Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Варзишгоҳи миллии нави пойтахтро (Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) мавриди истифода қарор доданд. Дар даромадгоҳи асосии варзишгоҳ ба хотири арҷгузорӣ ба заҳмату ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бунёди Варзишгоҳи миллӣ ва рушди футболи муосири тоҷик беназир аст, фаввора – конструксияи соядасти Президенти кишвар дар шакли арт-объект аз пӯлоди зангногир ва баландсифат, тарҳрезӣ ва насб гардидааст. Ин натанҳо як унсури ороишӣ, балки як қисми таърихи бунёди Варзишгоҳи миллӣ ба ҳисоб рафта, солҳои тулонӣ ҳамчун рамзи асосии бунёди Варзишгоҳи миллӣ нигоҳ дошта мешавад. Иншооти боҳашамати варзишӣ дар майдони 9,5 гектар доман густурда, намунаи барҷастаи сохтмони муосири кишварамон ба шумор меравад. Варзишгоҳ дорои беш аз 30 000 ҷойи нишаст буда, аз 2 сатҳ иборат мебошад. Дар сатҳи поёнӣ беш аз 12 ҳазор ва сатҳи болоӣ 18 ҳазор ҷои нишаст мавҷуд аст. Иншоот мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии ФИФА бунёд шуда, ба категорияи 2-юми байналмилалӣ ворид мегардад. Варзишгоҳ бо ин шаҳомат ҳуқуқи қабули бозиҳои сатҳи баланди клубӣ ва мусобиқаҳои байналмилалиро дорад. Барои воридшавии бехатари мухлисон, варзишгоҳ бо 68 турникети муосир ва электронии байналмилалӣ муҷҷаҳаз шудааст. Барои осонии ҳаракат ва идоракунии дуруст, бино ба 4 қисми асосӣ тақсим шудааст. Сохтори дусатҳаи трибунаҳо ва ин турникетҳо маҳз барои амният, пешгирии издиҳом ва зуд баровардани тамошобинон аз рӯи меъёрҳои бехатарии ФИФА лоиҳакашӣ шудааст. Масоҳати зери сохтмони бино 27 000 метри мураббаъро ташкил дода, масоҳати умумии он зиёда аз 42 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Баландии иншоот 33 метр буда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар маркази варзишгоҳ майдони муосири футбол бо масоҳати 7 140 метри мураббаъ қарор дорад. Андозаи майдони бозии он 105 ба 68 метрро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда ба талаботи ҳатмии ФИФА барои тамоми бозиҳои байналмилалӣ ва Ҷоми Ҷаҳон мутобиқ мебошад. Андозаи умумии майдони варзишӣ бошад, 130 ба 87 метрро ташкил медиҳад, ки ин ҳам мувофиқи меъёрҳои FIFA барои минтақаҳои амниятӣ ва техникӣ дар атрофи майдон фазои бехатарро таъмин мекунад. Ҷараёни бозиҳо тавассути ду монитори бузурги LED ҳар кадомаш дар ҳаҷми 133 метри мураббаъ дар варзишгоҳ намоиш дода мешавад. Мониторҳо, ҳамчунин, барои намоиши такрории наворҳо ва маълумоти бозӣ тибқи стандарти FIFA хидмат мекунанд. Мавриди зикр аст, ки сифати баргузории бозиҳо ва пахши мустақими телевизиониро таҷҳизоти пуриқтидор таъмин менамоянд. Майдони варзиш дорои 312 прожектори муосир ва пурқувват аз ширкати Philips мебошад, ки талаботи ҳатмии FIFA-ро барои равшании якхела ва пахши бозиҳо бо сифати баланди HD ва 4K иҷро мекунад. Системаи овозӣ ва акустика ҷузъи дигари иншоот аст. Варзишгоҳ бо 88 колонкаи касбии баландгӯяк аз ширкати BOSS муҷаҳҳаз шудааст, ки паҳншавии тозаи овозро дар тамоми трибунаҳо кафолат медиҳад. Мавҷудияти 66 дастгоҳи равшанидиҳанда имкон медиҳад, ки дар варзишгоҳ шоу-барномаҳои бузург ва маросимҳои кушодашавии сатҳи байналмилалӣ бо эффектҳои махсуси рӯшноӣ баргузор карда шавад. Дар варзишгоҳ 50 камераи назоратӣ ва 10 камераи одӣ, ки талаботи ҳатмии FIFA-ро барои сабт ва пахши бозиҳо бо сифати баланди HD ва 4K иҷро мекунад, насб карда шудааст. Системаи бехатарии варзишгоҳ низ таъмин буда, бино барои назорати сухтор бо таҷҳизоти муосири замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Беш аз 1000 таҷҳизоти ҳушдордиҳандаи ҳушманд дар тамоми бино тибқи талабот васл гардидааст. Барои варзишгарон 4 ҳуҷраи махсуси либосивазкунӣ бо 104 ҷой сохта шудааст, зеро стандарти FIFA барои баргузории мусобиқаҳои калон ва бозиҳои пайдарпай мавҷудияти камаш 4 ҳуҷраи алоҳидаро талаб мекунад. Барои меҳмонони расмӣ ва фахрӣ 1 ҳуҷраи VVIP бо 32 ҷой, 34 ҳуҷраи VIP бо 306 ҷой ва 26 ҳуҷраи CIP бо 416 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Мавҷудияти ин ҳуҷраҳои муосири Skybox шарти асосии FIFA барои қабули меҳмонони дараҷаи олӣ ва баланд мебошад. Илова бар ин, дар иншоот ҳуҷраҳои зиёди хизматрасонӣ ва ҳамомҳо пешбинӣ шудааст, ки ба меъёрҳои баланди санитарию техникӣ ҷавобгӯ мебошанд. Намои асосии Варзишгоҳи миллӣ аз панелҳои муосири алюминӣ сохта шудааст. Шабона намои бино ба як қисми муҳими симои визуалии варзишгоҳ табдил ёфта, дар он дар маҷмуъ беш аз 30 000 метр системаи муосири проексияи медиавӣ насб гардидааст. Низоми муосири проексияи медиавӣ имкон медиҳад, ки тасвирҳо, графика ва барномаҳои гуногуни визуалӣ мустақиман дар намои бино нишон дода шавад. Варзишгоҳ дорои таваққуфгоҳи васеъ барои зиёда аз 750 воситаи нақлиёт буда, масоҳати сабзкоришуда беш аз 3 ҳазор метри мураббаъро бо дарахтони ҳамешасабзу гулу буттаҳо ташкил медиҳад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи миллиро, ки ба муносибати ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардид, барои мардуми Тоҷикистон туҳфаи арзанда номиданд. Бояд гуфт, ки варзишгоҳи миллӣ бо шукӯҳу шаҳомат ва зебоии худ камназир аст ва бо чунин тарҳ дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Таърихи пайдоиши футболи тоҷик аз солҳои 20-ум ва 30-юми асри гузашта оғоз меёбад. Дар Тоҷикистон соли 1937 аввалин чемпионат оид ба футбол доир шуд, ки дар он чандин клубҳои варзишӣ оид ба футбол иштирок намуда буданд. Баргузории ин чемпионат ва минбаъда чемпионатҳое, ки дар Тоҷикистон баргузор гардиданд, бозии футболро ба варзиши оммавӣ табдил доданд. Ҷавонон ба ин намуди варзиш, ки ҷанбаҳои мукаммали футувату ҷавонмардӣ, иродаву фалсафаи пандомӯз дорад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Футболро на танҳо бозӣ, балки мактаби одобу интизом, сабру таҳаммул ва ташаккули ҷисмонии ҳар фард номидан мумкин аст. Футбол дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат марҳила ба марҳила рушд намуд. Дар ин муддат дар Тоҷикистон шумораи иншоот ва майдонҳои  хурду бузурги футбол, ки ангуштшумор буданд, бунёд ва афзун шуданд. Акнун варзишгарон дар шароити беҳтар бо тамринҳои доимии мураббиён фаро гирифта мешаванд. Бо мурури вақт таваҷҷуҳ ба рушди футбол беҳтар гардид ва варзишгарони тоҷик имкони бештари иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро пайдо намуданд. Бо ибтикор ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар мамлакат ру ба рушд ниҳод. Мукаммалсозии  инфрасохтори соҳа, ки қадами муҳиме дар ривоҷи бозии футбол дар Тоҷикистон дониста мешавад, давоми даҳсолаи охир дар сатҳи олӣ рушд намуд. Имрӯз на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар майдонҳои варзишиву солимгардонӣ, махсусан дар самти рушди футбол бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Ин омил боис гардид, ки таваҷҷуҳи насли наврасу ҷавон ба варзиш, алахусус футбол, ба таври назаррас афзоиш ёбад.  Футбол дар байни бонувон низ тақвият пайдо карда

МАҚОЛАҲО

Тадбир аз қувват муқаддамтар аст (Бахшида ба Рӯзи дониш)

«Мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем». Эмомалӣ Раҳмон   Тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ ва соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир вазифаи муҳиммтарини давлат ва Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони аввали соҳибистиқлолӣ, тағйирёбии ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ барои ақидаву афкори иҷтимоӣ дар мақолаи худ «Роҳи раҳоӣ аз буҳрони азими ҳамагонӣ» 19 марти соли 1993 таъкид намуданд, ки «Мо ба илму маорифу фарҳанги ҳозиразамон, ки мояи ифтихори халқ бошаду мардум аз самараҳои онҳо бархӯрдор буда тавонад, сахт эҳтиёҷот дорем. Ба мо муҳандисону бинокорон, пилотҳою коргарон, муаллимону пахтакорон чун обу ҳаво заруранд. Майдони фаъолият ба ҳамаи онҳо мерасад. Барои ҳамин ҳам нашояд, ки кори имрӯзаро ба фардо вогузорем, мабодо дер намонем, бебозгашт аз қатор наафтем» [1]. Бо дарназардошти муҳиммияти ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010-ум инҷониб зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро самти афзалиятнок эълон карда, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин беҳбудии шароити ҳамаи муассисаҳои таълимии мамлакат доир ба афзун гардонидани маблағгузорӣ ва таъмиру тармим, азнавсозӣ ва барқарорсозии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои ин муассисаҳо тадбирҳои зиёдро амалӣ карда истодааст. Натиҷаи ин ғамхорист, ки Ҳукумати мамлакат дар 34 соли соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмуъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ кардааст [2]. Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин литсей-интернатҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе (20.02.1998), Турсунзода (11.07.2008), Чкалов (27.06.2009), Бохтар (10.08.2011), Хоруғ (16.08.2011), Данғара (25.09.2012), Кӯлоб (28.10.2013) аз ҷониби Президенти кишвар ба истифода дода шуд ва айни ҳол зиёда аз 163 литсею гимназия (84 литсей ва 79 гимназия), яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд, ки хонандагон дар рӯҳияи муҳаббат ба илму дониш соҳиби таълиму тарбия гашта истодаанд. Бо дарназардошти талаботи муосир, бо тамоми таҷҳизоту технологияҳои зарурии ҳозиразамон мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе (01.09.2012), бинои таълимӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ барои зиёда аз 3000 донишҷӯ бо 22 адад озмоишгоҳҳои техникӣ (01.09.2013) ва кӯдакистони президентӣ дар масоҳати се гектар дар шаҳри Хуҷанд (17.09.2013) ба истифода дод, то ки насли ояндасоз одобу ҳунар ва фарҳангро мероси худ гардонанд. Инчунин, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат сохтмони бинои марказии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино (25.11.2008), бинои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов (01.07.2010), биноҳои муҳташами факултаҳои физика, математика, геология ва биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (01.09.2010), ифтитоҳи толори нави консертӣ ва сози мусиқии арғунуни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (26.06.2011), бинои иловагии таълимии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (25.09.2013) ва дигар иншоотҳои таълимӣ ба анҷом расонида шуданд ва ин иқдоми созандагӣ идома дорад. Барои соҳибкасб гардидани насли наврас филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва, филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе, инчунин факултаи муштараки Украинаву Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологӣ, факултаи муштараки муҳандисиву техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ фаъолият доранд. Дар ин муддат, ҷавонон вобаста ба талаботи замон ба омӯзиши фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва илму техникаи навтарин машғул буда, соҳиби касбу ҳунарҳои муҳандисиву техникӣ гашта истодаанд. Бо мақсади такони тоза бахшидан ба рушди маориф, тарғиби илмҳои дақиқ ва густариши донишу маърифати техникӣ Сарвари давлат соли 2010-умро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намуданд. Эълон гардидани «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» барои рушди тафаккури техникӣ, бедории фикрии муҳаққиқони дақиқназари ҷавон нақши асосӣ бозида, аз ҷониби аҳли ҷомеа хеле хуб қабул гардид [3]. Инчунин, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ Президенти мамлакат солҳои 2020 – 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон кард [4]. Сарвари давлат бо он боваранд, ки рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад. Ғамхориҳои падаронаву роҳнамоиву пайгириҳои тулонии Пешвои муаззами миллат дар зиндагии ҳаррӯзаи мардум, дар урфу одат, ахлоқу одоб тағйироти ҷиддӣ ворид намуд ва аҳли илму маърифат ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гардидани насли наврас пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва ҷавонон низ дарк намуданд, ки бузургон номи накӯ аз илму адаб ёфтанд. Бо дарки масъулият гуфтан мумкин аст, ки вохӯриҳои ҳамасолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи Дониш бо  омӯзгорону донишҷӯёни мамлакат, заминаи фарҳангии ҳастии миллатро мустаҳкам намуда, бо суханҳои хирадмандона ва пандомӯз барои ояндаи дурахшони насли наврас – асос, барои устодону омӯзгорон – дастури коргузорӣ ва барои мақомоти ваколатдор – созандагиро роҳнамоӣ мекунад. Бинобар ин, бояд падару модарон, собиқадорони меҳнату шахсони обрӯманд ва соҳибкорони бонангу номус низ Рӯзи Дониш дар паҳлӯи устодони ҳамабину ҳамадон бошанд ва якҷо донишро бо хирад омехта карда, насли наврасро ба пойгоҳи баланд расонанд. Бо иштироки пирони хирад боварӣ дорам, ки Рӯзи Дониш дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ идонатар гашта, аз иштироки онҳо насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллӣ ба камол мерасанд.   Адабиётҳо: Эмомалӣ Раҳмон, Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат., ҷилди 1, “Ирфон”, 2002, саҳ.33 Аз суханронии Президенти мамлакат ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (30.08.2025) Аз суханронии Президенти мамлакат ба муносибати Рӯзи дониш бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (09.2009) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019   Вализода Одинашоҳ, сардори шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент, Хабарҳо

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар ноҳияи Файзобод

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд. Намоишгоҳ, ки бо тарҳи ҷолибу диданӣ ороста гардида буд, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсули заҳмати пайвастаи деҳқонону кишоварзон ва ҳунари волои занону кадбонуҳои ноҳияро ба таври возеҳ инъикос мекард. Дар он маҳсули меҳнати ризқофарони ноҳия аз қабили сабзавоту анвои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консерва, полезӣ, ғалладонагию лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ дар маъраз буд. Ин неъматҳо натиҷаи истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ, обу ҳавои мусоид, заминҳои ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат буда, аз таҷрибаи ғании кишоварзони ноҳия шаҳодат медиҳанд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 11 ҳазору 370 гектар расонидаанд. Дар ин раванд ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладона, лӯбиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ, ки иқлими ноҳия барои парвариши онҳо мусоид мебошад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шудааст. Ҳамзамон, ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили помидор, аз ҷумла помидори навъи машҳури гулобӣ, ҷуворимаккаи дон, қаламфури булғорӣ ва лӯбиёгиҳо, ки аз кишти такрорӣ ба даст омадаанд, дар майдони 240 гектар идома дорад. Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмӯъ симои воқеии заҳмати аҳолии деҳот, фаровонии дастархони сокинон ва имкониятҳои васеи ноҳияи Файзободро дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ таҷассум мекунад. Дар баробари маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои ноҳия низ ба таври густурда пешниҳод гардид. Анвои гуногуни нон, фатир, кулча ва таомҳои суннатӣ, ки бо завқи хос омода ва оро дода шуда буданд, бозгӯи ҳунари волои мардум, завқи баланди занону модарон ва заҳмати аҳлонаи онҳо мебошанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба масъулини соҳа ва кишоварзони ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захираи кофии маҳсулоти кишоварзӣ барои тирамоҳу зимистон, васеъ намудани масоҳати боғу токзор ва дар муҳлати муайянгардида бо истифода аз тухмиҳои серҳосили минтақа гузаронидани кишти тирамоҳӣ дастуру тавсияҳо доданд.

Президент, Хабарҳо

Муаррифии 4 лоиҳа ва тақдими хонаҳои истиқоматӣ дар ноҳияи Файзобод

Ҳамчунин, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид. Аз ҷумла, лоиҳаи Маркази ташхисию табобатии «Сино Мед», ки дар маркази ноҳия бунёд мегардад, пешниҳод шуд. Ин марказ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Убайдулло Розиқзода  бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити муосири ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ пешбинӣ шудааст. Дар марказ ҷойгир намудани ҳуҷраҳои ташхисӣ, табобатӣ ва дигар бахшҳои зарурии тиббӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои фаъолияти муассиса таҷҳизоти муосири тиббӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Дар маҷмӯъ, дар иншоот таъсиси 80 ҷойи корӣ ва ҷой додани 40 кати хоб пешбинӣ гардидааст. Амалӣ шудани лоиҳа барои дастрасии аҳолии ноҳия ва минтақаҳои атроф ба хизматрасониҳои муосири тиббӣ имкониятҳои бештар фароҳам хоҳад овард. Лоиҳаи сохтмони боғчаи кӯдаконаи «Оиша» барои 100 ҷой дар деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод низ муаррифӣ гардид. Муассиса дар асоси роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шуда, барои фароҳам овардани муҳити муносибу замонавӣ барои тарбияи насли наврас пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи корхонаи истеҳсоли шарбат ва нӯшокиҳои солими «Nushīn Juice» аз дигар тарҳҳои муаррифишуда буд. Корхона бо истифода аз иқтидорҳои муосири истеҳсолӣ барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни нӯшокӣ пешбинӣ шуда, дар баробари рушди истеҳсолоти ватанӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, лоиҳаи сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 480 ҷойи нишаст дар деҳаи Орифони ноҳияи Файзобод пешниҳод гардид. Муассисаи нав бо синфхонаҳои замонавӣ ва инфрасохтори зарурӣ бунёд гардида, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани имконияти мусоиди таҳсил барои хонандагон замина мегузорад. Ҳамчунин, дар доираи тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Каримзода Манучеҳр ба 4 ятими кулл, 2 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 1 варзишгар хонаҳои истиқоматии дуҳуҷрагӣ тақдим гардид. Ин 4 ятим аз ҷониби хонаводаи Бобо Каримзода ба фарзандӣ қабул шудаанд. Ин оила тасмим гирифтаанд, ки онҳоро бо ҷойи истиқомат, таҳсилу касбомӯзӣ таъмин намуда, оиладорашон кунанд ва ба ҳаёти мустақиллона омода созанд. Ин иқдоми хайрхоҳона намунаи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмиву ғамхорӣ ба шаҳрвандон арзёбӣ мегардад. Татбиқи чунин лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва иқдомҳои созандаву хайрхоҳона дар ноҳияи Файзобод бозгӯи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа буда, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Президент, Хабарҳо

Тариқи фосилавӣ ифтитоҳи 6 иншоот дар ноҳияи Файзобод

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод, пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11, як қатор иншооти муҳимми иҷтимоиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии ҷамоати деҳоти Ҷавононро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави маъмурӣ дорои 11 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлисгоҳ ва китобхонаи электронӣ мебошад. Фароҳам гардидани чунин шароити мусоиди корӣ барои беҳтар намудани фаъолияти кормандони мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинони ҷамоат имкониятҳои бештар фароҳам меорад. Яке аз ҳадафҳои асосии бунёди иншооти мазкур муҳайё намудани шароити муносиб барои қабули шаҳрвандон ва ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоиву маъмурии аҳолии ҷамоат мебошад. Сохтмони бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва саҳми соҳибкорони ватандӯст амалӣ гардидааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав 22 нафар соҳиби кори доимӣ мешаванд. Иншооти муҳимми дигари иҷтимоӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт, муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ барои 100 кӯдак дар деҳаи Ҷонварсузи деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев мебошад. Ин муассиса дар заминаи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонии муассиса соли 2026 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонида шудааст. Бинои муассиса якошёна буда, аз 8 ҳуҷраи таълимӣ ва хизматрасонӣ иборат мебошад. Дар он барои таълиму тарбияи кӯдакон ва фаъолияти мураббиёну кормандон шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Ҳамзамон, дар ҳамин ҷо 4 маркази барвақтии инкишофи кӯдак дар деҳоти Дӯстмурод Алиев, Чашмасор, Меҳробод ва деҳаи Заркамари шаҳраки 30-солагии Истиқлоли ноҳияи Файзобод низ ба таври фосилавӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд. Бунёди чунин муассисаҳои соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ва бо мақсади тавсеаи заминаҳои таълиму тарбияи томактабӣ дар деҳот амалӣ гардидааст. Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, сохтмони марказҳои мазкур соли 2025 оғоз гардида, соли 2026 ба анҷом расонида шудааст. Ҳар кадоме аз биноҳои навбунёд дорои 6 ҳуҷра мебошанд. Барои баргузории машғулиятҳои таълимӣ ва фаъолияти кормандон шароити зарурӣ муҳайё гардида, дар ҳудуди ҳар як марказ ҳамчунин майдончаи варзишӣ бунёд шудааст. Ҳар яке аз ин марказҳо барои қабули 50 кӯдак пешбинӣ шуда, раванди таълиму тарбия дар ду гурӯҳ ба роҳ монда мешавад. Барои ин кор ду омӯзгор ҷалб гардида, муҳити муносиб барои ташаккули малакаҳои ибтидоӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Ҳамин тариқ, бо мавриди истифода қарор гирифтани марказҳои инкишофи барвақтӣ дар маҷмуъ барои 200 кӯдак имкони фарогирӣ бо таълиму тарбия дар муҳити муносиб ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир фароҳам мегардад. Марказҳои мазкур дар ноҳияи Файзобод дар доираи Лоиҳаи рушди барвақтии кӯдакон барои тақвияти сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон бунёд гардида, ба рушди зинаи ибтидоии низоми маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои бештари таълимӣ барои кӯдакон равона шудаанд. Мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти соҳаи маориф қадами муҳим дар самти таҳкими заминаҳои таълиму тарбияи томактабӣ ба ҳисоб рафта, барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, махсусан барои кӯдакони деҳоти дурдаст, мусоид хоҳад буд. Ҳамзамон, ин тадбирҳо имкониятҳои дастрасии аҳолиро ба хизматрасониҳои таҳсилоти томактабӣ васеъ намуда, барои тарбияи насли соҳибмаърифат, донишманд ва дорои ҷаҳонбинии васеъ заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар ноҳияи Файзобод

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи зебо ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар арафаи оғози соли нави таҳсил туҳфаи арзанда барои омӯзгорону хонандагони ин муассиса арзёбӣ гардид. Иншоот бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардида, барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби ҶДММ Шаффоф бо ҷалби зиёда аз 180 сокини маҳаллӣ дар муҳлати беш аз як сол бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. Муассиса аз се бинои ду ва сеошёна иборат буда, дорои 57 синфхонаи замонавӣ ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад. Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла барои фанҳои химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология ва воситаҳои муосир муҷаҳҳаз карда шудаанд. Дар ин боргоҳи илму маърифат 44 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Муассиса, ҳамчунин, дорои ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ошхона, маҷлисгоҳ бо 430 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ барои машқу тамрини футбол, волейбол ва баскетбол мебошад. Дар ҳудуди муассисаи таълимӣ ҳамзамон майдончаи варзишии масоҳаташ 650 метри мураббаъ бунёд шудааст. Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои хуб дода, омӯзгоронро ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати хонандагон ҳидоят карданд. Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин муассисаи таълимӣ, бешубҳа, ба баланд гардидани сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат намуда, барои рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии насли наврас заминаи воқеӣ мегузорад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Файзобод сохтмон ва ба истифода додани мактабҳои нав ва биноҳои иловагӣ идома дорад.

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун

21 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи Роғун мулоқот намуданд. Нахуст Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои даврони 35-соли соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла бунёду таҷдиди ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилаливу дохилӣ, неругоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ёдовар шуда, ҳамаи иштирокдорони вохуриро бо солгарди ин ҷашни умумимиллӣ табрику таҳният гуфтанд. Таъкид гардид, ки бунёди неругоҳи Роғун низ аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо вазъи корҳо дар иншооти асрро натиҷагирӣ карда, барои вусъати корҳои созандагӣ дар назди бунёдгарони неругоҳ вазифаҳои нав гузоштанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону кормандони ширкатҳои ҳамкори хориҷӣ, муҳандисону мутахассисон ва бунёдкороне, ки дар ин майдони созандагӣ бо матонат ва эҳсоси баланди ватандорӣ заҳмат мекашанд, изҳори сипос намуданд. Гуфта шуд, ки бо бунёд кардану ба кор андохтани Роғун мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азиз ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзу ояндаро таъмин менамоем. Таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар соли 2025 барои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, дар маҷмуъ, 8,1 миллиард сомонӣ равона намуд. Дар соли 2026 тибқи нақша 11,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар 7 моҳи соли равон барои корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 8,4 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Умуман, аз соли 2008 то имрӯз Ҳукумати кишвар барои корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо 60,3 миллиард сомонӣ маблағ равона кардааст. Зикр карда шуд, ки ҳоло дар иншооти неругоҳ зиёда аз 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 4000 расонида шудааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фармоишгар – Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқи обии Роғун супориш доданд, ки ҷараёни корҳоро байни ҳамаи лотҳо мунтазам танзиму ҳамоҳанг сохта, иҷрои ҷадвалҳои тасдиқшударо таъмин намоянд. Вобаста ба Лоти 1 супориш дода шуд, ки Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқи обии Роғун якҷо бо пудратчии Лоти 1 бояд тамоми чораҳои заруриро барои дар моҳи сентябри соли 2027 ба истифода додани агрегати рақами 4 амалӣ намояд. Намояндагони масъули лоти 3 – роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқи обии Роғун ва Ширкати Тоҷикгидроэлектромонтаж вазифадор гардиданд, ки бо вуҷуди корҳои то ҳол амалигардида, қафомониҳои ҷойдоштаро бартараф карда, суръати корҳоро боз ҳам вусъат диҳанд ва иҷрои босифату саривақтии ҳамаи корҳои мансуб ба Лоти 3-ро таъмин намоянд. Зикр карда шуд, ки корҳои сохтмони иншооти соҳили чап, яъне Лоти 4 низ яке аз бахшҳои муҳимми лоиҳа ба ҳисоб мераванд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон сохтанд, ки тамоми корҳои сохтмони неругоҳи Роғун бояд бо риояи қатъии талаботи сифат, истифодаи технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд. Аз масъулин ҳамаҷониба таъмин намудани устуворӣ, эътимоднокӣ ва бехатарии корҳо талаб карда шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро дар мадди аввал ба масъалаҳои ҳифзи ҳаёту саломатии бинокорон, фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагӣ ва риояи қатъии талаботи бехатарии истеҳсолот ҷалб намуданд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии сокинони минтақаи зериобшаванда таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Муассисаи давлатии Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи Роғун, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтии ҳамаи чорабиниҳоро таъмин карда, барои ҳар як оилаи кӯчонидашуда шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оваранд. Аснои таҳлили вазъи маблағгузории лоиҳаи бузурги бунёди неругоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сохтмони неругоҳи Роғун бо суръати хуб идома дошта, барои дар муҳлатҳои пешбинишуда ба анҷом расонидани он заминаи боэътимод фароҳам оварда шудааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иҷрои босифату саривақтии корҳои сохтмон, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани иншооту иқтидорҳои навбатии неругоҳ, таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии рушд ва иҷрои пурраи уҳдадориҳои шартномавӣ дар назди сохтору мақомоти дахлдор як қатор супоришҳо гузоштанд. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани иншооти фосилавӣ ва иқтидорҳои навбатии неругоҳ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Аз масъулин талаб карда шуд, ки иҷрои ҳатмии корҳоро тибқи ҷадвали тасдиқгардида таъмин намуда, ҳамоҳангсозии онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ба сохторҳои марбута супориш дода шуд, ки бо истифода аз ҳамаи имконияту манбаъҳо пардохти саривақтии маблағи корҳои анҷомёфта, хариди масолеҳи сохтмон, таҷҳизот ва маводи сӯхтро таъмин намоянд. Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони Роғун эътимоди комил дорам”. Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири кишвар муҳтарам Қоҳир Расулзода аз руйи натиҷаи корҳо гузориш доданд.

Хабарҳо

ДОИР БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дирӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар якҷоягӣ бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, конференсияи илмӣ-амалӣ, таҳти унвони “Ташаббусҳои Тоҷикистон дар сархати рӯзномаи ҷаҳонӣ: аз обу иқлим то оини сулҳофарӣ” баргузор гардид. Дар кори конференсия Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Оймуҳаммадзода Илҳомҷон – сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Ардашер Абдуғаффор – муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Номвар Қурбон – номзади илмҳои техникӣ, дотсент, докторанти Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Абдулло Қодирӣ – сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар конференсия оид ба таҳкими мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат ибрози назар карда шуд. Зимни суханронӣ баромадкунандагон қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар радифи он ки иқдомҳои муассиреро дар самти рафъи мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ рӯ ба рӯ омода буд, амалӣ мекард, ҳамчунин, нақши худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари ташаббускор марҳила ба марҳила мустаҳкам намуд. Талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тақвият бахшидани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва рӯ ба рушд ниҳодани давлати тозаистиқлол натиҷа бахшид ва Тоҷикистон рӯ ба тараққиёт ниҳод. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста буда, Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо ташаббусу ибтикороти бузург ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва сулҳу субот барои саодати аҳли башар ҳарф мезанад ва кишвари мо дар ин самт яке аз давлатҳои пешсаф дар миқёси ҷаҳон шинохта шудааст. Дар анҷоми конференсия сиёсати сулҳпарварона ва фарҳангпарварона, инчунин ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд арзёбӣ гардида, баргузории чунин ҳамоишҳо барои густариши маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи шаҳрвандони масъулиятшинос муҳим ва саривақтӣ дониста шуд. ҲХДТ Сомонӣ

Президент, Хабарҳо

Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи Роғун

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ аз ҷараёни корҳо дар нақби нақлиётии 39 боздид намуданд. Нақби нақлиётии 39 яке аз иншооти муҳимми Неругоҳи Роғун буда, барои таъмин намудани дастрасии нақлиёт аз соҳили рост ба қисмати поёнии маҷмааи неругоҳ, ҳам дар давраи сохтмон ва ҳам дар давраи истифодабарии неругоҳ пешбинӣ шудааст. Тибқи маҷмӯи нақшаҳои корӣ дарозии трассаи асосии нақб  2 ҳазору 192 метрро ташкил медиҳад. Аз рӯи профили тӯлонӣ ва нақшаи умумӣ, нақб аз қисмати болоӣ дар сатҳи 1320 метр оғоз гардида, тадриҷан поён меравад ва ба қисмати поёнии неругоҳ дар сатҳи 1160 метр мерасад. Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, ҳамчунин, лоиҳаи нақби обпартои сатҳи болоӣ, ки дарозии он 953 метрро дар бар мегирад, муаррифӣ карда шуд. Тибқи лоиҳа пайвастшавии нақби мошингарди 39 бо нақби 23 ва дигар коркардҳои зеризаминии маҷмаа ба назар гирифта шудааст. Вазифаи асосии нақби нақлиётии Т-39 таъмин намудани роҳи мустақим ва боэътимоди нақлиётӣ байни соҳили рост ва иншооти қисми поёнии Неругоҳи Роғун, аз ҷумла барои интиқоли техника, таҷҳизот, мавод ва хизматрасонии иншоот дар давраи сохтмон ва давраи истифодабарии неругоҳ мебошад. Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз Неругоҳи Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар обқабулкунаки асосӣ дар баландиҳои 1172 ва 1300 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд. Вазифаи обқабулкунаки асосӣ вобаста ба сатҳи оби обанбор аз се зина ворид намудани об ба нақбҳои обрасон ва таъмини интиқоли боэътимоди он ба агрегатҳо мебошад. Ҳамзамон, ин иншоот барои мустаҳкам нигоҳ доштани қабати куҳпора ва пешгирӣ намудани кучиши ҷинсҳои куҳӣ баъди пур гардидани обанбор аҳамияти баланд дорад. Низоми обрасонии неругоҳ низ ба талаботи баланди муҳандисӣ мутобиқ карда мешавад. Оби аз обанбор ба ҷониби агрегатҳо равонашаванда барои агрегатҳои рақами 3 ва 4 аз баландии 1152 метр ва барои агрегатҳои рақамҳои 1, 2, 5 ва 6 аз баландии 1172 метр аз сатҳи баҳр ба нақбҳои обрасон ворид мегардад. Яке аз самтҳои муҳими корҳои сохтмонӣ дар соли равон ба хобонидани бетони конструктивӣ дар мавзеи даромадгоҳи нақбҳои обрасони рақамҳои 3 ва 4 марбут мебошад. То 1 августи соли 2026 дар ин қитъа 10 ҳазору 367 метри мукааб бетон хобонида шудааст. Ҷараёни босуръати корҳои сохтмонӣ дар обқабулкунаки асосӣ бозгуи сатҳи баланди корҳои муҳандисиву техникӣ ва истифодаи имкониятҳои муосири сохтмонӣ дар бунёди ин иншооти азими аср мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки асосӣ ба коргарон дастур доданд, ки барои саривақт ва босифат ба анҷом расонидани марҳилаҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд. Боздиди кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмони шахтаҳои дарвозаҳои таъмирӣ ва асосии обқабулкунаки доимӣ дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр идома ёфт. Сарвари давлат дар шахтаи рақами 4 бо мутахассисону коргарони ин қитъа, ки аксарияташон коргарони Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак мебошанд, суҳбати самимӣ анҷом доданд. Зикр гардид, ки ҳоло дар неругоҳи Роғун зиёда аз 1500 мутахассиси Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак фаъолияти пурсамар доранд. Зимни муаррифӣ зикр гардид, ки техникаву механизмҳои  пуриқтидори борбардор, боркаш ва худфарор бо як маротиба барқ пур кардан то 8 соат кор мекунад ва ин аввалин таҷрибаи судбахш барои сарфаи сузишворӣ дар иншоот мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар қисмати болоӣ ва зеризаминии шахтаҳо корҳои арматурабандӣ ва бетонрезии конструктивӣ дар ду баст идома дорад. Тибқи лоиҳа дар ин ҷо дар масоҳати умумии 2500 метри мураббаъ барои гидроагрегатҳои неругоҳ як роҳи мустақили обгузар, маҷмааи обқабулкунаки доимӣ бо 6 шахтаи дарвозаҳо сохта мешавад. Дар асоси дурнамо барои бунёди шахтаҳои дарвозаҳои таъмирӣ ва асосии обқабулкунаки доимии неругоҳ 65 ҳазор метри мураббаъ бетон ва тақрибан 5,5 ҳазор тонна арматура истифода хоҳад шуд. То ин вақт дар ин қитъа 33 фоизи корҳо иҷро гардидааст. Баъди анҷоми сохтмони иншоот, шахтаҳо барои идора ва дар ҳолати зарурӣ пурра бастани нақби обрави зери фишори ҳар як гидроагрегат, таъмини имконияти азназаргузаронӣ, таъмири нақбҳо ва ҳифзи таҷҳизоти неругоҳ дар ҳолатҳои садамавӣ хизмат хоҳад кард. Дар идомаи боздиди корӣ аз иншооти гуногуни неругоҳи Роғун раванди корҳои сохтмонӣ дар кони №17, нақби сохтмонии қабати чорум ва нақбҳои обпартои болоӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Шиносоии Пешвои миллат бо рафти корҳои истеҳсоливу сохтмонӣ дар ин иншоот аз дидбонгоҳи кони №17 оғоз ёфт. Тибқи маълумот, ҳоло дар кони №17 ҳафт корхона фаъолият дошта, иқтидори коркард ва истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла гилхок, рег ва сангреза, дар як шабонарӯз аз 10 то 12 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Фаъолияти шабонарӯзии корхонаҳои коркард дар кони №17 барои таъмин намудани захираи зарурии масолеҳ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти мавриди истифода дар сохтмони сарбанди неругоҳ заминаи муҳим мегузорад. Тибқи маълумот, нақби сохтмонии қабати чорум қобилияти гузаронидани то 3500 метри мукааб обро дар як сония дорад. Аз ин рӯ, таъмини ҳаракати бехатар ва идорашавандаи чунин ҳаҷми бузурги об аз талаботи муҳими техникии иншоот ба ҳисоб меравад. Иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим барои таъмини бехатарӣ, устуворӣ ва фаъолияти самараноки неругоҳ аҳамияти калидӣ дошта, аз ҷумлаи самтҳои муҳимми раванди бунёди ин иншооти бузурги энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Неругоҳи Роғун аз ҷараёни корҳо дар ҳавзи мавҷшикани нақбҳои обпартои соҳили рости Неругоҳи Роғун дидан намуданд. Ҳавзи мавҷшикан яке аз иншооти маҷмааи обпартои соҳили рости Неругоҳи Роғун буда, барои қабули ҷараёнҳои баландсуръати об аз нақбҳои сохтмонии СТ-4А ва СТ-4Б, нақби обпартои сатҳи болоӣ ТВВУ-1 ва нақбҳои обпартои ТВП-1 ва ТВП-2, паст намудани энергияи ҷараён ва фароҳам овардани шароити бехатари воридшавии об ба маҷрои дарёи Вахш пешбинӣ шудааст. Геометрияи ҳавз бо дарназардошти траекторияи фаввораҳои об, натиҷаҳои озмоишҳои модели физикӣ, ҳисобҳои математикӣ ва эҳтимолияти шусташавии маҷро муайян гардидааст. Мувофиқи лоиҳа, омодасозии ҳавзи мавҷшикан дар ду навбат пешбинӣ гардида, қисми асосии он то сатҳи 945,0 метр поён бурда мешавад. Мустаҳкамсозии соҳили рост бо дарназардошти ҷараёни максималии ҳисобии 1 ҳазору 750 метри мукааб дар сония муайян шудааст. Барои таъмини бехатарӣ пояи нишебии соҳили рост на камтар аз 20 метр ва соҳили чап тақрибан 20-30 метр аз нуқтаи бархӯрди фаввораи ҳисобии об дуртар ҷойгир карда шудааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тибқи ҳисобҳои гидравликӣ, худи ҳавзи мавҷшикан ҳамчун иншооти энергияфурӯбаранда ва минтақаи идорашавандаи шусташавӣ амал намуда, барои паст намудани таъсири ҷараёнҳои пуриқтидори об

Президент, Хабарҳо

Боздид аз хобгоҳи бунёднамудаи ҶСК Тоҷикгидроэлектромонтаж дар Неругоҳи Роғун

20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун аз хобгоҳи бунёднамудаи Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Тоҷикгидроэлектромонтаж боздид намуданд. Хобгоҳи нав дар асоси меъёрҳои сохтмонӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зисту истироҳати кормандони ширкат сохта шуда, дар он 84 ҳуҷраи хоб, мавҷуд мебошад. Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, барои кормандон шароити муосири истиқомат фароҳам гардидааст. Бо мақсади таъмини бехатарӣ дар хобгоҳ камераҳои назоратӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ насб гардидааст. Хобгоҳи нав дар мавзеи наздик ба қитъаи сохтмон ба сарфаи вақти кормандон мусоидат менамояд. Дар ҳаминҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон лоиҳаи нави биноҳои иловагӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар оянда бунёд мегарданд, муаррифӣ карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи биноҳо то охири сол сохта ба истифода дода мешаванд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин хобгоҳҳои наву замонавӣ, таъмини шароити арзанда ба кормандони ин иншооти азими аср дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандон ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати муҳандисону бунёдкорон даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамшуда ба сифати сохтмон ва иҷрои саривақтии масъулияташон диққати баланд зоҳир намоянд. Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ дар Неругоҳи Роғун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

Прокрутить вверх