ИСРОФ ЗИНДАРО БИМИРОНАД

Исроф - калимаи арабӣ буда, дар луғат ба маънои сарфу хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ омадааст, ки бархе ба хотири зоҳирпарастӣ ё худнамоӣ анҷом медиҳанд. Хушбахтона, баъд аз қабул ва дар амал татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муносибати мардум бо анъанаву маросим низ ба таври мусбат тағйир ва танзим ёфта, дар ин замина барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани исрофкориву зиёдаравӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Бо қабули Қонун ба хароҷот ва исрофкориҳои бемаврид хотима дода шуда, шаҳрвандон аз ҳама гуна уҳдадориҳои беасос озод гаштанд.

 

Унсурулмаолии Кайковус зикр кардааст: “Исрофро душман дор, исроф зиндаро бимиронад”. Яке аз мақсадҳои асосӣ аз қабули Қонуни танзим маҳз аз байн бурдани ҳамин гуна хароҷот ва исрофкориҳои беҳудаю хурофотӣ мебошад. Дар моддаи якуми Қонуни мазкур оварда шудааст: “Мақсади Қонуни мазкур ба ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст...”.

 

Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) дар мавриди исрофу исрофкорӣ дар ҳадисе гуфтаанд: “Бихӯр, бинӯш, садақа кун, бидуни тахайюлот ва исрофкорӣ барои он ки Худованд дӯст медорад, натиҷаи неъматҳояшро дар бандагонаш бинад”. Ҳамчунин, Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китобаш бо номи “Амоли мутлақа” аз Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ривоят мекунад, ки пайғамбар дар ҳадисе фармудаанд: “Бихӯред, садақа диҳед, либос пӯшед, бидуни тахайюлот ва исрофкорӣ”. 

 

Бояд қайд кард, ки Қонуни танзим аз як ҷиҳат ҳамчун санади ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳатмиро барои ба танзим даровардани ҷашну маъракаҳо пешбинӣ намуда бошад, аз тарафи дигар чун мушкилкушо ё василае барои аз байн бурдани хурофот ва исрофкорӣ хизмат менамояд. Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “... қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезанад, ки дар ягон гӯшаи олам ба назар намерасад”. Инчунин: «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.

 

Пеш аз қабули Қонуни танзим дар тӯю маъракаҳо, ҷашну маросим даҳҳо мошини сабукрав хизмат расонда, тӯй чанд шабонарӯз давом меёфт. Ин гуна тӯйҳо хароҷоти аз меъёр зиёдро талаб мекарданд ва аксарияти мардум баъди гузарондани чунин тӯйи серхарҷ ба қарз меғӯтиданд. Қонуни танзим ин гуна хароҷоти зиёдатиро қатъиян манъ намуда, мардумро ташвиқ кард, то тӯю маъракаҳои худро бо маблағи кам баргузор намуда, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ, ки берун аз мазҳаби Ҳанафӣ мебошанд, даст назананд.

 

Дар моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” банди махсусе ворид гардид, ки дар он дар бораи камхарҷ оростани дастархони идона сухан меравад: “Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст”.

Мардуми мо бояд аз гузаштагони хеш тарзи маъракаороии камхарҷу самимӣ ва маънавиро омӯзанд. Қобили тазаккур ва шукр аст, ки ба қабули Қонуни саривақтии танзим қариб 15 сол сипарӣ мешаваду он боиси аз байн рафтани исрофкорӣ ва зиёдаравию зоҳирпарастии беасос гардида, барои беҳбудии сатҳи зиндагии иқтисодиву иҷтимоии мардум саҳми босазое гузошт. 

 

САҶҶОДИ МУҲАММАДШАРИФЗОДА, 

корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика