Ҳоли дунёро аз фарзонае пурсиданд...

❗Ҳоли дунёро бипурсидам ман аз фарзонае,
Гуфт: ё хоб аст, ё бод аст, ё афсонае.
Гуфтамаш: аҳволи умрамро бигу то умр чист?
Гуфт: ё барқест, ё шамъест, ё парвонае.
Гуфтамаш: инҳо, ки мебини чаро дил бастаанд?
Гуфт: ё хобанд, ё мастанд, ё девонае!
✍️Мавлоно Балхӣ-Румӣ.

Яндекс.Метрика