Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ва ба истифода додани корхонаи Ноқили Турсунзода

14 август  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ноқили Турсунзода ва шиносоӣ бо раванди фаъолият дар ин корхонаи нави саноатӣ оғоз гардид. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст, ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот дар масоҳати 14000 метри мураббаъ ҷойгир буда, иқтидори истеҳсолиаш дар як сол 3 ҳазору 600  тоннаро ташкил медиҳад. Зимнан иттилоъ доданд, ки дар коргоҳи навтаъсиси ҷамъияти саҳомии пушидаи Ноқили Турсунзода 30 ва дар маҷмуъ 100 навъ ноқили аълосифати барқӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол гардида, дар он 5 хатти истеҳсолӣ мавҷуд мебошад. Ин ноқилҳо дар шабакаҳои барқии дохили биноҳо истифода мешаванд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Ҷамъияти саҳомии пушидаи Ноқили Турсунзода 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар ин ҷо кор дар се баст сурат мегирад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхона ба сифати корҳои сохтмонӣ ва нақши он дар таъмини ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва коҳиши воридот баҳои баланд доданд. Дар оғози боздид иттилоъ дода шуд, ки дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни умумумиллӣ 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 530 иншооти нав сохта ба истифода дода шуд. Ин шумора аз нақшаи тасдиқгардида хело зиёд аст, зеро онро бунёди 460 иншоотро дар назар дошт. Дар ҳамаи иншоот дар маҷмуъ зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст. Ҳамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 232 км роҳ мумфарш ва 59 км бетонпӯш карда шуд.

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо раиси ноҳияи Дарвоз

Субҳи 14-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси  ноҳияи Дарвоз Носирзода Умедҷон суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Аснои суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаи модари ҷавон Ятимзода Жасмина ҳамдардӣ баён намуда, барои расонидани кӯмакҳои моддию маънавӣ ва зери назорат гирифтани ҷараёни тарбияи кӯдаки хӯрдсоли ӯ дастуру супоришҳо доданд. Иттилоъ дода шуд, ки Ятимзода Жасмина 13-уми август бар асари аз силоҳи оташфишон тир кушодани силоҳбадастон аз ҷониби Афғонистон ба ҳалокат расидааст. Вобаста ба ҳолати рухдода сохторҳои дахлдор тафтишотро оғоз намудаанд.

МАҚОЛАҲО

Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»: таҳлили фалсафӣ – таърихӣ

Он масъалаи сулҳро аз доираи муносибатҳои байнидавлатӣ берун бурда, ба сатҳи масъулияти умумии инсоният мебарорад. Аҳамияти таърихии ин ташаббус дар чанд самт зоҳир мегардад: – якум, он таҷрибаи сулҳсозии Тоҷикистонро ба таҷрибаи байналмилалӣ пайваст менамояд. -дуюм, он аҳамияти пешгирии низоъҳоро бештар аз бартарафсозии оқибатҳои онҳо таъкид мекунад. -сеюм, он насли ҷавонро ҳамчун субъекти асосии ояндаи сулҳ муайян мекунад. -чорум, он робитаи байни сулҳ, рушди устувор ва ахлоқи инсонро нишон медиҳад. Аз нуқтаи назари улуми иҷтимоӣ бошад, чунин ташаббусҳо нишонаи тағйирёбии тафаккури башар мебошанд. Инсоният тадриҷан аз андешаи ҳалли масъалаҳо тавассути қувва ба андешаи ҳамкорӣ ва муколама мегузарад. Метавон гуфт, ки сулҳ ҳамчун арзиши ҳаётӣ дар ҳар давру замон масъалаи меҳварӣ дар ҷомеа аст ва мемонад. Асри XXI дар баробари пешрафти бузурги илмиву технологӣ, давраи пайдоиши таҳдидҳои нав мебошад. Гарчанде рушди технология имкониятҳои бесобиқа барои ҳамкории байни инсонҳо фароҳам овардааст, дар ҷаҳон ҳанӯз низоъҳои сиёсӣ, бархӯрдҳои фарҳангӣ, ифротгароӣ, терроризм ва мушкилоти иҷтимоӣ вуҷуд доранд. Дар чунин шароит, масъалаи ҳифз ва таҳкими сулҳ ба яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, гузариш аз «фарҳанги ҷанг» ба «фарҳанги сулҳ» яке аз равандҳои муҳимтарини таҷрибаи муосир мебошад. Сулҳи асри XXI бояд дорои хусусиятҳои нав бошад. Он бояд на танҳо ба набудани ҷанг, балки ба мавҷудияти шароити муносиб барои зиндагии шоистаи инсон асос ёбад. Яъне, сулҳ бо мафҳумҳои адолат, рушди устувор, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамкории байналмилалӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» маҳз чунин фаҳмиши васеи сулҳро ифода мекунад. Он таъкид менамояд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои ташаккули муҳити осоишта на танҳо имрӯз, балки барои ояндаи башарият низ масъулият дошта бошад. Аммо, дар мавриди ҷавонон ва ҳифзи сулҳ барои оянда ҳаминро метавон гуфт, ки дар масъалаи таҳкими сулҳ нақши ҷавонон хеле муҳим мебошад. Ҷавонон насли ояндасоз буда, ҷаҳонбинии онҳо ба самти рушди ҷомеа таъсири мустақим мерасонад. Агар дар байни ҷавонон фарҳанги таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва масъулияти иҷтимоӣ ташаккул ёбад, заминаи сулҳи устувор мустаҳкам мегардад. Аз дидгоҳи таърих, ҳар як насл на танҳо қабулкунандаи мероси гузашта, балки офарандаи таърихи оянда мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ вазифаи муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин самт маориф нақши калидӣ дорад. Омӯзиши таърих, фарҳанг, фалсафа ва арзишҳои ахлоқӣ метавонад ба ҷавонон имконият диҳад, ки сабабҳои пайдоиши низоъҳоро дарк намуда, роҳҳои осоиштаи ҳалли масъалаҳоро интихоб намоянд. Дар анъанаи исломӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ донишомӯзӣ, ахлоқи нек, эҳтироми калонсолон ва ғамхорӣ нисбат ба ҷомеа аз арзишҳои муҳими инсонӣ мебошанд, ва арзишҳои исломӣ бо принсипҳои муосири сулҳсозӣ мувофиқат доранд. Арзиши дигар муколама мебошад. Таърихи тамаддуни исломӣ нишон медиҳад, ки дар давраҳои гуногун робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ байни намояндагони тамаддунҳои гуногун вуҷуд доштанд. Ин таҷриба аҳамияти ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи фарҳангиро нишон медиҳад. Ҳамчунин мафҳуми бахшиш ва оштӣ дар таълимоти исломӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Ҷомеае, ки метавонад байни аъзои худ сулҳу оштиро таъмин намояд, барои рушди устувор имкониятҳои бештар дорад. Аз ин рӯ, таҳкими сулҳ дар замони муосир метавонад аз ҳамкории байни арзишҳои маънавии динӣ ва принсипҳои ҳуқуқии байналмилалӣ манфиат гирад. Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз ҷониби кишварҳо дастгирӣ ёфт. Он нишон медиҳад, ки кишварҳое, ки таҷрибаи таърихии мубориза барои сулҳро доранд, метавонанд дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонии сулҳ саҳми арзанда гузоранд. Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон собит менамояд, ки ҳалли низоъҳо танҳо тавассути қувва имконнопазир аст. Роҳи асосӣ гуфтушунид, эътимодсозӣ ва дарки манфиатҳои умумӣ мебошад. Дар оянда низ масъалаҳои зерин аз ҷумла, рушди фарҳанги муколама байни миллатҳо ва тамаддунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, пешгирии ифротгароӣ тавассути таълиму тарбия, ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ инсонпарварӣ ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои таҳкими сулҳ аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Дар ин раванд, таҷрибаи Тоҷикистон метавонад ҳамчун намунаи муҳим барои омӯзиши равандҳои сулҳсозӣ хизмат намояд. Дар охир чунин хулоса бояд кард, ки қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ, фалсафӣ ва маънавӣ мебошад. Бори дигар ёдовар кардан ба маврид аст, ки ин ташаббус масъалаи сулҳро аз доираи муносибатҳои байнидавлатӣ берун бурда, онро ҳамчун масъулияти умумии инсоният пешниҳод менамояд. Инсон аз дарки оқибатҳои ҷанг ва низоъҳо бояд ба фарҳанги ҳамкорӣ, таҳаммул ва муколама гузарад. Сулҳ барои наслҳои оянда танҳо ҳадафи сиёсӣ нест, балки вазифаи ахлоқӣ ва таърихии тамоми инсоният мебошад. Ҳамин тавр, ҳифзи сулҳ ин ҳифзи худи ояндаи башарият аст. Ҷомеае, ки сулҳро ҳамчун арзиши олӣ қабул мекунад, имкони бештар дорад, ки ба рушди устувор, пешрафти маънавӣ ва ҳамзистии созанда ноил гардад. Рӯйхати адабиёти истифодашуда Қуръони карим. Кант И. «Сулҳи абадӣ». Асарҳои фалсафӣ оид ба фалсафаи таърих ва рушди ҷомеа. Ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанги сулҳ ва амнияти байналмилалӣ. Санадҳо ва маводи марбут ба таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон. Асарҳои муҳаққиқони исломшинос оид ба мафҳумҳои сулҳ, адолат ва ахлоқ дар ислом. Маводи илмӣ оид ба нақши дин ва фарҳанг дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ. Исоев Н.сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Ислоҳот дар Арабистони Саудӣ: заминаҳо ва омилҳои иҷтимоӣ

Тайи даҳсолаи охир баъди ба сари ҳукумати кишвари Арабистони Саудӣ омадани Шоҳзода Муҳаммад бини Салмон, ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди тағиротҳои куллӣ дар умури давлатдории ин кишвар гардида истодаанд. Шоҳзода тавонист низомеро, ки даҳсолаҳо дар Арабистони Саудӣ ҳукмронӣ менамуд ва ҳама сохторҳо: – сиёсат, иқтисод, маориф, додгоҳҳо, фарҳанг, иҷтимоиёт, мақоми занон ва ҳатто мавъизаҳои динӣ таҳти қудрати он қарор дошт, тағйир диҳад. Умури асосӣ ва муҳиме, ки дар ин давра Валиаҳд анҷом дод, бешубҳа аз сари қудрат дур сохтани рӯҳониёни ваҳҳобимаоб маҳсуб меёбад. Мавсуф моҳи октябри соли 2017 эъломияеро интишор намуд, ки дар он бозгашти Арабистони Саудиро ба “исломи мӯътадил ва боз будани кишвар барои ҳама динҳо” эълом намуд. Сараввал ҷомеаи ҷаҳонӣ ин падидаро танҳо як изҳорот қабул намуданд. Аммо бо гузашти вақти муайян собит гардид, ки ин на танҳо як изҳороти сиёсӣ балки як барномаи хеле мушаххаси ояндаи ин кишвар будааст. Баъди пахши ин баёния пеш аз ҳама, ӯ пулиси диниро аз қудратҳои қаблии дар даст доштааш маҳрум сохт. То ин давра, афсарони ин сохтор аз ҳуқуқҳои зиёде бархурдор буданд. Онҳо салоҳияти онро доштанд, ки дилхоҳ шахсро дар хиёбону бозорҳо боздошта, пурсупос кунанд, либоси занонро тафтиш кунанд, суҳбати мардон ва занони номаҳрамро назорату пешгирӣ кунанд, фурўшандаҳои мағозаҳоро маҷбур созанд, ки вақти намоз дари дукон ё мағозаи худро баста ба намоз раванд, яъне ба ҳаёти шахсии шаҳрванд дахолат мекарданд. Акнун дар тибқи дастури Муҳаммад бини Салмон, ваколатҳои бисёре аз ин сохторҳо гирифта шуд, ба таври назаррас ҳуқуқи онҳо маҳдуд карда шуда, қисме аз ин идораҳо пурра барҳам дода шуданд. Яъне низоме, ки ҳуқуқи муайян кардани раванди зиндагӣ дар ҷомеа дошт, аз бурда шуд. Илова бар ин бисёр, маҳдудиятҳое, ки даҳсолаҳо тағйирнопазир ҳисобида мешуданд, аз байн рафтанд. Аз ҷумла, ҳуқуқи занон васеъ карда шуда, ба онҳо иҷозат дода шудааст, ки ба корҳои писанди худ машғул шаванд ва минбаъд занони болиғ метавонанд бе иҷозати парастори худ шиноснома гирифта ба дохил ё хориҷи кишвар ба сафар бароянд. Ҳуқуқҳои онҳо дар робита ба кор, бақайдгирии таваллуд ва баъзе масъалаҳои оилавӣ васеъ карда шуданд. Айни замон занон ба таври назаррас бештар дар муассисаҳои давлатӣ, тиҷорат, тиб, ҳавонавардӣ ва бахши хизматрасонӣ кору фаъолият карда истодаанд. Дар саросари кишвар маъмурияти намоиши кинофильмҳо, консертҳо, фестивалҳо ва чорабиниҳои фароғатию оммавӣ ба кор оғоз намуданд. Аз ин ба баъд мардону занон дар якҷоягӣ метавонанд дар фазои озод дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ ширкат дошта бошанд. Дар пойтахти кишвар шаҳри Риёз ҳамасола даҳҳо чорабиниҳои сатҳи гуногун доир мегардад, аз ҷумла намоишҳои байналмилалии мӯд, консертҳо ва намоиши асарҳои рассомон доир карда шуданд, ки ҳамагӣ даҳ сол пеш ин кор тасаввурнашаванда буд. Мавриди таъкид аст, ки муҳимтарин таҳаввулотҳо натанҳо дар хиёбону кучаҳо рух медиҳанд. Валиҳад тадриҷан сохтори давлатро такмилу тағйир дода истодааст. Аз нигоҳи таърихӣ, қудрати сулолаи Оли Сауд бо авлоди паёмбар Муҳаммад ибни Ваҳҳоб такя мекарданд ва монархия давлатро идора менамуд, дар ҳоле ки ниҳодҳои динӣ таъсир ва нуфузи бузурге ба соҳаҳои маориф, фарҳанг, додгоҳҳо ва ахлоқи ҷамъиятӣ доштанд. Акнун ин иттифоқ дигар дар шакли қаблии худ вуҷуд надорад. Рӯҳониён, ки сохти идораи давлат дар дасти онҳо буд, таҳти назорати давлат қарор гирифтаанд. Имомҳо, хатибон, қозиҳо ва кормандони мақомоти динӣ дигар наметавонанд мустақилона самти кишварро муайян кунанд; онҳо вазифадоранд хатти муайянкардаи монархияи навро, ки Валиаҳд намояндагӣ мекунад, пайравӣ кунанд. Ҳарчанд дар як давраи кутоҳ татбиқи ҳамаи дастурот ғайриимкон аст ва мушкилоти зиёде вуҷуд доранд, аммо асос ҳамин, ки самти равиши давлат муайян аст. Давлат намехоҳад ҳамон идеологияеро, ки даҳсолаҳо тавассути мактабҳо тарғиб ва амалӣ мешуд ва як тафаккури шахшудаи таассубгароиро ташаккул медод, идома ёбад. Зеро он ба ҷуз қафомндагӣ чизе ба мардум надод. Ҳатто таъйини муфтии нави кишвар дар соли 2025 рамзӣ гардид. Бори аввал ин вазифаро шахси берун аз аҳли авлоди мустақими Муҳаммад ал-Ваҳҳоб ишғол намуд. Боиси тазаккур аст, ки муфтии навтаъин ҳам як шахсияти хеле мулоҳизакор боқӣ мемонад. Ӯ ба аксарият, ки ҷонибдори равияи ҷараёни ваҳобия мебошанд, набарди ошкоро оғоз накард, балки тадриҷан тавозуни қудратро дар дохили низом тағйир дода, рӯҳониёни андешаи ваҳобия доштаро аз қудрати воқеӣ маҳрум карда истодааст. Дар ҷомеаи суннатӣ якхела ислоҳоти иҷтимоиро амалӣ кардан ғайриимкон аст. Дар баъзе соҳаҳо тағйироти босуръат ба амал меоянд ва мақомот ба таври возеҳ ақибнишинӣ мекунанд ё дар баъзе самтҳо эҳтиёткорона амал мекунанд. Масалан, то ҳол машрубот барои аксарияти кулли аҳолӣ мамнӯъ боқӣ мемонад, аммо соли 2024, аввалин мағозаи назоратшавандаи фурўши машрубот барои шаҳрвандони ғайримусалмон дар маҳаллаи дипломатии шаҳри Риёз кушода шуд. Дар ҳоли ҳозир дар пойтахти кишвар шаҳри Риёз сухан аз сохтани калисо ва ибодатгоҳи масеҳӣ меравад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии динӣ дар гузориши соли 2026-и худ, Арабистони Саудиро дар байни кишварҳое, ки озодии диниро шадидан поймол мекунанд, ҷой додааст, аммо бо вуҷуди ҳамаи ин таъкидҳо, нуктаи асосиро наметавон инкор кард: Муҳаммад бини Салмон кореро анҷом додааст, ки қариб ҳеҷ як ҳокими Саудӣ пеш аз ӯ ба ин кор ҷуръат накарда буд. Ӯ қадам ба қадам низоми қаблиро, ки дар он рӯҳониёни ултраконсервативӣ қудрати ташаккули ҳаёти тамоми кишварро доштанд, аз байн бурда истодааст. Аён аст, ки ӯ исломро барҳам доданӣ нест ва динро аз давлат бо роҳи Ғарбӣ ҷудо накардааст ва ҳеҷ сабабе барои ин вуҷуд надорад. Аммо ӯ кори дигареро анҷом дода истодааст: динро аз манбаи мустақили қудрат ба абзори тобеи давлат табдил медиҳад. Ва маҳз аз ҳамин сабаб тағйирот барои наслҳои нави саудиён тадриҷан ва ноайён ба амал меоянд. Дар чунин ҷомеаи амиқан динӣ ва консервативӣ, як таҳаввулоти ногаҳонӣ дар сиёсати анъанавӣ метавонист боиси низоъҳои бузурги дохилӣ гардад. Аммо Муҳаммад бини Салмон роҳи дигареро пеш гирифт яъне, аввал ӯ рӯҳониёни собиқро аз қудрат маҳрум намуд, сипас ҳаёти ҳаррӯзаро тағйир дода, сипас бо ҳамин васила соҳаи маориф, қонунгузорӣ, рисолату ҳуввияти таърихии миллат ва худи дурнамои ояндаи кишварро тағйир дода истодааст. Ҳануз аз як даҳсола сипарӣ нашуда бошад, ҳам симои маънавии Арабистони Саудӣ аллакай комилан дигар хел ба назар мерасад. Занон дар баробари мардон ба корҳои писандидаи худ машғуланд, одамон озодона ба кино, театр, музей, боғҳои фароғатӣ ва консертҳо мераванд, сайёҳони хориҷӣ ба кишвар меоянд ва аз ҷойҳои таърихӣ дидан мекунанд. Мусаллам аст, ки ин кишвар ҳанӯз давлати дунявӣ нест, аммо аниқ Арабистони Саудии қадимаи ваҳҳобӣ ҳам нест. Инро бояд эътироф намуд, ки кишваре, ки

МАҚОЛАҲО

Ислоҳоти динӣ ё манъи фаъолияти Ваҳҳобия дар Арабистони Саудӣ

Арабистони Саудӣ, ки дар олами ислом ва мусулмонони ҷаҳон ҳамчун гаҳвораи тамаддуни дини ислом шинохта шудааст айни ҳол дар ҳолати аз сар гузаронидани тағйироти ҷиддӣ ё ислоҳоти динӣ қарор дорад. Хеле ҷолиб аст ки ташаббускори ин иқдом худи Шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад бин Салмон мебошад. Дар маҷму ислоҳоте, ки дар Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии Шоҳзодаи валиаҳд амалӣ карда мешаванд, бештари соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ фарҳангӣ ва сиёсӣ-диниро фаро мегиранд. Тафсири арзишҳои исломӣ дар чаҳорчӯби ислоҳоти Муҳаммад бин Салмон як масъалаи мураккаб ва бисёрҷониба буда, ҳам дастгирӣ ва ҳам интиқодро ба худ ҷалб мекунад. Ҳанӯз соли 2016 дар Арабистони Саудӣ як барномаи пурсарусадо бо нми “Диди 2030”(«Видение 2030».) муаррифӣ гардид ки ба таҷдиди ҷомеаи Арабистони Саудӣ равона шуда буд. Албатта ташаббускори ин барнома ки ислоҳоти куллии ҷомеи арабиро тақозо мекард, шоҳзода Муҳаммад бин Салмон, ки амалан кишварро идора мекард, буданд. Яъне пас аз 80-соли таъсиси давлат, Арабистони Саудӣ асосан ба тағйири идеология даст зад, ки амалан мазмуни ба охир расидани ҳукмронии ваҳҳобияро дошт. Ҳамин тавр Шоҳзода дар моҳи марти соли 2022 дар шарҳи ислоҳоти дар кишвар амалишаванда чунин таъкид намуд: “Мо ба таълимоти воқеии ислом, ба тарзи ҳаёти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва чор халифаи ростқавл, ба ҷомеаи кушода ва осоишта бармегардем.” Муҳаммад бин Салмон дар бораи гузаштаи кишвараш ва зарари қарори сиёсии такя ба Ваҳҳобияро ба Арабистони Саудӣ эътироф мекунад. “Дар солҳои 1950 ва 1970, “Мо замони хеле душвор доштем.” Мо як лоиҳаи пан-арабӣ, инчунин дигар лоиҳаҳои сотсиалистӣ ва коммунистӣ доштем – дар баробари дигар лоиҳаҳо дар минтақа. Дар он вақт, ба бисёр гурӯҳҳои экстремистӣ имкон дода шуд, ки ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ ворид шаванд ва ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва дастгоҳи маъмурӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ин боис шуд, ки оқибатҳои даҳшатнок ба амал оянд ва мо шоҳиди онҳо шудем”, – иқрор шуд ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш. Ба гуфтаи ӯ, худи Арабистони Саудӣ қурбонии радикалҳо ва “ҳадафи асосии лоиҳаҳои экстремистӣ ва ҳамлаҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон” шуда буд. Ислоҳоте, ки дар Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии шоҳзодаи валиаҳд амалӣ карда шуданд, ба бисёр соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва динӣ дахл доранд. Аз ҷумла дар доираи ин ислоҳот дар робита бо арзишҳои исломӣ: Суст кардани меъёрҳои иҷтимоӣ, ба монанди такмили ҳуқуқи занон барои иҷозат додан ба ронандагӣ, иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ ва сабук кардани низоми васоят аксар вақт ҳамчун қадаме ба сӯи додани шаъну шарафи бештар ва имкониятҳо ба занон, чорабиниҳои фарҳангӣ, аз қабили кушодани кинотеатрҳо, баргузории консертҳо ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ ҳамчун кӯшиши гуногунрангтар ва гуворотар кардани ҳаёти мусулмонони ин кишвар ки бо принсипҳои исломии адолат ва баробарӣ дар назди Худо мувофиқ аст, тафсир карда мешаванд. Тағйироти иқтисодӣ, ки ба коҳиш додани вобастагӣ аз нафт ва рушди дигар бахшҳо, аз қабили таъмини некӯаҳволӣ ва ояндаи наслҳо, ҳамчун принсипи муҳими исломии ғамхорӣ ба наздикон ва ҷомеа равона шудааст. Ҷалби сармоягузорӣ бошад ба кушодани кишвар ба сармоягузории хориҷӣ ва сайёҳӣ ҳамчун роҳи беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва эҷоди ҷойҳои корӣ дида мешавад, ки инчунин бо идеяи ғамхорӣ ба некӯаҳволии мардум мувофиқ аст. Вале масъале, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуд, ислоҳоти динӣ мебошад, ки барои ватани бумии ислом албатта боиси нигаронӣ мебошад. Стратегияи нави роҳбарияти кишвар ин аз нав дида баромадани асосҳои ҳувияти миллӣ мебошад, ки таъкидро аз тамаркузи танҳо динӣ ба омезиши давлатдорӣ, миллатгароӣ, пешрафти иқтисодӣ ва муосирсозӣ интиқол медиҳад. Пас бешубҳа дар ин ислоҳот симбиози таърихие, ки байни сулолаи ҳукмрони Оли Сауд ва ҷунбиши динии ваҳҳобӣ, ки ҳамчун сутуни қонуният ва суботи иҷтимоӣ хидмат мекард, мавриди тағйирот қарор мегирад. Муҳаммад бин Салмон борҳо дар бораи талош барои “Исломи мӯътадил”-и озод аз экстремизм сухан гуфтааст. Ин ҳамчун бозгашт ба принсипҳои аслӣ, таҳаммулпазирӣ ва сулҳофаринии ислом, рад кардани тафсирҳои тундравона, ки ба зӯроварӣ ва таҳаммулнопазирӣ оварда расонидаанд, тафсир карда мешавад. Албатта худи ин принсип ба идеологияи ваҳобия аллакай мухолиф мебошад. Ҳачунин дар ислоҳоти динии Муҳаммад бин Салмон кушиш барои “Исломи мӯътадил”-и озод аз экстремизм ба назар мерасад. Аз ҷумла маҳдуд кардани таъсири пулиси динӣ, заиф кардани қудрати пулиси динӣ ва маҳдуд кардани таъсири руҳониёни тундрави динӣ аз ҳамин қабиланд. Ин ҳамчун кӯшиши озод кардани ҷомеа аз догматизм ва имкон додани тафсири васеътари матнҳои динӣ тафсир карда мешавад. Бо вуҷуди ҳамин ин ташаббуси ислоҳотхоҳонаи Муҳаммад бин Салмон тарафдорону мунаққидони худро дорад. Тарафдорони ислоҳот онҳоро ҳамчун як таҳаввулоти пешрафта, ки бо рӯҳияи замон ва арзишҳои аслии исломии адолат, раҳмат ва ғамхорӣ ба некӯаҳволӣ мувофиқ аст, мебинанд. Ба ақидаи ин коршиносон ислоҳот барои муосирсозии кишвар ва беҳтар кардани зиндагии шаҳрвандон равона шудаанд ва дар айни замон ба асосҳои ахлоқии ислом такя мекунанд. Мунаққидон бошанд, ба риёкорӣ ишора намуда, изҳор медоранд, ки ислоҳот ба ҷои либерализатсияи воқеӣ, барои тақвияти қудрати сулолаи Оли Сауд ва қонунӣ кардани монархия хизмат мекунанд. Баъзеи онҳо ҳатто таъкид мекунанд, ки ислоҳот боиси аз меъёрҳои анъанавии исломӣ дур шудани мардум ва коста шудани ҳувияти динӣ мегардад. Албатта ислоҳоти пешгирифтаи Муҳаммад бин Салмон кӯшише барои тағйир додани Арабистони Саудӣ ва ба талаботи иҷтимоии ҷомеаи асри ХХ! ҷавобгу намудани он аст. Ин шояд ҷанбаи калидӣ бошад. Муҳаммад бин Салмон борҳо хоҳиши худро барои дур шудан аз тафсирҳои тундрав ва радикалии ислом, ки ба назари ӯ боиси ифротгароӣ ва хушунат шудаанд, баён кардааст. Ҳадаф аз ин ислоҳоти динӣ бозгашт ба модели исломи таҳаммулпазир, кушода ва осоишта аст, ки онро исломи аслӣ меҳисобад. Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳромбеков Д.А.

МАҚОЛАҲО

ИСЛОҲОТ РОҲИ ЯГОНАИ РУШДИ ҶОМЕА АСТ

Ҳар як ҷомеа, фарҳанг, дин новобаста аз моҳияту мазмун ё сохтор дар ҳар давру замон ислоҳотро дар шаклҳои гуногун аз сар гузаронданд. Ислом ҳам дар баробари дигар динҳо ислоҳоти зиёдеро аз сар гузаронидааст, ки самтҳои хеле гуногун доранд. Ислоҳоти модернистӣ ва рационалистӣ як ҷараёни пуриқтидор дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳанги ҷаҳони ислом буда, намудҳои гуногуни “ислоҳот” бо роҳҳои гуногун ҳамкории доимии мактабҳои исломиро роҳандозӣ мекард. Ислоҳоти муосир дар соҳаи ҷамъиятӣ имконпазир ва ҳам хеле зарур аст. Аммо, барои баъзе гуруҳҳои таассубгарои динӣ ин раванд писанд нест. Масалан, ваҳҳобиён, мисли католикҳои асримиёнагӣ ислоҳотро дар ҳаёти динӣ намепазируфтанд ва бозгашт ба иҷрои бечуну чарои Навиштаҳои Муқаддас талаб мекарданд. Барои гуруҳҳои бунёдгарои исломӣ ҳукм кардан ба “фосид” ва бидъаткор дар нисбати эхтироми авлиёҳо, зиёрати қабрҳо, таълимоти тасаввуф ва инчунин расму оинҳо ва мазҳабу фирқаҳои дигар як падидаи муқарраӣ аст. Барои ин гуруҳҳо муҳим нест, ки аз ин ислоҳот мусулмонон чӣ ба даст меоранд. Барои онҳо басанда аст, ки ислоҳот ба тафаккур ва ҷаҳонбинӣ, назарҳои иҷтимоӣ ва равонии онҳо мувофиқат намекунанд. Пас ҷомеаи мусулмонӣ набояд ислоҳот кунад ва пеш равад. Агар нигоҳ кунем, ислоҳоти протестантӣ ҳам дар аввал дар шакли пурра либералӣ набуд. Баъзе унсурҳои “фундаментализм” дошт, ки баъдан дар шаклҳои нав дар ҷомеаи исломӣ ҳам мавриди амал қарор гирифтанд. Мазҳаби католикӣ, ки бар асоси салоҳияти калисо ва иерархия асос ёфта буд, ба ислоҳоти ҷиддӣ рӯ наовард то ҳол чунин сохтори қабулшудаи асрҳои пешин идома дорад. Худоро тавассути расму оинҳо ва маросимҳое, ки коҳинон анҷом медоданд, парастиш мекунанд ва мешиноснад. Наҷот танҳо тавассути итоат ба онҳо имконпазир ҳисобида мешуд.1. .https://www.opendemocracy.net/…/sam…/islamic-reformation Муҳаққиқ Эрнест Геллнер, муддати тӯлонӣ шабоҳат ва фарқияти байни протестантизм ва исломи ортодоксро таҳқиқ намуда, изҳор дошт, ки ислоҳот метавонад дар шакли нав онҳоро муаррифӣ намояд. Ин олим симметрияи оинагиро байни ду соҳили баҳри Миёназамин пешниҳод кардааст: Аврупои масеҳӣ калисои муташаккил бо зангӯлаҳо ва шамъҳо, маросимҳои мураккаб, иерархияи пурғавғо, дуои доимии роҳибон, дар ҳоле ки чунин навиштаҷоти сахтгирона бо ислоҳоти протестантҳои мухолиф буд. Дар тарафи дигари баҳр исломи ортодоксӣ, сахтгирона бо навиштаҷоти мустанад ва афкори ғайримаъмулӣ буд. Дар тӯли таърихи аксари кишварҳои исломӣ, марказу ташкилотҳои гуногуни тарғиботӣ вуҷуд доштанд. Муҳим аст, ки инҳо намунаҳои созмони иҷтимоиро ташкил медоданд, ки бар болои ҷомеа ҳукмрон буданд. Дар чунин ҳолат, сатҳи тафаккури динӣ байни ҷамоатҳои динӣ ва минтақаҳои деҳотӣ ё қабилавӣ ва миллӣ куллан аз ҳам фарқ мекард. Агар дар Африқои Шимолӣ Миср, Ироқ ва Сурия сулолаҳои суфиён ҳамчун миёнарав пеши роҳи низоъҳои байниқабилавӣ ва диниро мегирифтанд, дар баъзе қисматҳои дигар масалан, дар Арабистони Саудӣ мубаллиғони ваҳҳобӣ кушиш мекарданд, ки тамоми ин мактабу мазоҳиби диниро решакан кунанд. Зеро сарвати назаррас дар шакли вақфҳо ба дасташон буд ва пешвоёни онҳо бо қудратҳо робитаҳои назаррас доштанд. Ин баъзан эътирозҳои уламоро ба вуҷуд меовард, ки дар байни онҳо машҳуртаринаш Ибни Таймия (1263-1328) буд. Ӯ рақобати сахте бо муаллимони тасаввуф дошт, зиёрати равзаи Паёмбар ва авлиёро ва бахусус маросимҳои зикрро куллан ба бидъат маҳкум мекард. Ӯ боварӣ дошт, ки ҳамаи ин ширк, яъне ворид кардани худоёни дигар ба Худои ягона аст. Муқовимати Ибни Таймия бо суфиён як қатор мушкилотҳои навро вориди ҳаёти динии кишварҳои мусулмонӣ кард. Парадоксӣ аст, ки қабри худи ӯ ба макони ибодати салафиҳои муосир табдил ёфт. Таълимоти Ибни Таймия қисми таъсирбахштарини таълимоти илоҳиётӣ ва ҳуқуқии давлати муосири Саудӣ ва рӯҳониёни Саудиро ташкил медиҳанд. Чунин ҳамлаҳои рӯҳониёни қатъӣ ба ҳаракатҳои мазҳабӣ ва суфӣ дар таърихи мусалмонон давра ба давра такрор мешаванд. Сарнавишти чунин воизон аз тавозуни қудрат ва сарпарастии эҳтимолии афроди бонуфуз вобаста аст. Аммо, ҷомеа ҳамеша дар зери таъсири омилҳои гуногун тағйир меёбад, бо гузашти вақт падидаҳои нав пайдо мешаванд. Дар чунин маврид ҷомеа ба ислоҳот ночор рӯ меорад. Агар аз доираи таассуби динӣ берун набарояд, аз дастоварди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва илму технология ақиб мемонад. Пас дар кадом шакле набошад, ислоҳот зарурати айнӣ дар кишварҳои мусулмоннишин аст. Ислоҳот ин тасдиқи андешаҳои нав дар муқобили ортодоксии лафзӣ ва амалӣ, аммо дар заминаи комилан дигар аст. Ва ин як падидаи даврӣ аст. Навовариҳо дар таълимот ва қонун қисми модернизатсияи сиёсӣ ва фарҳангӣ буданд, ки ҳадафи он мутобиқ кардани ислом бо ҷомеа, фарҳанг ва сиёсати муосир буд. Намунаи амалии ислоҳоти муосир ин ислоҳоти давлати Туркия буд. Қонуни давлат ба таври расмӣ қабул ва татбиқ мешавад, қонуни шаҳрвандӣ, ва қавонини иҷтимоӣ ба расмият дароварда шуд, ки меъёрҳои шариатро низ дар мавриди зарурат дар бар мегирифт, Инчунин ислоҳотхоҳони дигар, мухолифони гегемонияи қудратҳои авкирупоӣ дар ҷаҳони ислом буданд ва мисли миллатгароёни дунявӣ, наҷоти мардуми исломиро ба ҳамон тарзе медиданд, ки Аврупо бартарии худро ба даст овард, илми табиӣ, рационализм, ислоҳоти иқтисодӣ ва низомӣ ва ташкили оқилонаи давлат ва ҷомеа. Онҳо изҳор доштанд, ки ҳамаи ин бо ислом комилан мувофиқ аст, на бо исломи фасодзадаи чунон ки онҳо медиданд, балки бо исломи аслии Паёмбар. Онҳо мафҳуми модернистиро бо исломи аслӣ як хонданд. Дин дар аслаш аз илм ва дониш ҳимоят мекунад. Аммо ва аз байн бурдани “қафомондагӣ” ва фасоди ахлоқӣ маънавӣ ва фарҳангие, ки дар натиҷаи садсолаҳо нодуруст шакл гирифтааст, кори осон нест. Вобаста ба вазъи кунунӣ яке аз кишварҳои меҳварии минтақа Аарабистони Саудӣ низ рӯ ба ислоҳот оварда, расман таъкид намудааст, ки аз таълимоти ваҳҳобияи таассубгаро канорагирӣ мекунад. Шояд ин дарки воқеъияти зиндагӣ дар ҷаҳони муосир мебошад. Зеро ягон кишвар аз раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳо дар канора буда наметавонад. Технологияяи муосир ҷаҳони гуногунро бо ҳам пайвастааст, ки омезиши арзишҳо як падидаи доимӣ шуда истодааст. Агар пештар ҷараёни ваҳҳобия дар бораи ислоҳот шунидан намехост, имрӯз ба ҷуз ислоҳот роҳи дигар пешбурди давлатдориро пайдо накард. Ишораҳои Шоҳи Арабиситони Саудӣ дар бораи ислоҳот дар самти муносибати давлат ба дин, таъмини ҳамзистии арзишҳо ва фарҳангҳо, рушди сайёҳӣ, тағйири низоми таълим дар мактабҳо, боздиди иштироки занон дар ҳаёти ҷомеа бори дигар исбот намуд, ки ислоҳот на танҳо дар кишварҳои мусулмоннишин имконпазир аст ва зиёда аз ин ислоҳот роҳи ягонаи рушд ва таъмини зиндагии шоиста барои мардуми мусулмон аст. Котиби илмии Марказ Маҳрамбеков М. А.

Президент, Хабарҳо

Таъиноти кадрӣ

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳо дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Ҷамшед муовини вазири корҳои дохилӣ ва Азиззода Абдусаттор намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин гардиданд. Аз ҳисоби кадрҳои соҳибтахассусу варзида роҳбари намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, намояндаи ваколатдори ВКД дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсози иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт, сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД, сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рашт, Синои шаҳри Душанбе, Мурғобу Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Бохтар, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардиданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, муомилаи хуш бо шаҳрвандон, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа ва дар маҷмуъ таъмини волояти қонун, ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки дар ҳама ҳолат манфиати давлат ва мардуми кишвар бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад.

МАҚОЛАҲО

Ногузирии равандҳои модернгароӣ дар ҷаҳони ислом

Табиати инсон чунин ороста шудааст, ки он ҳамчун мавҷуди соҳибақл пайваста барои рушду камол ва пешрафт саъю талош менамояд. Дар ин раванд нақши шахсиятҳои таърихӣ бешак чашмрас мебошад. Таърихи рушди ҷомеаи башарӣ гувоҳ аст, ки дар марҳилаҳои мухталифи рушди ҷомеа шахсиятҳои баргузидае бо таълимоти хоси худ барои гурӯҳе роҳнамо шудаанд. Қобили зикр аст, ки дар асри XVIII Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб бо таълимоти иртиҷоӣ ва бунёдгароёнаи исломии худ баромад намуду қавмҳои парешони арабро зери таълимоти маҳдуд ва яхбастаи худ муттаҳид сохт. Албатта, он ҳангом қавми парешон ва аз фарҳанги пешрафтаи башарӣ қафомонда ба чизе зиёда аз он эҳтиёҷ надошт. Аммо имрӯз ҷомеаи башарӣ чунон босуръат пешрафт мекунад, ки як қатор таълимотҳои замоне “дуруст” на танҳо дурустии худро гум кардаанд, балки зарарнок будани худро ба намоиш гузошта истодаанд. Бидуни тардид, таълимоти Абдулваҳҳоб, ки баъдан бо номи ваҳҳобия маъруф шуду дар давоми чанд даҳсола роҳнамои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Арабистони Саудӣ гардид, таълимоти хатарнок, монеаи пешрафти илму фарҳанг ва рушди иқтисодии ҷомеа будани худро ба маъраз гузошт. Агар матлабро соддатар баён намоем, кишварҳои дар ҳамаи соҳаҳо пешрафтнамуда собит карданд, ки ин таълимот ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад роҳнамои мусулмонон бошад. Моҳиятан ин таълимот ботлоқи бугинеро шабеҳ аст, ки ҳар гуна ҷомеаро бо тамоми дастовардҳои илмию фарҳангияш ба коми заҳролуди худ фурӯ мебарад. Ба қавли дигар, ин таълимот на танҳо барои пешрафти ҷомеаи араб мусоидат накард, балки бо ақида ва таълимотҳои яхбастаи зиддифарҳангию зиддимиллии худ садди азиме дар пешрафти ҷомеа гардид. Бидуни тардид, на танҳо барои ҷомеаи араб, балки барои тамоми мусулмонон бояд боиси хурсандӣ бошад, ки Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон вазъи динӣ-фарҳангии ҷомеаи худро бо дарназардошти пешрафтҳои ҷомеаи башарӣ ҳаматарафа васеъ ва амиқ таҳлил намуду аз он бардошти хеле дурандешона намуд. Ӯ баҳори соли 2016 барномаи модернсозии “Биниш – 2030”-ро пешниҳод намуда, дунболи ислоҳи динӣ-фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеаи худ гардид. Барномаи худро шарҳ дода, соли 2022 ӯ таъкид менамояд, ки “мо ба таълимоти ҳақиқии ислом, ба тарзи зиндагии Муҳаммад (с) ва чор халифаи аввал, ба ҷомеаи озоду осуда бармегардем”. Бояд эътироф намуд, ки бо муҳим ва муфид будани андешаи мазкур розӣ нашудан душвор аст. Ислом воқеан ҳам бунёди ҷомеаи озоду осударо таълим медиҳад, на ҷомеаи зери тарсу ваҳм ва таълимоти хашини зиддиинсонӣ ташаккулёфтаро. Шоҳзода гузаштаи на чандон дури ҷомеаи худро ба ёд оварда, хотирасон менамояд, ки дар солҳои 1950-1970 ба гурӯҳҳои ифротии зери таълимоти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб омодашуда имкон дода шуд, ки ба дастгоҳи иқтисодию сиёсии кишвар ворид шаванд ва дар муайян намудани роҳи пешгирифтаи кишвар нақшгузор бошанд, ки чунин ҳолат ба пайомадҳои даҳшатнок оварда расонд. Дар натиҷа обрую нуфузи сиёсии кишвар хеле коҳиш ёфт. Шоҳзода Муҳаммад ибн Салмон эътироф менамояд, ки баъд аз таъсири афкори ифротии ваҳҳобия ба низоми давлатдории кишвар давлат дигар рушд карда натавонист, сармояи зарурӣ ҷалб карда нашуд, сайёҳӣ пешрафт накард. Ӯ таъкид менамояд, ки бо тафаккури ифротӣ ягон навъи ҷомеа пешрафт карда наметавонад. Ба қавли Шаҳзода Муҳаммад ибни Салмон, агар кишвар хоҳад, ки миллионҳо ҷойи кор тавлид намояд, бекорӣ коҳиш ёбад, иқтисоди кишвар рӯ ба беҳбудӣ биёрад, даромади мардум зиёд шавад, ба хотири дигар манфиатҳо он бояд дар кишвар ифротгароиро решакан намояд. Яке аз иқдомҳои шаҳзода барои решакан намудани ваҳҳобия аз зеҳни мардум аз он иборат аст, ки он соли 1727-ро таърихи нави ташкилёбии Арабистони Саудӣ таъин менамояд. Ин сана аз омадани Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб 18 сол пеш аст. Яъне шоҳзода бо ин ибтикори худ нақши Муҳаммад ибни Абдулваҳҳобро дар таърихи сиёсии кишвар низ ночиз намуда, барои муносибати нав ба таълимоти ӯ заминаи илмию-ҳуқуқӣ омода менамояд, ки бешак ин иқдом барои пешрафти минбаъдаи кишвар хеле муҳим мебошад. Қобили зикр аст, ки Муҳаммад ибни Салмон ҳамчун муслиҳи дурандеш барномаи худро оҳиста-оҳиста, қадам ба қадам мавриди татбиқ қарор додан дорад. Мусиқӣ ва кино, ки чанде беш ҳаром маҳсуб меёфт, имрӯз дар мактабҳо ба фанни ҳатмии таълимӣ мубаддал шудааст. Дар шаҳрҳо намоишҳои оммавии консертии ҳам санъаткорони саудӣ ва ҳам ғарбӣ озодона намоиш дода шуда истодаанд. Тағйиротҳо махсусан дар нисбати занон хеле чашмрас мебошанд. Агар чанде пеш барои онҳо рондани мошин мамнуъ буд, имрӯз онҳо соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуда истодаанд, барномаю лоиҳаҳои бузургро роҳбарӣ менамоянд, нақши онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт тадриҷан зиёд шуда истодааст. Шоҳзода ислоҳи худро дар ҳаёти фарҳангию сиёсии кишвар шарҳ дода истода, таъкид намудааст, ки “ Давлати мо дар заминаи маҷмуи ақидаҳою эътиқодҳои дар заминаи ислом ташаккулёфта, фарҳанги қабилавӣ, фарҳанги арабӣ, сифатҳои беназири фарҳангу эътиқодоти саудӣ бунёд ёфтааст”. Бояд эътироф намуд, ки андешаи мазкур як таҳаввулоти азим ва ҷиддӣ дар фаҳмиши ислом аст. Исломи муосир бояд ба тамоми фарҳангҳо эҳтиром гузорад. Дар исломи муосир фарҳанги миллӣ дар ҳошия қарор нагирифта, балки мағзи онро ташкил менамояд. Эҳтиром ба фарҳанги дигарон ҳатто дар рафтори паёмбари ислом Муҳаммад(с) низ мушоҳида карда мешуд. Ӯ (с) баъди ба Мадина рафтан ҳатто дар рӯзи рӯзаи яҳудиҳо рӯза гирифтааст. Аз ин нуқтаи назар шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон воқеан ҳам дуруст таъкид намудааст, ки исломи мо бояд исломи озод ва осуда бошад. Ӯ сароҳатан таъкид намудааст: Мо ба он ҳолате, ки пеш будем, бармегардем. Кишвари исломи муътадиле, ки дараш ба тамоми динҳо, анъанаҳо ва одамони тамоми рӯйи замин боз аст”. Бояд таъкид намуд, ки ин иқдом боз ҳам барои эҳтироми худи дини ислом аст. Вақте ин дин динҳои дигарро эҳтиром менамояд, вай ҳатман аз ҷониби динҳои дигар низ мавриди эҳтиром хоҳад буд. Аз ин нуқтаи назар, барномаи пешниҳоднамудаи Шаҳзода Муҳаммад ибни Салмон хосияти баланди инсонпарварона дошта, биниши навро доир ба ислом муаррифӣ менамояд. Ин биниш моҳиятан тамоми афкору аъмол ва рафтору гуфтори ифротии зиддинсониро решакан намуда, бояд афкору аъмол ва гуфтору рафтори созанда, сулҳофар ва нексириштро рӯи кор оварад. Хулоса, сиёсати пешггирифтаи Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон маҳсули пешрафти фазои нави сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи башарӣ буда, ба тамоми ифротиҳо дар тамоми гӯшаю канори ҷомеаи башарӣ ҳушдор медиҳад, ки ифроту ифпротгароӣ оянда надоранд ва бояд аз ҳар гуна ҷомеа ба таври ҳатмӣ решакан шаванд. Барномаи роҳандозӣ шудаистодаи шоҳзода зери унвони “Биниш – 2030” дини исломро ҳамчун як дини таҳаммулпазир муаррифӣ намуда, дар бунёди ҷомеаҳои солими исломӣ бешак нақши муассир хоҳад гузошт. Муовини директори Маркази исломшиносӣ Абдухалилзода К.А.

Президент, Хабарҳо

Ифтитоҳи фосилавии 7 мактаби миёна, 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, биноҳои меҳмонхона ва маҷмааи солимгардонӣ, шуъбачаи милитсия, Қасри ҳоким ва 4 корхонаи истеҳсолӣ дар шаҳри Ҳисор

11 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Шарора Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №144 барои 672 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи нави таълимӣ дорои 17 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон мебошад. Ҳамзамон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 дар деҳаи Тӯдаи деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор ифтитоҳ гардид. Иншоот аз синфхонаҳои бо васоити муҳими таълимӣ муҷаҳҳаз ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат буда, барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Дар деҳаи Руҷони деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 барои 384 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассисаи таълимӣ аз 8 синфхона, кабинетҳои таълимӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо низоми муосири гармидиҳӣ таъмин мебошад. Дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Ҳисор Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124 барои 434 хонанда дар ду баст кушода шуд. Бинои муассиса бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шуда, аз 9 синфхонаи таълимӣ ва 3 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад. Дар деҳаи Баракати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор бинои нави иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 барои 768 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво иборат буда, дар он барои омӯзиши як қатор фанҳои муҳим, аз ҷумла биология, математика, технологияи иттилоотӣ ва забони англисӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар идомаи тадбирҳо дар деҳаи Турдиқишлоқи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 576 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он 12 синфхонаи барҳаво ташкил шудааст. Ҳамзамон дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 бо имкони дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани то 576 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 12 синфхонаи таълимӣ ва як ҳуҷраи корӣ мебошад. Дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Ҳисор Муассисаи таҳсилоти томактабии Нури истиқлол барои 150 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он таълиму тарбияи кӯдакон бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, дар деҳаи Обигарми деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Хадича барои 140 кӯдак ифтитоҳ гардид. Бино аз 8 ҳуҷраи барҳавои машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои муосири таълимӣ таъмин мебошанд. Дар доираи тадбирҳо дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои Меҳмонхона ва маркази солимгардонии Шаршара мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Меҳмонхона ва маркази солимгардонии Шаршара дар масоҳати 5 ҳазору 500 метри мураббаъ ҷойгир буда, имкониятҳои истироҳатӣ, солимгардонӣ ва варзиширо дар як маҷмаа муттаҳид менамояд. Дар деҳаи Меҳргони деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ бинои нави шуъбачаи милитсияи деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор ифтитоҳ ёфт. Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав шаҳодати идомаи сиёсати созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат ба рушди инфрасохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Инчунин дар ҳамин рӯз дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои Қасри Ҳоким ифтитоҳ гардид. Иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи азнавсозии Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор бунёд гардида, ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ барои муаррифии тамаддуни қадимаи тоҷикон хизмат хоҳад кард. Дар сохтмон ва ороиши он унсурҳои хоси меъмории таърихӣ ба назар гирифта шуда, ҳамзамон барои истифодаи муосир шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар деҳаи Деҳи Нави деҳоти Мирзо Ризо Корхонаи коркарди оҳан ва пластикаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ҳоҷӣ Шариф ба фаъолият оғоз намуд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 1 ҳазору 200 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда имконият медиҳад, ки дар бозори дохилӣ талабот ба маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ бештар таъмин гардида, вобастагӣ аз воридоти баъзе намудҳои маҳсулот коҳиш дода шавад. Дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод корхонаи зотпарварии парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди АРК АГРО мавриди истифода қарор гирифт. Дар ҳудуди корхона 9 коргоҳи истеҳсолӣ ва биноҳои ёрирасон бо масоҳати умумии беш аз 15 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир мебошанд. Дар ҳудуди деҳаи Ҳисори шаҳри Ҳисор корхонаи истеҳсоли масолеҳи хушки сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Барх мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхонаи мазкур дар масоҳати 3 ҳазору 897 метри мураббаъ сохта шудааст. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни часпак барои кошин, санги мармар, сафол, гранити керамикӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол карда мешаванд. Иқтидори корхона имкон медиҳад, ки дар маҷмуъ 60 номгӯйи маҳсулоти сохтмонӣ истеҳсол гардад. Дар деҳаи Боғистони деҳоти Сомон корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Босфор Тиҷорат ифтитоҳ ёфт. Дар раванди сохтмони иншоот беш аз 50 сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона барои 30 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё шудааст. Корхона дорои се хатти истеҳсолӣ буда, имкони истеҳсоли 14 номгӯй маҳсулотро дорад. Иқтидори истеҳсолии он дар як соат то 80 килограмм донаи офтобпараст, 50 килограмм картошкаи хушк ва 50 килограмм ҷуворимаккаро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 5136 хонанда дар ду баст, 4 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 640 кӯдак, 8 корхонаи саноатӣ, 4 иншооти сайёҳӣ, 3 иншооти хизматрасонӣ, дар умум бо таъсиси қариб 700 ҷойи кории доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Хамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 58 км роҳ мумфарш карда шуд. Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Ҳисор бояд 1809 иншоот сохта мешуд.  То имрӯз 1848 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки 102,2% нақшаро ташкил медиҳад. Баъди бунёди иншоот 1034 ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

МАҚОЛАҲО

АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР МАСИРИ ДУНЯВИШАВӢ: АЗ ВАҲҲОБИЯТИ САХТГИР ТО ИСЛОМИ МУЪТАДИЛ

Арабистони Саудӣ солҳои тӯлонӣ дар тасаввури ҷаҳони ислом ҳамчун яке аз намунаҳои барҷастаи давлатдории динӣ шинохта мешуд. Низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар бо таълимоти исломӣ пайванди амиқ дошт ва дар ҳаёти иҷтимоӣ низ ниҳодҳои мазҳабӣ нақши назаррас мебозиданд. Қонуни асосии кишвар Қуръон ва суннати Паёмбарро ҳамчун асоси низоми давлатдорӣ муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, сухан гуфтан дар бораи дунявият дар Арабистони Саудӣ то чанд соли пеш қариб ғайриимкон ба назар мерасид. Аммо имрӯз манзара ба таври қобили мулоҳиза тағйир ёфтааст. Аз ибтидои солҳои 2000 ва махсусан баъд аз соли 2016, бо роҳандозии «Дурнамои Арабистони Саудӣ – 2030» (Vision 2030) ва баъдан бо ислоҳоти густурдаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии давраи валиаҳд Муҳаммад бин Салмон, кишвар вориди марҳилаи нави рушди худ гардид. Ин равандро наметавон танҳо бо мафҳуми «рушди иқтисодӣ» шарҳ дод. Дар баробари рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, сайёҳӣ ва ҷалби сармоя, тағйири муносибати давлат ба дин ва коҳиши нуфузи мустақими ниҳодҳои динӣ низ ба яке аз хусусиятҳои муҳими ин марҳила табдил ёфтааст. Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи Арабистони Саудӣ барои дарки бартарӣ ва иқтидори низоми дунявии давлатдорӣ аҳамияти махсус дорад. Пеш аз ҳама бояд як фарқи муҳимро таъкид кард: Арабистони Саудӣ имрӯз ҳам расман давлати дунявӣ нест. Конститутсияи классикии дунявӣ дар кишвар вуҷуд надорад ва ислом ҳанӯз дар сохтори расмии давлат ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳатто дар соли 2026 мақомоти расмии Саудӣ таъкид мекунанд, ки арзишҳои исломӣ ва ҳувияти миллӣ аз рукнҳои муҳими раванди дигаргунсозии кишвар мебошанд. Аммо масъалаи асосӣ дар ин ҷо дигар аст: оё тарзи татбиқи дин дар идоракунии давлат тағйир ёфтааст? Ҷавоб ба ин савол мусбат аст: Бале, тағйир ёфтааст. Таҳаввулоти солҳои охир нишон медиҳад, ки давлат тадриҷан аз модели идоракуние дур мешавад, ки дар он ниҳодҳои динӣ метавонистанд ба рафтори ҳаррӯзаи шаҳрвандон, фарҳанг, фароғат, тиҷорат ва ҳаёти ҷамъиятӣ дахолати мустақим дошта бошанд. Намунаи равшани ин тағйирот маҳдуд намудани салоҳияти «Кумитаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар» мебошад. Агар қаблан ин ниҳод метавонист ба рафтори шаҳрвандон дахолат кунад, онҳоро боздошт ё бозпурсӣ намояд ва масъалаҳои либоспӯшӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти шахсиро назорат кунад, баъд аз ислоҳоти соли 2016 салоҳияти иҷроии он ба таври ҷиддӣ маҳдуд гардид. Фаъолияти он бештар ба роҳнамоӣ ва тавсия маҳдуд шуда, дахолати мустақим ба шаҳрвандон аз байн рафт. Ин тағйирот аз нуқтаи назари консепсияи давлатдорӣ хеле муҳим аст. Зеро вақте масъалаҳои ахлоқӣ ва динӣ аз доираи назорати мустақими давлатӣ берун мешаванд, масъулияти давлат аз «назорат кардани имондорӣ» ба «таъмини тартибот, ҳуқуқ ва манфиати умум» бештар мегузарад. «Дурнамои 2030» (Vision 2030) дар ин раванд ҷойгоҳи марказӣ дорад. Ҳадафи расмии ин барнома коҳиш додани вобастагии иқтисоди кишвар аз нафт, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, густариши бахши хусусӣ, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ, рушди сайёҳӣ, фарҳанг ва хизматрасонӣ мебошад. Сохтори расмии Vision 2030 имрӯз се меҳварро таъкид мекунад: ҷомеаи пурҷӯш, иқтисоди пешрафта ва давлати соҳибмуваффақ. Ҳамзамон дар тавсифи ҷомеаи оянда аз «рӯҳи исломи муосир» сухан меравад. Ин ҷо як тағйири назариявии муҳим ба назар мерасад: давлат талош мекунад исломро аз як низоми фарогири идоракунии тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба як ҷузъи ҳувият, арзиш ва ахлоқи ҷомеа табдил диҳад, дар ҳоле ки масъалаҳои иқтисодӣ, маъмурӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бештар тавассути қарорҳои давлатӣ ва ниҳодҳои муосири идоракунӣ танзим мешаванд. Дар ҳамин маъно, «Vision 2030»-ро метавон яке аз муҳаррикҳои асосии секуляризатсияи амалии низоми давлатӣ донист. Аммо ин секуляризатсия на ба маънои хориҷ кардани дин аз ҷомеа, балки пеш аз ҳама ба маънои коҳиш додани нақши институтсионалии дин дар идоракунии давлат сурат мегирад. Ин нукта махсусан муҳим аст, зеро дунявиятро набояд бо бединӣ ё мубориза бо дин омехта кард. Давлати дунявӣ метавонад ба дин эҳтиром гузорад, арзишҳои ахлоқии онро эътироф намояд ва ҳамзамон қонунгузорӣ ва идоракунии давлатро аз назорати мустақими рӯҳоният ҷудо нигоҳ дорад. Агар «Vision 2030» барномаи стратегӣ бошад, пас «Мавсими Риёз» яке аз намунаҳои намоёни татбиқи иҷтимоӣ ва фарҳангии ин стратегия ба ҳисоб меравад. Бо оғози Vision 2030 ва таъсиси Идораи умумии фароғатӣ дар соли 2016, давлат рушди бахши фароғатро ба сиёсати расмии худ ворид намуд. Аз соли 2019 «Мавсими Риёз» ба яке аз бузургтарин чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатии минтақа табдил ёфт. Дар доираи он консертҳо, намоишҳои театрӣ, мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо баргузор мешаванд. Аҳамияти «Мавсими Риёз» танҳо дар фароғат нест. Он аз нигоҳи таҳаввулоти иҷтимоӣ рамзи гузариш аз як ҷомеаи нисбатан пӯшида ба ҷомеаи бозтар мебошад. Дар гузашта бисёре аз чунин шаклҳои фароғатӣ дар Арабистони Саудӣ маҳдуд ё мамнуъ буданд. Аммо имрӯз давлат онҳоро на танҳо иҷозат медиҳад, балки ҳамчун бахши муҳими иқтисоди миллӣ, сайёҳӣ ва сифати зиндагӣ дастгирӣ мекунад. Ҳамин тавр, муносибати давлат ба фарҳанг низ тағйир ёфтааст: он чизе, ки қаблан пеш аз ҳама аз нуқтаи назари «ҳалол ё ҳаром» баҳогузорӣ мешуд, имрӯз бештар аз нуқтаи назари манфиати ҷамъиятӣ, рушди иқтисодӣ, сифати зиндагӣ ва сиёсати давлатӣ арзёбӣ мегардад. Ин тағйирот яке аз нишонаҳои муҳимтарини дунявишавии идоракунии иҷтимоӣ мебошад. Ҷанбаи дигари муҳим бознигарии муносибат ба салафияи тундрав ва таълимоти сахтгиронаи динӣ мебошад. Муҳаммад бин Салмон ҳанӯз соли 2017 ошкоро эълон карда буд, ки кишвар мехоҳад ба «исломи муътадил» баргардад ва ҷомеаи Саудиро аз андешаҳои ифротӣ дур созад. Пажӯҳишҳои солҳои охир низ нишон медиҳанд, ки сиёсати Саудӣ дар самти коҳиш додани нақши салафизм дар қудрати нарм ва бознигарии муносибати давлат бо рӯҳониён тағйир ёфтааст. Ин равандро метавон гузариш аз «исломи идеологӣ» ба «исломи арзишӣ» номид: дин ҳанӯз аҳамияти бузург дорад, вале давлат бештар ба таҳаммулпазирӣ, мӯътадилӣ, ҳувияти миллӣ ва рушди ҷомеа такя мекунад. Дар баробари ин, тағйироти таълимӣ низ муҳиманд. Барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бознигарӣ шуда, баъзе матолиби такфирӣ ва таҳаммулнопазирона коҳиш дода шудаанд ва ба ҷойи онҳо мафҳумҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бештар ворид гардидаанд. Яке аз равшантарин нишондиҳандаҳои тағйироти иҷтимоӣ муносибат ба ҳуқуқи занон мебошад. Дар соли 2018 занони Саудӣ расман ҳуқуқи ронандагӣ пайдо карданд. Пеш аз ин Арабистони Саудӣ ягона кишваре буд, ки занон дар он ҳаққи ронандагӣ надоштанд. Баъдан занон ҳуқуқҳои бештар барои гирифтани шиноснома ва сафар бе иҷозати сарпарасти мард пайдо карданд. Ҳамчунин талаботи ҷудо нигоҳ доштани мардон ва занон дар бисёре аз ҷойҳои ҷамъиятӣ коҳиш ёфт. Аз ин ҷо метавон як хулосаи муҳим баровард: вақте ҳуқуқи шаҳрвандӣ аз мансубияти ҷинсӣ ва иҷозаи сарпарасти

Прокрутить вверх