Зиндагиномаи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р) (Имоми Аъзам)

Абӯҳанифа Нуъмон бини Собит ибни Марзбон, ибни Зуто (699, Куфа – 767, Бағдод), ки бо лақабҳои «Имоми аъзам» ва «Сироҷ-ул-аимма» низ машҳур аст, аз аввалин ва бузургтарин фақеҳон ва мутакаллимони номвари аҳди аввали ислом, поягузори равияи суннӣ ва муассиси мазҳаби ҳанафия ва бузургтарин имоми аҳли суннат ва ҷамоат ва машҳур ба Имоми Аъзам мебошад . Эшон дар соли 80-ҳиҷрӣ (699м.) дЗиндагиномаи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (р) (Имоми Аъзам)
Абӯҳанифа Нуъмон бини Собит ибни Марзбон, ибни Зуто (699, Куфа – 767, Бағдод), ки бо лақабҳои «Имоми аъзам» ва «Сироҷ-ул-аимма» низ машҳур аст, аз аввалин ва бузургтарин фақеҳон ва мутакаллимони номвари аҳди аввали ислом, поягузори равияи суннӣ ва муассиси мазҳаби ҳанафия ва бузургтарин имоми аҳли суннат ва ҷамоат ва машҳур ба Имоми Аъзам мебошад . Эшон дар соли 80-ҳиҷрӣ (699м.) дар шаҳри Куфаи Ироқ ба дунё омада аст. Аҷдодони Имоми Аъзам (р) дар асл форснажод буданд ва ба қавле онҳо аз мардумони Кобул ё Термиз ва ё аҳли Нисо будаанд. Бобояшро Умар ибни Ҳаммод Зоуто ё Зуто меномиданд ва ин вожа дар забони авестоӣ ва санскрит хондани суруду ниёишҳои мазҳабиро ифода мекунад ва Зардушт низ худро дар «Готҳо»-и Авесто «Зоутар» номидааст.
Падари Абуҳанифа(р) Собит дар шаҳри Анбор ва ба қавле дар Термиз ва ё Нисо ба дунё омадааст. Ихтилоф дар маҳалли таваллуди вай шояд аз сабаби он бошад, ки эшон муддатеро дар ҳар яке аз ин шаҳрҳо сипарӣ кардааст. Собит марди сарватманд буд ва ба қавле дар Куфа нонвойхонае дошт, ки аз даромади он ризқу рўзии хонаводаро таъмин менамуд. Тибқи баъзе маълумот гўё ў бо бо халифаи чахоруми рошиди Али ибни Абутолиб ошноӣ дошта, ба ў баъзан дар ҷашнҳои наврўзӣ ҳадяе тақдим мекардааст ва он ҳазрат барои ӯ ва фарзандону наберагонаш дуои хайр намудааст. Дар ин маврид Исмоил набераи Имом Абӯҳанифа (р) чунин мегӯяд: «Ман аз табори форсиёни озод ҳастам ва ба Худо савганд бардагӣ ва ғуломӣ ба мо роҳ надошта ва ҷадди ман дар соли 80 ҳиҷрӣ ба дунё омадааст. Яке аз падаронам дар хурдӣ назди Алӣ (р) рафта будааст. Алӣ (р) дар ҳаққи вай ва фарзандону ояндагонаш дуои хайре намудааст».
Абӯҳанифа низ дар ҷавонӣ ба тиҷорат шуғл дошт ва дар ин кор муваффақ низ гардида буд. Тичорат ягона манбаи даромади Абӯҳанифа буд. Фоидаи аз тичорат бадастомадаро на фақат ба¬рои рўзгори худ, балки барои кумак ба устодон, шогирдон ва дармондагону бенавоён сарф мекардааст. Алоқаи Абӯханифа бар умури молӣ ва таҷрибаи андўхта аз ин касб ба ў басирати муфиде дар ҳалли бисёр масоили фиқҳию ҳуқуқӣ бахшидааст.
Нақл аст, ки рўзе ўро Имом Шаъбӣ дар бозор бо фазлу камоли бузург дида, аз дигаре таърихи ўро мепурсад. У фарзанди Собит, номаш Нуъмон аст мегўянд. Имом Шаъбӣ хитоб мекунад: «Эй Нуъмон ибни Собит, бишитоб ва ба суҳбати уламо бирас ва таҳсили илм кун, ки бозор ҷойи ту набошад. Ту дар муддате олими бузург хоҳӣ гашт». Пас аз ин воқеа ў ба роҳи илм қадам гузошт. Сараввал Абӯҳанифа ба илми қироати Қуръони карим ва таҷвиди он машғул шуда, сипас ба омўзиши дигар улуми диниву дунявии замонаш, аз қабили сарфу наҳв, илми ҳадис ва шеъру адабу фалсафа шуруъ намуд. Дар ҷараёни ин омўзиш аз бисёр фақеҳону мутакаллимон, олимону донишмандон ва устодону аҳди фазли замона – Омири Шаъбӣ, Абуисҳоқи Шабеӣ, Ибни Абинуҷуд, Қайс ибни Мусаллам, Ибни Муртасид, Каттода ибни Даома, Молик ибни Динор илм омўхт. Вай аз шогирдони беҳтарини Имом Ҳаммод маҳсуб мешавад.
Ба хотири касби илму андўхтани таҷриба сафарҳои зиёде низ доштааст, аз ҷумла ба қавле 50 маротиба тавофи Каъба намудааст ва дар онҷо бо олимону машоихи машҳури Ҳиҷоз, Макка ва Ма¬дина – Робиа ибни Абуабдурраҳмон, Ато ибни Абураббоҳ, Имом Бокир, Абдурраҳмони Аъроҷ, Муҳаммади Мундакар, Ибни Шиҳоби Захрӣ, Амр ибни Динор, Абдулзабири Маккӣ ва дигарон мулоқот доштааст ва рочеъ ба масо¬или гуногуни улуми шаръию каломӣ ва ҳуқуқӣ ба баҳсу андеша пардохтааст.
Абуҳанифа то он ки ба илми фиқҳ рўй оварад, сараввал ба калом машғул мешавад. Чун Имоми Аъзам комилан вориди илми калом шуд, ба хубӣ дарк намуд, ки манфиати он ба¬рои ў камтар аст, аз ин рў, Абуҳанифа аз илми ка¬лом сарфи назар карда, ба омўзиши сарфу наҳву адаб ва аз худ намудани фанни шеър пардохт, вале оқибати онро ситоишу мадҳу ҳаҷв дарёфта, аз он низ даст кашид ва ба таҳқиқи хадис пардохт. Бо тааммуқ дар ин соҳа ў хулоса кард, ки агар хатое дар ин соҳа содир кунад, то рўзи қиёмат ин гуноҳ ба гардани ў хоҳад буд. Пас аз тааммули бисёр илми фиқҳро афзалтар аз ҳамаи улуми фавқуззикр дарёф ва ба омўзиши он пардохт. Ба ақидаи ў ҳар қадар, ки вай ба умқи ин илм мерасид, ҳамон қадар бузургӣ ва муҳимияти ин илм барояш бештар маълум мегардид. Бинобар ин, ў бо уламо, машоих ва фақеҳони аҳди хеш ҳамнишин шуда, ба куллӣ ба омўзиши фиқҳи исломӣ дода мешавад ва дар ин соҳа ў ба комёбиҳо бузург ноил мешавад. Дар ҷомеаи исломии замони хулафои Рошиддин ва Умавия як силсила масоили шаръию ҳуқуқие арзи вуҷуд намуданд, ки боиси пайдо шудани ихтилофи назарҳо ва пайдоиши фирқаву ҷараёнҳои мазҳабӣ дар дохили дини ислом гардиданд. Ин ихтилофи назарҳо ҳатто боиси сар задани ҷангу ҷидоли дохилӣ низ шуданд, мислӣ ҷангҳои Ҷамал, Сиффин, муҳорибаи Наҳравон) ва ин омили дигари рў овардани ў ба илми фиқҳ буд. Даст задан ба арзёбиву доварии чунин масъалаҳои ҷиддӣ ва муҳими иҷтимоию сиёсӣ ва ақидаҳои мухталифи каломӣ аз назари шаръию ҳуқуқро Абуҳанифа вазифаи муқаддаси инсонии худ мешуморид ва бо амри дили хеш ба хотири такрор нашудани чунин ҳодисаҳо дар хилофат ва пешгирӣ аз нобасомониҳою ҷудоиандозӣ дар ҷомеаи исломӣ даст ба чунин кори масъулиятнок зад ва ҷомеаро ба қонунмандӣ даъват намуд. Ин ҷо таъсирпазирӣ аз устодаш дар илми фақоҳат Ҳаммод ибни Абисулаймон низ бояд ишора намуд. Вай дар муддати 18 соли тамом дар доираи илмии ў дарс гирифт, ҳамдаму ҳамнишини ў шуда буд, ки ин бешак ҳисси ўро дар чунин сарсупурдагӣ дар фиқҳи исломӣ бедор карда буд.
Ҳамин тавр, Абуҳанифа ҳамроҳи шогирдонаш, ки машҳуртарини онҳо Абуюсуф Яъкуб ибни Иброҳим ибни Ҳабиби Куфӣ ва Мухаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ мебошанд, тавонист, ки сабаби сар задани нобасомониҳоро аз замони халифа Усмон то ба замони худ ва дигар моҷароҳои иҷтимоию сиёсӣ ва баҳсҳои мазҳабию ақидатии бавуҷудомадаро аз ҷихати ҳуқуқӣ арзёбӣ намоянд ва дар давоми си сол пайваста ба тадрис, мутолиа, баҳсу таҳқиқ ва натиҷагарӣ дар масоили шаръию ҳуқуқӣ машғул шавад. Абуҳанифа ва пайравони мактаби ў, ки дар адабиёти динӣ бо номи «асҳоби раъй» маъруфанд, дар ҳаллу фасли масоили баҳсовари фиқҳӣ ҳамчун марҷаъ аз Қуръону суннат, иҷмоъ, қиёс истифода мекарданд, сипас рў ба истеҳсон меоварданд ва дар онҳо агар чизе пайдо накарданд, матлабро дар одоти шойеъ дар байни мардум ҷустуҷў менамуданд, ки он бо истилохи «урф» машҳур гардид. Ин шуҳрати ў на факат дар ҳаллу фасли масоили динӣ зоҳир мешуд, балки ў ҳамчун аввалин алломаи соҳаи маорифи исломӣ, яке аз поягузорони асосии мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат, мазҳаби ҳанафӣ гар¬дид. Ҳамин тавр, ў тамоми умри бобаракати худро ба таҳқиқу омўзиши масоили фиқҳӣ, каломӣ ва улуми шаръӣ сарф намуд.
Бояд тазаккур дод, ки шахсияти ў аз назари ҳокимони давр дур намонда буд. Халифа Ҷаъфари Мансур ба ў мансаби қозигиро пешниҳод менамояд, вале ў инро напазируфт ва боиси ғазаби халифа гардид ва зиндондонӣ гашт. Баъди муддате марги нобаҳангом ўро дар инҷо даст ёфт ва ў ин ҷаҳонро тарк гуфт. Ин ҳодисаи нохушу ғамангез соли 150-уми ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтод. Марг марде аз қавми тоҷикон дар рабуд, ки мактабаш ҳанӯз дар замони ҳаёташ бар ҷаҳони Ислом шуҳрат ёфт ва ҳазорон саволи беҷавобро ҷавоб медод. Абуҳанифа шахсе буд, ки то ба имрӯз азамату бузургии фикру андешааш дар адабиёти исломӣ беназир аст. Мегӯянд: «васият карда буд, ки пас аз марг ҷисмамро дар замини ҳалоле, ки амир онро бо зӯр ғасб накарда бошад, дафн кунед».
Чун ин васияти Имом Абӯҳанифа (р) ба самъи Ҷаъфари Мансур расид, аз кирдору рафтори хеш бисёр андӯҳгин шуда, гуфт: «Кист, ки имрӯз ба ҷойи Абӯҳанифа (р) маъзартхоҳии маро аз рафторе, ки бо ӯ доштаам бипазирад».
Оромгоҳи Имом Абӯҳанифа (р) дар қабристони «ал-Хизрон» воқеъ дар шарқи Бағдод воқеъ аст ва имрӯзҳо низ зиёратгоҳи мӯъминон аст.
сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ Шодиев М.

ар шаҳри Куфаи Ироқ ба дунё омада аст. Аҷдодони Имоми Аъзам (р) дар асл форснажод буданд ва ба қавле онҳо аз мардумони Кобул ё Термиз ва ё аҳли Нисо будаанд. Бобояшро Умар ибни Ҳаммод Зоуто ё Зуто меномиданд ва ин вожа дар забони авестоӣ ва санскрит хондани суруду ниёишҳои мазҳабиро ифода мекунад ва Зардушт низ худро дар «Готҳо»-и Авесто «Зоутар» номидааст.

Яндекс.Метрика