Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷаҳон надорад

❗Ҷон бе ҷамоли ҷонон майли ҷаҳон надорад,
Ҳар кас, ки ин надорад, ҳаққо, ки он надорад.
Бо ҳеҷ кас нишоне з-он дилситон надидам,
Ё ман хабар надорам, ё ӯ нишон надорад.
Ҳар шабнаме дар ин роҳ сад баҳри оташин аст,
Дардо, ки ин муаммо шарҳу баён надорад.
Сарманзили фароғат натвон зи даст додан,
Эй сорбон, фурӯ каш, к-ин раҳ карон надорад.
Чанги хамидақомат мехонадат ба ишрат,
Бишнав, ки панди пирон, ҳеҷат зиён надорад.
Эй дил, тариқи риндӣ аз мӯҳтасиб биёмӯз,
Маст асту дар ҳақи ӯ, кас ин гумон надорад,
Аҳволи ганҷи Қорун, к-айём дод бар бод,
Дар гӯши дил фурӯ хон, то зар ниҳон надорад.
Гар худ рақиб шамъ аст, асрор аз ӯ бипӯшон,
К-он шӯхи сарбурида банди забон надорад.
Кас дар ҷаҳон надорад як банда ҳамчу Ҳофиз,
Зеро ки чун ту шоҳе кас дар ҷаҳон надорад!
✍️Ҳофизи Шерозӣ.

Яндекс.Метрика