Истиқлол ва ҳикмати давлатдорӣ (Ба сиюмин солгарди давлатдории навини тоҷикон)

Қисми II.

Дар воқеъ, муҳимтарин вазифаи мо  имрӯз расидан ба қадри ҳамин истиқлолият, гиромидошти соҳибихтиёрии давлатӣ,  ҳифзи дастовардҳо ва шукргузорӣ аз ҳамин неъмат ва паёомадҳои неки он аст. Хазинаи маърифати инсонӣ бо ҳама навъи таълимоташ, чи даҳрию чи динӣ, чи дунявию  чи уқбоӣ расидан ба қадри неъмат, шукргузорӣ  аз онро амали нек, собитшуда  ва созандаи инсонӣ шинохтаанд.   Мавлоно Румӣ ба ин маънӣ гуфтаанд:

 Шукри неъмат, неъматат афзун кунад, 

 Куфри неъмат аз кафат берун кунад. 

Шукргузорӣ аз неъмати истиқлоли давлатӣ ва озодиҳо арзиши ғоявӣ ва сирф назарӣ нест. Шукргузорӣ аз неъмати истиқлолият силсилаи донишҳои назарӣ, таърихӣ ва  амалиест, ки дар заминаи дарки неъмати истиқлол, шинохт ва ҳазми он арзи вуҷуд карда, тафаккур ва эҳсоси  ҳар фарзанди миллатро дар ҳимоя, рушд ва муаррифии он ҳамчун қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва имонӣ ташаккул медиҳад. 

Шукргузорӣ танҳо бо забон буда наметавонад, вай мисли ҳар арзише вижагиҳои маърифатӣ, амалӣ ва таърихиро касб намуда, бастагӣ ба шаклгирии  тафаккури инсонӣ  ва ифодаи рӯҳияи халқ ва миллат дорад. Мисли оне, ки шукргузории неъматҳо аз назари ахлоқӣ ва маърифатӣ ҷанбаҳои мухталиф ва тавъам ба узвҳои эҳсосотӣ дошта, таъсиррасонанда ба  ирода ва зоҳирёбии амалҳои мушаххас аст, шукргузории неъмати истиқлол ҳамчун эҳсосоти пайваст бо ватан, зодгоҳ, фарҳанг, урфу одат, анъанаҳо, сару либос  ва макони шаклгирии эҳсосоти худӣ ва ҳуқуқӣ, баёнгар ва зуҳури иродаи мустақили афрод аст, ки зери таъсири аломатҳои умумиятдошта ва арзишманд  рӯҳияи соҳибихтиёрӣ ва  мустақилияти халқу миллатро ҳамчун иҷтимои дорои аломатҳо ва махсусиятҳо муаррифӣ менамояд.

Омӯзиши масъалаи мазкур бо ҳама омехтагиҳои табиати инсонӣ танҳо ба як соҳаи илм побанд набуда, дар маҷмӯъ ба этнография, этнология, сотсиология, ҳуқуқ, фалсафа, таърих фарҳангшиносӣ, равоншиносӣ  ва ҳатто равонковӣ (психоанализ) тавъам аст. Инҷо зарур аст, ки усулҳои инфиродию универсалӣ бамаврид дуруст истифода шаванд. 

Миллати соҳибдавлат, халқи рӯҳияи соҳибихтиёрӣ дошта куллияи  инсонҳое аст, ки онҳо соҳибақида, соҳибирода, қадршиносу шукргузори неъмат буда, дар  баробари  шинохти неъмат роҳҳои назарию амалии ҳифз, рушд ва дастрасии онро барои наслҳои оянда фароҳам меоранд. Муҳимтарин хислати ин халқият дар баробари унсурҳои маънавӣ ва маърифатӣ,  ҳамеша дар он ифода ёфтааст, ки онҳо дар зиндагии дастаҷамъонаи худ тахти арзишҳои умда ва марказие муттаҳид шудаанд, ки онҳо дар ҳамбастагӣ ба саодати зиндагии фардӣ ва ҷамъиятии онҳо мусоидат менамоянд. 

Ба сифати чунин арзишҳои муттаҳидкунанда дар ҷомеаи мо ин ҳадафҳои олиии миллии мо- бунёди давлати адолатнок, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ, ягона, тантанаи ҳуқуқу озодиҳои инсон аст, ки Конститутсияи кишвар онҳоро эълон ва кафолат додааст, баромад мекунад. Равшан аст, ки арзишҳо умда аст, ҳадафҳо равшан аст, вале дар сохтумони ин навъ ҷомеа вақт, шароит, ҳамоиши фикрҳо ва интихоби арзишҳо вобаста ба нафъу манзалаташон ба таври худ таъсирҳо доранд. Ба вижа масъалаи интихоби арзишу неъматҳо ва ҷойгузинии онҳо дар ҳаёти воқеӣ дар бунёди давлатҳои миллӣ дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ба мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. 

Интихоби нобаробари арзишҳо ва мақомгузории нодурусти онҳо вобаста ба шароит дар рӯзгори давлатҳои миллӣ дар самтҳои мухатлиф эҳсос мешавад. Мисол, нифоқи ғояҳо атрофи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва яксара амалӣ кардани онҳо, ки вобаста ба шароит мушкилиро доро аст, монеаҳои сунъӣ ба раванди демократикунонии ҷомеа ба бор овардааст. 

Мушаххасан, агар гирем ҳам ҳуқуқҳои шахсии озодиҳои сиёсӣ, эътиқодӣ ва ҳам ҳуқуқҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои рушди саодатманди инсон муҳим арзёбӣ мегарданд. Аммо вобаста ба шароити давлатдорӣ ва рушди мафкураи миллии ҷомеа бояд ба яке аз онҳо вобаста ба шароит афзалият додан лозим аст.  Аз ин хотир субъекти фаъол, дар лаҳзаи интихоб чи дар ҳаёти фардӣ ва чӣ иҷтимоӣ вобаста ба шароит усулҳои дурусти илмиро истифода намояд. Мисол, усули афзалияти амали некро мисли «аз ду бадии пешорӯ истода бадии камтару аз ду некии дар интихоб истода некии афзалтарро» ниёгони донишманди мо дар лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёти шахсию иҷтимоияшон дар гардишҳои таърихӣ дуруст, бамавқеъ ба манфиати фардои фарзандони худ интихоб намуданашро талаб кардаанд. 

Дигар ин ки давлатҳои муваффақ арзишҳо ва неъматҳоро дар масири таърих вобаста ба манфиати давлату миллати худ, дар ҳамбастагӣ ба саодати наслҳои оянда  бамаврид ва дуруст дарк, ҳазм ва татбиқ намудаанд. Маҳз ҳамин аломатҳост, ки кишваре бо 20 ҳазор аҳолӣ (Лихтенштейн) ва ё аз он ҳам камтар дар паҳнои олам ҳуқуқи соҳибихтиёрию худмуайянкунии худро дуруст истифода намуда, ҳастии худро мӯътадил дар ҳама пастию баландиҳои олами ноором ҳифз намуда, вале кишварҳое бо даҳҳо миллион ҷамъият ба хун оғушта шуда, ҳуқуқи худмуайянкунии худро дар ҳолати ногувор қарор додаанд. 

Гузашта аз он иддаи дигар бо даҳҳо миллион аҳолӣ то ҳанӯз давлати худро надоранд. Тавре маорифпарварони тоҷик дар ибтидои садаи ХХ  дарк карда буданд: «Бузургии давлатҳо бо шумори аҳолӣ ва ҳудуд муайян намешавад», ё ҳаким Фирдавсӣ васеътар аз он гуфта буд: «Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». 

Яке аз омилҳои худшиносӣ ва расидан ба қадри истиқлолияти давлатӣ дуруст сабақ бардоштан аз таҷрибаи таърихист. Ба хусус таҷрибаи талхи таърихи халқи тоҷик, ки бо ҷурми иллатҳои мухталифи дохилию хориҷӣ садсолаҳо дар вартаи бедавлатӣ буда, фарзандони барӯманди он дар ба дари ҳокимони аҷнабӣ барои бегонагон хизмат кардаанд.  Таърих моро дар тангнои таҷрибаи нобасомони худ ба он дараҷа сахт гирифтааст, ки натиҷагирӣ аз рӯзгори нохӯш ҳам аз зиндагии гузаштаамон ва ҳам дар рӯзгори муосири ҳамсоягонамон сабақомӯз аст. Дуруст аст, ки  миллати оқил аз таҷрибаи бегонагону халқи дар иштибоҳ афтида аз рӯзгори худ  сабақ мегирад, гуфтаанд бузургон. Акнун мебинем, ки таҷрибаи талх ҳукми устодиро ба мо ҳам дар рӯзгори хешу ҳам ҳамзабононамон доро аст. Мо ба ин таҳдиди устодони бузург ҳуқуқи иштибоҳро дигар надорем. 

Вале бо вуҷуди ин ҳама таҳдидҳои таҷриба, дар рӯзгори муосир дар замони соҳибистиқлолии давлати мо, ки ҷаҳон ноором аст, дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик баъзе аз равишҳо ва калавишҳое сар мезананд, ки аз содагӣ ва самимияти инсондӯстии  мардум аз эътиқоди самимиашон ба арзишҳои динӣ  ба худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандорию ҳифзи истиқлоли омма латма ворид мегардад. Омилҳои бегонапарастӣ дар пӯшиши либос, гирифторӣ ба таассуби динӣ, худхоҳии бемавқеи ғайриахлоқӣ, таърихпарастии беҷою суханпардозиҳои ноҷои иддае аз бародарон, ки дар заминаи озодиҳои бо ном демократӣ  сар зада, ки барои бисёриҳо масъалаҳои ночизи иҷтимоӣ намояд ҳам, дар асл, аз бӯъдҳои мухталиф ношукрии мафкураи ҷомеаро ба истиқлолияти давлатӣ афзун менамояд. 

Онҳое, ки имрӯз аз хориҷ тавассути сайтҳои мухталифи интернетӣ ба ҳастии истиқлоли мо санг мепартоянд, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба рамзҳои давлатдории мо латма ворид созанд, хизмати хоҷагони берунаро иҷро менамоянд ва ба номи поки миллати тоҷик хиёнат мекунанд. 

Пешво –рамзи давлатдории миллии мост, Тоҷикистон ватани азизи мо тоҷикистониён аст ҳама бурду бохти ин кишвар ҷузъи ҳастӣ ва хотираи миллати мост, нозебо аст, ки арзишҳо ва рамзҳои миллиро байни бегонагон бо ҳарфҳои бад ба муаррифӣ гузошта, аз онҳо ба бадию хусумат ёдрас шуда,  ҳастии миллати худро зери хатар гузорем. Ҳар он нафаре, ки нисбати Пешвои миллати худ носипосӣ менамояд ӯ нисбат ба халқ, нисбат ба рамзи миллӣ ва арзиши миллии хеш беҳурматӣ кардааст. 

Дуруст аст, ки давлатҳо мушкилиҳо доранд ва на ҳама камбуду норасоиҳо то ба самъи Роҳбари давлат он тавре ки зарур аст ҳамеша мерасад. Ин мушкилиро то ба ҳанӯз ягон давлати пешрафтаи олам комилан ҳал накардааст.  Бинобар он он аз онҳо гуфтану роҳҳои пешгирӣ аз онро пешниҳод кардан, нақди илмию таҳлилии он равиши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ буда ба манфиати кор аст, вале камбуду норасоиҳоро бояд бидуни таҳқир ва расидан ба шахсияти инсонҳои дигар бояд матраҳ кард. Одобу ахлоқ ва эҳтироми якдигарро бояд ба ҷо овард. Ба қадри арзишҳо ва рамзҳо ҳамеша бояд расем.  

Таҷрибаи талхи Ироқ,  Афғонистон, Сирия, Украина, Белоруссия ва ғ. ҳ. ки имрӯз чи тавр бо ҳидояти бегонагон ваҳдатро ба парокандагӣ иваз кардаанд, бузургтарин хотираҳои моддии таърихиро ба боди нестӣ дода, кишварҳои худро ба муҳлати даҳсолаҳо бар қафо партофтаанд, магар моро сабақ намедиҳад. Ин ҳама магар, барои мо дарси ибрат нест?  Таъкиди ёдрасшудаи бузургон дар масъалаи он, ки «оқилон аз хатои дигарон меомӯзанду омиён дар хатои худ» магар ба мо роҳнамо нест. 

Албатта, ин гуруҳе, ин иддае ҳанӯз ифодагари халқ ва мардуми кишвар нест. Дуруст аст, ки онҳо фарзандони мардуми Тоҷикистонанд. Мо бояд хуб донем, ки тоҷик дар маҷмӯъ дар қатори камбудҳои зиёди таърихиаш дар ҳама давру замон аз миллатҳои фарҳангӣ, созанда ва эҷодгар будааст. Имрӯз вақти он расидааст, ки чашми хирадро боз намоем, сабақ аз гузашти рӯзгор бардорем. Тавре устод Рӯдакӣ фармудаанд: 

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор, 

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Бояд дарк намуд, ки ин гуна зиёдравиҳо дар муаррифии миллат ва давлати хеш ин аз надидани дастоварду музаффариятҳо ва ношукрӣ ба неъматҳост. Маҳз барои ҳамин  муҳимтарин калиди ин муаммо расидан ба қадри неъматҳо ва шукргузорӣ аз дастовардҳост.   

Таърих дигар моро намебахшад, манифати миллат ва давлатро бояд дар мадди аввал гузорем, бародарони гиромии бо ном озодихоҳ, бояд дарк намоянд, ки озодии берун аз ахлоқ ва манфиати умум озодӣ нест. Ҳар озодӣ ва сухан сарҳад дорад, сарҳади ҳарфи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ имрӯз манфиати мардуми Тоҷикистон аст. Барои дарки дуруст ва ҳазми мантиқии ин рафторҳои барои шахсиятҳои ҷудогона «шоистае», ки ба «бохти» таърихии миллат «боиста» гашта, ба решаи худшиносӣ истиқлоли давлатӣ осебоваранд, ҳадди ақал садои навҳаи рӯҳи таърихии миллатро шунида, сабақ аз таҷрибаи талхи ниёгон бояд бардоранд.  

 

В. Назар ба таҷрибаи талхи таърихӣ

Назари сатҳӣ ба таърихи навини давлатдорӣ ва ҳатто ба тамаддунҳои собиқ шаҳодати он аст, ки нақш ва нуфӯзи қадршиносӣ аз неъмати давлатдорӣ дар ҳама давру замонҳо аҳамияти бориз дар ҳастии халқу миллатҳо доштааст. Албатта, дар аҳдҳои бостон вобаста аз услуби идора ва навъҳои таърихии давлатдорӣ ва режимҳои сиёсии шоҳию истибдодӣ мавҷудияти ин унсур дар табиат ва фаъолияти сиёсатмадорон ва соҳибқудратон нақши бештар дошт. Вале дар замони муосир, ки таҷриба ва рушди давлатҳо зиёда ба ҷанбаи соҳибихтиёрии халқ ва эътирофи ҳокимияти мардумӣ такя мекунад, нақши  ҳикмати шукргузорӣ аз неъмати истиқлоли ҳар фард ва дар маҷмӯъ  аз халқ, дар муайян намудани шаъну эътибори давлати соҳибихтиёр, ба маротиб афзун шудааст. Маҳз ана ҳамин омил дар бештари мавридҳо иллати бедавлатию фурӯпошии зиёде аз халқҳо дар масири таърих будааст. 

Чаро мо ба ин масъала таваҷӯҳ менамоем? Чунки миллати мо дар роҳи шинохти арзишҳо ва тариқи ифодаи он дар масири таърих худро ғанӣ ва аҷоиб, олиҳиммату сода муаррифӣ сохтааст. Дар баробари сифатҳои неку олӣ, созандаю хирадмандонааш, фарзандони ӯро зоҳирпарастию худнамоӣ, кибру ғурур, хоксорию бетарафӣ, содагию кутоҳназарӣ дар омезиш бо зиёдаравиҳо, таассуб, бегонапарастӣ (дар андеша, гуфтор, либос, эътиқод ва ғ.), тақлиди бемавқеъ ва космополитизму хаёлпарастӣ, муддатҳо домангир будааст. Мутассифона, иддае аз ин бемориҳои маънавӣ то ҳанӯз бо роҳу воситаҳои гуногун ба мафкураи миллати мо таъсирҳо доранд.

Маҳз чунин махсусияти фарзандон дар фарози таърих ва паҳнои тамаддунҳо ин халқиятро ба мушкилию гирифториҳои мухталиф борҳо такрор ба такрор рӯ ба рӯ кардааст. Таърихи халқ, ифодагари рӯзгори организми зиндаи дорои шуур, ақл ва хирад аст, ки дар ҳар омаду ноомад нақшашон ҷолиб, ҳалкунанда ва тақдирсоз аст. Тамоюлҳои таърихсозию тахрихдӯздӣ ба манфиати касе буда наметавонад. Таърих романи қаблан фикркарда ва навишташудаи шахсияти ҷудогона набуда, вай маҳсули ҳаракат ва амалкардҳои мафкураи инсонҳост, ки таҳти омилҳои мухталиф қарор дорад. Омили инсонӣ, албатта дар маҷмӯъ дар вобастагӣ ба макону замон дар он нақши муассир дорад.

Омӯзиши таърихи мо гувоҳи он аст, ки  дар баробари беадолатиҳои бегонагон хатоҳои ниёкони мо дар ҳаводиси нохуши таърихи миллат кам нестанд, рӯпӯш кардани онҳо ва ёдрас нашудан аз онҳо дар ҷараёни тафохури таърихӣ, моро аз бемориҳои навбатии он эмин намедорад. Баръакс мо бояд дар бораи ин ҳақиқатҳои талх ҳарф зада, ҷиҳати ислоҳи онҳо дар рӯзгори кунунӣ кӯшиш намоем.

Муҳаққиқи маҷорӣ Вамбери, ки дар асри ХIХ ба сарзамини Осиёи Миёна меояд ва ҳолати нигаронкунандаи фарҳангӣ ва адабии тоҷиконро дида, аз рӯзгори фарҳангии аҳди бостон ёдрас шуда гуфтааст, қавмияте, ки се ҳазор сол пеш барои фарзандони худ се илмро аз панҷсола то бистсола медод: ростгӯӣ, аспсаворӣ ва камонвариро, имрӯз бо гузашти айём аз ин сифатҳояш нишоне намондааст.

Олими туркшиноси фаронсавӣ Жан Пол Ру, ки якумр таърихи қавмиятҳои туркро омӯхта, дар ҳар баҳамоӣ бо фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ мафтуни  охирӣ  мегардад, китобе дар бораи форсҳо ва мардуми иронзамин навишта хислатҳои ғалатии симо ва руҳияи ин қавмиятро хуб муаррифӣ кардааст: шоиртабъ, орзупарвар, хаёлотпараст, доимо дар андешаи дарёфти    падидаи диданашаванда, хаёлоти онҳо баъзан дар роҳи гурез аз сахтиҳо ва шаклпарастиҳои динӣ афкори онҳоро ба марғзори андешаҳои аҷиб ҳидоят менамояд. Маҳз, ҳамин орзуҳо, шоириҳо ва кӯшиши гурехтан аз ҳақиқат онҳоро осон ва зебо аз ҳақиқат ва баёни ҳақ дур кардааст. 

Албатта, агар хулосаи Жан Пол Ру ва кушода додани моҳияти чунин дуршавиро аз ҳақиқат  муҳаққиқ рӯшан намекард, шояд хонанда ба фикрҳои дигар мерафт. Вале кунҷковӣ ва ҷӯстуҷӯи асрори ин хислат, ки дар муҳаббати муҳаққиқ нисбати ин халқият нуҳуфта шудааст, пардаи асрори ҳастии моро то якдараҷа урён менамояд. «Ва чӣ қадар муҳаббат аст дар ин дуршавӣ аз ҳақиқат, баъзан танҳо ба хотири мувофиқ будан бо ҳамсӯҳбат, (риштаи суханро тоб надодан, мусоҳибро дурӯғгӯ набаровардан), танҳо ба хотири он ки ният ва орзӯи хаёлии ҳамсӯҳбаташро барбод надиҳад…»  Дурӯғи ҳамсӯҳбатро рост қабул мекарданд, ки ӯ хафа нашавад. Ду арзиш ба ҳам зид меомад, арзиши ростгӯӣ ва эҳтироми шахс. Баромадан аз ин таззод барои ниёгони мо на ҳамеша муваффақ будааст. 

 Жан Пол Ру ҳамчунин дар бораи ватандӯст то мағзи устухон будани форсҳо менависад, вале боз муаррифӣ менамояд, ки чи тавр иддае аз онҳо дар баъзе ҳолатҳо ҳимояи ватанро бефоида дониста, ба космополитизм ва арзишҳои фаромиллӣ такя зада, дарвозаҳои шаҳрҳои қадимаи моро ба рӯи душманон боз менамоянду  ба ҷонибдории истилогарон мегузаранд. 

Оё моро он чиз ба ҳайрат намеорад, ки чӣ тавр иддае аз форсҳо дар масири таърих  бо юнониён, арабҳо, қабилаҳои кӯчманчӣ, муғулҳои истилогар ҳамкорӣ карданд, вале гурӯҳи дигар чунон қаҳрамонию ҷонфидоӣ ба муқобили душманон ба хотири як порча замин намуданд, ки назирашро таърихи халқҳои дигар надидааст?

Албатта, дар миёни эшон қаҳрамонону фидокорон кам набуданд, вале хиёнатҳо дар таърих бештар ба тақдири давлат бозӣ мекарданд.  Ногуфта намонад, ки доир ба дигар аз хислатҳои наҷибу талх ва сабақомӯзи мардуми форсизабон ҳатто гӯётару фаҳмотар аз ашъори хориҷиён ва шоҳидони аҷнабӣ «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ  ганҷинаи бузургу сабақномаи бемисл аст. Фарзандкушию ҷанги бародарҳо сар то сари Шоҳнома гӯёи ҳодисаи нангини Пешдодиёну Каёниён аст, ки дар қатори дигар хислатҳои оламшумулашон мақоми ахлоқи идораи давлатҳои пешинро заиф менамояд.

Албатта, ин гуфтаҳо то ҷое ҳақиқат ва бо ҳодисаҳои таърихӣ алоқамандӣ доранд, аммо дар байни фарзандони миллати форс ба вижа тоҷик қаҳрамонону фидокорон низ кам набуданд. Дар маҷмӯъ дар фикри муаллиф порае аз воқеият ҳаст. Ба андешаи мо чашм пӯшидан аз онҳо ба манфиати тафаккури миллат нест, баръакс аз онҳо гуфтаву ҷиҳати рафъи онҳо мубориза бурдан, пешаи миллати созанда ва соҳибдавлат аст. 

Дар акси ҳол муҳақиқон ба тафохури таърихӣ - иллати дигари илми таърихшиносӣ гирифтор гардида, ба заифгардии решаҳои маънавии халқ  мусоидат хоҳанд кард. Ҳақ ба ҷониби мунаққиди маъруфи рус Виссарион Белинский ҳаст, ки  гуфта: «Халқи заиф ба дараҷае бемадор мешавад, ки ҳаёти худро то ҳадди пешрафта натавонистан мансух карда, фақат худашро таъриф мекунаду бас. Ва беш аз ҳама аз нигоҳ кардан ба захмҳояш метарсад. Халқе, ки бузург асту дар камоли қудрату зиндагӣ, ба тарзи дигар рафтор мекунад, эҳсоси норасоиҳои худӣ ӯро ба ҷойи маъюс гардонидан ва ё ба неруҳояш бо дидаи шакку шубҳа  нигаристан қуввати нав мебахшад, барои тараддути тоза пару бол медиҳад». 

Албатта, мо ҳам мисли фарзандони фарзонаи миллат бовар намекунем, “ки мардуми тоҷик аз ҷумлаи халқҳои заифе бошад, ки рӯзии таърихиашон дар хони қазо тамом шуда, ҳарчанд, ки ба пешонии пурчинаш қабат-қабат ҷангу гарди даври рӯзгор нишаставу қабои қазогандаш ҷо-ҷо дарида…”(Акбар Турсон) Вале мо ин лаҳза вазифадорем, ки иллати чунин бесарусомониҳои таърихӣ ва рӯзгори вазнини ниёгонро дар шароити истиқлолияти давлатиамон дарк ва ҳазм намоем. 

Дар воқеъ, омилҳои чунин ҳодисаҳои нангин чи дар асосҳои илмӣ-назарӣ ва чи дар равобит бо масоили ҳаводиси таърихӣ дар ниҳоди ҳар халқияту миллат зиёд ва мухталиф аст. Барои мо муҳим он аст, ки аз ин камбуду норасоиҳо сабақи дуруст бардорем ва ба қадри ин истиқлолият расем. Ва ҳаргиз нагӯем, ки истиқлолият ба мо ба осонӣ ба даст омадааст, зеро то ба имрӯз расидан модари тоҷик ва фарзандони ӯ дар масири таърих хориҳои зиёд дида, халқи решабатаърихи тоҷик аз доштани давлати хеш маҳрум будааст.        

 

 

Г. Ба қадри неъмат касе мерасад, ки лаззати бенеъматиро чашида бошад

Саҳифаҳои таърихи миллати мо ҳодисаҳои нанговару ноҳамворро зиёд дидааст, вале аз он ибрат нагирифт, такрор ба такрор бо чунин иллатҳо азият кашидааст. Ҳар инсони ватандӯст ва худшиносе, ки вориди саҳнаи таърихи халқи тоҷик мегардад, дар баробари дастовардҳои мухталиф бо ҳодиса ва саҳнаҳои ҳузнангез аз хиёнат то хиҷолат, аз таассуб то ифрот рӯ ба рӯ шуда, мебинад, ки чӣ тавр муҳаббат дар қиболи бепарвоӣ, қаҳрамонӣ дар паҳлуи хиёнат, озодандешӣ дар муқобили таассуб ва монанди инҳо бо вазни ночизе дар таърихсозии миллати мо мавқеи худро аз даст медиҳанд. Натанҳо таърихи тамаддуни исломӣ ҳатто то исломии ӯ низ чунин моҷароҳоро зиёд медонад. 

Асное, ки рӯ ба рӯ  бо ҳодисаҳои ҳузнангези таърихӣ мисли суқути қудрати Ҳахоманишиҳою куштори Дориюш, марги Сӯҳробу Сиёвуш, шикасти давлати Сосониён, хиёнати рӯҳониёни таассубангезу нузули қудрати Сомониён, марги қаҳрамонҳое чун Шерак, Спитамен, Темурмалик, хориии Рӯдакию Фирдавсию Сино, куштори Низомулмулку Ҳилолӣ, сӯфиёне чун Аттору Сухравардӣ  ва дигар мутафаккиронро дида, сарзамини тоҷикро зери суми аспони чодарнишинону саҳрогардон ва занону духтарони халқро зӯран дар оғӯши бегонагон ва нангу номӯси миллатро пахшшуда дармеёбӣ,  рӯҳи худро ноором, ҳайратзада, беирода дарёфта, орзуи баромадан аз ин саҳнаҳои таърихӣ менамоӣ…Он лаҳзаҳо садои Лоиқи меҳансаро баланд ва ҳамдард дар гӯши дили мо садо медиҳад: 

Зи ҷабру зулми Искандар, зи хунхории Чингизхон,

Низои дину мазҳабҳову бедоди ҷаҳонгирон,

Аз он савдогарони шаҳр - қаллобону ҳаннотон,

Аз он дуздони моли хешу ҳам мероси аҷдодон,

Зи дасти манғиту турку араб, аз ҷаҳли барбарҳо,

Зи андозу хироҷу боҷ, аз даргоҳи бедарҳо,

Зи чоҳу кундаву занҷир, аз зиндону завлона, 

Зи минбарҳои бепоя, зи маснадҳои шоҳона, 

Зи дасти сарнавишти хеш-аз тақдири пешонӣ, 

Паноҳ овардӣ дар кӯҳсор, эй марди кӯҳистонӣ…  

 

Албатта, бо ин гуфтаҳо мо ҳеҷ гоҳ саҳнаҳои фараҳангезу ибратбахши таърихи миллатро инкор карданӣ нестем. Вале чун атрофи онҳо зиёд гуфтаанду ба ҳадде боз мегӯянд. Ҳадафи мо, он сӯи зери соя мондаи ҳаводиси таърих, аст, ки ҳам ҳаққи таърихии баёнро ва ҳам мисли бемории сироятӣ имкони гузаштан аз насл ба наслро дорад, ошкор кардан ва ба ҳадде аз он сабақ бардошта ва дар оянда роҳ надодан ба чунин иштибоҳ аст. Не, ин ҳаргиз наҳзании таърихи миллат набуда, ин ҷузъи ҳастии мост, ки то имрӯз азиятамон мекунад. Барои он ки ояндагон аз таърихи имрӯзи мо шарм накунанд, мо бояд аз он сабақ гирем.  

Воридшавӣ ба таърихи миллат барои мо муддатҳо дарднок ва аламнок аст. Зеро дар ҳар зинаи таърихӣ, бо фитнаи ҳамдинону ғарази ҳамзабонон, ғорати бегонагону ҳиллаи чодарнишинон рӯ ба рӯ шуда, худро дар ҳолати маҳзунӣ ва рӯҳафтодагӣ мебинем. Танҳо, бале тани танҳо, вориди саҳнаҳои таърихӣ гашта,  ба паҳноҳое мерасем, ки рӯ ба рӯямон  фарзандони хоини миллат, дарвозаи Самарқанду Бухороро ба ғосибоне чун муғулону туркони ланг боз менамоянд, бо он фитнаю ҳиллаи ҳасудоне рӯ ба рӯ мешавем, ки беҳтарин фарзандони фарзонаи миллатро чун ҳаким Фирдавсию Умари Хаём, Абӯалӣ Синою Ҳилолӣ, Ғаззолию Носири Хисрав ва дигарон бо гуноҳони бофта ба доми бало гирифтор менамоянд, садои талхи модари тоҷик, ки қарнҳо ба хотири чавонони паҳлавону ғурамаргаш, таи султаи  юнонию римиҳо, арабу туркҳо ва дигарон афтидааст, рӯҳамонро ноором ва диламонро ба ларза меорад… Сабуктегину Чингизхон, Маҳмуди ялавочу Маҳмуди Ғазнавӣ, қотилони Низомулмулку шайх Аттор яке паси дигар ба арзишҳои миллӣ, динӣ ва маънавии халқи мо хиёнат менамоянд, вале замона ором ҳаводиси рӯзгорро ба ҳукми таърих мепартояд. 

 

Фарзандони қаҳрамони миллат­ро бо ҷурми таънаю маломат кушта, фидокорону ҷоннисорони ватанро бо мушти хок бар каф ва васияти охирин дар миёнбанд баста, ҷон дода мебинем. Садои дар коғаз печидаи Темурмалик, ки аз миёнбандаш берун омад то ҳанӯз дили ҳар ватандорро ба ларза меорад: «Э он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгории ватани азизи ман аст! Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу, Во ҳас­рато, ки мебарам ин орзу ба хок.» . Душманони миллати мо Сабуктегину Чингизхон, Маҳмуди ялавочу Маҳмуди Ғазнавӣ, қотилони Низомулмулку (Ҳасан ибни Саббоҳ) Ҳилолӣ, яке паси дигар ба арзишҳои миллӣ, динӣ ва маънавии халқи мо хиёнат менамоянд, вале замона ором ҳаводиси рӯзгорро ба ҳукми таърих мепартояд. Эҳ, дар бораи гузаштагон чи мегӯем, чанде пеш ҳамроҳи дӯст ва бародари ҳамкорам, шахси донишманду меҳанпараст Азизӣ А. ба яке аз кишварҳои ҳамзабон сафари хид­матӣ доштем, аснои зиёрати яке аз намоишгоҳҳо симои қаҳрамонони халқи худ Рустам ва Суҳробро бо чашмони тангу симои барои халқи мо номувофиқ дида нашинохтем, вақте фаҳмидем, ки рассом киро кашидааст, дуд аз қалбамон боло рафт… 

Гӯё чунин буданаш қонуни зиндагист… Аммо худшинос, ватандӯст, озодихоҳ ва истиқлолиятхоҳ бо ин ҳама  розӣ буда наметавонад, азият мекашад, дилаш таҳ мезанад ва рӯҳаш худро ором намеёбад… 

Таърих бо хотироти номафҳумаш моро азият ва рӯҳамонро ноором менамояд… Аз чунин таърихдорӣ, таърихсозӣ  ва таърихомӯзӣ хорӣ кашида, ба андешаи он ки «Таърих чиро меомӯзад? Ҳеҷ чизро!»(ибораи Гегел) хомӯшона розӣ шуда, дида ва фаҳми хотиротро ба сирояти бепарвоӣ гирифтор месозем ва ё худро ба бемории дигари муҳташамии сафаҳоти ҷудогонаи таърихӣ ором менамоем. Албатта, на ину на он ба манфиати мо нест. 

Мо борҳо халқамонро дар чунин кӯчаҳои сарбаста, бо чунин мусибатҳои азим дар ҳалқаи беадолатиҳои таърихӣ дидаем. Модари тоҷикро аз модари яҳуд бештар озурдаю хор ёфтаем. Агар қавми яҳудро васияти Торо, ки: «Шуморо аз ватанатон рондам,ба оламҳо пароканда кардам, вале ҳарҷо, ки  рафтед, шуморо азизу муътабар доштам», ҳифз карда бошад, ин халқияти офатзадаро, на васият ва на хилъати  илоҳии «интихобӣ» буданаш, балки илмаш, донишаш, ҳунари воло, касбу кор, санъат, урфу одат ва  забони шевояш дар ғарибиҳо гиромӣ, дар мулкҳои бегона дар мансабҳои мухталиф шинонда, забонаш шеваи дафтардории навдавлатон, шеъраш оғози адаби  бефарҳангон, сару либосаш рамзи пӯшиши либоси барбариҳо ва  таҷрибааш сабақи зиндагии чодарнишинон гаштаааст. Бо вуҷуди ин ҳама  таърих ба халқи мо дар маҷмӯъ бениҳоят сахтгир будааст. 

Дар кӯчаҳо ва давраҳои ин таърих борҳо қаҳрамонони миллатро бо мушти хок дар ғарибиҳо гӯронда, дузду ғоратгару ватанфурӯшро дар пешгоҳи ғоратгарони аҷнабӣ, дар ватан дидаем. Фарзандони содиқу донишманди ӯро дар аксари мамолики дунё то ба «шоҳи файласуфию», «баҳри маърифат», «асосгузори илми тиб», «пири ҳакимони машриқзамин» эътироф кардаанду, дар ватан ва сарзамини бобоияшон ҳукм ба куфру қатл - насибашон… Борҳо марги олимону шоирону содиқони ватану эътиқоддорони асилро бо ҷурми хоинӣ, лодинӣ дар ватан дидаю садрнишинии мутаассибону ҷоҳилонро дар маснади ғосибони ин мулкҳо.  Ин ҳамаро дар таърихи халқи азияткашидаи хеш зиёд ёфтаем. 

Аз ин рӯ,  омӯзиши ин таърих ва ҳатто дарс гуфтан аз ҷанбаҳои мухталифи он барои ҳар инсони худшинос азиятовар аст. Вале чӣ илоҷ, ки он таърихи мост, таърихи фарзандони ин миллат, яъне халқе, ки барои обурангии  фарҳангӣ, устувории тамаддунҳо ва пешравиҳои инсоният хизматҳои беандоза бузург карда, вале дар зиндагии худ аз ҳикмати зиндагӣ, хони маърифати ватандорӣ чунин қашшоқ ва хор будааст. Ин таърих бо ҳама вазнинӣ, ҳама талхӣ ва ҳама беинсофиаш ҷузъи фарҳанги миллати мо, пораи ҷудонашавандаи ҳастии аҷдодони мо ва мактаби бузург, сахтгир ва адабпарвари хотираи мафкураи мост. Онро омӯхтан, донистан, гиромӣ доштан ва бо саҳифаҳои зафарманди он ифтихор кардану аз камбуду норасоиҳояш сабақ бардоштан вазифаи муқаддаси мост. 

 

 

 

Хотима

Имрӯз мо ба ҷашни 30 – юмин солгарди истиқлоли Давлати соҳибихтиёри тоҷикон наздик шуда истодаем. Давлатсозию давлатдорӣ кори чанд  даҳсола ва ҳатто як насли инсонӣ набуда, он як даврони дурударози таърихӣ ва пайвасти ногусастании наслҳо, анъанаҳо ва арзишҳои халқиятро тақозо дорад. Шукр мекунем, ки тайи ин муддат корҳои зиёди давлатсозию давлатдориро паси сар намуда, дар шоҳроҳи таҷрибаи идоракунии пешқадами ҷаҳонӣ нухба ва бунёдгузори давлати миллии худро ба симати Пешво пайдо намудем. Пешво нуктаи ибратбахш, илҳомовар ва рамзи устувори бардавомии давлатдории мост.  

Истиқлоли  давлатӣ роҳи фардои давлати миллии моро таҳти сиёсати Бунёдгузори давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муайян кард. Халқи Точикистон ба шоҳроҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ягона ва иҷтимоӣ думболи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ  баромад. Расидан ба ин мақсадҳои олӣ  вақтро тақозо менамояд, зеро ин раванд аст ва он  пайваста дар идома мебошад, муҳим он аст, ки раванд оғоз шудааст. 

Имрӯз бо дарки масъулият дар назди таърихи талхи халқ, дар назди номи неки миллат ва дар назди ояндагон, ки онҳо низ аз мо умедҳои калон доранд, аққалан ба хотири он ки пас аз мо фарзандону наберагонамон нагӯянд, ки гузаштагони наздикамон ба мо чӣ мондаанд(?),  мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст, муҳим аст, ки атрофи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон устувор  муттаҳид шуда, истиқлолияти давлатиро бо кору фаъолияти содиқона, беғаразона  ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ муаррифӣ ва ҳифз намоем.    

 

 

Холиқзода А.Ғ - директори Марказ

Яндекс.Метрика