Қалб боғи зебоест, ки бояд онро аз алафҳои бегона тоза кард!

- қиссаи устоду шогирдон -

ЯК ДАРСИ ХУБИ УСТОД 100 МУШКИЛРО ОСОН МЕСОЗАД

Рӯзе устод ба шогирдони худ гуфт: "Ба қоғаз номи одамонеро, ки бад мебинед, нависед”.
Ҳамаи хонандагон номи онҳоро ба дафтарашон навиштанд. Баъд устод ба хонандагон супориш дод, ки пагоҳ ба ҳисоби ҳамон дарқоғазбудаҳо баробар қулфинай биёранд.
Баъзе хонандагон 5 дона, баъзеашон 10-15 дона қулфинай оварданд ва устод гуфт,ки як ҳафта ҳамин қулфинайҳоро бо худ гирифта гардед.
Аммо ду-се рӯз гузашту хонандагон аз вайрон шудани ҳолати қулфинайҳо шикоят карданд, чунки бадбӯйи қулфинайҳо онҳоро нороҳат месохт.
Баъди як ҳафта устод хонандагонро ҷамъ карда, шикоятҳои онҳоро гӯш карду гуфт:
"Ин ба чӣ монанд аст, медонед? Ин ба он монанд аст, ки шумо баъзе одамонро бад мебинед ва онро дар дилатон гирифта мегардед. Ҳисси нафрат қалбро аз дохил мехӯрад ва онро бемор мекунад. Агар шумо ба бадбӯйи қулфинайҳои якҳафтаина тоқат карда натавониста бошед, пас бӯйи чандмоҳаю чандсолаи адоват, кинаю ғараз ва нафратро тасаввур кунед,ки чи гуна аст?
Қалб боғи зебоест,ки бояд онро аз алафҳои бегона тоза кард. Яъне одамонеро, ки шуморо ғазабнок кардаанд, бояд бубахшед. Танҳо дар ҳамин вақт дар қалбатон барои некиҳо ҷой холӣ мешавад.
Ин як дарси хуби устод буд, ки бо исбот шогирдонро тарбияи накӯ дод.

Аз шабакаи иҷтимоии интернет.

Яндекс.Метрика