Нороҳатии ифротиҳо аз омад - омади ҷашнҳои милливу дунявӣ

Омад - омади идҳои дунявӣ ва ҷашнҳои миллӣ кайкҳои таги пӯсти мутаассибони дин, дингароёни ифротӣ ва зархаридони хориҷии зоҳиран исломдӯсту  моҳиятан ба он хиёнатпешаро ба ҷунбиш медароранд ва торҳои асаби онҳоро неш задан мегиранд.  Ин ҳолати онҳо табиист. Дар ҳолати набудани ақли ҳақиқатҷӯ ва далоили ақлию  нақлӣ табиати хушунатҷӯи онҳоро  ба ҳар гуна сохтакорию  эҷодкорӣ водор менамояд. Зеро ҷаҳонбинии маҳдуд ва тира  ба онҳо имкон намедиҳад, ки љомеаро хушҳолу муваффақ бинанд. Мафкураи носолим  ва куҳнаи ба навгониҳо тобновар ба онҳо имкон намедиҳад, ки дар муқобили худ фарҳанги замонавӣ ва хушсурату хушсириштеро бубинад. Аз ин рӯ, аз ночорӣ ва таассуб тоифаҳои зикршуда ба ҳар гуна бидъатҳои хандаоавр даст мезананд.

Яке аз он бидъатҳои тоифаҳои гумроҳ ҳаром донистани  таҷлили 8-уми март ва ҷашни байналмилалии Наврӯз  аст. Гумроҳони тираақл ба хотири он таҷлили 8-уми Мартро ҳаром мешуморанд, ки ҳама рӯзҳо Рӯзҳои Модарон мебошанду як рӯзро махсус таҷлил намудан зидди таълимоти ислом  аст. Дар робита ба ин андеша савол пайдо мешавад,  ки дар кадом оят ё ҳадис гуфта шудааст, ки таҷлили Рӯзи Модарон ҳаром аст? Дар ягон ҷо ба маънии мазкур ҳатто ишорае ҳам нест.  Баръакс, ҳадиси пайғамбари ислом мефармояд,  ки «Ҷаннат дар зери қадамҳои модарон аст». Яъне, вақте пайғамбари ислом мақоми пурарзиш ва соҳҳибэҳтироми модаронро эътироф менамояд ва барои онҳо мақоми волоро дар он дунё насиб донистааст, чаро  дар ин дунё меҳнати вазнини онҳо дар тарбияи фарзанд дар баробари 364 рӯз боз як рӯз ба таври илова мушаххасан қадрдонӣ нагардад? Гумон аст, ки ҳамаи фарзандон дар тӯли 364 рӯз  пайваста дар фикри модарон бошанд. Вале махсус таъин намудани рӯзи хос барои модарон ҳар фарзандро водор менамояд, ки бори дигар ба модари худ таваҷҷуҳ намояду бо роҳе ӯро хурсанд намояд.  Савол пайдо мешавад, ки дар ин амал чӣ камбудӣ ва ё сифати зиддидинӣ вуҷуд дорад?  Бешак, дар ин амал ҳеҷ ҷанбаи манфӣ ва ё сифати зиддидинӣ вуҷуд надорад. Аммо нороҳатии аҳли таассубгарои ислом ба сабаби он аст, ки онҳо дар тамоми тӯли рушди таълимоти худ боре назарияи созандае барои рушди љомеа ва њаёти мардуми мусалмон ва ё назарияе, ки   модаронро дар ҳамин дунё амалан хушҳол гардонанд, коркард накардаанд.  Аз ин рӯ, маҳз рашку ҳасади ин гумроҳон таҷлили ҷашни модаронро ҳаром баровардааст. 

Нотавонбинии аҳли бидъат ва гумроҳии исломгарои тундрав дар муносибати онҳо ба ҷашни фарҳангии миллат – Наврӯзи хуҷастапай низ ифода меёбад. Барои мамнуъ ҳисобидани таҷлили ҷашни мазкур онҳо ҳадиси «Ҳар касе худро ба қавме монанд созанд, вай аз ҷумлаи онҳост»-ро ба асос мегиранд. Дар ин муносибати аҳли гумроҳ ва бидъати ислом ба чанд нукта бояд таваҷҷуҳ дод.  Магар бо омода намудани чанд намуд хӯроки миллӣ ва чанд рӯз хурсандӣ намудан шахс ба қавме монанд мегардад? Ба ҳеҷ кас пӯшида нест,  ки мардуми кишвари мо Наврӯзро ҳамчун иди миллӣ таҷлил намуда, ҳеҷ гоҳ аз Зардушт ва ё аъмоли пайравони онҳо ёд намекунад. Зеро љашни Наврўз пеш аз Зардушт њам вуљуд дошт. Аз ин рӯ, бо таҷлили ин ид мардуми мо ба зардуштиён монанд намешаванд  ва ин монандсозӣ эҷоди «илмӣ»-и аҳли бидъату гумроҳи ҷомеа асту халос.  Сониян, аз онҳо пурсида мешавад, ки агар онҳо ба оина назар намоянд, магар монандии худро ба ягон қавми дигар пайхас намекунанд? Агар тарзи зиндагии худ, хосатан  истифодаи телефони мобилӣ, истифодаи компютер, тарзи хӯрокхӯрӣ дар ошхонаҳои бонуфуз, тарзи истироҳат ва хоб кардану аз хоб хестанашонро  дар меҳмонхонаҳои бонуфуз, аз як тараф,  бо мусалмонони аввал ва, аз тарафи дигар, бо ғарбиҳо муқоиса намоянд, онҳо ба кӣ монанд хоҳанд буд? Чаро шахс дар тӯли умри дароз аз тарзи либоспӯшӣ то тарзи зиндагияш ба дигар қавм монанд мешаваду ӯ аз ҷумлаи онҳо маҳсуб намеёбад, вале иҷрои чанд расму русуми қадимаи миллӣ шахсро ба дигар қавм монанд мекардааст? Канӣ мантиқ? 

Дар робита ба андешаи ифротиҳои зархариди хориҷӣ, ки бо такя ба ҳадис мехоҳанд дар байни ҷомеа нооромӣ ва тафриқа андозанд, ояти зерини қуръонӣ пеши назар меояд: «Эй мӯъминон, яҳудиён ва насрониёнро дӯст магиред, баъзеи онҳо дӯсти баъзеанд. Ва ҳар ки аз шумо онҳоро дӯст гирад, пас ҳамоно ӯ аз ҷумлаи онҳо аст» (Моида, 5:51). Дар шароити имрӯза олами ислом бидуни рафоқат ва дӯстӣ  бо қавмҳои мазкур пешрафт карда наметавонад. Дар хусуси дӯстии мусалмонон, ҳатто пешвоёни онҳо  бо қавмҳои мазкур далелҳои бешумор ҳам дар кишварамон ва ҳам берун аз он вуҷуд доранд. Аз ин рӯ, савол пайдо мешавад, ки чаро худи гурӯҳи гумроҳу бидъаткор, ки худ бо қавмҳои мазкур ба хотири манфиатҳои дунявӣ дӯстию рафоқат   барпо мекунанд, онҳо  аз  қавми онҳо маҳсуб намеёфтаанду мардуми фарҳангпешаи мо чун аз осори фарҳангии соф миллии худ ёде кард, вай аз ҷумлаи пайравони оини гузаштагон мешудааст? Канӣ мантиқ? Магар чунин аъмолу афкори ҷоҳилона аз гумроҳӣ ва таассуби тоифаи  мазкур дарак намедиҳад?

 

Абдухалилзода К.А. 

Яндекс.Метрика