ЗАРУРАТИ ТАНЗИМИ РАВАНДИ АФЗОИШИ АҲОЛӢ ВА ТАКРОРИСТЕҲСОЛИ НАСЛИ МИЛЛАТ ДАР ПАРТАВИ ТАҶРИБАИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ ДАР САМТИ ТАНЗИМ (таҳлили муқоисавии умумифалсафӣ, иҷтимоӣ ва диншиносӣ)

Қисми 2. Вазъи раванди афзоиши аҳолӣ ва сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон аз  даврои шўравӣ то имрўз

Ҳамин тавр, дар такя ба натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии марбут ба хусусиятҳои раванди афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон  метавон гуфт, ки раванди афзоиши аҳолии Тоҷикистон дар айни замон дар марҳилаи дуюм, яъне дар марҳилаи афзоиши босуръат ҷараён дорад. Умуман, Тоҷикистон дар байни кишварҳои пасошўравӣ аз лиҳози сатҳи таваллуд ва суръати афзоиши аҳолӣ пешсаф мебошад. Тибқи маълумотҳои омории давраи шӯравӣ, аҳолии Тоҷикистон дар соли 1951 1,5 млн, дар соли 1960 – 2 млн, дар соли 1971 3 млн, дар соли 1981 – 4 млн ва дар соли 1991 5,3 млн нафарро ташкил медод.

Дар зарфи 30 соли давраи Истиқлол аҳолии кишвари мо қариб 80% зиёд шуда, аз 5,3 миллион дар соли 1991 ба 9 миллиону 504 ҳазор нафар дар моҳи январи соли 2021 расид.   1-уми январи соли 2022 шумораи  аҳолии Тоҷикистон 9934400 нафарро ташкил медод, пас аз 3 моҳ, 1-уми апрели соли 2022 ин нишондиҳанда ба 9890900 нафар баробар шуд. Аз 9,5 млн нафар аҳолии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2021 – 7 млн нафар  аҳолии деҳот ва 2,5  млн нафар  аҳолии шаҳрҳо мебошанд. Шумораи занҳо нисбат ба мардҳо андаке зиёдтар -  4,8 млн нафарро дар муқобили 4,7 млн нафар ташкил дод.  Дар соли 2020 дар ҳудуди кишвар дар ҳар як рўз ба ҳисоби миёна 655 кӯдак таваллуд шуда, 114 нафар вафот кардааст. Яъне, таносуби байни таваллуд ва фавт дар ҷумҳурии мо тақрибан 5,5 бар 1 мебошад.

Чӣ тавре зикр гардид, афзоиши босуръати аҳолии кишварамон агарчӣ аз як тараф, натиҷаи беҳтар шудани шароит ва баландтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад, вале аз тарафи дигар мушкилоти зиёди иҷтимоиро низ ба миён овардааст. Аз ҷумлаи чунин мушкилот муҳаққиқону коршиносони масоили демографӣ – камбизоатӣ, бекорӣ, муҳоҷирати зиёд ва мушкили дастрасӣ ба таҳсилу тибро зикр мекунанд.

Аз ин рў, Ҳукумати Тоҷикистон ба мақсади муътадил гардонидани раванди афзоиши аҳолӣ Барномаи давлатии «Чораҳо барои коҳиш додани сатҳи таваллуд дар Тоҷикистон»-ро  барои солҳои 2019-2022 қабул ва роҳандозӣ кардааст. Барномаи мазкур чораҳои зеринро дар бар мегирад:Пешгирии ҳолатҳои ҳомиладории номатлуб;Таъмини ройгони василаҳои пешгирии ҳомиладорӣ (аз ҳисоби буҷаю донорҳо); Дастрасӣ ба безурётгардонии ихтиёрӣ дар навоҳии кишвар;Тарбияи ҷинсӣ ва дарси тарзи ҳаёти солим барои талабаҳои синфҳои болоӣ; Афзоиши фосила миёни таваллуд тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ.

Дар натиҷаи татбиқи Барномаи мазкур, дар зарфи 3 соли гузашта ва нўҳ моҳи соли равон сатҳи тавллуд дар ҷумҳурӣ нисбат ба давраҳои гузашта, воқеан ҳам андаке коҳиш ёфтааст, вале роҷеъ ба комилан муътадил шудани сатҳи таваллуд ва ноил шудан ба ҳадафҳои дар Барнома зикршуда сухан гуфтан ҳанўз барвақт аст. Ба андешаи мо, мушкилоти дар натиҷаи суръати баланди афзоиши аҳолӣ ба миён омадаро, ки сол то сол мураккабтар мешаванд, танҳо аз тариқи қабул ва роҳандозӣ кардани Барномаҳои давлатӣ ҳал кардан имкон надорад. Балки роҳу воситаҳои мафкуравиеро ҷустан ва истифода бурдан зарур аст, ки барои татбиқу густариши фарҳанги оиладории мардум, вазифаю масъулиятҳои худро дарк кардани волидон, дар муносибатҳои маҳрамонаи байни ҳамсарон бартарият пайдо кардани ҷанбаҳои ахлоқию ақлонӣ ва бо ин роҳ бевосита аз ҷониби субъектҳои таваллуд танзим шудани раванди такрористеҳсол ва таваллуди насли нав мусоидат карда метавонанд.

Яке аз чунин роҳҳо - истифодаи эҷодкорнаи таҷрибаи қонунгузории миллии Тоҷикистон дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим  мебошад.  Сабаби аслии дар зарфи 15 соли амали Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба дастовардҳо ва муваффақиятҳои бузург ноил шудани мо маҳз ҳамин аст, ки иҷрокунандагони асосии Қонуни мазкур – худи мардум, барандагон ва субъектҳои мустақиму аслии анъана ва ҷашну маросимҳо мебошанд.  Аз ин нуқтаи назар, таваллуд дар доираи оила ва такрористеҳсоли насли нав дар сатҳи ҷомеа амале мебошад, ки куллан  аз майлу хоҳиш, ахлоқу маънавиёт, ақлу шуур, донишу маърифат, ҷаҳонбинӣ, эътиқодот, масъулиятшиносӣ ва сифатҳою хусусиятҳои дигари инсонии ҳамсарон, яъне субъектҳояш  вобаста аст.

Чораҳои аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт андешидашуда, дар мисоли Барномаи дар боло зикршудаи давлатии марбут ба коҳиши сатҳи таваллуд дар кишвар, маҳз аз он сабаб чандон натиҷаи дилхоҳ надода истодаанд, ки дар онҳо ҳамин ҷанбаи масъалаи таваллуди фарзанд ва такрористеҳсоли насл – вобастагии он аз сифатҳо ва хусусиятҳои субъектҳои бевоситаи тавлиди насл ба назар гирифта нашудааст. Бинобар ин, зарур аст, ки ба хотири пешгирии мушкилот ва пайомадҳои номатлуби афзоиши стихиявии аҳолӣ бевосита худи субъектҳо – мардум ба масъалаи танзими сатҳи таваллуд ҷалб карда шаванд ва бо ин роҳ афзоиши аҳолӣ  ба як раванди танзимшаванда ва муътадил табдил дода шавад.  Дар самти мазкур, яъне танзими равандҳои такрорёбанда ва муттасили фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, тавре ки дар боло ишора шуд, дар даврони Истиқлол давлати мо аллакай як таҷрибаи хеле нодир ва пешқадами ҳуқуқиро ҳосил кардааст, ки он дар қабул ва татбиқи Қонунҳои ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва санадҳои дигари меъёриву ҳуқуқӣ равшан ифода ёфта, ба манфиати давлат ва ҷомеа будани худро собит намудааст.

 

Давом дорад...

 

Шоев Зиёвиддин – мудири шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика