Дунявият ва ислом: самтҳои ҳамбастагӣ

Дар таърихи 17.05.2021 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи  «Дунявият ҳамчун принсипи конститутсионӣ ва нақши он дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ ва пешгирии ифротгароӣ» доир гардид. Дар конфронс сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси динишиносииМаркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ф. Абдухалилзода К.А. дар мавзӯи «Дунявият ва ислом: самтҳои ҳамбастагӣ» бо маърӯза баромад намуд. Номбурда дар баромади хеш қайд намуд, ки мутаассифона дар фазои динии ҳам олами ислом ва ҳам ҷомеаи Тоҷикистон доир ба муносибати дунявият ва ислом нофаҳмӣ ҷой дорад. Таблиғгарони дин ҳам дар хориҷа ва ҳам дар дохили кишвар дунявиятро маҳсули тафаккури Ғарб ба қалам дода, онро ба ислом бегона арзёбӣ менамоянд. Абдухалилзода сабаби чунин каҷфаҳмиро  бо надонистани моҳияти дини ислом, таърихи дини ислом ва принсипи дунявият ҳамчун қутбнамои низоми ҷомеаи дунявӣ алоқаманд донист. Маърӯзачӣ бо дадели муътамади илмӣ собит намуд, ки дунявият арзиши умумибашарист ва онро маҳсули ин ё он халқият ё фарҳанг донистан хатост. Дуруст аст, ки  мафҳуми «Дунявият» бори аввал дар Ғарб пешниҳод шудааст, аммо дунявият ҳамчун падида, раванд, асли зиндагӣ дар сиришти ҳар халқу миллат нуҳуфта аст. Аллакай 45 қарн пеш дар давлати Шумери қадим гузариш аз низоми динӣ ба дунявӣ ба қайд гирифта шудааст. 25 қарн пеш дар Арабистон дар давлати Саба низ чунин гузаришро муаррихон қайд менамоянд. Мувофиқи маълумоти Абдулваҳҳоб Наҷрон дар китобаш «Хулафои Рошиддин» аллакай дар давлати умавиҳо гузариш ба низоми дунявӣ бараъло мушоҳида мегардид. Абдухалилзода К.А. дар маърӯзааш оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои набавиро бо тафсирҳои мухталиф ҳамчун далели эътирофи арзиши дунявӣ дар кутуби муқаддас пешниҳод намуда, мундариҷаи дунявӣ доштани онҳоро махсус зикр намуд. 

Абдухалилзода К.А. инчунин аз таърихи дини ислом, аз ҷумла фаъолияти пайғамбар мисолҳо оварда, таъиноти дунявӣ доштани исломро таъкид намуд. Аз ҷумла, қайд намуд, ки паймонҳои Муҳаммад аз паймони Ақаба сар карда то сулҳи Ҳудайбияю паймонҳо бо қабилаҳои мухталифи шимол пурра хусусияти дунявӣ доштанд ва ҳадаф аз онҳо ба даст овардани имконияти мусоид барои интишори дини ислом буд. Яъне, маърӯзачӣ бо далеҳои таърихӣ собит намуд, ки тамоми фаъолияти рисолатии пайғамбар тобеи муҳити дунявии ҷомеаи худ буд. Аз ин рӯ, ӯ пешниҳод намуд, ки набояд мо исломро ба асли дунявият муқобил гузорем, зеро дар ин ҳолат мо бо таъиноти иҷтимоии хеш дар таноқуз хоҳем буд. Ҳамзамон дунявият низ ба ислом зид нест, балки вай динро кори инфиродии ҳар шаҳрванд маҳсуб медонад ва  агар дини ислом низ дар пешрафти ҳаматарафи ҷомеа мусоидат менамуд, аз ин амал ҳам дини ислом ва ҳам пайравони он манфиат мебурданд.   

Яндекс.Метрика