Шахсияти Муҳаммад ва мусулмонии мо

Суҳбате, ки чанде пеш байни ин ҷониб  ва яке аз муҳоҷирони меҳнатии ба қарибӣ аз Россия баргашта сурат гирифт, сабаби асосии дар мақола матраҳ гардидани масъалаи мазкур ҳамчун масъалаи доғи рӯз маҳсуб меёбад. Вақте муҳоҷири мазкурро дар хусуси вазъи будубош ва шароити меҳнат дар муҳоҷират пурсон шудам, баъд аз таърифу тавсифи зиёд ва тарзи муносибати ахлоқии онҳо суханашро бо ҷумлаи зерин ба анҷом  расонид: «Онҳо воқеан ҳам мусулмонони ҳақиқӣ ҳастанд».

Аз ҷумлаи хулосавии ӯ чунин маъно бардошт намудам, ки дар мусулмонии мо шакку шубҳаҳои зиёде ҳаст. Ба қавли дигар, пеш аз мусулмон гуфтани мардумамон мо ба як ҷаҳон андеша ворид мешавем. Дар воқеъ вақте муносибати як ғайримусулмонро бо як мусулмон ва муносибатҳои байниҳамдигарии мусулмононро бо ҳам муқоиса менамоем, тафовутро аз замин то осмон мебинем.  Дурӯғгӯӣ, фиребгарӣ, мардумозорӣ, коргурезӣ, муносибати дилсардона ба молу мулки ҷамъиятӣ, меҳнати бесифат, дуздӣ, хиёнат ба аҳд, хиёнат ба арзишҳои миллӣ ва ғайра чунон маъмул гардидааст, ки агар гӯем, ки чунин тарзи муносибат мағзи «фарҳанг»-и  мусулмони имрӯзаро ташкил менамояд, эҳтимол иштибоҳ ҳам накунем. Ҳамаи онҳое, ки амалҳои фавқуззикрро содир менамоянд, худро мусулмон номида, намозхон ҳастанд  ва чун пайравӣ ба суннати пайғамбар боз риш ҳам мемонанд. 

Чизе, ки моро ба тааҷҷуб меоварад, мавҷудияти тафовути бузург дар байни рафтору кирдори пайғамбар ва пайравони мутаассиби ӯст.  Мувофиқи маълумоти муаррихони дини ислом пайғамбар на танҳо дар байни ҷамоаи мусулмонон, балки дар байни мухолифони худ низ ҳамчун ростгӯ ном бароварда буд. Дар ҷомеаи мо дурӯғу фиреб дар байни «пайравон»-и пайғамбар чунон маъмул гардидааст, ки касе аз шунидани он нороҳатӣ эҳсос намекунад. Махсусан, вақте шахс ба бозор ворид шуда, чизеро харидорӣ карданӣ мешавад, фурӯшанда қасами бисёр хӯрда, туро мутмаин месозад,  ки бо нархи худаш фурӯхта истодааст.  Муҳоҷирони меҳнатии мо аксаран риш мемонанд, лекин шикояти онҳо на аз дасти ғайримусулмонҳо, балки дар бисёр ҳолатҳо аз дасти худи мусулмонҳост. Пайғамбар дар бунёд намудани масҷид дар Мадина ва кандани хандақ  дар «Ҷанги Хандақ» шахсан иштирок  намуда буданд. Аммо коргурезӣ, меҳнати бесифат  ва дуздии молу мулки ҷамъиятӣ барои мусулмонони имрӯза одат шудааст. Пайғамбар моли зиёди ҳамсари ояндааш Хадичаро фурӯхта, бо фоидааш ба соҳибаш бармегардонад ва сазовори боварии комили ӯ мешавад. Аммо мусулмони имрӯза чун имконият даст дод, аҳдшиканӣ менамояд. Пайғамбар тибқи як ривояти аз тарафи Табарӣ овардашуда   асли рисолати худро дар сарбалад гардонидани  қавми араб аз болои дигар қавмҳо медид.   Тибқи як ривоят ӯ гуфтааст: Шумо «Ло илоҳа иллалоҳ» гӯед, ман тамоми Аҷамро ба шумо мутеъ месозам. Яъне пайғамбар ба арзишҳои миллии худ на танҳо мақому манзалаи нав дод, балки ба онҳо  хусусияти оламшумулӣ бахшида, ҳатто ба дигар халқу қавмҳо таҳмил намуд. Мутаассифона, пешвоёни дини ҷомеаи мо, ки худро ворисони пайғамбар меноманд, баръакси амалкарди пайғамбар рафтор намуда, арзишҳои миллии худро нодида мегиранд ва бегонапарастиро  тарзи ҳаёти хеш қарор медиҳанд. 

Дар робита ба гуфтаҳои боло ва аҳкоми зерини қуръонӣ: 

  - «Ба дурустӣ, ки барои шумо – барои касе, ки (савоби Худо ва рӯзи охирро умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад, дар кори пайғамбари Худо иқтидои писандидае ҳаст»(33:21); 

 - «Ба дурустӣ, ки намоз аз кори беҳаёӣ ва феъли нописандида манъ мекунад» (29:45)

чанд масъала мавриди таваҷҷуҳи ҳам пешвоёни дин ва ҳам диншиносони ҷомеа қарор дода мешавад:

 - шахсеро, ки суннати пайғамбар гӯён риш мемонаду ҳукми Қуръонро риоя намекунад, аз қадом навъи мусулмонҳо бояд ҳисобид?

 - шахсе намоз мехонаду аз аъмоли номатлуб, чун дурӯғгӯӣ, коргурезӣ, мардумфиребӣ ва ғайра даст накашидааст, пас ӯро ё намозаш сатҳӣ, фиребгарона, баҳри намоиш аст ё Қуръон «намоз аз аъмоли номатлуб манъ мекунад» гӯён  саҳв намудааст?

- ахиран, дар рафтору кирдори мусулмонони имрӯза дин ҳаст ё он танҳо тақлиди пешиниён аст?

Дар робита ба мавзӯи матраҳшаванда бояд ёдрас намуд, ки мутафаккири олмонӣ М.Вебер дар асараш «Ахлоқи протестантӣ ва рӯҳияи сармоядорӣ» таълимоти масеҳиятро, ки моҳият ва хусусияти гӯшанишинӣ дорад, тавре ба ҷомеаи худ пешкаш намуд, ки вай ба пешрафти босуръати иқтисодии ҷомеаи Аврупо мусоидат намуд.  Вобаста ба ин, мавриди таваҷҷуҳи ҳомӣ ва тарғибгарони дини ислом гардонида мешавад, ки дини ислом ҳам, ки мутаносибан моҳият ва хусусияти бештари дунявӣ дорад, ба ғайр аз оростани ҷангу ҷидол ва муноқишаю даргириҳо барои рушд бахшидани  ҷомеа қудрат дорад ё не?!

 

Абдухалилзода К.А.

Яндекс.Метрика