Иди Қурбон дар Федератсияи Россия (аз ҳаёти динии кишварҳои хориҷӣ)

Тибқи иттилои хабаргузории “Интерфакс”, имсол низ бо сабаби идома ёфтани густариши навъҳои гуногуни вируси сироятии COVID-19 дар қаламрави Федератсияи Россия, Шўрои уламои Идораи рўҳонии мусулмонони Россия тасмим гирифтааст, ки Иди Қурбон дар шаҳри Москва мисли соли гузашта ба тариқи онлайн таҷлил карда шавад. «Намози идона дар шаҳри Москва танҳо дар Масҷиди ҷомеъ бо иштироки имомон, муаззинон ва муовинони муфтӣ  баргузормешавад. Дар дигар масҷидҳо ва инчунин ташкилотҳои динии маҳаллии мусулмонон воқеъ дар шаҳри Москва хондани намози идона тавсия дода намешавад. Имсол Иди Қурбонро ҳама мусулмонони маскуни шаҳри Москва  бояд дар хонаҳояшон бо оилаашон ҷашн гиранд”, - омадааст дар сайти муфтиёт. Аммо, қарори мазкур танҳо дар ҳудуди шаҳри Москва татбиқ карда мешавад. Идораҳои минтақавии рӯҳонии мусулмонон, ки баҳайати Идораи рўҳонии мусулмонони Федератсияи Россия дохиланд, дар бораи тартиби баргузории намози ид бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар маҳал қарор қабул мекунанд.                                           
Дар як қаторминтақаҳои Федератсияи Россия, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, аз ҷумла дар Тотористон, Бошқирдистон, Қрим, Адигей, инчуниндарҷумҳуриҳоиҚафқозиШимолӣрўзҳое, ки идҳои Фитр ва Қурбон фаро мерасанд, рўзи истироҳатӣ эълон карда мешавад. Дар ин субъектҳои Федератсияи Россия рӯзикориипешазид  як соат кӯтоҳ карда мешавад. Имсол Иди Қурбон дар Федератсияи Россия 20 июл таҷлил карда мешавад.
         Шоев Зиёвиддин – сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ  

Яндекс.Метрика