ИДЕОЛОГИЯ: МАЗМУН ВА ВАЗИФАҲОИ ОН ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРӢ

Мафҳуми «идеология» тахминан дусад сол пеш пайдо шуда буд. Дар илм бори аввал мафҳуми мазкур аз ҷониби файласуфи франсавӣ Дестюд де Траси мавриди истифода қарор гирифтааст. Ӯ мафҳуми мазкурро соли 1796 дар ҳисоботи худ, ки «Лоиҳаи идеология» номгузорӣ шуда буд, истифода бурдааст. Баъдан ӯ дар китоби сеҷилдаи худ «Унсурҳои идеология» (1801-1815) масъалаи мазкурро ба таври васеъ баррасӣ намудааст.

Идеология аз калимаи юнонии ideos «ғоя, идея» ва logos «калима, хирад, таълимот» гирифта шуда, - низоми арзишҳову ғояҳои иҷтимоии ба таври назарӣ ташаккулёфта, ки самти амалҳои иҷтимоиро таъйин ва манфиатҳои табақаи муайяни ҷомеаро таҷассум мекунад, барои субот ё тағйири муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳамбастагии мардум хидмат мекунад.

Идеология ҳамчун воситаи бонизом ва муттаҳидкунандаи тафаккури гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои дарки ҳастӣ ва рушду инкишофи онҳо тарҳрезӣ мегардад. Идеология маҷмўи андешаҳои воҳидро ба як самт сафарбар карда, фаъолияти онҳоро ҷоннок гардонда, ба табақаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои этникӣ имкон медиҳад, ки худро ҳамчун субъектҳои мустақил муаррифӣ намоянд. 

Вазифаҳои идеология: роҳнамоӣ, ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, сафарбаркунӣ ва ғ. мебошад. Асоси идеологияро низоми ғояҳо дар бораи ҳокимият: моҳияти он, ташкил, нигоҳдорӣ ва амалигардонӣ ташкил медиҳад.

- идеологӣ - ин ё он идеология дар бораи шахс ва ҷаҳоне, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад, тасаввурот медиҳад;

- психологӣ - идеология як роҳи зуҳури равонии инсон аст, ки метавонад олами маънавиро аз харобшавӣ ҳифз кунад. Солимии равонӣ ва равонии инсон бештар ба ҷаҳонбинӣ, пайдо кардани мавқеи худ дар он вобаста аст;

- интегрсионӣ ва парокандакунанда - ин ва ё он идеология барои ба вуҷуд овардани алокаи муайяни шахс бо одамони дигар ва олам нигаронида шуда бошад хам, дар айни замон хамчун парокандакунанда баромад карда, робитаҳои навъи дигарро вайрон мекунад;

- танзимкунанда – идеология рафтори одамонро танзим мекунад;

- идоракунӣ - идеология як роҳи назорат кардани одамон аст.

Идеологияи давлатӣ - сиёсӣ нисбат ба дигар шаклҳои идеология дар айни замон мукаммалтар ва фарохтар аст. Зеро дар таъсис ва ташаккулу рушди он давлат ҳамчун системаи сиёсӣ манфиатдор аст. 

Ягон давлате нест, ки идеология надошта бошад. Давлат дар рамзҳои худ, дар гимн, парчам маънии таърихии идеологӣ медиҳад. Давлат бояд худаш фаҳмонад, ки чаро ин тавр ҷойгир шудааст, на ба таври дигар ва ин ҷо бе идеология кор кардан мумкин нест. давлатҳо ба идеология такя мекунанд ва маҳз идеология аксар вақт барои шарҳ додан ва ҳатто асоснок кардани амали онҳо хизмат мекунад. Давлат бо ёрии мафкураи давлатӣ андешаеро ба миён меорад, ки навъи давлатдории он дар муқоиса бо давлатдории дигар навъҳо беҳтарин аст. Идеологияи давлатӣ тафсири таърихи ҷомеаро дар бар мегирад, ки ин давлат дар он амал мекунад ва аъзои онро дар як бутун муттаҳид намуда, ин ягонагиро ба ҷамъияти дигар (худшиносии ҷамъиятӣ) муқобилият мекунад. Илова бар ин, давлат рафтори одамонро на танҳо тавассути муқаррар намудани қонунҳо, балки тавассути идеологияи давлатӣ низ танзим мекунад.

Ҳар як неруи сиёсӣ кӯшиш мекунад, ки назарияи мушаххаси ғоявиро ба вуҷуд оварад ва ба воситаи он модели махсуси рафтори иҷтимоиро ташаккул диҳад. Идеология дар марҳалаи дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ нақши барҷаста дорад, зеро ба ҳаракатҳои сиёсии оммавӣ доираи васеи табақаҳои ҷамъиятӣ ҳамроҳ мешаванд. Масалан, инқилоби буржуазии англисҳо (1642-1649) ва фаронсавиҳоро (1789-1794) гирем, дар он мавқеи идеологияро бараъло мушоҳида намудан мумкин аст, зеро идеологияро бо сиёсат якҷоя намуданд.

 

АДАБИЁТ

1.Бобровников Н. Идеология. Большая советская энциклопедия -М.: Советская энциклопедия, 1933. -960 с. 

2.Идеология. Большая советская энциклопедия: -М.: Советская энциклопедия, 1952. -632 с.

3.Семигин Г. Ю. Идеология. Новая философская энциклопедия 2 т. -М.: 2010. -2816 с.

4.Жижек С. Возвышенный объект идеологии. -М.: «Художественный журнал», 1999.

 

ШУЪБАИ ПАЖӮҲИШИ ИСЛОМИ МУОСИР

Яндекс.Метрика