Тарғиби арзишҳои миллӣ ва давлатдории дунявӣ

Имрӯз дар асоси нақшачорабиниҳои Маркази исломшиносӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи марказ Анварзода Маҳрамбек бо ҳайати омӯзгорон, хонандагон ва волидайни мактаби рақами 60-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзӯъҳои тарғиби арзишҳои миллӣ, зарурат ва қиммати давлатдории дунявӣ, пешгири аз зуҳуроти номатлуби ҳаракатҳои ифротӣ доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Анварзода М. дар мавриди таълиму тарбияи насли наврас, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва роҳ надодан ба ҳар гуна андешаҳои бегона сӯҳбат намуданд.

Яндекс.Метрика