«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш менависад, яъне низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии худро мустақилона муайян менамояд. Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад». Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

Мақола

Ихтилофи вуҷуди ҲНИТ ба низоми давлатдории миллию дунявӣ

Ҳодисаҳои шаби 4-сентябри соли 2015 аз фарди миллатдӯсту ватанхоҳ  ва инсонгароро, бетараф монда наметавонад. Ин ҳодиса бори дигар ба мардуми дар тӯли таърих аз дасти ба ном «ҳомиён»-и дини ислому мусулмонон азияткашидаи тоҷик нишон дод, ки пайванди дину сиёсат ба ин миллати фарҳангсози ситамдида ҳамеша бо оқибатҳои сангин анҷом ёфтааст. Ҳанӯз, баъд аз истилои араб, вақте ки давлати Тоҳириёни тоҷик дар муқобили хилофати араб ба вуҷуд омад, халифаи араби аббосӣ дар ҳамкорӣ бо рӯҳонияти тоҷик онро аз байн бурда буданд.

Омилҳои пайдоиши ҳаракатҳои ифротгарои диниву сиёсӣ ва усули пешгирии хатари густариши онҳо дар кишвар

Дар тӯли чанд даҳсолаи  охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши ислом дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳои исломӣ (кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд), равона карда шудааст.[1]  Сабаби асосии чунин таваҷҷӯҳ – афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Андешаҳо перомуни либосҳои миллӣ ва динӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дар шароити имрӯза бо аксари кулли кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳасанаи сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратию сайёҳӣ ва фарҳангӣ барқарор намудааст. Ин ҳолати ҳуқуқӣ, аз як ҷиҳат, боиси пешрафти ҳамкории судманди дуҷониба ба манфиати тарафҳо гардида бошад, аз ҷиҳати дигар, дар заминаи омезиши фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ баъзе мушкилиҳоро дар назди 

Никоҳи хешовандӣ ва ташхиси тиббӣ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз нигоҳи фарогирии масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ ва баррасии паҳлӯҳои гуногуни рушди устувори иқтисодиёт ва инфрасохто­ри кишвар аз вежагиҳои фарқкунанда бархурдор буд.

Вежагиҳои бадеӣ-адабии «Ҷомеъу-л-баён»-и Табарӣ ва бозтоби онҳо дар таърихномаи ӯ

Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ (224-310 ҳ.) аз зумраи шахсиятҳои шаҳире буд, ки дар қарни сеюми ҳиҷрӣ зиндагии бобаракат ва фаъолияти пурсамар анҷом дода, тавассути донишу истеъдод ва фаросати баланди илмию таҳлилӣ асарҳои баландғоя таълиф намудааст ва барои худ дар матни фарҳанги мусулмонӣ нишемангоҳи сазовор муҳайё сохтааст. Аз ҳамин ҷост, ки осори илмию динӣ ва таърихию адабии имом Табарӣ дар такомули фарҳанги арабию мусулмонӣ мақоми шомихе дорад.    

Ҷойгоҳи имом Табарӣ дар фарҳанги исломӣ

Фарҳанги исломӣ ҳарчанд дар нимҷазираи Арабистон пайдо ва густариш ёфта бошад ҳам, вале дар марҳилаҳои минбаъда дар ташаккул ва такомули бинои устувори он халқу қавмиятҳои дигар низ иштироки фаъол доштанд. Дарк ва баҳоди¬ҳии дурусти вазъи сиёсию иҷтимоии пайравони ойини муҳаммадиро дар маҷмӯъи фарҳанги мусулмонии гуногунзабона баррасӣ намудан дуруст хоҳад буд. Нахуст асоси ин маҷмӯъи томро адабиёти арабизабон ташкил медод, бо мурури замон забони форсии тоҷикӣ боло гирифт ва дар марҳилаҳои дигар забони туркӣ низ нақши муаасир касб намуд.

Тақвими ҳиҷрии қамарӣ ва миқдори рӯзи моҳҳо дар он

Вижагии дини ислом, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки пайғамбари баргузидаи он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) шахсияти воқеии таърихӣ буда, тамоми корномаи ҳаёти сиёсию динии ӯ дар китобҳои сершумори сирату ансоб, таърихнома ва тафсирҳову маҷмӯаи аҳодис возеҳу равшан баён гардидааст. Ва танҳо пайравии некӯ кардан ба рафтору кирдори пайғамбар тибқи далолати ояти карима «ба дурустӣ ки барои шумо дар (кори) пайғамбари Худо пайравии некӯ ҳаст» (Аҳзоб, 33:21) моро ба

Бархӯрди ифротгароии салафӣ бо мактабҳои суннатии динию мазҳабӣ дар Тоҷикистон

Тағйиротҳои рӯзафзуни равандҳои сиёсӣ дар кишварҳои мусул­монӣ таҳқиқу омӯзиши исломро ба яке аз шоҳаҳои муҳими илми ҷомеашиносӣ табдил додааст. Ин масъулият тақозо менамояд, ки ба мафҳуми «хатарҳои исломӣ» ҷавоби сазовори илмию динӣ пешниҳод намоем. Аз ин ҷиҳат зарур аст, ки мо ба чанде аз саволҳои консептуалӣ оид ба падидаи ифротгароию тундгароӣ ва сатҳи омӯзиши он дар фарҳанги ислом равшанӣ андозем. Бояд гуфт, ки проблемаи баррасии илман асоснок ва методологии шинохти доктрина, ҳаракат ва ҷараёнҳои исломӣ зарурати таърифи истилоҳии мафҳумҳоро ба вуҷуд овардааст.

Страницы