Ҳикояти пандомез аз “Қобуснома”- и Ўнсурулмаолии Кайковус

Шунидам, ки ба рӯзгори Соҳиб пире буд ба Зангон фақеҳу мӯҳташам аз асҳоби шофеъӣ, муфтиву музаккир ва музаккии Зангон буд. Ва ҷавоне буд алавӣ (авлоди Пайёмбар), писари раиси Зангон, ҳамчунин фақеҳу музаккир буд. Ва пайваста ин ҳар ду бо якдигар дар мукошафат буданд. Бар сари минбар якдигаро таънаҳо мезаданд.               
Ин алавӣ рўзе бар сари минбар ин пирро кофир хонд. Хабар бад - он шайх бурданд. Вай низ бар сари минбар алавиро ҳаромзода хонд ва ин хабарро ба алавӣ бурданд. Сахт аз ҷой бишуд. Дар ҳол бархост ва ба шаҳри Рай ва пеши Соҳиб аз он пир гила кард ва бигиристу гуфт: - Нашояд, ки ба рўзгори ту касе фарзанди Расулро ҳаромзода хонад.
Соҳиб аз ин пир дар хашм шуд ва қосиде фиристод. Ва ин пирро ба Рай оварданд ва ба мазолим бинишаст бо фуқаҳо ва содот. Ва он пирро бифармуд овардан ва гуфт:                      
Эй шайх, ту марде аз ҷумлаи имомони шофеъӣбошӣва марде олиму пир ва ба лаби гўр расида. Шояд, ки фарзанди расулро ҳаромзода хонӣ? Акнун ин , ки гуфтӣдуруст кун, ё на туро уқубат кунам ҳар чӣбалеғбошад, то халқаз ту ибрат гиранд ва дигар кас ин беадабиву беҳурматӣнакунад, чунон ки дар шаръ воҷиб аст.                                            
Пир гуфт: - Бар дурустии сухани ман гувоҳи ман ҳамин алавист. Бар нафси ў беҳаз ў гувоҳмахоҳ. Аммо ба қавли ман ҳалолзодаест пок ва ба қавли худ ҳаромзода. Соҳиб гуфт: Ба чӣмаълум кунӣ?                                             
Пир гуфт: - Ҳама Зангон донанд, ки никоҳи падари ў бо модари ў ман бастаам. Ва ў бар сари минбар маро кофир гуфтааст. Агар ин сухан аз эътиқод гуфтааст, пас никоҳе ки кофир бандад,дуруст набошад. Пас ў ба қавли худ ҳаромзода аст. Ва агар бе эътиқод гуфт, дуруғгўй бошад.                   
Пас пир гуфт: - Ба ҳама ҳол, дуруғгўй аст ё ҳаромзода. Ва фарзанди расул дуруғгўй набошад. Чунон ки хоҳед, шумо ўро ҳамехонед. Бешак аз ин ду бар як чиз бибояд истодан.
Он алавӣ сахт хиҷил гашт ва ҳеҷ ҷавоб надошт.Ва ин сухан наандешида гуфт то бар вай вубол гашт. Пас, эй писар сухангӯй бош на ёвагӯй, ки ёва гуфтан дуввуми девонагӣбошад. Ва бо ҳар кӣсухан гўӣ, бингар, то сухани туро харидор ҳаст ё не. Агар муштарии чарб ёбӣ, ҳамефурўш ва агар на, он сухан бигзор ва он гўй, ки ўро хӯш ояд, то харидори ту бошад.Валекин бо мардумон мардум бош ва бо одамиён одамӣ, ки мардум дигар асту одамӣдигар. Ва ҳар кӣ аз хоби ғафлат бедор шуд, бо халқчунин зияд, ки ман гуфтам. Ва то тавонӣ аз сухан гуфтану шунидан нуфур машав, ки мардум аз сухан шунидан  сухангӯй шавад. Далел бар он, ки агар кўдакеро аз модар  ҷудо кунанд ва дар зери замин баранд ва шир ҳамедиҳанд ва ҳам он ҷо мепарваранд ва модару доя ба вай сухан нагўяд ва нанавозад ва сухани кас нашунавад, чун бузург шавад, гунг бувад. То ба рӯзгор ҳамешунавад ва ҳамеомӯзад, он гоҳгӯё шавад. Далели дигар. Ҳар кӣ аз модар кар зояд, лол бувад. Набинӣ, ки лолон кар бошанд? Пас суханҳо бишунав ва ёд гиру қабул кун. Хосса суханҳои панд аз гуфтаҳои мулуку ҳукамо. Ва гуфтаанд,ки панди ҳукамову мулук шунидан дидаи хирад равшан кунад,ки сурмаву тўтиёи чашми хирад ҳикмат аст. Пас ин қавлро , ки гуфтам, ба гўши дил бояд шунидан ва эътиқод кардан.
 
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажўҳиши маъхазҳои исломи                        Исоев Насимҷон

Яндекс.Метрика