Посух ба Ҳисоботи Котиботи давлатии ИМА оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021.

Чунин ба назар мерасад, ки гузоришдиҳанда зимни шарҳи вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фазои воқеӣ чашм пӯшида ва аксарияти иттилооти худро аз фазои маҷозии интернетӣ ва қисман тавассути иттилооти бардурӯғу иғвоангези гурӯҳо ва ашхоси ғаразноке ҳосил кардааст, ки нисбат ба давлату миллати озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон хушбин ва хайрхоҳ нестанд. Гузоришдиҳанда зимни баҳодиҳӣ ба вазъи ҳуқуқии соҳаҳои гуногуни фаъолияти моддию маънавӣ. аз ҷумла илму маориф, ҳаёти динӣ, муоносибатҳои оилавӣ, вазъи ҳуқкқии занону духтарон, ҳуқуқу озодиҳои динӣ, шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, дар Тоҷикистон, ба хулосабарориҳои нодурусту ғайриобъективӣ роҳ додааст. Барои исботи бемантиқӣ ва нодурустии хулосабарориҳои Ҳисоботи котиботи давлалии ИМА оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 , ба чанд далел меорем: 1.Ҳисобтдињанда ҳанўз дар сарсухан Тољикистонро, ки давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ ва демократии ҳамашумул мебошад, «кишвари авторитарӣ» номидааст, ки ин худ як тӯҳмат, дурӯғи ошкоро ва хулосаи ғайримантиқии иғвоангезона маҳсуб мешавад. Аз мавқеи ҳуқуқи байналмилали ва одоби дипломатӣ бояд кайфари сазовор дода шавад.
2. Дар сархати дуввуми сарсухан ҳисобтдиҳанда бо истифода аз софистика шунаванда ва хонандаро ба иштибоҳ кашида, навиштааст, ки чанде аз вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Тоҷикистон «байни худ салоҳиятҳои ҳифзи ҳуқуқро тақсим кардаанд». Чуноне мушоҳида мешавад, ҳисоботдиҳанда аз илму амалияи муосири сиёсию ҳуқуқӣ ва назму тартиботи давлатдории дунявию демократӣ, аз вазъу шароити геополитикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва умуман ҷаҳони муосир, аз заруриятҳои ҳифзи амнияти давлатӣ ва иҷтимоии давлатҳо ва ҷомеаҳои муосири миллӣ ё огоҳ нест, ё онҳоро нодида мегирад. Вагарна, дарк менамуд, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои фардӣ ва ҷамъиятӣ таъсис додани мауомоти давлатии салоҳиятдори ҳифзи ҳуқуқ шарт ва зарурӣ буда, аз ин рў маҳз ҳамин мақмот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳамаи кишварҳои демократии ҷаҳонн таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро бо дар назардошти ҳифзи арзишҳои ҷамъиятию давлатӣ кафолат медиҳанд.
3. Дар сархати 3-юми сарсухан ҳисоботдиҳанда зимни тавсифи мушкилоти асосӣ дар бахши ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон «қатлҳои ғайриқонунӣ ва ё худсарона аз ҷониби маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ рабудан ва интиқоли маҷбурӣ аз ҷониби Ҳукумат якҷо бо ҳукуматҳои хориҷӣ» ва ҳамин қабил суханҳои дурӯғу беасосу гумроҳкунандаро истифода бурда, бори дигар бесаводӣ ё беодобии сиёсию ҳуқуқии худро ошкоро ба намоиш гузоштааст.
Умуман, Ҳисоботи Котиботи давлатии ИМА оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳкрии Тоҷикистон аз чунин сафсатаҳо, туҳматҳо ва дуруӯғҳо, хулосабарориҳои ғайримантиқии беасос пур буда, ҳар кадоми онҳоро бо далелҳои раднопазир аз вазъи воқеиии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз амнтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ ва умуман ҷаҳон мебошад, рад кардан мумкин аст.

Яндекс.Метрика