ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ДАВЛАТ АСТ ВА ЭҲТИРОМИ ОН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Таҳти вожаи «рамз»  ашё, тасвир ё калимаҳое дар  назар дошта мешаванд, ки ҳамчун аломати шартии ягон мафхум, ходиса, идея хизмат мекунанд. Масалан, ҳамаи мо нагз медонем, ки расми кабўтар тимсоли сулҳ,  тасвири дил – рамзи ишқу муҳаббат  аст. Давлатҳо  низ чунин рамзҳо – аломату нишонаҳои худро доранд. Рамзҳои давлат (нишони миллӣ, суруди миллӣ, парчами давлатӣ) ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа буда, донистани онҳо ва муносибат ба онҳо мавқеи шаҳрвандии шахсро инъикос мекунанд. Онҳо ҳамчун таҷассуми таърихи гузаштаву муосири миллат ва давлати соҳибистиқлол, ҳамчун ифодаи ватандӯстии шаҳрвандони он ва номгузорӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун симои аудиовизуалии давлат эътироф ва пазируфта шудаанд. Таҳқири рамзҳои давлатӣ баробар ба таҳқири давлат, миллат, таърих ва фарҳанги он аст.

Протоколи байналмилалии парчам вуҷуд дорад, ки дар муносибатҳои расмии байнидавлатӣ бояд ба таври қатъӣ риоя карда шавад. Ҳама гуна беэҳтиромӣ нисбат ба парчами ин ё он давлат ҳамчун амали барқасдона ва таҳқиромези ба ин давлат равона карда шуда дониста мешавад. Вақте ки парчамҳои якчанд давлат дар як вақт намоиш дода мешаванд, андозаҳои онҳо бояд якхела бошанд. Байрақҳо дар як қатор ва дар як сатҳ овехта мешаванд. Аксар вақт парчамҳои давлатҳои хориҷӣ ҳангоми намоиши ҳамзамон бо тартиби алифбо мувофиқи номи давлатҳо (бо алифбои лотинӣ ё алифбои забони кишвари мизбон) ҷойгир карда мешаванд.

Парчами миллӣ ҳангоми тулӯи офтоб барафрохта ва ҳангоми ғуруби офтоб фуроварда мешавад. Парчам зуд баланд карда мешавад ва оҳиста паст карда мешавад. Дар рўзҳои мотам парчамро то мобайни сутуни парчам мебардоранд. Парчам набояд ба замин, фарш ва об расад. Парчами барафрохташаванда бояд хамеша дар холати хуб бошад. 

Парчами хурд набояд дар сутуни баланд истифода шавад ва баръакс. Таносуби паҳнои парчам ва баландии сутуни парчам 1:6 аст. 

Дар девори утоқи кории сарвари муассисаи давлатӣ парчами бесутун  дар шакли матои кушода аз тарафи  рости пушти мизи кории сарвари муассиса овехта мешавад, агар парчами сутундор бошад, аз тарафи рост, дар пушти мизи кории сарвари муассиса гузошта мешавад. Дар баъзе кишварҳо анъанаи хуби  аз хурдсолӣ шаҳрвандонро дар рўҳияи  эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ тарбия кардан ташаккул ёфтааст. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳар рўз пеш аз cap шудани дарс дар мактабхо маросими ботантана афрохтани парчами ИМА барпо мегардад. Дар Ватани маҳбуби мо - Тоҷикистони соҳибистиқлол  низ ин анъанаро пайравӣ кардан барои дар рўҳияи ватандўстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллию давлатӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонон муоидат хоҳад кард.

Парчами миллӣ таърихи миллат, рамзи ваҳдати мардум, рамзи Ватан аст ва эҳтироми амиқи он  қарзи ҳар як шаҳрванди кишвар аст.

 

Шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ

Яндекс.Метрика