Таъзия!

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳаводиси ахир, ки дар навоҳии наздимарзии Исфара, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Лахш ба вуқӯъ пайваста, боиси марги ҳамватанонамон гардид, сахт андӯҳгин буда, ба кулли хонаводаҳо ва наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ баён менамояд.

Аз даргоҳи Худованди Азза ва Ҷалла барои эшон сабри ҷамил талаб дорем.

Хотираи нек ва кору пайкори шаҳидони роҳи ҳифзи марзу буми Ватан дар қалби ҳамдиёрон барои ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Равонашон шод ва хонаи охираташон обод бод!

Ёдатон ба хайр, Қаҳрамонони миллат!

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

Яндекс.Метрика