Мизи мудаввар дар мавзӯи " Дастовардҳо дар тӯли 31 - соли Истиқлолият"

Имрӯз, 05/09/2022 бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам бо иштироки директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим, муовинону кормандони Марказ, раиси Донишкадаи исломӣ ва доираи васеи коршиносону муҳаққиқон ва устодону донишҷӯёни Донишкадаи исломӣ Мизи мудаввар дар мавзӯи " Дастовардҳо дар тӯли 31 - соли Истиқлолият " баргузор гардид.
Иштирокчиёни мизи мудаввар фикру мулоҳизаҳои хешро дар бораи Истиқлолият ва дастовардҳои он баён доштанд.

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика