Тафсир ва таҷдиди маънои як ояти Қуръон

Қисми III

 Бояд ёдовар шуд, ки Ибни Аббос (619-686) аз ҷумлаи  аввалин муфассирони Қуръон маҳсуб меёбад. Вай асосгузори мактаби маккагии тафсир шинохта шудааст. Ибни Аббос  амакбачаи пайғамбар буда, дар назди чашми пайғамбар ба воя расидааст. Вай таълими исломро бевосита аз худи пайғамбар гирифтааст. Бинобар ин,  бисёр муфассирон зимни баёни силсилаи ровиҳо ахиран Ибни Аббосро ҳамчун шахсе, ки ба пайғамбар хеле наздик буда, бад-ин васила  шарҳи ӯ бояд дурусттар бошад, такя менамоянд. Пас, мантиқан шарҳи ӯ маънии оёти Қуръонро равшантар баён менамояд. Ӯ дар бораи ояти мазкур менависад: «Онҳое, ки ба Муҳаммад ва Қуръон бовар накарданд, надонистанд, ки (инна-с-самовоти в-ал-арзи конато ратқан)  «Осмонҳо ва замин бо ҳам часпида буданд, ки аз он ягон қатрае аз об намеборид ва дар рӯи замин чизе аз растанӣ намерӯид. Мо (фафатақноҳумо) он дуро аз ҳам ҷудо кардем ва тавассути борон ва растаниҳо яке аз он дуро болои дигар ниҳодем.

(Аз “Мактаби шомила”)

2. Шарҳи Табарӣ (839-923):

«Онҳое, ки ба Аллоҳ кофир шуданд, бо чашмони дилашон назар наандохтанд, пас бигзор, ки бинанд ва донанд, ки осмонҳо ва замин  ҳар ду як чизи воҳид буданд. Гуфта мешавад: дар байни ҳар дуи онҳо сурохӣ набуд, балки ҳар ду часпида буданд. Ва сухани Худо (фафатақноҳумо) гуфта мешавад: он дуро ҷудо кардем ва кушодем.

Баъд аҳли таъвил дар маънои васфи Аллоҳ осмонҳо ва заминро ихтилоф карданд:

Ривояти силсилаи ровиҳо, ки ба Абу Солеҳ рафта мерасад, мегӯяд: Қавли Худо конато ратқан фафатақноҳумо гуфтааст: замин як воҳиди том (ратқ) ва осмонҳо як воҳиди том (ратқ) буд. Пас, аз осмонҳо ҳафт осмон ва аз замин ҳафт замин ҷудо кард.

Ровиёни дигар гуфтанд: Осмон якто буд, онро ҷудо карда ҳафт осмон кард дар ду рӯз, рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа. Рӯзи ҷумъа номида шуд, зеро ки дар он рӯз офаридаҳои замину осмонро ҷамъ кард. 

Дигарон гуфтанд: Осмонҳо пайваст буданд, ки аз онҳо борон намеборид ва замин низ ратқ буд, ки дар он растанӣ намерӯид. Пас, осмонро бо борон ва заминро бо растанӣ ҷудо кард. 

Ровиёни дигар: Осмон ратқ буд, намеборид ва замсин ратқ буд, ки намерӯёнид, осмонро бо борон ҷудо кард ва заминро бо растанӣ.

Ровиёни дигар низ фикри мазкурро такрор кардаанд.

Дигарон гуфтанд: гуфта шудааст: фафатақноҳумо, зеро шаб пеш аз рӯз буд, пас рӯзро ҷудо кард. 

Ратқ чӣ гунна буд ва фатқ чӣ маъно дорад?

Баъзеҳо гуфтанд: Чунин маъно дорад, ки осмонҳо ва замин ҳар ду часпида буданд, Аллоҳ онҳоро бо ҳаво ҷудо кард. 

Ровиёни дигар, ки ба Ибни Аббос такя мекунанд, мегӯянд: Ҳар ду часпида буданд, пас осмонро бардошт ва заминро гузошт.

Боз аз Ибни Аббос гуфта мешавад: Ҳар ду часпида буданд, онҳоро ҷудо кард. 

Ҳасан ва Қатода мегӯянд: Ҳар ду ҷамъ буданд, Аллоҳ онҳоро бо ҳаво ҷудо кард. Баъзеи дигар ҳафт осмон болои ҳамдигар ва ҳафт замин зери ҳамдигар гуфтаанд.

(Аз “Мактаби шомила”)

3. Шарҳи Маҳмуд Замахшарӣ (1075-1144):

(Ӯ бо лақаби Ҷоруллоҳ маъруф аст.  Ӯ аз мардуми Хоразм буда, ҳанафимазҳаб  аст, аммо дар ақида файласуфи муътазилӣ аст).

 «Яъне чизи ягона буданд. Маънояш ин аст,  ки осмон бо замин часпида буду дар байнашон фазо  набуд. Ё осмонҳо бо ҳам часпида буданд ва ҳамчунин заминҳо. Дар байнашон рахна набуд. Худо онҳоро аз ҳам ҷудо  кард. Инчунин гуфта мешавад: бо об ва наботот баъди часпиданашон ҷудо кардем».

(Аз “Мактаби шомила”)

 

4. Шарҳи Фахруддини Розӣ (1149-1209):

(Ӯ намояндаи машҳури фалсафаи калом аст).

Муфассирон дар маънии ратқ ва фатқ ихтилоф намудаанд. Баъзеҳо, аз ҷумла Ҳасан, Қатода,  Саид ибниҶубайр ва ривояти Акрама аз Ибни Аббос ин аст, ки онҳо бо ҳам часпида як чиз будаанд. Аллоҳ байни он ҳар ду ҷудоӣ андохт ва осмонро ба ҷое, ки аст, бардошт ва заминро муқаррар гардонид. Ва ин қавл воҷиб мегардонад, ки офариниши замин аз офариниши осмон муқаддам бошад, зеро ки Аллоҳ Таоло вақте байни онҳо фасл андохт, заминро дар ҷое, ки ҳаст, гузошт ва аҷзои осмониро боло бардошт. Каъб гуфтааст: Аллоҳ осмонҳо ва заминро часпида офарид, баъд шамолро  офарид ва шамол дар байни он ду ҷойгир шуд ва Худо бо шамол онҳоро аз ҳам ҷудо намуд.

 Андешаи дуюм Қавли Абу Солеҳ ва Муҷоҳид аст, ки маънояш осмонҳо часпида буданд ва ҳафт осмон будааст ва ҳамчунин заминҳ будаанд.

Андешаи сеюм қавли Ибни Аббос ва Ҳасанва аксари муфассирон ин аст, ки осмонҳо ва замин баробар ва бо салобат бо ҳам часпида буданд. Ва Аллоҳ осмонро бо борон ва заминро бо растанӣ ва дарахт ва монанди он қавли Аллоҳ таоло аст (ТориҚ, 11) самои зотирраҷъи ва валарзи зотиссадъи). Ин андеша бар дигар андешаҳо  бо қавлаш баъди он тарҷеҳ дорад (ва аз об ҳар чизро офаридем). 

 (Аз “Мактаби шомила”)

 

5. Шарҳи Муҳаммад  Шавконӣ (1173-1250):

(Аз Яман аст).

  Ӯ дар «Фатҳ-ул-қадир»-аш бо такя ба Зуҷоҷ овардааст: «Осмонҳо як осмон буд. Замину осмон чизи ягона буданд. Худо онҳоро аз ҳам ҷудо кард. Пас, осмонро бардоштем, ва заминро дар маконаш гузоштем». 

Бо такя ба Ибни Аббос мегӯяд: Осмонро бо борон ва заминро бо растанӣ ҷудо кард. Конато, зеро осмонро бо лафзи танҳо (шумораи танҳо) истифода бурдааст.

(Аз “Мактаби шомила”)

6. Шарҳи Абдуллоҳ ибни Умар Байзовӣ:

  (Аз мардуми Форс буда,  дар қарни 13 зистааст). 

«Ҳар ду як чиз будаанд. Ба навъҳо ҷудо кардем. Ё осмонҳо як буданд, бо таҳрикҳои мухталиф ҷудо шуд то фалакҳо пайдо шуд. Ва заминҳо якто буданд ва аз лиҳози кайфият ва аҳвол ба табақаҳо ва иқлимҳо ҷудо шуд. Гуфта шудааст (конато ратқан): борон намеборид ва растанӣ намерӯид. Онҳоро бо борону растанӣ аз ҳам ҷудо кардем».

(Аз “Мактаби шомила”)

7. Шарҳи Абӯабдулло  Шамсуддин Қуртубӣ:

(Аз Андалус буда, дар Қарни 13 зистааст.Ӯ ба ривояти Ибни Аббос, Ҳасан, Ато, Заҳҳок, Қутода такя намудааст).

 «Чизи ягона будаанд. Аллоҳ бо ҳаво онҳоро аз ҳамҷудо кардааст».  Каъб гуфтааст: Аллоҳ осмонҳо ва заминро баъзеро аз болои баъзе офаридааст, баъд аз он дар байнашон шамол офаридааст ва бо он онҳоро боз кардааст. Ва осмонҳоро ҳафт-то ва заминро низ ҳафт-то муқаррар кардааст. 

(Аз “Мактаби шомила”)

8. Шарҳи Ибни Касир, Имомуддин Абулфидо Исмоил ибни Умар ад-Димашқӣ (1301-1373):

(Аз шогирдони Ибни Таймия, аз-Заҳабӣ, ибни Қаййим буда, дар мазҳаби шофеӣ будааст. Шарҳи Ибни Касир дар шакли тарҷума аз забони русӣ (мутарҷим Э. Кулиев) пешниҳод мегардад).

«Магар онҳо намебинанд, ки осмонҳова замин як воҳиди том, бо ҳам пайваст, дар ибтидо яке болои дигаре гузошта буданд. Ва Вай онҳоро ҷудо намуд ва ҳафт осмон ва ҳафт замин кард. Осмони дунё ва заминро бо ҳаво аз ҳамҷудо кард. Осмонҳо борон фиристоданд, замин растанӣ рӯёнид…Суфёни Саврӣ аз  падари худ ва вай аз Икрима ривоят мекунад, ки аз Ибни Аббос пурсиданд: Чӣ пештар буд: шаб ё рӯз? Вай ҷавоб дод: Оё шумо намедонистед, ки осмонҳо ва замин як мавҷуди том буданд ва дар байни онҳо ба ҷуз торикӣ чизе набуд. Бояд шумо донед, ки шаб пештар аз рӯз буд. Ибн АбуХотим ривоят менамояд, ки Ибн Умар нақл кардааст, ки шахсе аз ӯ пурсидааст, ки чӣ тавр осмонҳо ва замин як мавҷуди том будаанд? Ибни Умар ба ӯ мегӯяд: Рав аз он мӯйсафед бипурс, баъд ба ман гӯй, ки ӯ чӣ ҷавоб дод.  Ибни Умар идома медиҳад.  Вай ба назди Ибни Аббос рафта аз ӯ мепурсад. Вай ҷавоб медиҳад: «Оре, осмонҳо мавҷуди ягона буданд ва аз осмонҳо борон намеборид ва замин як мавҷуди том буд ва дар он растанӣ намерӯид. Вақте, ки Аллоҳ барои Замин бошандагонашро офарид, Вай осмонҳоро бо борон ва заминро бо растаниҳо ҷудо намуд». Шахс ба назди Ибни Умар баргашт ва ба вай дар ин бора нақл намуд. Баъд Ибни Умар гуфт: «Ҳозир ман фаҳмидам, ки ба Ибн Аббос дар бораи Қуръон дониш дода шудааст». Саиб ибн Ҷубайр гуфт:Осмонҳо ва замин бо ҳам пайваст буданд. Баъд аз  ин ҳолат осмонҳо бардошта шуданд, ва замин аз онҳо ҷудо карда шуд.  Ва ин ҷудоии онҳо буд, ки Аллоҳ дар Китоби Худ зикр намудааст».Ҳасан ва Қатода гуфтанд: «Онҳо як мавҷуди том буданд, баъд онҳо бо ин ҳаво аз ҳам ҷудо карда шуданд».

9. Шарҳи Саъдӣ, Абдураҳмон ибн Носир (1889-1957), аз Арабистони Саудӣ:

“Оё онҳое, ки ба Худои худ кофир шуданд ва аз ибодати холисона танҳо ба Ӯ  рӯ гардонданд, ба чунин далелҳои равшан таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, ки Вай парваридигори карим ва сазовори ҳамд ва ибодат аст. Агар онҳо ба осмон ва замин назора кунанд, мебинанд, ки он ҳар ду часпида буданд. Дар онҳо на абр буд ва на борон. Ин замин замини мурда ва хушкшуда буд ва дар он растанӣ набуд.  Онҳоро ҷудо сохтем: осмонро бо борон ва замсинро бо растанӣ. Тасаввур намоед, ки чӣ тавр осмони соф, ки дар он ягон абр нест, бо абрҳои сиёҳ, ки пур аз оби борон мебошанд, пӯшида мешаванд. Баъд Аллоҳ ин обро ба замини мурда, ки аз чанг пур буда, аз намнокии эҳёкунанда маҳрум буд,  мерезонад. Чун борон борид, замин зинда мегардад, ба ҳаракат медарояд, дам мекунад ва бо растаниҳои ҷолиби имконпазир пӯшонида мешавад. Ин растаниҳо гуногунанвоъ буда, ба муҳити атроф нафъҳои зиёд мерасонанд. Магар ҳамаи ин шаҳодат намедиҳад, ки Аллоҳ Худои ҳақ аст, дар ҳолате, ки худоҳои боҳимонда худоҳои бофташуда ва ниёзманд ҳастанд.

10. Шарҳи Муҳаммад Саид Тантовӣ (1928-2010):

( Яке аз фақеҳони маъруфи Миср, аз соли 1986 то 1996 муфтии олии Миср,аз соли 1966  доктори илм оид ба ҳадисшиносию тафсири Қуръон,  соли 1886 барои хидматҳо барои ислом сазовори мукофоти байналмилалии Шоҳ Файсал, аз соли 1996 шайхи ал-Азҳар).

“Олимон доир ба ин оят(ояти 30 аз сураи «анбиё) қавлҳои зиёд доранд, ки дар байнашон қавли зерин машҳуртар аст: Маънои Конато ратқан: Осмон осмоне буд, ки аз он борон намеборид ва аз замин растанӣ намерӯид. Аллоҳ осмонро ҷудо кард ва борон борид ва заминро фатҳ кард, ки аз вай растанӣ рӯид. Ин тафсири Ибни Аббос аст.

Қавли Қатода: Онҳо часпида буданд. Осмонро ба маконаш бардошт ва заминро дар ҷояш гузошт. Ва онҳоро бо ҳаво ҷудо кард.

(Аз “Мактаби шомила”)

11. Шарҳи Ваҳбаи Зуҳайлӣ (1932-2015):

 (Профессори донишгоҳи Димишқ, китобаш «ат-Тафсир ал-мунир фи-л-ақида ва-ш-шариа ва-л-манҳаҷ»  соли 1995 сазовори мукофоти «Китоби беҳтарин дар олами ислом» гардидааст). 

«Оё надонистанд,  ки шомили ратқ буданд, яъне  ҳар ду часпида буданд. Маънояш: Ҳар ду як чизи  воҳид буданд ё муттаҳид буданд. (Фафатақноҳумо), яъне он ҳардуро бо навъ ва тафовут аз ҳам ҷудо кардем. Пас, осмонро ҳафт осмон ва засминро ҳафт осмон гардонидем. Ва фатқ: ҷудоӣ байни ду чизи муттасиқ аст». 

12. Шарҳи “Тафсиру анвор ил Қуръон»:

 (Гузидае аз се тафсир: “Фатҳ-ул-қадир” и Шавконӣ,тафсири Ибни Касир, ва “Тафсирулмунир” и Ваҳбаи Зуҳайлӣ.  Тартиб ва тарҷумаи Абдуррауфи Мухлис).  

«Оё кофирон надиданд» яъне: оё наяндешида ва надонистаанд, ки «Осмонҳо ва замин фурӯбаста буданд», ба қавле: мурод ин аст, ки осмонҳо ҳама як осмон  ва заминҳо низ ҳама як замин буданд, пас аз ҳам шикофта ва ҷудо сохта шуданд. Ба қавле дигар:Осмонҳо ва  замин ҳама ба якдигар часпида ва муттасил буданд. Ба қавле дигар:осмон дар ҳоле қарор дошт, ки намеборонид ва замин дар ҳоле қарор дошт, ки намерӯёнид. «Пас он дуро аз ҳам ҷудо кардем»,  яъне: баъзе аз он дуро аз баъзе дигар ҷудо кардем ва баргушодем. Бинобар ваҷҳи дигар дар тафсири оя, маъно чунин аст:Осмонро чунон гардонидем, ки биборонд ва заминро чунон гардонидем, ки бирӯёнд. Гуфтанӣ аст, ки имрӯза ҳар дуи ин тафсир бо дақиқтарин назариёти илмии донишмандони улуми ҳастишиносӣ созгор аст.     

Қазияи баста ва пайваста будан ва сипас аз ҳам гушода шудани осмонҳо ва замин назди донишмандони нуҷум ба номи падидаи «садим» маъруф аст, ин донишмандон бар онанд, ки хуршед, ситорагон ва замин ҳама як  қитъа ва як пайкараи воҳиде буданд ва дар аснои сайри сариъ хуршед, замин ва сайёроти дигар  аз он ҷудо шудаанд, сипас Худованди Мутаол барои ҳар як аз онҳо бар ҳасби таъсири нерӯи ҷозиба, мадоре махсус қарор дод, ки дар ҳамон мадори муайяни худ сайр мекунанд. Албатта инҳо ғайр аз осмонҳои ба ҳам пайвастае ҳастанд, ки фариштагон ва малаи аъло дар онҳо зиндагӣ мекунанд, Ҳамон осмонҳое,  ки аз назари Шайх Саид Ҳаво: дар шумори олами ғайб ба ҳисоб мераванд. Ҳамчунин дар илми нуҷум назарияе вуҷуд дорад, ки мегӯяд: моддаи аслии коинот як чиз аст ва коинот дар асари як инфиҷори бузург падид омадааст. 

Ҳар ҷанд мо намехоҳем, ки нусуси яқине ва қотеи Қуръонро бар назарияҳои ғайрияқиние ҳамл кунем, ки имрӯз пазируфта шудаанд ва чӣ басо фардо рад шаванд; Ҳамон тавре, ки намехоҳем барои Қуръони Карим, ки ҳақиқате яқине аст, аз назариёти ғайрияқинии башар тасдиқкунандае биҷӯем (Мутаассифона, чунин амал аз тарафи муфассири мазкур сурат гирифта истодааст- А.К.), вале метавонем бигӯем, ки назариёти нуҷумии ҷадид бо ҳақоиқи илмие, ки Қуръони карим ҳазору чаҳор сад сол қабл эълом намуда, тасодуме надорад ва дар ниҳоят агар фарзия ва назарияи илмие дуруст бошад, он фарзия дар ростои тафсири оёти илмии Қуръон қарор дорад».

Ҷамъбасти шарҳи муфассирон:

Агар шарҳҳои тамоми муфассирони овардашударо ҷамъбаст намоем, дар онҳо чунин хусусиятҳои умумиро мушоида менамоем:

1. Аксари муфассирон зимни баёни маънои оят ба Ибни Аббос ҳамчун саҳоба, ҳамчун донандаи хуби Қуръон ва ҳамчун  аввалин муфассир муроҷиат намудаанд;

2. Дар шарҳи муфассирон Замин ва «Осмон» ё бо  ҳам часпидаанд, ё болои ҳам хобидаанд;

3. Замину “Осмон” ё тавассути борону растаниҳо ё ҳаво ё шамол  аз ҳам ҷудо карда шудаанд;

4. Замину “Осмон”  на ба сабаби ҳодисаҳои табиӣ, балки бо ирода ва амали Худо аз ҳамҷудо шудаанд;

5.Дар шарҳи муфассирон дар бораи ҳолати ибтидоӣ ё шакли мавҷудияти замину «Осмон» камтарин маълумоте ба чашм намерасад; 

6.Ҳеҷ яке аз муфассирон, чӣ муфассирони замони зиндагии пайғамбар, чӣ муфассирони Қуруни вусто ва чӣ муфассирони муосир  ба  Назарияи Таркиши Бузург хурдтарин ишорае ҳам  накардаанд;

7. Шарҳи оят дар “Тафсиру анвор- ил- Қуръон», ки баргузидаи се тафсир аст, сохтаю бофтаи мураттиб ва мутарҷим Абдурауфи Мухлис аст. Зеро се тафсире, ки аз онҳо “Тафсиру анвор- ил- Қуръон” мураттаб гардидааст, ҳеҷ ишорае ба Назарияи Таркиш надоранд (Шарҳи он се тафсир дар боло оварда шудаанд).  

 8. Дар чунин шакл низ шарҳи “Тафсиру анвор- ил- Қуръон» дақиқ  набуда, аслан ба чанд ақидаи аз ҳам тафовутдоштаи муфассирони аввал такя намудааст. Алоқаманд сохтани Назарияи Таркиши Бузург ба маънои оят аз тараафи мураттиб ва мутарҷим Абдурауфи Мухлис ғайриилмӣ, пуртаноқуз ва сатҳӣ сурат гирифтааст. Яъне, вай баъд аз огоҳии сатҳӣ  аз дастовардҳои илмии қарни XX ба робитаи Назарияи Таркиш ва маънои оят ишорае кардааст, аммо дар хусуси умумият ва тафовути онҳо, ба қавли дигар чӣ гунна робита доштани онҳо чизе нагуфтааст.  Ӯ дар бораи дастовардҳои нуҷумшиносон маълумоте шунидааст, аммо аз моҳияти онҳо бехабар аст. Маълум мегардад, ки мураттиби мазкур дар бораи Назарияи Таркиш маълумоти кофӣ надорад. 

Аз нигоҳи ин ҷониб  барои воқеан ҳам дуруст муайян намудани маънои воқеии оят бояд  чунин принсипи мантиқан дурустро ба роҳбарӣ гирем, ки ҳар чӣ қадаре, ки муфассир ба давраи фаъолияти пайғамбар наздик бошад, ба ҳамон андоза мавқеъ ё андешаи муфассир доир ба маънои оят бояд дуруст ҳисобида шавад. Принсипи мазкур зимни муайян намудани асноди ҳадис васеъ истифода мегардад. Бинобар ин,  тафсири Ибни Аббос нисбат ба шарҳи дигар муфассирон аз чанд  ҷиҳат бояд дуруст ҳисобида шавад:

а) Ӯ дар муҳити ба фаъолияти нубувватии пайғамбар наздик зистааст. Яъне, ӯ таълими Қуръон ва шарҳи онро бевосита аз  пайғамбар касб намудааст;

б) Ба сабаби қаробаташ ба пағамбар ӯ шахсе маҳсуб меёбад, ки аз ҷузъиёти дин ва тасаввуротҳои динии дар он замон ҳукмрон огоҳ буд. Аз ин нуқтаи назар, дар шарҳу тафсири маонии таълимоти динӣ дар муқоиса бо дигар муфассирон ба ӯ бояд бештар эътимод дода шавад.

в) аз лиҳози таърихӣ ҳар чӣ қадар аз даврони фаъолияти нубувватии пайғамбар дуртар зистани муфассир дар шарҳи маонии оятҳо имкони инъикос ёфтани хусусиятҳои фазои маънавии муфассирро низ дар назар хоҳад дошт. Ҳолати мазкур гурез аз маънои асл ва ворид намудани андеша ё афкори  навини бо асл робита надоштаро истисно намесозад. Аз ин лиҳоз тафсирҳои баъдӣ ба сабаби дур будан аз муҳити динии пайдоиши ғоя имконияти зиёди дар асорати бидъату навовариҳо буданро доранд. Аз ин нуқтаи назар, шарҳи Ибни Аббос маънеои ҳақиқии ояти мавриди таҳқиқро ифода менамояд.

Ҳамин тавр, агар  моҳияти Назарияи Таркиши Бузург ва маънои воқеии ояти 30 аз сураи «Анбиё»-ро бо ҳам муқоиса намуда, хулоса бароварданӣ шавем, ба чунин натиҷа хоҳем расид:

1.Истилоҳи «Осмон» ё осмонҳо, ки дар ояти мазкур ва дигар оятҳои Қуръон вомехӯранд, дар илм дучор намегардад. Ин ҷо ҳатто метавон гуфт, ки илм мавҷуди табииеро бо номи «Осмон» намедонад. Сарчашмаи англисии интернетӣ дар бораи «Осмон» чунин маълумот пешниҳод менамояд: «Осмон ё осмонҳо макони динии кайҳонӣ ё транссенденталии фавқуттабиӣ аст, ки дар он, мавҷудоте чун худоҳо фариштаҳо, руҳҳо, авлиёҳо, аҷдодони муаззам гӯё сарчашма мегиранд, сохибтахт мебошанд ё маскан гузидаанд» .  Чӣ хеле ки мебинем, сарчашмаи беғараз осмонро на ҷузъи табиат, балки мавҷуди фавқуттабиа донистааст. Гумон мекунам, худи ҳамин далел, ки мафҳуми «Осмон» дар илм нест, гувоҳи он аст, ки Қуръон китоби динӣ аст, на илмӣ. Бо вуҷуди ин, агар хоҳем, ки маънои динии «Осмон»-ро равшан созем, пас вай ҳамон қабати фазоро ифода менамояд, ки дар муқобили замин ҳамчун мавҷуди табиӣ қарор дошта, сарчашмаи боришот маҳсуб дониста мешавад. Яъне, дар дин дар зери мафҳуми «Осмон» протосфера – қабати ибтидоии атмосфера дар назар дошта шудааст. Дин дар бораи чор қабати дигар маълумот надорад. Хулоса, ба ҳеҷ ваҷҳ дар зери маънои динии мафҳуми «Осмон» кайҳони беохири шомили галактикаҳои бешумор фаҳмида намешавад.

2. Ғояи дар аксари тафсирҳо ҳукмрон – бо ҳам часпида будани замину «Осмон» ва тавассути борону растаниҳо ё ҳаво аз ҳам ҷудо карда шудани онҳо ғайриилмӣ буда, ҳеҷ рабте ба Назарияи Таркиши Бузург надорад. Зеро, аввалан, осмон ҳамчун ҷузъи табиат вуҷуд надорад. Сониян, замин на маҳсули бевоситаи Таркиши Бузург, балки маҳсули тадриҷан сустшавии суръат, пастшавии ҳарорат ва камшавии зичӣ, ки чандин миллиард сол тӯл кашида аст, маҳсуб дониста мешавад. Ҳамчунин маълум мегардад, ки чуноне ки аз маълумоти тафсирҳо бармеояд, дин сабаби асосии боридани  борон ва ивазшавии шабу рӯзро низ намедонад. 

3. Барои дин инчунин мавҷудияти  галактикаҳои беохир ва муттасил аз ҳам дур гардидани онҳо низ маълум нест.

4. Дин дар бораи часпидани танҳо ду «унсур» - замин ва «осмон» маълумот медиҳшад, аммо дар хусуси ҳолати дигар ҷирмҳои кайҳонӣ хурдтарин маълумоте ҳам надорад.

5. Ба сабаби ноогоҳӣ аз ҳолати физикии замин ва тамоми мавҷудоти табиӣ дар ҳолати Таркиш муфассирон замину «Осмон»-ро бо ҳам часпида ё болои ҳам хобида ба қалам доданд. Худи ҳамин ҳолат далели қавии бо ҳам рабт надоштани  Назарияи Таркиш ва ояти мавриди матраҳ дониста мешавад.

6. Дин огоҳ нест, ки аз ҳам фосила гирифтани галактикаҳо на дар байни ду унсур, балки дар тамоми нуқтаҳои кайҳон пайваста сурат гирифтааст ва он имрӯз низ идома дорад. 

7. Илм тавассути таҷриба ва ҳисобкуниҳои математикӣ оғози Таркишро дақиқ муайян кардааст, ки он барои дин ҳеҷ гоҳ муяссар набуд ва дар оянда низ муяссар нахоҳад гардид. 

8. Тамоми муфассирон аз Ибни Аббос сар карда то муфассирони машҳури қарни XX, чун Саъдӣ,  Тантовӣ ва Ваҳбаи Зуҳайлӣ дар бораи Таркиши Бузург ва рабти он  бо ояти 30 аз сураи «Анбиё» хурдтарин ишорае ҳам накардаанд. 

9.Баъд аз шунидани суханони Зокир Найки «ҳамадон» дар мавзӯи матраҳи мо маълум мегардад, ки ӯ чун Абдурауфи Мухлиси каззоб (китоби таҳиянамудаи ӯ гӯё аз  се тафсири маъруф мураттаб шудааст, аммо вай аз пеши худ дар китобаш андешаҳоеро ворид кардааст, ки дар он се тафсир нестанд) ва Амр Холиди навовар дар бораи Назарияи Таркиши Бузург ё хурдтарин маълумоте надоранд ё доранд, лекин ҳадафмандона ба таълимоти Қуръон андешаҳои ботили худро ворид кардаанд.  Қуръон дар нисбати чунин навовариҳо гуфтааст: «Пас, кист ситамгортар аз касе, ки бар Худо дурӯғ барбандад?» (Каҳф, 18:15); «Бубин, чӣ гуна бар Худо дурӯғро мебанданд. Ва ин гуноҳи бузург аст» (Нисо, 4:50). Ҳамчунин Қуръон боз мефармояд: «Ва сухани Парвардигори ту дар ростию инсоф тамом аст. Ҳеҷ кас табдилдиҳандаи суханҳои Ӯ нест» (Анъом, 6:15). «Ҷуз ин нест, ки дурӯғро касоне бармебанданд, ки ба оятҳои Худо имон надоранд ва онҳо дурӯғгӯянд» (Наҳл, 16:105). 

Хулоса, агар имрӯз пеши роҳи чунин сохтакориҳо дар самти ба ҳам алоқаманд будани дин ва илм гирифта нашавад, он рӯз дур нахоҳад буд, ки шӯҳратпарасти диние дар китоби муқаддас ихтирои ҳавопаймоҳои бесадрнишину тамғаҳои навтарини телефоҳои мобилӣ ва амсоли инҳоро ёбад. Он гоҳ  имкон дорад, ки китоби муқаддас нуфузи пешинаи худро аз даст бидиҳад, ва тадриҷан ба як асари устуравӣ мубаддал гардад. 

Чун ҷомеаи башарӣ имрӯз ба марҳилаи рушди босуръати  илму технология ворид шудаасту пайваста ихтироъҳои зиёд дар соҳаҳои мухталиф дастраси мардум мегарданд, ҳамчун дин боқӣ мондани дин ба манфиати худи дин аст. Зеро зимни ба ҳудуди бегона ворид шудан вай асолати воқеии худро аз даст медиҳад. Ҳолати мазкур имкони салтанати ӯро дар тафаккури эътиқодӣ душвор мегардонад.

Ахиран аъмоли мазкур, яъне бо ҳам марбут донистани илм ва дин динро тадриҷан на танҳо ба объекти ханда мубаддал месозад, балки ҳамзамон пеши роҳи рушди муттасили илмро гирифта, монеа дар пешрафти ҳаматарафаи он мегардад. Зеро раванди номбаршуда истеъдодҳои хубро пойбанд намуда, нерӯи илмиро дар дилхоҳ муҳит ҳақиру фақир мегардонад.

 

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика