Мулоқоти судманд дар ноҳияи Деваштич

Санаи 26 - уми августи соли 2022 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштараки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарашон ба вилояти Суғд ( санаи 9 -12 августи соли равон) ҷиҳати пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон мулоқоти гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Деваштич баргузор гардид. 

Дар мулоқоти мазкур Холиқзода Абдураҳим Ғаффор - директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширинбеков Садриддин - мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шосаидзода Шаҳбоз - ёвари директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилзода Зуфар Муртазохон- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ намуданд.  Ҳамчунин дар мулоқот сокинони ноҳияи Деваштич ҷавонон, занон, ходимони дин, раисони кумитаи маҳаллаҳо, омӯзгорон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд. 

Дар баромади худ Ширинбеков Садриддин қайд намуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат ҳуввияти миллӣ, ваҳдати саросарию муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад. ҲХДТ ҳамчун неруӣ созанда дар  таҳкими ҳадафҳои шоиста ташаббускор ва пешсаф ба ҳисоб меравад. 

Холиқзода Абдураҳим бо баромади пурмӯҳтаво дар бораи пешгирии падидаҳои номатлуб, тарғиби таҳаммулпазирӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ бо баёни далелҳои мушаххас ва истифода аз фарҳангу адабиёти оламшумули ниёгон, сарчашмаҳои динӣ ҳозиринро ба моҳияти мулоқот шинос намуд ва андешаронӣ кард.   

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон вобаста  ба вазъи иҷтимоии ноҳия, руҳияи ватандӯстонаи сокинон маълумот дода қайд намуд, ки аъзоёни ҳизб ва ҷонибдорони он бо  пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти самарабахши худ ба рушди кишвар саҳм гузошта, дар решакан намудани падидаҳои нангини ҷомеа  ҷалби ҷавонон ба  бунёдкориҳо,  баланд бардоштани эҳсоси худшиносию ватандустӣ ва зиракии сиёсӣ зиндагии худро пеш мебаранд.

Ҳамчунин бо иштироки гурӯҳи корӣ мулокоти рӯ  ба рӯ  ва суҳбати сарироҳӣ дар деҳаҳои Даҳкат, Хишекат, Офтобрўи Чамоати деҳоти Росровут, деҳаҳои Овчӣ, Угуки Ҷамоати деҳоти Ваҳдат баргузор карда шуда, бо  сокинон вобаста ба мавзӯъ ва масъалаҳои матраҳгардида сӯҳбат ороста шуд.

Бояд зикр намуд, ки дар ноҳияи Зафаробод 8 Ҷамоати шаҳраку деҳот вуҷуд дошта, сокинони ҷамоатҳо бо руҳияи волои худшиносию ватандустӣ бо меҳнати фидокорона ба рушди кишвар саҳм мегузоранд. 

Ҷавонону наврасон, бонувон ва аҳли ҷамоатчигӣ фаъол буда, орӣ аз андешаҳои номатлуб муборизаро бар зиддӣ ифротгароию бегонапарастӣ беамон ба роҳ мондаанд.  

Дар мулоқот, ки дар толори Ҷамъияти матлуботи ноҳия баргузор гардид, 200 нафар сокинони Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ, дар толори Ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак 250 нафар ва Ҷамоати деҳоти Росровут 100 нафар иштирок намуданд.

Дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ низ зиёда аз 300 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.  

Иштирокдорони  мулоқот аз баромадҳои нотиқон таассуроти хуб бардошта ба ташаббускорони чорабинӣ арзи сипос намуданд.

 

Ширинбеков Садриддин - мудири шуъбаи таблиғоти ҲХДТ 

 

 

 

Яндекс.Метрика