Душмани дӯсти ман – душмани ман аст

Ду ҳафта қабл аз навишта шудани ин сатрҳо, 14 сентабри Суди Олии Федератсияи Россия «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон»-ро ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвари Россия манъ намуд. Ба андешаи мо, хуб мебуд, агар ин иқдоми Федератсия Россия ҳамчун шарики стратегии Тоҷикистон аз ҷониби дигар  кишварҳои дигари узви  Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти дастҷамъона  ҳамчун як ташаббуси нек дар ҷодаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ҳар чӣ зудтар мавриди пайравӣ қарор мегирифт.  Федератсияи Россия воқеан ҳам бо ин иқдоми худ тибқи принсипи ,«душмани дӯсти ман – душмани аст», ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи пурмоҷарои ҷомеаи башарӣ, ҳазорон маротиба дурустии худро собит намудааст, амал карда, ҳамзамон дӯст ва шарики боэътимоду вафодор и Тоҷикистон будани худро бори дигар  амалан исбот намуд. Бо боварии қотеъ метавон гуфт, кишварҳои дигари узви СҲШ ва СААД низ ба ин иқдоми сиёсию ҳуқуқии Федаритсия Россия пайравӣ намуда, барои пешгирӣ кардани фаъолияти тахрибкорона ва идеологияи иғвобарангези ТЭТ ҲНИ ва ҳаргуна ҳизбу ташкилотҳои дигари экстремистию террористӣ, ки ба амнияти миллию давлатии ҳар яки ин кишварҳо таҳдид мекунанд, чораҳои қатъии қонунӣ меандешанд. Мантиқан, чунин ҳам бояд шавад, чунки СҲШ ва СААД ҳанӯз соли 2017  ин ҳизби тахрибкорро  дар қатори ДДИШ, Ал-қоида, Ихвон ул муслимин ва дигар ҳизбу ташкилотҳои террористӣ ба феҳристҳои сиёҳи худ ворид карда буданд.  

Танҳо бо ҳамин роҳ, яъне бо роҳи дастҷамъона ба муқобили тероризу экстремизм ба мубориза бархостани ҳамаи кишварҳои узви ин ду созмони бонуфуз ва муқтадири минтақавӣ, манъи қонунии фаъолияти ҳизбу ташкилотҳои экстремистию террористӣ пеши фаъолияти тахрибкоронаи онҳоро дар фазои пасошӯравӣ гирифтан ва  ин падидаи хатарнокро безарар кардану аз  байн бурдан мумкин аст.

Шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика