Паёмадҳои террористӣ эълон шудани ҳизби назҳат

Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, бо дархости мақомоти Тоҷикистон ҳизби назҳати исломӣ, аз ҷониби Додгоҳи олии Федератсияи Россия ҳамчун ҳизби террористӣ эълон гашта, фаъолияти он мамнуъ гардид. Ин хабарро расонаҳои дунё ба таври густурда пӯшиш дода, аз оқибатҳои он низ сухан ба миён оварданд. Муҳимтарин паёмадҳои ин қарор ба назари мо чунинанд:

Якум, дар қаламрави дигар кишварҳое, ки бо Федератсияи Россия робитаи наздики сиёсӣ ва иқтисодӣ доранд, ҳизби мамнуи назҳат бештар ба бунбаст расида, аз нигоҳи сиёсӣ ноком мегардад;

Дуюм паёмади ин қарор он аст, ки аз нуфузи эҳтимолии ин созмони террористӣ дар миёни муҳоҷирони тоҷик, дар қаламрави Федератсияи Россия ҷилавгирӣ мешавад.

Сеюм таъсире ки ин қарор дорад, ба далели наздикии робитаи Федератсияи Россия бо Ҷумҳурии исломии Эрон, доираҳои расмии кишвари Эрон аз ҷонибдории ошкоро аз ин гурӯҳ худдорӣ мекунанд;

Чорум дар ояндаи наздик дар ҳеч яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дунявиятро ҳамчун сохти давлатдорӣ интихоб кардаанд, дигар ҳизбе бо тамоюли динӣ ва мазҳабӣ сабт намегардад.  

Дар ҳар сурат, бо вуҷуди кӯшишҳои раҳбарияти ҳизби мамнуъ барои ворид нашудан ба рӯйхати созмону аҳзоби террористӣ, бо назардошти собиқаи сиёҳи он имрӯз дар бузургтарин кишвари дунё низ ба фаъолияти он хатти бутлон кашида шуд. 

Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика