Тафсир ва таҷдиди маънои як ояти Қуръон

Қисми II 

  Моҳияти Назарияи Таркиши Бузург: (Дингароёни мутаассиб ояти 30 аз сураи «Анбиё»: «Оё кофирон надиданд, ки осмонҳову замин баста буданд, пас, онҳоро во кардем; («Во кардани осмонҳо»-фурӯ борондани борон аст» «во кардани замин» - рӯёндани гиёҳ аз вай аст) ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем? Оё имон намеоранд?»-ро бо назарияи мазкур алоқаманд медонанд). 

«Яке аз вариантҳои пайдоиши Олами мо назарияи Таркиши Бузург аст. Асоси онро чунин андешаи оддӣ ташкил менамояд, ки Олам оғоз доштааст. Моҳияти он чунинаст:

Дар оғози қарни XX астрономҳо маълум карданд, ки галактикаҳои аз мо дур ба ҳар тараф пароканда шуда истодаанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки Олами мо дар ҳолати истон (беҳаракат, шахшудамонда) нест, балки васеъ шуда истодааст. Агар бо гузашти замон вай пайваста васеъ мешуда бошад, пас вай бояд дар гузашта оғоз дошта бошад. Маҳз марҳилае, ки аз он васеъшавии олам сурат гирифтааст, имрӯз «Таркиши Бузург» номида мешавад. Мутобиқи ҳисобҳо вай 13,8 миллиард сол пеш рух додааст.

Пурсиш дар хусуси он ки то Таркиши Бузург чӣ буд, на он қадар дуруст аст. Худи консепсияи вақт вуҷуд надошт. На «то», на «баъд аз», на «дар замони» вуҷуд надошт. Назарияи «Таркиши Бузург» марҳилаи ибтидоии васеъшавии Оламро, яъне ҳодисаҳои баъди Таркиши Бузург суратгирифтаро тавсиф менамояд. 

Таркиш чӣ тавр рух додаст?

Ҳамаи равандҳои баъди Таркиши Бузург бо он муайян мегарданд, ки Олам тадриҷан хунук шуда, зичиаш нисбатан камтар мешавад. Чуноне ки маълум аст, ҳарорат – меъёри ҳаракати заррачаҳо ҳисобида мешавад. Ҳарорат мефарояд – ҳаракати заррачаҳо сусттар мешаванд. Ҳар чӣ қадаре, ки ҳаракати заррачаҳо сусттар шаванд, ҳамон қадар ба ҳам пайвастшавии онҳо осонтар мегардад.  Вобаста ба хунукшавии Кайҳон дар оғоз кварк  (заррачаҳои бунёдии хурдтарин) –ҳои дар алоҳидагӣ парвозкунанда тавонистанд, ки ба протонҳо, нейтронҳо ва дигар адрону лептонҳо муттаҳид шаванд. Баъдтар заррачаҳои аллакай ҳосилшуда, суст ҳаракат намуданро идома дода, аввалин ядроҳои атомҳои муқаррариро ташкил медиҳанд. Давраи ташаккулёбии атомҳои аввалин дар Кайҳон нуклеосинтези ибтидоӣ номида мешавад. Вай тахминан баъд аз таркиши Бузург 20 дақиқа идома ёфтааст. Дар ҳамин лаҳза тамоми Кайҳон то ҳолате гарм будааст, ки мо имрӯз дар дохили ситораҳо мушоҳида  мекунем. Дар ин давра ядрои гидроген бо гелий дар таносуби 3 ба 1 асосан ташаккул меёбад.  Чунин ҳиссаи гидроген ва гелийро, ду элементи аз ҳама паҳнгардидаро дар Кайҳон,  мо то ҳанӯз мушоҳида менамоем. 

Яке аз саволҳои пайваста пурсидашаванда ҳамин аст, ки Таркиши Бузург маҳз дар куҷо рух дод? Зеро, агар таркиш бошад, пас эписентр низ бояд бошад. Аммо ин гумроҳӣ аст, ки аз истилоҳи на он қадар дурусти «таркиш» маншаъ мегирад.  Гап дар сари он аст, ки Кайҳони мо марказ надорад(тахминан мисли он ки дар болои гунбаз(сфера) марказро муқаррар  намудан номумкин аст). Тасаввуроти дурусттар ҳамин аст, ки Таркиши Бузург дар ҳама ҷо, дар тамоми нуқтаҳои Кайҳон якуякбора рух додааст. 

Баъд аз он ки нуклеосинтези ибтидоӣ ба анҷом мерасад ва ядроҳои нави атомҳо қариб, ки ташаккул меёбанд, Кайҳон ҳанӯз то андозае ҷӯшон боқӣ мемонад, ки модда дар ҳолати плазма қарор доштааст. Дар он электронҳо аз ядроҳо алоҳида парвоз мекарданд. Ва ба шарофати электронҳои озодона парвоз кунанда  дар ин марҳила Кайҳон аз лиҳози ранг ғайришаффоф будааст. Фотонҳо ҳамеша бо электронҳо бархӯрд мекарданд ва рост парвоз карда наметавонистанд, гӯё ки онҳоро дар лабиринти шишагӣ маҳкам карда бошанд.  Бинобар ин, онҳоро тавассути нури лампудневӣ ё тавассути Офтобамон дида наметавонед. Онҳо низ аз плазма иборатанд, бинобар ин ғайришаффофанд. 

Кайҳон хунукшавиро идома медиҳад ва тахминан баъд аз 300 000 соли Таркиши Бузург ҳарорат ҳамон қадаре мефарояд, ки электронҳо тавонанд ба ядрои атомҳо пайваст шаванд ва оқибат Кайҳон шаффоф мегардад. Ин лаҳза рекомбинатсия номида мешавад. Фотонҳое, ки атроф-ҳамаро фаро гирифта буданд,  дигар дар шакли электронҳо монеаеро дучор намегарданд ва метавонанд, ки озод аз ҳар тараф ва ба ҳар тараф парвоз намоянд. 

Маҳз ҳамон фотонҳое, ки  дар лаҳзаи рекомбинатсия «озод» карда шуда буданд, мо имрӯз онҳоро мебинем.  Баъд аз зиёда аз 13 миллиард сол онҳо то мо дар шакли шуопошиҳои реликтивӣ – манзараи кайҳонии хурдмавҷ, ки мо ба воситаи телескопҳои имрӯза ба қайд мегирем, парвоз карда мерасанд. 

Зоҳир намудани нурпошиҳои реликтивӣ – яке аз тасдиқоти асосии Назарияи Таркиши Бузург мебошад. Хусусияти асосии он якнавъ (однородность) будан аст. Новобаста аз он, ки мо ба кадом тараф назар меандозем, вай якхел аст. Ин ҳам ба таври ғайримустақим собит менамояд, ки Кайҳон шомили ягон тамоюли махсус нест. Ба кадом тараф ки назар наандозем, Кайҳон дар миқёси калон дар ҳамаи тарафҳо якхела аст.  Имрӯз барои исботи Назарии Такиши Бузург далелҳои зиёд мавҷуданд.  Мо васеъшавии Кайҳонро мушоҳида менамоем ва мебинем, ки галактикаҳо ва сохторҳои байнигалактикӣ дар марҳилаҳои мухталифи таҳаввули Кайҳон чӣ тавр ташаккул ёфтаанд, таносуби пешакӣ муайяншудаи гелий ва гидрогенро дар он мушоҳида менамоем. Ҳамаи онҳо бо тасаввуротҳои имрӯза дар бораи марҳилаҳои ибтидоии ташаккули Кайҳон, ки НТБ тавсиф менамояд, мувофиқат менамоянд.

Дар худи назария ғайридақиқӣ мавҷуд аст, ки он бо мушоҳидаҳои астрономии муфассал ва дақиқи минбаъда ва коркарди моделҳои физикии  нисбатан комил  бояд бартараф карда шаванд. Лекин он миқдори маълумотҳои зебои мустақил, ки аллакай дар дасти космологияи муосир ҳаст, ба мо имкон медиҳад бо боварии том гӯем, ки Таркиши Бузург, ки нуқтаи ибтидоии васеъшавии Кайҳон гардидааст, воқеан ҳам рух додаст, ва ҳамаи он чи ки дар атрофии мо ҳаст, - ин натиҷаи оқибатҳои бевоситаи вай мебошанд».   

Аз огоҳии сатҳии мо дар бораи назария маълум мегардад, ки вай дар асоси таҷрибаи воқеи бунёд ёфтааст, яъне астрономҳо парокандашавии галактикаҳои аз  мо дурро мушоҳида кардаанд. Дар асоси азҳамдуршавии пайвастаи галактикаҳо маълум мешавад, ки ин дуршавӣ оғоз доштааст. Раванди мазкурро ҳодисаҳои тадриҷан хунукшавии кайҳон, камшавии зичӣ, фаромадани ҳарорат, сустшавии ҳаракати заррачаҳо, ки имкони баҳампайвастшавии онҳоро, ташаккули протону нейтронҳоро ва тадриҷан ядрои атомро ба вуҷуд овардааст, ҳамроҳӣ намудаанд. Кайҳон дар оғоз ғайришаффоф буда, баъди ба ядрои атомҳо пайвастшавии электронҳо  шаффоф мегардад. Хулоса:

1.Дар асоси таҷриба ва ҳисобҳои математикӣ оғози Таркиш дақиқ муайян карда шудааст, ки он 13,8 миллиард сол пешро ташкил менамояд.

2.Азҳамдуршавӣ дар тамоми нуқоти кайҳон яксон сурат гирифтааст.

3.То оғози Таркиш кайҳон дар ҳолати сингулярӣ қарор доштааст, ки хусусияти фарккунандаи он мавҷудияти суръати ниҳоят баланд, зичии ниҳоят зиёд ва ҳарорати ниҳоят баланд маҳсуб меёбад.

4.Пайдоиши ҷирмҳои осмонӣ натиҷаи сустшавии суръат, пастшавии ҳарорат ва камшавии зичӣ маҳсуб дониста мешавад. 

5. Тибқи ақидаи Фридман Таркиш якбора дар тамоми кайҳон сурат гирифта, фазоро бо маводи ниҳоят зич пур кардааст, ки аз  он баъди миллиардҳо сол ҷирмҳои мушоҳидашавандаи Офтоб, ситораҳо, галактикаҳо, аз ҷумла замин пайдо шудаанд . 

6. Тибқи нишондодҳои радиометрикӣ  пайдоиши замин 4,5 миллиард сол пеш муайян шудааст .

Акнун нуқтаи назари муфассирони мухталифро доир ба маъно ё тафсири ояти мавриди матраҳ мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳем:

Идома дорад 

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика