дар сад мустақиланд, мустақил ҳам нестанд. А. Ғанӣ аз лиҳози қавмӣ ва бо назардошти урфи "пуштунволӣ" ҳукуматро ба онҳо супоридааст". Файзулло Ҷалол дар чанд сухани пурэҳсоси худ ақидаи калидӣ ва ормонии халқи тоҷик ва тамоми мардуми шимоли Афғонистонро ифода намуда, ҳамагонро  боварманд сохт, ки баъд аз ин, ҳама чиз тағйир хоҳад кард, амалкарди нобу мумтози  ӯ ба як ҳаракати ҳамашумули афғонистонӣ дар масири касби озодӣ ва истиқлолӣ комили кишвараш идома хоҳад ёфт. Ӯ дар як ҷумла вазъияти мавҷуда ва хусусияти толибонро хулоса ва ифода намуд, ки ҳазорон нафар дар зарфи 100 рӯзи ҳукмронии толибон бо шеваҳои мухталиф талош намуданд бигӯянд, вале ба ин сароҳат натавонистанд баён созанд. Ф. Ҷалол ба террористони гузарои қабилаандеш гӯшзад мекунад: "Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас, то кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт".

Файзулло Ҷалол бо мавқеъгирии бо шаҳомату ҷасурона, вале созандааш дар ҷомеаи вопасгаро мардумро ба ояндаи нек умедвор намуд ва шуълаи як ҳаракати сиёсии мусолиматомезро равшан кард! 

Дидаи Саъдиву дил ҳамроҳи туст,

То напиндорӣ, ки танҳо меравӣ. 

У Қосимзода

Бознашр аз рӯзномаи “ИмрӯзNеws” №161(2381) 26.11.2021.

Яндекс.Метрика