Навъҳои таҳаммулпазирӣ

Таҳаммулпазирӣ, чӣ хеле ки худи мафҳум ба он ишора менамояд, маънои нисбат ба андеша, ғоя, муносибат, мавқеъ ва нигоҳи шахси дигар босабру ботаҳаммул буданро ифода менамояд. Яъне, агарчанде андеша, муносибат, мавқеъ ё нигоҳи шахси дигар доир ба дилҳоҳ масъалаи ҳаётӣ барои мо қобили қабул набошад ҳам, агар онҳо ба саломатӣ, ҳаёт ва озодии инсон зарар надошта бошанд, мо бояд онҳоро бардошт намоем ва дар нисбати онҳо хусумат наварзем. Ин ҷо бори дигар таъкид менамоем, ки шарти муҳими пурбардошт будан ва ботаҳаммул будан дар нисбати андеша, ғоя ё муносибату мавқеи дигар маҳз бехатар будани онҳо барои саломатӣ, ҳаёт ва озодии умуман инсон аст.  

Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар агар мо ба таҳаммулпазирӣ ҳамчун сифати волои инсонӣ баҳо доданӣ шавем, мебинем, ки вай яке аз омилҳои асосии таъмини сулҳу субот ва оромию  осудагӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Зеро ҳаёти инсонӣ серпаҳлӯ буда, дар ҳамаи самтҳо зарурати таҳаммулпазириро тақозо менамояд. Зарурати таҳаммулпазирӣ махсусан дар ҷомеаи муосир, ки шомили самтҳои мухталифи фаъолият аст, ба хотири пешбурди зиндагии орому осуда бештар эҳсос мегардад. 

Анвои таҳаммулпазирӣ, ки муҳаққиқи рус Л. В.  Баева пешниҳод намудааст, аз он ҷиҳат муфид аст, ки моро дар хусуси зарурати таҳаммулпазирӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа огоҳ месозад. Яъне, дар куҷое, ки мо фаъолият нанамоем, бо кадом афроде, ки мо муносибати худро ба роҳ нанамонем, дар кадом мавзӯе, ки мо сӯҳбат накунем, таҳаммулпазирӣ кафили таъмини оромии равонию ҷисмонии мо хоҳад буд. Чунин аст  таснифи анвои таҳаммулпазирӣ аз нигоҳи Л.В.Баева:

1.Таҳаммулпазирии байниэтникӣ - муносибаи хайрхоҳона-эҳтиромона дар муносибат ба намояндагони дигар анъанаҳои этникӣ (нажодӣ, миллӣ). Инсони таҳаммулпазир на танҳо ба этноси муайян таҳаммулпазир аст (таҳаммулпазири дурӯғин, ки тақсимоти «худӣ-бегона»-ро идома медиҳад), балки ба ҳар гуна халқ ва намояндаи он таҳаммулпазир аст. Таҳаммулпазирӣ эътирофи априории  баробарии намояндагони  этноси дигар ва муносибат ба онҳоро аз мавқеи эҳтиром ҳамчун шахсият (барои рафтор ва сифатҳои инсонӣ) дар назар дорад.

2.Таҳаммулпазирии (динии) байнимазҳабӣ  – аз тарафи инсон эътироф гардидани дигар дин ҳамчун шакли алтернативӣ, баробарҳуқуқи ноилшавӣ ба наҷот аст, ки эҳтиром ба арзишҳо ва меъёрҳои динии мазҳаби(конфессия)-и дигарро тақозо менамояд. 

3.Таҳаммулпазирии ҷинсӣ (гендерӣ) – эътирофи баробарии ҷинсҳо de ure de facto, муносибати беғаразонаи  як ҷинс аз болои ҷинси дигарро ифода менамояд. Мухолифи он бетаҳаммулии (интолерантность) ҷинсӣ(сексизм) маҳсуб дониста мешавад – шакли рафторе, ки занҳо ва ҳуқуқҳои онҳоро барои иштироки пурра дар фаъолияти касбӣ, ҳаёти ҷамъиятӣ  поймол мекунад. Яке аз шаклҳои чунин муносбатпоймолкунии ҳуқуқҳои занҳои коргар  маҳдуд намудани ҳуқуқи онҳо ба таваллуди кӯдак ва нигоҳубини он маҳсуб меёбад. 

4.Таҳаммулпазирии самти шаҳвонидошта – эътироф ва беғаразӣ нисбат ба ашхоси майли шаҳвонии ғайрианъанавидошта аст.

5.Таҳаммулпазирии иҷтимоӣ-гурӯҳӣ –  ба намояндагони гурӯҳҳои иҷтимоии дигар (синфҳо, табақаҳо, қишрҳо, ташкилотҳо, гурӯҳҳо ва ғ.), ки ақидаи онҳо ба ҳаёт, саломатӣ ва озодии одамон зарар намерасонад, бетарафӣ ё муносибати дӯстона нишон додан аст.

6.Таҳаммулпазирии экологӣ – эҳтиром ба ҳаёт дар ҳамаи шаклҳои он.

7.Таҳаммулпазирии педагогӣ, ки дар муносибати беғаразонаи педагог нисбат ба талабаҳо, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои онҳо новобаста ба хизматҳояш ифода меёбад. 

8.Таҳаммулпазирии физиологӣ – муносибати босаброна ба беморон, маъюбон, одамони норасоии ҷисмонӣ ё ақлонидошта. Имрӯз таҳаммулпазирӣ дар муносибат ба ВИЧ – сироятёфтаҳо аҳамияти махсус касб намудааст, зеро аз тарафи бисёршаҳрвандон ва кордеҳон ҳуқуқҳои онҳо поймол карда мешаванд. 

9. Таҳаммулпазирии сиёсӣ – аз тарафи ҳизбҳои гуногун ва ҳарактаҳои сиёсӣ эътироф гардидани имконият ва ҳуқуқҳои баробар, эҳтиром ба рақиб (оппонет)-и сиёсӣ, новобаста ба ихтилофи ақидаҳо (дақиқияти сиёсӣ). Ба сифати муқобили чунин муносибат диктатураи сиёсӣ, фашизм, низомҳои тоталитарӣ, зулму истибдод, ҷазо(репрессия) нисбат ба гуногунандешон баромад менамояд.

10.Таҳаммулпазирии дипломатӣ – муносибати эҳтиромонаи баробар ба кишварҳои гуногун, иттиҳодия ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки ба ҳаёт, саломатӣ ва озодии шаҳрвандон  таҳдид наменамояд. Муқобили он – империализм, монополизм, дахолат ба сиёсати дигар кишварҳо, назорат аз болои захираҳо ва фаъолияти давлатҳо бидуни розигии онҳо. 

11. Таҳаммулпазирии илмӣ – ба намояндагони мактабҳои  илмии гуногун, ба ғояҳо, таълимотҳо ва назарияҳои оппонентҳои илмӣ, ҳамчунин ба танқиди дигар донишмандон ба унвонии хеш эҳтиром қоил буданро ифода менамояд.

12.Таҳаммулпазирии идоравӣ (административӣ) – муносибати эҳтиромона ба зердастон (тобеон),  аз рӯи вазифа ва унвон  ашхоси хурдтарро дар назар дорад. Муқобили он-эҳтироми мансаби амалдор ( чинопочитание) ба ҳисоб мекравад .   

  Абдухалилзода Кароматулло

Яндекс.Метрика