Бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ, ватандўстӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи беҳтарин арзишҳои миллати фарҳангсолори тоҷик ва нақши он дар рушди тамаддуни инсоният байни донишҷўёни муассисаҳои олӣ, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, омўзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор карда мешавад.
Мақола бояд дарбаргирандаи мавзуъҳои зерин бошад: «Баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ», «Таълимоти созандаи мазҳаби ҳанафӣ», «Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ», «Тақвияти давлатдории дунявӣ».
Талабот барои пешниҳоди мавод:
а) Мақола дар шакли электронӣ (*. doc), бо нишон додани ному насаб, ҷойи кор, вазифаи ишғолкарда, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, рақами телефон ва суроғаи электронӣ пешниҳод карда мешавад.
б) Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 7 ва на зиёда аз 12 саҳифа бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman Tj, Times New Roman бо фосилаи байнисатрии ягона (одинарный) ҳуруфчинӣ шуда бошад.
в) Рўйхати адабиёти истифодашудае, ки муаллиф ба он такя мекунад, дар охири мақола оварда мешавад.
Ҷоиза ва мукофоти пулии ғолибони озмун: ифтихорнома ва маблағи пулӣ.
Ҷои якум – 800 сомонӣ
Ҷои дуюм – 500 сомонӣ
Ҷои сеюм – 300 сомонӣ
Мақолаҳо ба суроғаи ш.Душанбе, Шодмонӣ, 58/1, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тел: +(992) 93-471-47-56; 93-410-27-45 ирсол карда мешаванд.
Суроғаи интернетӣ E-mail: abdulloqodiri74@gmail.com