Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчан

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо хонум Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баррасӣ карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ бо Комиссия ҷузъи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисодии кишвар мебошад. Президенти кишвар илова намуданд, ки ин ҳамкорӣ масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, беҳтар намудани инфрасохтор, ҳамчунин татбиқи ҳадафҳои “Раванди Душанбе оид ба  об” ва “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо”-ро дар бар мегиранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси Комиссияро дар мусоидат ба татбиқи иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои истифодаи устувори захираҳои обӣ, соддагардонии расмиёти савдо ва рушди иқтисоди сабз баланд арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкории худро бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баҳри татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нақлиёт, логистика, сертификатсия, рақамисозии омор ва таҳкими иқтисоди минтақавӣ идома диҳад. Дар идома нақши Барномаи махсуси Созмони Милал барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ ва густариши савдои байнидавлатӣ муҳим арзёбӣ карда шуд. Масоили марбут ба мубориза бо тағйирёбии иқлим низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Дар анҷом омодагии Тоҷикистон барои боз ҳам густариш додани ҳамкории ҳамаҷониба бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо таъкид гардид. 14.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025”

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Ваҳдати пойтахт дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025” иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст иштирокдорони форумро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Таъкид гардид, ки ҳадафҳои асосии ҳамоиш ин муаррифии захира ва имкониятҳои фарохи Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, омодагии кишвар ба ҳамкорӣ ва фановариву ғояҳои нав, инчунин тасмими Ҳукумати кишвар ба идомаи ислоҳоту дигаргуниҳое, ки шароити мусоидро барои рушди устувор ва ташаккули шарикии дарозмуддат фароҳам меоранд, ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Форуми Душанбе сармоягузориҳои “сабз”-ро, ки рушди устувори иқтисодиро бо дарназардошти адолати иҷтимоӣ ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои табиӣ таъмин менамояд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор додааст. Гуфта шуд, ки маҳз ба ҳамин хотир, Форум зери унвони “Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯза барои устувории фардо” баргузор карда мешавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Форум барои таҳияи қарорҳои амалӣ, таҳкими эътимоди тарафайн, кушодани иқтидори сармоягузории минтақа дар асоси принсипҳои устуворӣ ва манфиати мутақобила заминаи муҳим фароҳам меорад. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ҷойгиршавии стратегии Тоҷикистон дар маркази Авруосиё ба мо имкон медиҳад, ки ҳамчун пайвандгари минтақаҳо ва қитъаҳо баромад карда, долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва логистикӣ, ки бозорҳо ва мардумони гуногунро муттаҳид мекунанд, таъсис диҳем. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистони муосир кишвари дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои боз ҳам мусоиди сармоягузорӣ мебошад”. Зикр карда шуд, ки таи солҳои охир кишвари мо ислоҳоти фарогир ба таҳкими уствории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи қарорҳои инноватсионӣ нигаронидаро амалӣ менамояд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, захираҳои ғании маъдан ва сарватҳои муҳими стратегӣ, сармояи инсонии ҷавон ва пурнеруро аз афзалиятҳои рақобатпазири кишвари мо номиданд. Оид ба зарурати таваҷҷуҳ ба рушди иқтисоди сабз ва қабули Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 низ андешаронӣ сурат гирифт. Бо ба назар гирифтани имконияту иқтидорҳои соҳаи энергетика ба ширкатҳои манфиатдор лоиҳаҳои ояндадори ин бахш барои сармоягузорӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин, аз сармоягузороне, ки дар самти истеҳсоли технологияҳои муосир, батареяҳо, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия фаъолият мекунанд, барои саҳм гузоштан дар амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёси ин соҳаҳо истиқбол карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самъи иштирокдорони форум имкониятҳои дигари сармоягузории кишвар, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, кимиё ва дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, комплекси агросаноатӣ ва соҳаи сайёҳиро муаррифӣ намуданд. “Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкили фазои мусоиди соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Имрӯз мо ба сармоягузорон зиёда аз 240 кафолат ва имтиёзҳои гуногун пешниҳод менамоем, ки зиёда аз 110-тои онҳо имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ мебошанд”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистонро барои фаъолияти тиҷоратии соҳибкорон ва сармоягузорон созгор номиданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи стратегии мо табдил додани Тоҷикистон ба макони боэътимоди сармоягузории дарозмуддат мебошад, ки ба ҳамкорӣ баҳри рушди устувор ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад. Бо истифода аз фурсат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳибкоронро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва барору муваффақиятҳо орзу намуданд. Дар фарҷоми сухан Роҳбари давлат изҳори итминон намуданд, ки Форум ба оғози ташаббусҳои нави судманд замина гузошта, ҳамкориро таҳким мебахшад ва барои мардумони кишварҳо ва тараққиёти ҷаҳон натиҷаҳои намоён медиҳад. Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳии Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2025”, ҳамчунин, Султон Раҳимзода – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арипов Абдулло – Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон, Скляр Роман – муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон, Тунку Алӣ Ризауддин ибни Туанку Муҳриз – Валиаҳди Шоҳигарии Нигери-Сембилан, Малайзия, Татяна Молчан – Муовини котиби генералӣ, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид дар Аврупо, Сайид Али Маданизаде – Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Холид бин Абдулазиз Ал-Фолеҳ – Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ суханронӣ намуданд. 14.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия

12 октябр Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баъд аз анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ аз шаҳри Душанбе бозгашт намуд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми  баланд меҳмони олиқадрро самимона гусел намуданд. Ёдовар мешавем, ки сафари давлатӣ ва кории Владимир Путин дар Душанбе аз 8 то 12 октябр ҷараён гирифт. Зимнан аз рӯи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади аз ҳама муҳим – Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия буд, ки аз ҷониби сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин ба имзо расид. Тавофуқоти зиёди судманд, ҳамчунин дар шаҳри Душанбе зимни ду ҳамоиши муҳими минтақавӣ ҳосил шуд. Тоҷикистон, ба хусус пойтахти он шаҳри Душанбе ва мардуми шарифи кишвари мо таҳти сарварии Пешвои маҳбуби худ бори дигар собит намуданд, ки Тоҷикистон мулки сулҳу дӯстӣ, рушди ҳамкорию ҳамёрии судбахш  ва сарзамини биҳиштосою меҳмоннавоз аст. Барои гусели меҳмони олиқадр – Президенти Федератсияи Русия майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва аксҳои сарони ду давлат ороста шуд. Роҳрави сурх ва ороишоти гулгун густурда шуда, сарбозони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд. 12.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “ҳамкорӣ бо шарики стратегии мо Ҷумҳурии Беларус аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии мост ва мо ба он манфиатдорем, ки муносибатҳои байни кишварҳоямон бо мазмуни нав ғанӣ гарданд”. Зарурати рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ҳам таъкид карда шуд. Ба масоили рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ ва саноат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Сарони давлатҳо барои бештар фаъол гардондани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Беларус, ҳамчунин, Гурӯҳи кории муштарак оид ба рушди ҳамкории сармоягузорӣ, изҳори алоқамандӣ намуданд. Дар бахши кишоварзӣ ба масъалаи афзоиши ҳаҷми содироти меваю сабзавот ва пахта ба Беларус ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Рушди ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ ва маориф ҳам аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Барои густариши робитаҳо дар бахши тандурустӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва тайёр кардани кадрҳои соҳа, табодули афкор сурат гирифт. Дар доираи ҳамкорӣ дар ҷаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷонибдории ташаббусҳои ҳамдигар дар арсаи ҷаҳон таъкид гардид. 10.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот намуданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки “муколамаи мунтазами мо ба рушди ҳамкории кишварҳоямон такони тоза мебахшад”. Фаъолтар шудани робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ таъкид карда шуд. Ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, тавсеаи сармоягузорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ҳамкории сохторҳои марбута барои роҳандозии фаъолияти муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар ва истеҳсоли молҳои содиротӣ, аз ҷумла дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зарур шумурда шуд. Густариши ҳамкорӣ дар самтҳои ояндадори саноат, бунёди паркҳои технологӣ ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои иқтисодӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд. Дар соҳаи нақлиёт парвозҳои мунтазам миёни пойтахтҳои ду кишвар ва истифодаи имконоти транзитӣ барои интиқоли бор муҳим арзёбӣ гардид. Дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ дар бораи баргузорсозии рӯзҳои фарҳанг ва афзун намудани шумораи бурсияҳои таълимӣ барои ҷавонони Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт. Ҳамчунин, аз сатҳи ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ изҳори қаноат карда шуд. 10.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо ба таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Арманистон аҳамияти хоса медиҳем ва ба инкишофи онҳо дар тамоми соҳаҳо манфиатдорем”. Таъкид гардид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳо соҳаҳои муҳимро дар бар мегирад ва он имконият медиҳад, ки аз иқтидори кишварҳо дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд истифода шавад. Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нерӯи “сабз”, саноат, аз ҷумла кооператсияи саноатӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ зарур шумурда шуд. Афзоиши ҳаҷми гардиши мол, зиёд кардани савдои байниҳамдигарӣ бо истифода аз имкону иқтидорҳои мавҷуда ва ташкилу баргузорсозии форумҳои тиҷоратӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд. Ба рушди муколамаи байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Оид ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳанг, маориф, сиёсати ҷавонон ва сайёҳӣ низ табодули афкор сурат гирифт. Ҳамчунин, атрофи масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибдории ташаббусҳои глобалии якдигар гуфтугӯйи судманд доир гардид. 10.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Шоми Дӯстӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Шоми рӯзи 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори роҳбарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишҳои Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бӯстонсарои шаҳрии ҳукуматӣ зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили шоми дӯстӣ табдил ёфт. Сайругашти шомгоҳӣ дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Меҳмонони олимақом аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистон ҳаловат бурда, аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо боздид намуданд. Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзеи зебою назаррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил карда шуда, дар роҳравҳои алоҳидаи он ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд. Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди сабзавоту полезиҳо, меваҳои аз лиҳози таъму сифат беҳамто, ба мисли ангур, себ, ноку анҷир, хушкмеваҳои босифат, аз қабили чормағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд. Меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулот ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Сарони давлатҳо аз меҳмоннавозии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд. 09.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия

9 октябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия баргузор шуд. Дар макони чорабинӣ – Кохи ҳамоишҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро як-як гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ҳам омаданд. Қабл аз оғози ҳамоиш маросими аксбардории хотиравӣ доир шуд. Сипас, дар толори бошукуҳи Саразм Ҳамоиши дуюми Осиёи Марказӣ – Русия таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ оғоз кард. Нахуст, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорон – меҳмонони воломақомро самимона ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиш ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судманди бисёрҷониба дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия мусоидат менамояд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рӯзномаи нишаст масоили муҳимми ҳамкории минтақавиро дар бар мегирад. Густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, мусоидат ба афзоиши сармоягузорӣ, рушди ҳамкории гуманитарӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок номида шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки қарорҳои аз рӯйи натиҷаҳои муҳокима қабулшаванда ба таҳкими руҳияи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои иштирокдори қолаби Осиёи Марказӣ – Русия замина мегузорад. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки иштироки фаъоли сарони давлатҳо ва ниҳодҳои дахлдори онҳо ҳадафмандии ҷонибҳоро ба рушди муколама ва таҳкими ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳои минтақа ва Федератсияи Русия нишон медиҳад. Дар идома ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин ба саъю кӯшишҳои муштарак баҳри таъмини субот ва амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар идомаи ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои иштирокдор сухан ронда, доир ба мавзуъҳои мубрами матраҳ изҳори андеша карданд. Дар фарҷом кори Ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русияро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст карда, ба иштирокдорони он барои кори созандаву судманд изҳори сипос намуданд. Аз рӯйи натиҷаи кори ҳамоиш Эъломияи ҷамъбастии Ҳамоиши Осиёи Марказӣ – Русия ва Нақшаи амали якҷоя барои солҳои 2025-2027 қабул гардид. 09.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд. Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки вохӯриҳои мунтазам дар сатҳи олӣ имкон медиҳанд то масъалаҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуда, мавқеи ҷонибҳо оид ба самтҳои калидӣ ҳамоҳанг гарданд. Сарони давлатҳо ба рушди устувори муносибатҳои ду кишвар баҳои баланд дода, ба баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон изҳори омодагӣ намуданд. Таъкид гардид, ки густариши ҳамаҷонибаи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ба ҳисоб меравад. Фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, аз ҷумла “сабз” ибрози омодагӣ карда шуд. Аз рушди мусбати робитаҳои байниминтақавӣ ва ҷоннок гардидани робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба масъалаҳои ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Зарурати идома додани табодули илмию фарҳангӣ таъкид гардид. Дар анҷоми мулоқот сарони ду давлат, ҳамчунин, ҳамкории судманди Тоҷикистону Узбекистонро дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ таъкид намуданд. Изҳори бовар карда шуд, ки иқдомҳои муштараки амалишаванда, ба нафъи мардуми ду давлати бародар хизмат хоҳанд кард. 09.10.2025 шаҳри Душанбе

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов

9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Туркманистон аҳамияти хоса медиҳад. Ҷонибҳо омодагии худро ба рушди ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар соҳаҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ, аз ҷумла самтҳои нави “сабз” баён карданд. Ҳамзамон, таъсиси корхонаҳои муштарак ва зиёд кардани содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ зарур шумурда шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкории нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ зоҳир гардид. Густариши равобити фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанг ва дигар чорабиниҳои муштарак муҳим арзёбӣ гардид. 09.10.2025 шаҳри Душанбе

Прокрутить вверх