Эй дареғ аз фикри хоми одамӣ

❗Шомгоҳе дар раҳе будам равон,
Тан равону дил ба фикри обу нон.
Ман намедонам чунон шуд ё чунин,
Пойи ман лағжид хӯрдам бар замин.
Раҳнаварди меҳрубон сӯям давид,
Дасти ӯ то зери бозуям расид.
Бехи гӯшам гуфт лангӣ ё ки маст,
Вораси кун бин куҷоҳоят шикаст.
Гуфтамаш не мастаму не ҳам алил,
Афтодаам худ ҳам намедонам далил.
Ё гунаҳ аз кафш ё тақсир зи пой,
Дасти ман гир то ки бархезам зи ҷой.
Дасти ман бигрифт бо дасти дигар,
Кисаам меҷуст то ёбад магар.
Ман дар ин фикрам ки ӯ марди худост,
Ӯ дар ин савдо ки ҷайбам дар куҷост?
Эй дареғ аз фикри хоми одамӣ.
Гиря кардам бар мақоми одамӣ!
✍️Мавлоно

Яндекс.Метрика