Ҷавонӣ - марҳилаи тавоноӣ ва қудрат

Ҷавонӣ фасли шурангези зиндагӣ ва мазҳари нишоту созандагӣ аст. Рӯҳи латиф ва қалби зарифи ҷавон ҷилваи зебои офариниш ва саҳифаи мусаффои ҳастӣ аст. Шур ва оҳанги зиндагӣ дар нигоҳи равшан ва умедвори ҷавон мутаҷаллӣ аст. Агар шуру эҳсоси ҷавонӣ бо шуури дурусти ахлоқӣ ва саодати инсонӣ ҳамоҳанг шавад, саодати насли ҷавон ва саломатии ҷомеа таъмин хоҳад шуд.
Ҷавонон ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳи ислоҳгарон ва ҳатто муфсидон ва дигар гурӯҳҳои бадхоҳ будаанд, зеро олами ҷавонӣ ҳамон гуна, ки сарчашмаи шурангезтарин таҷаллиҳои отифӣ, рӯҳӣ ва боландагӣ аст, дар маърази фитнаангезтарин хатарҳои фардӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ низ ҳаст. Бар ин асос, ғафлат аз тарбият ва ҳидояти насли ҷавон, боиси хисрон ва сарчашмаи нобудии миллатҳост. Дар дунёи имрӯз, ки оҳиста-оҳиста арзишҳои инсонӣ коста ва нофаҳмиҳои иҷтимоӣ зиёд мегарданд, зарур аст, ки барои тарбияи насли ҷавон иқдомҳои зарурӣ ва саривақтӣ ба роҳ монда шавад.
Қадами аввал дар ин маврид ин шинохти усулӣ ва илмии вижагиҳои шахсӣ ва ниёзҳои асосии ҷавон аст. Бе тардид, шинохт ҳамдилиро ба вуҷуд меорад ва барои диққат додан ба ин амр бояд аз нигоҳи фарҳангӣ иқдом намуд. Ин ҷуз бо ҳамдилӣ, ҳамзабонӣ ва ҳамроҳӣ бо ҷавон муяссар нахоҳад шуд.
Ислом, ки яке аз ғанитарин мактабҳои ахлоқӣ ба ҳисоб меравад, баҳтарин тавсияҳоро барои тарбият ва таълими насли ҷавон дорад. Паёмбари ислом фармудаанд: “Ба Шумо тавсия мекунам, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва инояти хос намоед ва дар мавриди онон ба беҳтарин ваҷҳ рафтор кунед, зеро ки онҳо қалбҳои латиф ва пурфазилат доранд”.
Қуръон шебу фарози зиндагии инсониятро ба се қисм: заифӣ, яъне тифлӣ, қудрат ва тавоноӣ, яъне ҷавонӣ ва нотавонӣ-пирӣ тақсимбандӣ намудааст. Чунончи мефармояд: “Худоест, ки шуморо офарид дар ҳоле, ки нотавон (заиф) будед, ва сипас баъд аз ин нотавонӣ қудрат бахшид ва боз баъд аз қувват заъф ва пирӣ қарор дод. Ӯ ҳар чӣ бихоҳад меофаринад ва ӯст олиму тавоно” (сураи Рум, ояти 54).
Дар ҳақиқат аз нигоҳи Қуръон ҷавонӣ давраи тавоноӣ ва қудрат аст ва ҷавон бар баландии қуллаи ҳаёти хеш истода, аз ин мавқеият бояд дуруст истифода кунад. Илова бар баёни арзиши ин даврон, Худованд дар ояҳои гуногуне марҳилаҳои мухталифи ҳаёти инсониро зикр намуда, даврони ҷавониро “синни рушду камол (сураи Ғофир, ояти 67)” номидааст. Аз ин маълум мегардад, ки давраи ҷавонӣ ҳадаф ва ғояти марҳилаҳои дигар мебошад, зеро онҳо ба давраи болиғӣ мерасанд ва бояд тамоми одобу русумро риоя намоянд. Ин замон дигар давраи наврасӣ набуда, ҷавонон бояд ҳамчун бузургсолон боадаб бошанд. Дар ин росто падару модар аввалин нафароне ҳастанд, ки бояд ба ин кори муҳим таваҷҷуҳ дошта бошанд ва бидонанд, ки фарзандонашон дигар кӯдак нестанд ва вориди марҳилаи муҳим ва ҳассоси зиндагӣ шудаанд, марҳилае, ки бояд бо ҳамдилӣ ва кӯмаки атрофиён онро сипарӣ намуда, ба саранҷом бирасонад.
Аз нигоҳи Қуръон ҷавонӣ марҳилаҳои гуногун дорад ва он аз ба балоғат расидан шурӯъ шуда, то 40 солагӣ идома меёбад. Чнончи дар
Қуръони карим омадааст: “Одамиро ба некӣ кардан бо падару модари худ супориш кардем. Модараш бори ӯро ба душворӣ бардошт ва ба душворӣ бар замин ниҳод. Ва муддати ҳамл то аз шир бозгирифтанаш сӣ моҳ аст, то чун ба синни ҷавонӣ расад ва ба чиҳилсолагӣ дарояд, гӯяд: Эй Парвардигори ман ба ман биомӯз то шукри неъмате, ки бар ман ва бар падару модарам ато кардаӣ, ба ҷой орам. Коре шоиста бикунам, ки ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ кун. Ман ба ту бозгаштам ва аз таслимшудагонам”.
“Балаға ашаддаҳу” – ба таври куллӣ далолат ба марҳилае аз ҳаёти инсон мекунад, ки дар он қувваҳои ҷисмонӣ ва ақлонӣ кам-кам ба ниҳояти рушд ва истиқомату қуввати худ мерасад, ин ҳолат табиатан даврони ҷавонӣ аст. Донишманде овардааст, ки агар инсон ба синни 33 солагӣ расид, ба булуғи ашадди худ расид ва ҳар гоҳ ба 40 солагӣ расид, ба интиҳои булуғ расидааст.
Давраи ҷавонӣ марҳилаи камоли ҷисмонӣ ва ақлонӣ аст ва агар инсон барои рушди ҷисм ва тавони фикру ақли худ талоше бинамояд, ба натиҷа мерасад. Илова бар ин, рушди маънавӣ ва рӯҳӣ низ, то 40 солагӣ муяссар аст ва агар инсон то ин замон барои рушди маънавии худ коре бикунад, ба натиҷае мерасад ва агар на, расидан хело душвор аст.
Ҷавонӣ фурсати рушд ва камол аст, бояд аз он дуруст истифода кард ва барои шинохти асрор ва румузи он талоши зиёд намуд.
Рамазониён Аҳтам

Яндекс.Метрика