Иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД)

4 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони як қатор кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

Яндекс.Метрика