Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир ва роҳҳои пешгирии онҳо

Дар замони муосир, Тоҷикистон ба арсаи ҷаҳонӣ, ба низоми ташаккули муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ қадам ниҳода, соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти худро соҳиб гардид ва расман аз ҷониби тамоми давлатҳое, ки дар арсаи байналхалқӣ нақшу нуфӯз доранд, эътироф ва шинохта шудааст.

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, зуҳуроти номатлуби ифротгароӣ ва  терроризм мебошанд.  Зеро зуҳуроти мазкур ба  оқибатҳои нохуш, яъне таҳдид ё истифодаи зуроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ва ғайраҳо оварда мерасонад. 

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар яке аз суханронии худ дар Конгресси 10-уми СММ санаи 14-уми апрели соли 2000 қайд намуданд: «Терроризм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷинояткории муташаккилона дар ҷомеа маҳсуб мешавад. Ҳоло ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб гардидааст ва бо роҳи бунёдкории давлатӣ-демократии дорои иқтисоди бозаргонӣ пешрафт карда истодааст, амалиёти терористона содир намудани қувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад ».

Ҳар шахсе аз шумо субҳгоҳон бо тани солим ва қути ло ямут ва дар зери сояи амну амонӣ ва сулҳу оромӣ бизияд ҳамчунонест, ки дунёро бо тамоми дороияш ба у бахшида шудааст (Албухорӣ ва Аттирмизӣ ин ҳадисро ривоят кардаанд).

Ба қадри неъмати истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо - ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номӯси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва  ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ-фарҳангии он, дар интиҳо шахсро (хусусан дар шароити ҷаҳонишавии фарҳангҳо) ба  инкори ҳақиқати гузашта, тамаддуни миллӣ, бегонапарстию қадр накардани қиммати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад .

Қайд кардан зарур аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғибот ва таълиму тарбия дар ҳамин раванд, дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷўй дар оғози амалҳои ғаразғноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ - маънавиро (яъне: ахлоқию диниро) коҳиш дода, фалаҷ месозонад, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдиду хатар, зўроварӣ, нафрату бадбиниро нисбат ба ҳамдигар тарғибу ташвиқ намуда, сипас ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. 

Маводҳои паҳнкардаи аксарияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат, ҳаргиз ободиву созандагӣ, бунёдкорӣ ва осоиш нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Ватан канораҷўӣ мекунанду, монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ё эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷўиву харобкориро пеша кардаанд. Дар зери пардаи  шиорҳои сохта, ниқобҳои бофтаю хаёлӣ, фирефтаи  таълимотҳои «гўё динӣ» гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, экстремистӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфӯзу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд2. 

Чуноне, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, сабабҳои пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб -  сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифату худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси (бо роҳи тарғибот ва ташвиқоти бартарии як дин аз дини дигар, як миллат нисбати миллати дигар, бартарии як маҳал нисбати маҳалли дигар ё бартарии як равия аз равияи дигар ва ғайра) шомил намудани онҳо ба ин зуҳуроти номатлуб ва  хавфноки ҳар гуна гурўҳҳо мегарданд. 

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин паёмадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷў эмин нигоҳ дорем. 

Аз ин рў, дар шароити имрўзаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҷаҳонишавию сахт гардидани муносибатҳои байналхалқии сиёсиву иқтисодӣ, ба масъалаи ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, фазои солими маънавӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст. 

Бинобар ин, ба  мо шаҳрвандони кишвар зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худ, бо дарки  масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

 

Исоев Н. –шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

                                                 

Яндекс.Метрика