Сиёсати хориҷии Амрикоро хушбинии бештар мебояд!

Хеле ҷои таассуф аст, ки Вазорати умури хориҷии Амрико сиёсати Амрикоро ҳамчун тарғибгару ташвиқгари принсипҳои демократї дар тамоми ҷаҳон муаррифї менамояд, аммо худ зимни таҳлилу баҳогузории вазъи динї принсипи аз ҳама зарурї – воқеъбинию беғаразиро ба роҳбарї намегирад. Ҷои шубҳае нест, ки Комиссиюни Амрико оид ба озодиҳои байналмилалии динї, ки  ниҳоди аз тарафи худи онҳо  бетараф  маҳсуб дониста мешавад,  дар асл бетараф набуда, сиёсати геополитики махсусро роҳандозї менамояд. Гумон меравад, ки авзои диниро на диншиносон, балки сиёсатмадорони кишвари зикршуда баҳогузорї менамоянд. Агар не, бо кадом далел онҳо арз медоранд,  ки ҳукумати президент Эмомалї Раҳмон  «ҳама гуна фаъолияти ошкорои диниро саркӯб менамояд», дар ҳолате ки дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказї нисбат ба шумори аҳолї зиёдтар масҷидҳо фаъолият менамоянд. Зимни хондани намози ҷумъа ҳатто шоҳроҳҳо баста мешаванд. Мо барои хондани намоз ба масҷидҳои манотиқи мухталифи кишвар ворид гардида, боре саркӯб гардидани намозгузореро мушоҳида накардаем. Намояндагони Кимиссиюни зикршуда аз куҷо бошад, бидуни воридшавї ба масҷид «саркӯбкунї»-ро мушоҳида карда бошанд. Дуруст аст, ки дар масҷидҳо камераҳо насб шудаанд. Магар камера барои адои намоз, ё робита бо Худо монеа мегардад? Наход онҳо дарк накунанд, ки камераҳо дар масҷидҳои мо ҳамон вазифаеро иҷро менамоянд, ки камераҳои дар кӯчаҳои кишварҳои мутамаддин  насбшуда иҷро менамоянд. Яъне, ҳадафи асосии камера назорат аз болои риояи тартибот  ва қонунҳои мавҷуда аст, на чизи дигар. 

Дар хусуси манъи ҷараёни салафия аз ҷониби ҳукумат гуфтанї ҳастем, ки шахсан ман ҳамчун як ҳанафимазҳаб сиёсати мазкурро дуруст меҳисобам. Зеро дар тӯли зиёда аз ҳазор соли мусулмониямон миллати мо чунин равияро намедонист. Пайдо шудани равияи мазкур дар кишвари мо маҳз баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравї  аз он далолат менамояд, ки ташкилотҳои байналмилалии террористї кишвари моро бесоҳиб дониста, хостаанд, ки бо истифода аз ин ҷараёни  террористї кишварро макони даргириҳои хунин гардонанд. Баъд аз пайдоишашон дар кишвар дар чандин масоҷиди шаҳр онҳо бо ҳанифимазҳабон ба задухӯрд даст зада буданд. Наход намояндагони Комиссиюни Конгресс он мушкилотеро, ки ҷараёни мазкур барои давлати ШМА дар Сурияю Ироқ эҷод карда буданд, фаромӯш сохта бошанд? Мо гумон намекунем, ки дастгирии равияю ҷараёнҳои ифротї аз тарафи Кимиссиюни мазкур ноором сохтани вазъи ором дар кишвари мо бошад. Ба андешаи мо дар комиссиюни мазкурр диншиносони воқеї намерасад. 

Дар хусуси ба маҳбас кашидани шахсе ба хотири «Барангехтани адовати динї»  ҳаминро бояд гуфт,  ки амали мазкур маҳз ба хотири риояи «Қонуни ҶТ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динї» сурат гирифтааст. Яъне, амали зикршуда маҳз барои таъмини озодиҳои динии шаҳрвандон, он чизе, ки Кимиссиюни зикршуда пайгирї менамояд, роҳандозї шудааст. 

Дар хусуси мафҳуми «либоси занонаи динї»-и Комиссиён гуфтанием, ки либос моҳиятан динї ё ғайридинї намешавад. Дар мавриди мазкур сиёсати ҳукумати мо чунин аст, ки либосҳое, ки фарҳанги бегонаро тарғиб менамоянд ва ё бо сиёсати дунявии кишвар дар таноқуз ҳастанд, бояд оммавї нагарданд. Зеро кишвари мо тибқи Конститутсия дунявї буда, ҳадафҳои дунявиро пайгирї менамояд ва мехоҳад барои наслҳои минбаъдаи миллати худ ҷомеаи мутамаддинро ба мерос гузорад, на кишвари пойбанди хурофоту арзишҳои кӯҳнаи асримиёнагиро. Аз ин нуқтаи назар намояндагони Комиссиюнро зарур аст, ки дақиқбину дурандеш бошанд, яъне на бояд дар асоси як-ду падидаи ҷузъии дар умум барои ҷомеаи башарї музир сиёсати як кишварро нодуруст баҳогузорї намоянд. Эшон набояд фаромӯш созанд, ки ҷомеаи башарї ҳамеша ба пеш равон аст. Дар ин самт арзишҳои ҳаётии занҳо истисно нестанд. Ҳеҷ ақли солим қабул намекунад, ки занҳо, ки табиатан озодидӯсту зебопарастанд, маҳдудиятҳои либосиро ихтиёрї қабул карда бошанд. Бидуни шак чунин  бегонапарастию худмаҳдудсозии занҳо маҳсули маҳдудии озодии иродаи онҳост, ки аз тарафи нерӯҳои беруна ва ё ҳадафҳои махсуси сиёсї пиёда мегарданд. Агар матлабро равшантар баён намоем, сатру ҳиҷоб моҳиятан ҷавобгӯи табиати занҳо нест. Бинобар ин, саволи матраҳ он хоҳад буд, ки намояндагони Комсиссиюн дар ҷомеаи дунявии қарни 21 озодии иродаи занҳоро  мехоҳанд бубинанд, ё татбиқи «ирода»-и Худоро.    

Мо муътақидем, ки дар кишвари дунявии Тоҷикистон тамоми ҳуқуқҳои эътиқодии диндорон пурра риоя мегарданд. Барои дарёфти онҳо танҳо хушбинии бештар зарур асту халос!

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика