Китоби муҳим дар шинохти салафия

Собиқаи нигоштани таърихи силсилаву мазоҳиби исломӣ ҳадди ақал ба ҳазор сол қабл мерасад. Ин падида танҳо хосси мусулмонон ё ҷаҳони ислом набуда, тақрибан сарнавишти тамоми адёни бузургу кўчак чунин рақам хўрдааст. Аммо камтар пажўҳишеро метавон ном бурд, ки аз ағрози сиёсиюу фирқаӣ холӣ ва бе таассуб нигориш ёфта бошад. Дар масири таърих, агар намояндагони мазҳабҳои расмиятёфтаву давлатӣ мухолифони худро «аҳли бидъат», «гумроҳ», «хориҷӣ» ва ғайра номанд, мазоҳиби оппозитсоинӣ ҳам дар таъну нафрини рақибони идеологии худ аз ҳеҷ чиз дареғ намеварзиданд. Ба ин хотир, муҳаққиқони мунсиф дар руҷўъ кардан ба бештари китобҳое, ки дар шинохти милалу ниҳал офарида шудаанд, эҳтиётро пешаи кори худ карда, ба баёни матолиби ин гуна кутуб мулоҳизакорона баҳо додаанд. Мушкили дигари муаллифони чунин осор хатарзоӣ ва таҳдиди ҳамешагӣ ба ҷону моли эшон будааст. Зеро таассуби шадиде, ки пайравони ҳар кеш нисбат ба дину ойини дигар изҳор мекарданд, намегузошт воқеияти як андеша ончунон ки ҳаст баён гардад.    

Яке аз бузургтарин иллатҳои заъфу қафомонии ҷомеаҳои исломии Шарқ маҳз набудани иттиҳоду ҳамбастагӣ миёни фирқаҳои он будааст. Дар давоми ҳазор соли охир дар минтақаҳое, ки пайравони мазоҳиби гуногуни исломӣ зиндагӣ мекарданд, теъдоди қурбониён бар асари тафриқаҳои дохилии мазҳабӣ бештар аз кушташудагони ҷангҳову таҷовузи бегонагон будааст. Кишварҳои таҷовузгар низ ин нуктаи заъфи ҷомеаҳои исломиро дарк намуда, барои ҳифзи қудрати худ имрўзҳо дар минтақаҳои зери нуфуз ё ишғоли худ ба ихтилофоти дохилимазҳабӣ доман мезананд. 

Дар рўзҳои мо, агарчи дастрасӣ ба маълумот ва иттилооти динӣ осон гаштаву манобеи бештар дар ихтиёри мост, боз ҳам наметавон бо сароҳат аз бартараф шудани ҳамаи монеаҳо ҳарф зад. Дар ин ҷода низ таассубу кўрботинӣ метавонад мушкилзо гардад. Аммо дар ин миён осореро метавон ном бурд, ки ҳовии матолиби фаровону судманд буда, барои ҷомеаи мо, ки аз таҳдиди ифротагароӣ масун нест, муфид қарор гирад. Осори арзишманди донишманди шаҳири Сурия Мустафо Саид Рамазон ал-Бутӣ аз аҳамияти бузурги илмӣ бархурдор мебошад. Ин донишманди ворастаи курд, ки ҳамтабори мо тоҷикон аст,  фориғуттаҳсили донишгоҳҳои Димишқ ва ал-Азҳари Миср буда, соли 1965 аз Донишгоҳи ал-Азҳар дараҷаи доктори илм дар усули шариати исломиро дарёфт кард. Ў вазифаҳои имоми масҷиди Умавии Димишқ, раиси иттиҳодияи уламои Шом, узви Шўрои олии академияи Оксфорд ва ғайра дарёфт карда буд. Бештари умри худро доктор Бутӣ сарфи таълиму тадрис дар Донишгоҳ, таълифи осори динӣ ва панду андарзи ҷавонон дар масоҷиди Сурия намуд. Ў посдори исломи анъанавии аҳли суннат ва ҷамоат дар муқобили гурўҳҳои ифротӣ, аз ҷумла салафия буд. Инчунин истифода аз зўр барои расидан ба ҳадафи сиёсиро амре нодуруст меангошт. Дар асаре бо номи «Ҷиҳод дар ислом» (Димишқ, 1993) мутафаккир ин ақидаи худро ироа кард. Бутӣ дар муқобили мавзеъгириҳои марҷаи мазҳабии салафӣ Носириддини Албонӣ низ бо сароҳат суханронӣ карда, соли 2010 асари арзишманду мондагори «Салафия – марҳилаи замонии муборак на мазҳаби исломӣ»-ро таълиф кард, ки дар ҷаҳони ислом хеле хуб пазируфта шуд. Маҳз ҳамин мавқеъгирии доктор Бутӣ боис шуд, ки мавсуф ҳангоми тадрис дар яке аз масҷидҳои шаҳри Димишқ дар таърихи 21 марти соли 2013 аз ҷониби террористон ба қатл расад. Ҳарчанд террори ин муҳаққиқ хисороти ҷуброннопазир буд, вале баъзе аз рақибони мазҳабии ӯ, пеш аз ҳама, салафиҳо аз марги ў изҳори қаноатмандӣ карданд. Бешак, дар баробари қотеияти ў нисбат ба салафия эронитабор будани ў ҳам ба баъзе аз сарони қавмгарои панарабист, ки дар либоси исломӣ чеҳранамоӣ мекарданд, хушоянд набуд. Аз ҷумла, қории маъруфи саудӣ, хатиби Масҷиду-л-Ҳароми Макка Абдураҳмони Судайс бар хилофи тамоми меъёрҳои ахлоқӣ аз террори ин шахсияти барҷаста изҳори хушҳолӣ кард ва дар саҳифаи худ дар Фейсбук доктор Бутиро ҳомии режими Башшор Асад ва падараш Ҳофиз Асад номид. 

Аз миёни беш аз чиҳил асари таълифкардаи Мустафо Саъид Рамазон ал-Бутӣ беш аз ҳама навиштаи ӯ «Салафия – марҳилаи замонии муборак на мазҳаби исломӣ» машҳур гардидааст. Дар ин асар муаллиф бо салафия ба баҳсу пархош намепардозад, балки бо далоили муҳкам ба хонанда ин ҳақиқатро талқин месозад, ки оё дуруст аст, ки аз матни ҷомеаи исломӣ ва аз миёни аҳли суннату ҷамоат бидъати ҷадиде бо номи салафия ва ба унвони як мазҳаби нав сар бароварда, бо сароҳат ҳамаи салафи солеҳ ва пайравони мазоҳиби суннатро рад кунад ва танҳо худро барҳақ ва бақияро ботил донад. Оё ин худ як бидъати ҷадид нест? Китоби мазкур аз се боб иборат мебошад. Дар боби аввал пажӯҳишгари суриягӣ аз фазоилу мазоёи фаровони аҳли салаф сухан ронда, дар боби дувум перомуни масодиқи амалӣ ва се ихтилофи куллии аҳли салаф бо ҷавомеъ ва нухбагони ҷаҳони ислом мулоҳизаронӣ мекунад. Дар бахши савуми асар доктор Бутӣ бо қотеият ин аслро собит месозад, ки салафия ба унвони як мазҳаб бидъатест, ки бо пайравӣ аз салаф созгорӣ надорад.        

Тавре маълум аст, калимаи ас-салаф (яъне гузаштагон ё пешиниён) дар асрҳои нахустини исломӣ ба се насли аввали ислом, саҳоба, тобеин ва табаа тобеин гуфта мешуд. Дар ҳадисе омада, ки пайғамбар (с) се насли аввалро беҳтарини мардум номидааст. Сабаби беҳтар будани ононро низ ҳамаи олимон дар он мебинанд, ки ин силсилаҳо ба манбаи ваҳй наздик буда, исломро даст нахўрда фаро гирифтанду ба наслҳои баъд расониданд.  Зеро бар асари ихтилофҳои дохилӣ ба ислом рўй овардани мардумони ғайриарабе, ки дар гузашта ойине дигар доштанд ва инчунин иртиботи сиёсиву фарҳангии мардумони нимҷазираи Арабистону минтақаҳои Рум, Эрон, Ҳинд ва дар як империяи азим гирд омадани ин сарзаминҳо мўҷиби гуногунандешии динӣ дар дохили ҷомеаи исломӣ гардид. 

Донишманди маъруф Шаҳристонӣ дар асари «ал-Милалу ва-н-ниҳал» мефармояд, ки «салаф аз асҳоби ҳадис вақте мушоҳида карданд, ки чӣ гуна муътазила дар масоили каломӣ фурў рафта, бо дахолати ақл дар масоили эътиқодӣ бо суннате, ки аз салаф расида, мухолифат мекунанд, мутаҳаййир шуданд, ки бо оёти муташобеҳ ва ахбори пайғамбари амин (с) чӣ мекунанд. Аҳмад ибни Ҳанбал ва Довуд ибни Алии Исфаҳонӣ ва ҷамоате аз аиммаи салаф бар он шуданд, ки дар масоили эътиқодӣ ба равиши пешини асҳоби ҳадис амал кунанд. Онон гуфтанд: мо бо он чи ки дар Қуръон ва суннат ворид шуда имон меоварем бидуни он ки мўътаризи таъвил шавем». 

Нуктаи муҳимтар аз ин он аст, ки салафия майдони муборизаашро дар матни ҷомеаҳои исломӣ интихоб мекард ва саранҷом бо эҷоди ихтилофу тақсим кардани мусулмонон ба салафӣ ва ғайрисалафӣ боиси ихтилоф миёни уммати исломӣ мегардид. Аз ҷумла, ба навиштаи муаррихон, салафиҳо дар асри IV ҳиҷрӣ (X мелодӣ) «дар қасди ҷанг бо мухолифони худ барои бархе аз ақидаҳо (усулӣ ё фурўӣ) баромаданд дар муҳориба бо ашъариён ва эълони куфри эшон ва ҳуҷум бар уламои эшон. Салафиҳо мўътаризи Абўисҳоқи Шерозии шофеъӣ шуда, ўро кофир хонданд. Ҳамчунон бар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ соҳиби таърих ва тафсир ҳамла карда, баъд аз вафоташ монеи дафни ў шуданд, аз ин рў, ўро шабона дар хонааш дафн карданд». Ба навиштаи муаррихи машҳури ислом Ибни Асир дар асри X дар Бағдод тазоҳуроти салафиҳо ва даъватҳои тунди онон як ҳодисаи маъмул буд. Аз ҷумла дар фитнаи соли 930-ум дар Бағдод, ки асҳоби Абўбакр Марвазии ҳанбалӣ дигар пайравони аҳли суннатро ба куфру ширк муттаҳам мекарданд, лашкариён низ дахолат карда, боиси кушта шудани бегуноҳони зиёд гардиданд. Истифода аз авом ва касоне, ки ҷаҳлу умумигарӣ ба онон соя афкандааст, яке аз дигар шеваҳои салафия дар тўли таърих будааст. 

Рамазон ал-Бутӣ ҳамвора таъкид мекунад, ки мухолифат бо ақидаи салафия, ҳеҷ гоҳ маънои мухолифат бо салафи солеҳро надорад. Аммо пайравӣ аз салафи солеҳ низ набояд ба маънои густариши салафигарӣ фаҳмида шавад. Дигар аз эродҳои Бутӣ бар салафия дар масъалаи тавассул ба ҷоҳу мақоми пайғамбар (с) мебошад, ки салафия мункири он аст. Тавре маълум аст, салафия дархости дуо баъд аз фавти пайғамбарро бидъати ошкор меҳисобад. Барои радди ин ақида муаллифи китоби «Салафия – марҳилаи замонии муборак на мазҳаби исломӣ» ҳадисеро аз ал-Бухорӣ меоварад, ки мувофиқи он дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки Умар ибни Хаттоб, разия-л-Лоҳу анҳу, дар дуои талаби борон ба Аббос, разия-л-Лоҳу анҳу, мутавассил шуд ва ҳеҷ кас дар ин бора бар ў хурда нагирифт.  

Яке аз бахшҳои муҳими асари «Салафия – марҳилаи мубораки замонӣ на мазҳаби исломӣ» дар боби оёти Қуръон роҷеъ ба сифоти Худованд аст. Доктор Бутӣ оётеро, ки пешвоёни аҳли салаф онро ҷанбаи ҷисмӣ додаанд, баршумурда, бо такя бар  аҳодиси саҳеҳ аз Бухорӣ, Муслим, Байҳақӣ, Абўдовуд ва дигар муфассирону шореҳони Қуръон ва аҳодис натиҷаи такфирҳои гумроҳкунандаро тақсим шудани мусулмонон ба гурўҳҳои бо ҳам мухолифу даргир ҳисобида, чунин тарзи нигаришро «хатарноктарин гунаҳои бидъатгузорӣ дар дини Худо» меҳисобад. Дар ин замина бештарини интиқодҳоро ба олимони салафимаслак – Ибни Таймия ва Хаттобӣ ворид месозад.   

Маълум аст, ки марҳилаи дувуми густариши андешаи салафигарӣ бо ному рўзгори донишманди ҳанбалӣ Ибни Таймия (1262-1328) вобаста аст. Ибни Таймия баъзе ақоиди мусулмононро зери суол бурда, ононро дар парастиши мутаваллиёни расмии мазоҳиб ба яҳуду насоро ташбеҳ кард, ки аҳбору руҳбонони худро мепарастиданд. Ў мардумро аз зиёрати қабри расули Худо боздошт ва онро навъе ширк донист. Нуктаи дигари ихтилофи Ибни Таймия бо олимони аҳли суннат дар масъалаи сифоти ҷисмонӣ додан ба Худо мебошад, ки барои инро исбот намудан ба ҳадисҳои заиф истинод намуд. Ҳамчунон бар рўи қабрҳо бино сохтану аз мурдаҳо ёрӣ хостанро Ибни Таймия ширк медонад. Ибни Таймия менависад: «Агар касе ба шахсе, ки аз дунё рафта бигўяд маро дарёб кун, маро кўмак кун, аз ман шафоат намо, маро бар душманам пирўз гардон ва ин намуд дархостҳоро, ки танҳо Худо бар онҳо қодир аст, инҳо аз ақсоми ширк аст. Агар касе чунин гўяд бояд тавба кунад, вагарна куштанаш воҷиб аст». Ақоиди ў зидди аксари мусулмонон буд, аз ин рў, куллияи фақеҳони исломӣ (ҳанафӣ, моликӣ ва шофеӣ) алайҳи ў ҳамоҳанг амал намуда, ба зиндонаш андохтанд. Баръакс, пайравонаш вайро беҳад ситоиш намуда, «шайхулислом» меномиданд. Яке аз олимони ҳанафимазҳаб Муҳаммад ибни Муҳаммади Бухорӣ (ваф. соли 1437) амалҳои Ибни Таймияро бидъатгузорӣ номида, дар маҷлиси худ иброз медорад, ки «агар касе ба Ибни Таймия шайхул-ислом гўяд, кофир аст». Ин аст, ифрот дар муқобили ифрот! Шогирди Ибни Таймия Ибни Қаййим (тав. 1291) минбаъд назариёти устодашро такмил дод. 

Маълум аст, ки пайравони маслаки салафия бар тасаввуф ва аҳли хирқаву хонақоҳ ҳамвора тохтаанд. Нахустин интиқодгари сўфиён Аҳмад ибни Ҳанбал ҳисобида мешавад. Сипас Абулфараҷ Абдураҳмон ибни Ҷавзӣ китоби ҷудогонаеро бо номи «Талбиси иблис» таълиф карда, орову андешаи аҳли тасаввуфро интиқод мекунад. Ба дунболи ў Ибни Таймия аз пешгомони андешаи салафигарӣ бисёре аз риҷоли тасаввуфро гумроҳ ва андешаи ононро гумроҳкунанда мешумурд. Доктор Бутӣ бар хилофи салафия дар бораи аҳли тасаввуф назари нек дорад. Ў ҳалқаи сўфияро, ки ҳалқаи зикр ном дорад, таъйид карда, зикрро амре машрўъ медонад. Бутӣ фаротар аз ин рафта, баъзе аз шахсиятҳои сўфияро ситоиш карда, тамҷид менамояд. Абдулқодири Гелонӣ (Ҷелонӣ) аз ин қабил мардон шумурда шудааст. Рамазон ал-Бутӣ аз миёни сўфиён хусусан Қушайриро таъйид карда, ӯро «имом» хитоб мекунад ва тафсири «Латоифу-л-ишорот»-и ӯро навъе «пойбандӣ ба қавоиди тафсири мутун» ва «ҳушдору барҳазар доштан аз ёвагўиҳои беақидагон» мешуморад. Дар воқеъ, бисёре аз донишмандони ҷаҳони ислом аз Қушайрӣ ба ваҷҳи некў ёдовар шудаанд. Ин донишманду зоҳиди нишопурӣ бо унвону алқоби гуногун мавсуфу машҳур гашта буд. Суютӣ, Ибни Халликон ва Заҳабӣ дар ситоишу таъйиди Қушайрӣ суханоне устувор гуфтаанд. Самъонӣ дар асари гаронсанги хеш «ал-Ансоб» Қушайриро «яке аз машҳуртарин касон дар фазлу илму зуҳд» меномад. Албатта, набояд фаромўш кард, ки муфассири «Латоифу-л-ишорот» маонии зоҳирӣ ва сареҳи оётро камтар ғунҷонида, бештар ба баёни маонии рамзӣ ва ишории онҳо мубодарат варзидааст. Тавсифи Қушайрӣ аз ҷониби доктор Бутӣ кўркўронаву бедалел нест. Дар баробари таҳсин ӯ менависад, ки бисёре аз мардум дар тафсири мутуни Қуръон ё суннат ба исми тасаввуф ё илми ботин дар пайи тахайюлоту авҳом ва хаёлбофиҳои худ мераванд, бе он ки ба зобитае аз завобити забони арабӣ, ё асле аз усули ҳоким бар наҳваи далолат ва ё қоидае аз қавоиди тафсири мутун пойбанд бошанд. Сипас илова мекунад, ки «гурўҳҳои мутафовите аз занодиқа ва ботиния падид омадаанд, ки аз тариқи тасаввуф ва ранги онро ба худ гирифтан ва жанда пўшидан андешаҳои инҳирофомези худро дар даруни андешаҳои исломӣ ҷой додаанд, дар ҳоле ки аз ҳақиқати тасаввуф ё ислом ҳеҷ баҳрае надоштаанд, балки ислом ва тасаввуфро ба унвони ниқобе бар чеҳра задаанд, то мардумро ба таваҳҳум андозанд ва ононро ба номи «ҳақиқат», ба «мазҳаби ибоҳа ва бебандуборӣ» ва ба номи «ваҷду фано» ба анвое аз зиндиқа ва ақида ба ҳулул ва таҷассум савқ  диҳанд». Яке аз пешвоёни андешаи салафӣ Ибни Таймия ба рисолаи Қушайрия раддияи муфассал навишта, «ошуфтагӯиҳо»-и вайро мавриди интиқоди шадид қарор медиҳад. Ҳамчунон Бутӣ аз Ибни Арабӣ ёдовар шудааст, ки аз ҷониби Ибни Таймия ба куфр нисбат дода мешавад. Тавре мушоҳида мешавад, Бутӣ сухан аз тавҳиду тавбаи Ибни Арабӣ меоварад, вале пайравони салафия бар тибқи маъмул аз «куфриёту илҳод» ва «бутпарастии» файласуф сухан ба миён меоваранд. 

Дар радифи эродҳои худ доктор Бутӣ Ибни Таймияро ба хотири дурӣ ҷустан аз илми калом нақд мекунад ва ҳарфҳои ӯро ошуфтаву зидду нақиз медонад. Тавре аз навиштаҳои Бутӣ бармеояд, Ибни Таймия Имом Муҳаммад Ғазолиро низ барои пардохтан ба улуми гуногун сарзаниш кардааст. Ў менависад: «Ибни Таймия Ғазолиро ба далели он ки аз ин истилоҳоту меъёрҳо баҳра ҷуста ва онҳоро ба кор гирифта, мавриди сарзаниш қарор дода ва ўро ба чизҳое муттаҳам карда, ки мебоист ба воситаи онҳо мавриди тақдиру сипос қарор гирад, зеро Ибни Таймия худ бар ин ақида аст, ки пардохтан ба илми калом барои иҳқоқи ҳаққе, ки Қуръон ва суннат оварда, коре муваҷҷаҳ аст ва ҳеҷ эроде бар он ва ҳеҷ монеъе аз он нест». Пас аз итмоми баҳс Бутӣ ақидаи худро бо чунин баёне ҷамъбаст месозад: «Шигифтӣ он, ки ў (Ибни Таймия – С.М.) бо ин ки ҳамагонро аз андешаҳову пиндорҳои заҳрогин барҳазар медорад, худ аз ин пиндорҳо пок намонда, балки тирҳое аз онҳо ва он ҳам аз хатарноктарин навъ ба ў низ расидааст. Гарчи вай ин пиндорҳоро мабнои амал қарор надода ва аз зовияи илмӣ ва ба таври қатъӣ ба онҳо нагаравида, аммо дар ин бора ба навъе ошуфтагӣ дар дидгоҳҳо гирифтор омада ва дар сухан гуфтан перомуни онҳо борҳо изҳороти қаблии худро нақз карда ва ҳамчун шахси саргаштае дар гирдоб аст, ки ҳеҷ роҳи раҳоӣ аз он барояш падидор нест».

Шояд битавон гуфт, ки муҳимтарин ва усораи каломи доктор Бутӣ ин нукта аст, ки пайравӣ кардан аз гурӯҳи салафия бидъат аст. Ў натҷагирии мантиқӣ карда, бар ин ҳақиқат таъкид мекунад, ки сабаби хайрияти саҳоба ва табаа тобеин ҳалқаҳои силсилаест, ки ба манбаи ваҳй мунтаҳӣ шуда, исломро дастнахўрда фаро гирифтаанд ва ба насли баъд расонидаанд. Ниҳояти матлаби ба даст омада он мешавад, ки мо сулуки ононро дар фаҳми ислом мизони истинботи худ қарор диҳем ва ба онон иқтидо кунем ва аз он чӣ бар хилофи равиши онҳост, иҷтиноб намоем. Аммо ин набояд ба маънои ихтиёр кардани равиши нав ва алам кардани салаф бошад.  

Доктор Бутӣ назариёти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро низ рад мекунад ва бар ин «пешвои» тафриқаву фитна ҷавобҳои сазовор медиҳад. Дар воқеъ, марҳилаи сеюми тарвиҷи салафигарӣ ба зуҳури ваҳҳобият дар асри XVIII рост меояд. Муассиси ин фирқа Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1699-1792) аз минтақаи Наҷди Арабистон бархостааст. Ў пас аз фарогирии баъзе аз улум ба минтақаҳои гуногуни нимҷазираи Арабистон, Ироқ ва Эрон сафар намуда, даъвати хешро соли 1730 ошкор кард. Ақидаҳои ў аз тақлиди гуфтору равиши Ибни Таймия иборат буда, бо ақидаи аксари мусулмонон дар тазод буд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро ҳатто падар ва бародараш қабул надоштанд ва «иҷтиҳоди» ўро ботил шуморида, бародараш дар китобе афкори ўро саросар рад намуда, менависад, ки «ҳар кас бо ў мухолифат кунад, мухолифони худро кофир медонад, дар ҳоле ки ҳеҷ як нишон аз нишонаҳои иҷтиҳод дар ў вуҷуд надорад». Аммо ин «муслеҳ» нахуст ба шаҳри Уяйна ва сипас ба Даръия фирор карда, дар симои Муҳаммад ибни Саъуд – ҷадди Оли Саъуд пуштибон ёфта, афкори худро миёни мусулмонон паҳн намуд.

Хулосаи Бутӣ аз ин ҷараён бо ин калом хатм мешавад: «Аз сўе, миёни мазҳаби ваҳҳобӣ ва даъвати ислоҳи динӣ дар Миср ваҷҳи муштараке вуҷуд дошт ва он иборат буд аз пайкор бо бидъатҳо ва хурофаҳо ва ба вижа бидъатҳои сўфиён. Бад-ин сон аз гузари ҳамин пуле, ки миёни он мазҳаб ва ин ҳаракат вуҷуд дошт, вожаи «салаф» ва «салафӣ» миёни пайравони мазҳаби ваҳҳобӣ ривоҷ ёфт ва дилҳои бисёре аз ононро мутаваҷҷеҳи худ сохт. Ин дар ҳоле буд, ки онон аз вожаи «ваҳҳобият», ки нишон медод сарчашмаи ин мазҳаб бо ҳама вижагиҳо ва мазоёи худ, танҳо Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб аст, нохушнуд буданд ва ҳамин амр низ онҳоро бар он дошт, ки вожаи «салафия»-ро ҷойгузини ин ном кунанд. Онон бад-ин тартиб ба таблиғи ин лақаби ҷадид ба унвони номе барои мазҳаби қадими худ пардохтанд, то аз ин раҳгузар ба мардум бигўянд, афкору андешаҳои ин мазҳаб ба он чӣ Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб дорад, маҳдуд намешавад, балки ба салаф бармегардад ва ин ки пайравони ин мазҳаб дар бунёнгузорӣ ва пайравӣ аз ин мазҳаб амонатдорони ақида ва афкори салаф ва низ шеваи онон дар фаҳму иҷрои ислом ҳастанд».

Доктор Рамазон ал-Бутӣ бар ин бовар аст, ки мусулмонон бояд бар Китобу суннат пайравӣ намоянд, на ин ки ҳарф ба ҳарфи асҳоби гиромие, ки худро пайравӣ салаф медонистанд, такрор намуда, пеши роҳи фаҳму идрокро бигиранд. Нуқтаи ихтилофи худ бо салафияро ў пайравӣ аз равиш ва услуби салаф дар фаҳми Китобу суннат медонад, на пайравӣ аз фаҳми онон, «вагарна корвони илм ва дониши исломӣ дар чаҳорчўби фаҳми салаф маҳдуд ва роҳи пешрафту густариши улуми исломӣ масдуд мегардад». Саранҷом Рамазон ал-Бутӣ ба ин натиҷа мерасад, ки калимаи салафия аз лиҳози илмӣ бар ҷомеаи исломӣ мувофиқ шудан надорад, балки байни ин ҷамоат санги тафриқа меандозад. Ва ин ки салафия танҳо як марҳилаи замонии бо баракат аз сайри илми ислом аст ва на мазҳаби исломӣ. Ў мазҳабҳои исломиро дар чаҳор мазҳаби маъруф маҳдуд менамояд ва ҷамоати исломиро иборат аз пайравони он чаҳор мазҳаб мешуморад, ки дар усули куллӣ пайрави салаф ҳастанд.

Яке аз масоили муҳимме, ки хоси тафаккури салафия аст ва он бевосита ҷомеаву кишвари моро низ таҳдид мекунад, масъалаи зиёрати қабри пайғамбар (с) ва дигар бузургони дин аст. Салафия сафар кардан ба қасди зиёрати қабри пайғамбарро бидъат меҳисобанд. Доктор Бутӣ бо далелҳои муҳкам ин шеваи салафияро низ рад карда, онро чизе ҷуз тафриқаафканӣ ва аз байн бурдани ягонагии ҷаҳони ислом намедонад. Аз равиши баҳси муаллифи китоби «Салафия – марҳилаи замонии муборак на мазҳаби исломӣ» бармеояд, ки ў ба яке аз мактабҳои қавии аҳли ҳадис – Имом Шофеӣ ихлос дошта, нисбат ба пешвоёни дигари аҳли суннат, аз ҷумла Имоми Аъзам Абӯҳанифа эътиқоду ихлоси фаровон дорад. Инро аз матни ин китоб ва дигар осору хитобаҳояш метавон дарк намуд. Китоби «Салафия – марҳилаи замонии муборак на мазҳаби исломӣ» чун дигар осор аз костиҳои ҷузъӣ ва парешонгўиҳо мубарро нест, вале аз миёни кутубе, ки то ин дам дар ҳавзаи илмии аҳли суннату ҷамоат роҷеъ ба салафия навишта шудааст, беҳтарин шумурда мешавад. Муаллифи асар дар қисмати поёнии он бо ҳасрат иброз медорад: «Дар соли 1406 ҳ./1984 м. яке аз меҳмононе будам, ки аз сўйи «Анҷумани ҷаҳони ислом» барои ширкат дар як маросими фарҳангӣ даъват шуда будам ва фурсати он ёфтам, ки бо бисёре аз меҳмонони дигари анҷуман, ки аз Амрикову Аврупо ва Осиёву Африқо омада буданд, ошно шавам. Бештари ин касон дар шаҳрҳои худ сарпарастии марокизи даъвати исломиро бар ўҳда доштанд ва ё дар чунин марокизе кор мекарданд. Нуктаи шигифтоваре, ки дили ҳар мусулмони мухлисро аз андўҳ меоганд, ин буд, ки аз ҳар кадом аз онҳо, ки дар бораи сираи даъвати исломӣ дар шаҳру сарзамини онҳо мепурсидам, посухе ҳамонанд мешунидам, ки бо талхӣ ва андўҳ аз синаи онон бармехост. Хулосаи он посух ин буд: танҳо мушкиле, ки дорем ихтилофҳо ва даргириҳои фарсояндаест, ки гурўҳи салафия дар миёни мо ба вуҷуд меоваранд».

Дар идомаи ин матлаб доктор Рамазон ал-Бутӣ аз натиҷаи баҳсу пархоши гурўҳи салафия дар яке аз масҷидҳои қитъаи Аврупо ҳикояе овардааст, ки бисёр омўзандаву риққатовар аст: «Соли 1985 даргириҳову душманиҳо миёни мусулмонон дар яке аз масҷидҳои Париж боло гирифт ва то он андоза густариш ёфт, ки политсияи Фаронса ногузир шуд масҷидро ба ишғоли худ дароварад. Он чи ҳам дарду андўҳ ва ҳам хандаи инсонро бармеангезонад, ин аст, ки чун яке аз мусулмонони тарафи даргирӣ мушоҳида кард, ки полис бо кафш вориди масҷид шудааст, таҳти таъсири ғайрати ҷоҳилонаи худ нисбат ба дин ва ҳурмати масҷид қарор гирифт ва бар сари полис фарёд кашид, ки ё аз масҷид берун равад ва ё кафши худро берун кунад. Аммо полис бо задани торсакие ба рўи мусулмон ба вай гуфт: оё касе ҷуз шумо бехирадон моро ногузир ба вуруди масҷид ба ин сурат кардааст?” Муаллифи асар ба хулосае мерасад, ки «дар ҳоле ки ҳама медонем, он чи онон (салафиҳо) ба унвони мазҳаб овардаанд, як падидаи навхоста дар дин аст, ки на дар асри салаф шинохта шуда буд, на дар асри халаф. Афзун бар ин ҳеҷ асаре низ бар ҷомеаи исломӣ ба бор намеоварад, магар ин ки умматро пора-пора кунад ва пас аз он ҳар яке аз ин пораҳоро душмани дигар қарор диҳад». Ин китоб бар пояи ақидаи аҳли суннату ҷамоат мабонии ақидаи салафияро мавриди баррасӣ қарор дода, ончунон ки ба як мусулмонони огоҳу равшандил хос аст, касеро ба куфру ширк ва нифоқ муттаҳам намесозад. Вақти он фаро расида, ки ин дастури қавии илмӣ бо забони тоҷикӣ нашр гардида, дастраси уламои дин ва ҳамаи ҳаводорон қарор гирад. Зеро бар алайҳи таблиғоти гурўҳҳои ифротгаро ва бадхоҳони истиқлолу сарафрозии тоҷикон танҳо бо силоҳи донишу огоҳӣ метавон мубориза кард. 

 

Сайфулло Муллоҷонов

Яндекс.Метрика