СУХАНОНИ БЕНАЗИРИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Халқи азизам. Ман ба қудрати созанда ва нангу номуси ҳар як фарди ту бовар дорам. Миллати бузурги ман. То зиндаам, ман бо номи ту сидқан ифтихор мекунам, туро самимона дӯст медорам ва тамоми ҳастии худро дар роҳи хизмат ба ту бедареғ мебахшам. Халқи бузургу қаҳрамони ман. Мо ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, дар фазои сулҳу оромӣ Ватани азизамон - Тоҷикистонро ба биҳишти рӯи замин табдил медиҳем. Миллати куҳанбунёд ва соҳибмаърифату таҳаммулгарои Тоҷик. Рӯзҳои сангин ва вазнину торикат паси сар шуданд. Акнун дилпурона ва бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи ободу осуда ва қуллаҳои боз ҳам баланд ба пеш. Мардуми сарбаланду сарфарози ман. Роҳат ба сӯи ояндаи обод сафеду иқболат то абад нек бошад!

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Яндекс.Метрика