❗Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад...

❗Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад
В-ин рози сар ба мӯҳр ба олам самар шавад.
Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.
Хоҳам шудан ба майкада гирёну додхоҳ,
К-аз дасти ғам ҳалоси ман он ҷо магар шавад.
Аз ҳар карона тири дуо кардаам равон,
Бошад, к-аз он миёна, яке коргар шавад.
Эй ҷон, ҳадиси мо бари дилдор бозгӯ,
Лекин чунон магӯ, ки саборо хабар шавад.
Аз кимиёи меҳри ту зар гашт рӯи ман,
Оре, ба юмни лутфи шумо хок зар шавад.
Дар тангнои ҳайратам аз наҳвати рақиб,
Ё раб, мабод он, ки гадо муътабар шавад.
Бас нукта ғайри ҳусн бибояд, ки то касе
Мақбули табъи мардуми соҳибназар шавад.
Ин саркашӣ, ки кунгураи кохи васлрост,
Сарҳо бар остонаи ӯ хоки дар шавад.
Ҳофиз, чу нофаи сари зулфаш ба дасти туст,
Дам даркаш, ар на, боди саборо хабар шавад!

Ҳофизи Шерозӣ

Яндекс.Метрика