ҲУҚУҚИ ХАЛҚУ МИЛЛАТҲО БА СУЛҲ, ҲАМКОРИҲО ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО

Ҳуқуқи халқу миллатҳо ба сулҳ, ҳамкориҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳо яке аз ҳуқуқҳои дастаҷамъонаи (коллективии) инсон ба шумор рафта, баъди таъсисёбии Созмони Миллали Мутаҳид дар санадҳои ҳуқуқии қабулнамудаи ин ташкилоти бонуфузи умумиҷаҳонӣ мустаҳкам гардидаанд. Дар онҳо дӯстии халқу миллатҳо, меҳру муҳаббат байни онҳо, ҳамзистии онҳо дар вазъияти осоишта, гуфтугӯи тамаддунҳо ва дигар арзишҳои умумиинсоние, ки таъминкунандаи сулҳу субот, ҳалли низову муноқишаҳо мебошанд, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мустаҳкам карда шудаанд.
Ҳуқуқи халқу миллатҳо ба сулҳ, ҳамкориҳо ва гуфтугӯи тамаддунҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон (аз 10.12.1948 с.), Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (аз 16.12.1966 с.), Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (аз 16.12.1966 с.), Эъломияи ҳуқуқи халқҳо ба сулҳ (аз 12.11.1984 с.) ва дигар асноди ҳуқуқие, ки аз ҷониби Созмони Милали Мутаҳид то имрӯз доир ба ин ҳуқуқҳо қабул шудаанду аксарияти давлатҳои ҷаҳон онҳоро эътироф кардаанд, хеле бошуурона, дар сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқӣ оварда шуда, кафолатнок гардидаанд.
Халқу миллатҳо бояд байни худ дар ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу субот, ҳамкориҳо зисту зиндагонӣ намуда, дӯстии худро боз ҳам бештар намуда, гуфтугӯи тамаддунҳоро боз ҳам қавитар намоянд. Дар ақлу хиради инсоният дар бораи ҳамзистии одамон дар рӯи Замин маҳз ҳамин тасаввурот аз ҷониби Офаридгор ҷой дода шудааст.
Вале, афсуз дар замони муосир халқу миллатҳо, давлатҳои дунё байни худ ба носозӣ, кибру ғурур, манфиатхоҳӣ машғул шуда, аз меъёрҳои ҳуқуқии умумиинсонии ҳуқуқ ба сулҳу субот, ҳамкориҳо байни халқу миллатҳо, гуфтугуи тамаддунҳо хеле дур шуда истодаанд. Инсонҳо, халқу миллатҳо бояд ҳамеша дар назар дошта бошанд, ки бе сулҳу субот, зиндагонии осоишта, дӯстии халқу миллатҳо, ҳамкориҳои беғараз ва гуфтугӯи тамаддунҳо зисту зиндагонӣ кардан мушкил аст.
Одамон ҳамеша бояд сулҳу осоиш, ҳамдигарфаҳмӣ, зиндагонии хушу хурсандонаро ҳамчун гаҳвараки чашм нигоҳ дошта тавонанд, чунки бесарусомонӣ, ҷангу ҷидолҳо, низоҳои ҳарбӣ, бадбинии байнихудии халқу миллатҳо ба бадбахтиҳои хеле зиёд оварда мерасонанд.
Халқу миллатҳо, давлатҳо бояд байни худ дар сулҳу субот, осоиштагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ зиндагони намуда, ҳеҷ гоҳ нагузоранд, ки ба муносибатҳои дӯстонаи онҳо осебе расад. Ба монанди оне, ки имрӯзҳо муносибатҳои дӯстонаи байни халқу миллатҳои тоҷику қирғиз халалдор шудааст.
Мо, халқу миллати тоҷик ва қирғиз бояд дар ҳамдигарфаҳмию ҳамзистии осоишта ва ҳусни тафоҳум зиндагонӣ намуда, дӯстию бародариро густариш дода, нофаҳмоиҳоро аз байн бурда, ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки мо ҳамсоягон ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстию бародарӣ ва ҳамкориҳои судманд ҳастем.
 
Шоев Фируз Маҳмадаминович,
сармутахассиси шуъбаи пажӯҳишиҳуқуқиисломии
муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»
дар назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон,
номзади илмҳоиҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика