Имя автора: pressa

Президент, Хабарҳо

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Раҷабзода Ҳотам Назар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ, Баротзода Ҳусейн Наҷот аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рашт, Мирзозода Манучеҳр Ҳасан аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 29 сентябри соли 2025 №1077

Президент, Хабарҳо

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид. Зимни суҳбат сарони ду давлат масъалаҳои ҷории рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Сарони давлатҳо, ҳамчунин, ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистода дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд. 29.09.2025 шаҳри Душанбе

МАҚОЛАҲО

Ҳофизи Шерозӣ ва осори гаронарзиши ӯ

Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ соли 1325 дар шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ӯ аз падар ятим монда, бо модараш умр ба сар мебарад. Шоири машҳур ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ба таҳсилу илмомӯзи шавқу рағбати зиёд дошт, вале мутаасифона дар мактабҳои он замон танҳо нафарони пулдор метавонистанд таҳсил намоянду халос. Ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда, Шамсуддини хурдсол барои таҳсил намудан дар мактаб саъй мекунад ва ба нонпазхона ба кор оғоз мекунад то музде ба даст орад. Ӯ баъд аз музд гирифтан онро ба се қисм ҷудо мекунад: як қисм барои модараш, як қисм барои таҳсилаш ва қисми дигар барои худаш. Дар як вақт ҳам кору меҳнат ва ҳам таҳсилу илмомӯзи барояш мушкил буда, ба ин ҳама сабру таҳаммулро пеша мекунад. Дар як мудати кӯтоҳ ӯ аз ҳаммактабони худ пеш гузашта ба шеърнависӣ оғоз мекунад ва Қуръонро низ аз ёд мекунад ва ба ин хотир ба ӯ лақаби “Ҳофиз” додаанд. Ҳофизи Шерозӣ яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои адабиёти классикии форсу тоҷик буда, на танҳо миёни миллати худ, балки миёни халқҳои ҷаҳон шуҳрат ёфтааст. Осори адабии шоир хеле бою рангоранг буда, асари машҳури ӯ “Девони Ҳофиз” мебошад, ки аз ғазалҳо, қасидаҳо ва рубоиёту қитъаҳо иборат мебошад. Дар ашъори Ҳофиз бештар мавзӯҳои фалсафию ахлоқӣ, ишқи илоҳӣ ва заминӣ, зебогии табиату ҳаёт, нақди риёкорь ва зоҳирпарастӣ дида мешавад. Ҳифзи ватану дӯст доштани он дар ашъори Ҳофиз мавқеъи марказӣ дошта, инро дар мисоли ғазали худи шоир, ки муҳаббати худро нисбат ба хоки диёраш хеле самимӣ ба қалам додаст метавон дарёфт: Хушо Шерозу вазъи бемисолаш, Худовандо нигаҳ дор аз заволаш. Зи Рукнободи мо сад лавҳашаллоҳ, Ки умри Хизр мебахшад зулолаш. Саросар тамоми эҷодиёти Хоҷа Ҳофизро панду андарзҳо ғояҳои адлу инсоф, меҳнати ҳалол кардан, меҳру муҳаббат доштан, сабру наҳаммул намудан фаро мегирад, чунончӣ: Панди ҳаким маҳзи савоб асту айни хайр, Фархунда он касе, ки ба самъи ризо кушид. Насиҳате кунамат, бишнаву баҳона магир, Ҳар он чи носиҳи мушфиқ бигӯядат бипазир. Аз гуфтаҳои боло чунин бар меояд, ки инсон ҳамеша ба панду андарз ниёз дорад. Фархундаву хушбахт он аст, ки панду андарзро шунаваду писандад ва дар ҳаёти ҳарӯзаи хеш аз он истифода намояд. Дар замони зиндагии Ҳофиз вазъи иҷтимоии атроф он қадар хуб набуд. Бисёр нафарони бехирад худро суфию оқил шумурда, ба мардумфиребӣ ва риёкорӣ даст мезаданд. Ҳофиз аз чунин вазъ маъюсу ғамгин гардида, андешаи худро чунин баён мекунад. Ҳофизо май хӯру риндӣ куну хуш бош вале, Доми тазвир макун чун дигарон Қуръонро. Шоири машҳуру маъруф Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бо эҷодиёти пурмазмунаш дар фарҳангу таммадуни ҷаҳонӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб гаштааст. Осори ӯ бо забонҳои дигар низ тарҷума шудааст. Шоирону мутафаккирони Ғарб аз эҷодиёти ӯ илҳом гирифта, бисёр васфаш кардаанд. Аз ҷумла донишманди машҳури олмонӣ Гёте таҳти таъсири илҳомбахши “Девон”-и Ҳофиз маҷмӯаи ашъори худро бо номи “Девони ғарбӣ” эҷод кардааст. Шеъру ғазалҳои эҷоднамудаи Ҳофизи Шерозӣ ҳодисаву воқеаҳои пурпечутоби замонашро ба таври бадеӣ инъикос намуда, ҳамчун маводи тарбиявӣ дар тарбияи насли имрӯзу фардо бисёр арзишманд мебошанд. Девони Ҳофиз дар хонадони ҳар як мардуми форсу тоҷик ҳамчун як китоби муқаддас ҷой доштааст ва дорад. Шеъру ғазалҳои Ҳофиз имрӯз низ дар байни мардумони форсизабон, аз ҷумла тоҷикон хеле маъмул буда, кулли мардуми донишманду оддӣ, зиёию руҳонӣ ва олимону унвонҷӯён аз он васеъ истифода мебаранд. Шоири маъруфу шинохта соли 1390 дар шаҳри Шероз аз дунё мегузарад ва оромгоҳаш дар он ҷо мебошад, ки мардуми ҷаҳон аз он зиёрат намуда номи неку осори гаронарзишаш ҳамеша зинда хоҳад монд. Шарифова Санавбар сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

МАҚОЛАҲО

Ҷойгоҳи илм дар фарҳанги исломӣ

Илм ҷавҳари рӯшноист ва инсонҳо ҳамеша ба он эҳтиёҷ доранд. Ба ибораи дигар илм – нурест, ки инсон маҳз тавассути ин нур роҳи худро возеҳу равшан месозад ва худро аз ҳама гуна хатарҳо эмин нигоҳ медорад. Илм аст, ки инсонро ба пайроҳаҳои саодатмандӣ, хушбахтӣ, некномӣ мебарад. Таърих гувоҳ аст, ки ҷомеаи башарӣ барои баёни андеша, шинохти асрори табиат ва дар иртибот қарор гирифтан ба омӯзиш ва парвариш шуруъ аз оғози пайдоиши оламу одам руҷуъ кардаанд. Маҳз, омӯзиши илм ба ҷомеаи башарӣ имкон дод инсон ба шинохти табиат ва ифшои асрори он дастрасӣ пайдо кунад ва тавассути баёни андеша дар иртиботи гурӯҳӣ қарор гирад. Агар ба таърихи башарият руҷуъ шавад, возеҳу равшан мегардад, ки маҳз илм инсонро аз ибтидои офариниш то имрӯз ба зинаҳои баланди рушд расонидааст. Аҳамият ва нақши калидии илм буд, ки ҳам дар динҳои тавҳидӣ ва ҳам дар баёнияҳои башарӣ ба омӯзиш ва парвариши он диққати махсус дода шудааст. Илмомӯзӣ дар динҳои тавҳидӣ дар мадди аввал қарор гирифта, таъкиду тавсияҳо дода шудааст. Ба вижа, омӯзиши илм ва густариши он дар дини ислом ҷойгоҳи хос дошта, дар Қуръони карим, аҳодиси набавӣ ва дигар сарчашмаҳои исломӣ борҳо таъкид шудааст. Агар ҷойгоҳи илмро дар Қуръони карим бинем, аввалин сураеро, ки Худованд нозил кардааст, бо амри “اقرأْ” (Бихон) фиристодааст ва ҳамчунин дар бештари ояҳо бандагонашро ба омӯзиши илму дониш ба шакли “اِعلموا” (Илм омӯзед!) амр кардааст. Ҳамчунин, дар Қуръони карим ба кашфи асрори табиат сураҳое чун: Наҷм, Қамар, Зориёт, Мурсалот, Буруҷ, Фаҷр, Шамс, Лайл, Зуҳо, Зилзол, Аср ва зиёд ояҳо сатр гардидаанд, ки ба омӯзишу пажӯҳиш далолат мекунанд. Сураи дигаре, ки аз авлавияту қудсияти илм дарак медиҳад, сураи Қалам аст, ки Худованд ба он қасам мехӯрад. Дар сураи Ғофир, ояи 58 донишу нодониро баробар надониста, имлро биноӣ ва ҷаҳлро кӯрӣ донистааст, “وَمَا يَسْتَوِي الْأَعْمَى وَالْبَصِيرُ” (Ва нобинову бино баробар нестанд). Ҳамзамон, ин китоби муқаддаси мусулмонон ба олимон низ мақоми баланд дода, дарк ва шинохти асрори табиатро хоси онҳо медонад, аз ҷумла, дар сураи Анкабут, ояи 43 мефармояд: “وَتِلۡكَ ٱلۡأَمۡثَٰلُ نَضۡرِبُهَا لِلنَّاسِۖ وَمَا يَعۡقِلُهَآ إِلَّا ٱلۡعَٰلِمُونَ” (Ин мисолҳоро (достонҳо) барои мардум баён мекунем ва онро ба ҷуз олимон дарк намекунанд). Дар фарҳанги исломӣ илм ва дониш ҳидоятгари инсонҳо, роҳнамои миллатҳо ва таъминкунандаи хушбахтиҳо шинохта шудааст. Чунин вижагиҳои илм аст, ки олимону донишмандонро Паёмбари ислом (с) ворисони худ донистаанд. Тибқи ривоятҳои исломӣ дар рӯзи қиёмат се гурӯҳи шафоаткунанда аст: паёмбарон, шаҳидон ва олимон. Маҳз, дарку шинохти олимон буд, ки илму дониш рушд кард ва заминаи саодату пешрафти инсонҳо гардид. Бо чунин вижагиҳо “илм – рушноӣ ва ҷаҳл – торикӣ” шинохта шудааст. Яқин аст, ки ҷомеаи имрӯза маҳз, дар пояи илму дониш ба пешравиҳое чун тамаддунофарию фанноварии технологӣ комёб гаштаанд. Одинаева Ш. – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент, Хабарҳо

Суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

Муҳтарам  Раис, Муҳтарам Дабири кулл, Хонумҳо ва ҷанобон, Имрӯз, ки мо аз 80-умин солгарди қабули Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид  таҷлил менамоем, ҳамаи кишварҳои узвро ба ин муносибат самимона табрику таҳният мегӯям. Пӯшида нест, ки айни ҳол ҷаҳони муосир ба ҳолати ноустувориву номуайянӣ ва печидагиҳои рӯзафзун рӯ ба рӯ гардидааст. Ихтилофоти геосиёсӣ, талошҳои азнавсозии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, мухолифату низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ барои сулҳу осоиши пойдор таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод кардаанд. Дар баробари ин, оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ ба раванди рушди устувори глобалӣ маҳдудиятҳо ворид мекунанд. Дар чунин шароити мураккаб ва тағйирёбанда нақши Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун минбари муколама, ҳамкорӣ ва таҳкими сулҳу амният дар ҷаҳон  беш аз пеш аҳаммият пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, кишварҳои моро зарур аст, ки дар амалияи байналмилалӣ ҷиҳати ҳифзи ин асолат – бозгашт ба риояи комили ҳуқуқи байналмилалӣ – якҷо ва пайваста талош варзанд. Дар ин раванд, инчунин, таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ миёни давлатҳои хурду бузург ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад. Муҳтарам  Раис, Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 бо Ҳадафҳои Рушди Устувор комилан  ҳамсадо аст ва мо ҷонибдори татбиқи пурра ва саривақтии ин банди рӯзномаи ҷаҳонӣ мебошем. Мутаассифона, давлатҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан, кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ, дар роҳи дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ба душвориҳо ва мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мебошанд. Онҳо, бахусус кишварҳои осебпазир, зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро ҷиҳати таъмини маблағгузории рушди устувор ва беҳтар намудани дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ эҳсос мекунанд. Бо вуҷуди талошҳои дастҷамъона дар ин ҷода, ҳаҷми маблағгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушди устувор ҳамоно талаботи мавҷударо қонеъ карда наметавонад. Чунин ҳолат вокуниши саривақтӣ, ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ ва бознигарии равишҳоро вобаста ба низоми байналмилалии молиявӣ тақозо менамояд. Тоҷикистон аз ислоҳоти муассир ва одилонаи василаҳои молиявии байналмилалӣ ҷонибдорӣ мекунад. Дар марҳалаи кунунӣ мо шоҳиди сатҳи нобаробари рушди иқтисодии давлатҳо мебошем ва дар амалияи рафъи ин ҳолат нақши кишварҳои мутараққӣ ва сохторҳои байналмилалии молиявӣ метавонад муассир бошад. Бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққии осебпазир, ҳамоно зери таъсири пайомадҳои буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, камбизоатӣ бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла КОВИД, офатҳои табиӣ ва ноамнии озуқаворӣ қарор доранд. Онҳо ба андешидани тадбирҳои муассир дар самти дастгирии молиявӣ, аз ҷумла  соқит кардани  қарзҳо ниёз доранд. Аз нигоҳи мо, имрӯз вақти он расидааст, ки сари ин мавзӯи умда ҷиддан фикр кунем. Ҳозирини гиромӣ, Имрӯз мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар кишварҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон боиси эҷоди монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор гардидаанд. Кишвари мо низ, ки 93 фоизи ҳудудаш аз кӯҳистон иборат аст, аз пайомадҳои манфии ин раванд нигарон мебошад. Тағйирёбии даври гидрологӣ ва обхезиву хушксолиҳои пайдарпай, инчунин, хокборишҳои шадид дар тӯли чанд даҳсолаи ахир ба захираҳои обиву энергетикӣ ва амнияти озуқавории Тоҷикистон таъсири бевосита мерасонанд. Мо бар асари офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола зарари ҷиддии моддӣ ва молиявӣ мебинем. Мутаассифона, ин ҳодисаҳо дар аксар маврид боиси  талафоти ҷонӣ ва аз байн рафтани инфрасохтори ҳаётан муҳим мегарданд. Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва болоравии ҳарорат  боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва бад шудани ҳолати экосистемаҳои баҳру уқёнусҳо гардидаанд. Мехоҳам ёдрас шавам, ки тобистони соли ҷорӣ Тоҷикистон аз Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе мизбонӣ кард. Ин ҳамоиш аҳли ҷомеаи ҷаҳониро ба мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба мушкилоти  криосфера гирди ҳам овард. Лозим ба ёдоварист, ки то имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошад, зиёда аз як ҳазору сесад адади он  пурра об шудааст ва суръати обшавии пиряхҳои мо дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ин дар ҳолест, ки  пиряхҳо ва дигар манбаъҳои оби Тоҷикистон то 60 фоизи  захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Моро мебояд дар раванди ҳалли мушкилоти вобаста ба сарчашмаи ҳаёти инсоният, яъне об бетараф набошем. Ҳозирини арҷманд, Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад. Кишвари мо дар доираи ибтикори навбатии худ дар соҳаи об дар чаҳорчӯби татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии хеш тадбирҳои амалӣ меандешад. Ман аз кишварҳои узв ва ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоям, то дар кори чорабинии навбатии “Раванди оби Душанбе” – Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки соли оянда дар  Тоҷикистон   баргузор мегардад, ширкати фаъол дошта бошанд. Ин чорабинӣ, бешубҳа, ба идомаи азму талошҳои муштараки мо дар доираи Рӯзномаи амал оид ба об такони тоза хоҳад бахшид. Мо бовар дорем, ки он, ҳамчунин, барои омодагӣ ба Конфронси оби соли 2028-и Созмони Милал дар шаҳри Душанбе заминаи устувор хоҳад шуд. Муҳтарам Раис, Институтҳои қавӣ ва маърифати ҳуқуқӣ пояи ҷомеаи одилона ва устувор мебошанд. Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди нодида гирифтан ва поймол шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ гардидааст, ки пойдевори назму низом ва сулҳу субот дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Мо ба зарурати риояи қатъии қонунҳои байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл намудани ҳама гуна низову ихтилоф таъкид менамоем. Бо дарки амиқи ин воқеият Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Мо аз ҳамаи давлатҳои узв даъват менамоем, ки ба ин ташаббус ҳамроҳ шаванд ва фарҳанги ҷаҳонии шаффофият ва адолатро тақвият бахшанд. Хонумҳо ва ҷанобон, Татбиқи босуръати  технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ метавонад ба раванди амалисозии Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат намояд. Ман аз ҳамаи кишварҳои узв барои ҷонибдорӣ аз пешниҳоди Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи махсус зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” изҳори  сипос менамоям. Итминон дорам, ки қатъномаи 25 июли соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумӣ қабулгардида ҳамчун василаи асосии истифодаи бехатар ва одилонаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо хидмат хоҳад кард. Дар ин замина таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем. Ин марказ, бешубҳа, метавонад ба роҳандозии ташаббус ва лоиҳаҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти зеҳни сунъӣ мусоидат намояд. Қобили зикр аст, ки ҳамзамон бо мукаммал гардидани технологияҳои рақамӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ, бахусус ҷиноятҳои киберӣ низ меафзоянд. Дар ин замина, мо таъкид менамоем, ки амнияти киберӣ бояд ҷузъи муҳимми амнияти дастҷамъӣ бошад. Возеҳ аст, ки дар баробари ҷиноятҳои киберӣ, терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Директори идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде

23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Директори идории Бонки ҷаҳонӣ хонум Анна Бйерде мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки ҷаҳониро яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон номида, ба роҳбарияти он барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуданд. Ба рушди ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетика ва маблағгузории лоиҳаҳои ин соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Оид ба таъмини рушди босуботи соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз қабили саноат, кишоварзӣ, инфрасохтору коммуникатсия, рақамикунонӣ, маориф, бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин, беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ табодули судманди афкор ҷараён гирифт. Татбиқи босамари Лоиҳаи сиёсати дастгирии рушд ва таҳияи Стратегияи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ барои панҷ соли минбаъда аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд. Мусоҳибон атрофи пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва авзои мураккаби минтақа ва ҷаҳон, ки ба татбиқи нақшаҳо ва дурнамои рушд таъсири манфӣ мерасонад, андешаронӣ намуданд. Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт. 23.09.2025 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ раванди ҳамкории гуногунҷанба ва пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд. Тавре таъкид гардид, авҷ гирифтани мухолифатҳои геосиёсӣ, таҳдидҳои амниятӣ, даргириҳои мусаллаҳона, терроризм ва ифротгароӣ, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва ноамнии озуқаворӣ идомаи босамари  ҳамкории муассирро тақозо менамояд. Доир ба татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор,  ташаббуси “Созмони Милали Муттаҳид-2.0”, Диди Дабири кул оид ба низоми муосири Созмони Милал ва ислоҳоти фарогири он тибқи барномаи “Созмони Милали Муттаҳид-80”, ташаббуси Дабири кул оид ба “Низоми огоҳии бармаҳал барои ҳама” ва иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ қабулшудаи Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба ҳалли масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Бо таассуф зикр гардид, ки то соли 2030 танҳо 35 фоизи Ҳадафҳои Рушди Устувор татбиқ мегарданд. Ба таъкиди Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастрасии васеъ ба ин ҳадафҳо истифодаи муассир аз технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, муҳим мебошад. Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба конфронсҳои оби Созмони Милал – 2026 ва 2028, ки дувумӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид. Ҳамчунин, тақвияти ҳамкорӣ барои бартарафсозии таҳдиду хатарҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ, низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва дарёфти роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли онҳо зарур дониста шуд. 22.09.2025 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу де Соуза

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Португалия муҳтарам Марселу Ребелу де Соуза мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши дӯстию ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд. “Мо  раванди рушди робитаҳои ҳамкории  Тоҷикистону Португалияро дар доираи Иттиҳоди Аврупо   мусбат арзёбӣ намуда, хоҳони тавсеаи онҳо дар қолаби дуҷониба низ ҳастем”, – изҳор доштанд дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи муколама ва тамосҳои сиёсии байнидавлатӣ дар сатҳҳои гуногун, тақвияти заминаи қарордодию ҳуқуқии робитаҳо ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки истифода аз захираҳои фаровони табиӣ ва башарии Тоҷикистон, аз ҷумла манбаъҳои энергияи “сабз”, маъданҳои нодир ва дар якҷоягӣ бо технологияҳои пешрафтаву сармояи Португалия метавонад ба нафъи ҳарду кишвар хизмат намояд. Ҳамкорӣ дар бахшҳои башарӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, ва табодули устодону донишҷӯён низ дорои имконоти фарох арзёбӣ гардид. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла атрофи мавзӯъҳои вобаста ба обу иқлим ва пуштибонӣ аз сулҳу субот дар ҷаҳони пешгӯинашавандаи имрӯза сурат гирифт. 22.09.2025 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президент, Хабарҳо

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг

22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг мулоқот намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Ветнамро, новобаста аз мавқеи ҷуғрофӣ, анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ пайванд менамоянд. Таъкид гардид, ки ду кишвар барои таъмини оромию субот ба хотири рушду пешрафт манфиатҳои умумӣ ва талошҳои муштарак доранд ва ба арзишҳои сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ арҷ мегузоранд. Барои рушди фаъоли ҳамкорӣ ва таҳкими муколамаи сиёсӣ пешниҳод гардид, ки вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои андешидани чораҳои муассир вазифадор карда шаванд. Дар ин замина таҳкими ҳамкории байнипарлумонию байниидорӣ зарур шумурда шуд. Ҷонибҳо аз имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ёдовар шуда, пешниҳод намуданд, ки талошҳо барои истифодаи босамари онҳо ба нафъи мардумони ду кишвар бештар гардонида шаванд. Ба афзуннамоии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, хусусан навсозии технологии соҳаи саноати сабук ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ низ зарур дониста шуд. Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба ҳамкории ду кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. 22.09.2025 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

МАҚОЛАҲО

ОМИЛҲОИ ХАТАРАФЗОИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Маълум аст, ки экстремизми динӣ ва терроризми марбут ба он таҳдиди бештар ба суботи сиёсӣ, амнияти ҷамъиятӣ ва сулҳи байни миллатҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад. Мавқеи геополитикии минтақа, мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва гуногунии мазҳабӣ ва этникӣ-конфессиявӣ ин минтақаро дар баробари идеологияҳои радикалӣ осебпазир мегардонад. Аз ин ру таҳлили илмӣ ва назари коршиносон нисбати ин мушкилоти ҷомеа ва вабои аср хеле муҳим мебошад. Таҳлилҳои илмӣ – фалсафӣ ва ташхисии коршиносон оид ба терроризм ва экстремизм як қатор махусусиятҳои онро муайян намуданд, ки аз ин раванди хатарфзо дар марҳилаҳои таърихӣ ҳам бо шаклгирӣ ва ҳам бо ҷараёни амалишавӣ фарқ мекунад. Вале омили муҳим он аст, ки дар ҳамаи давраҳои таърихӣ ба як мақсад равона шудааст. Ин ҳам бошад ноором намудани ҷомеа, даҳшатафканӣ, ҳисси нобоварӣ паҳн намудан нисбати ҳукумату давлат ва дар бархурд қарор додани қишрҳои гуногуни як ҷомеа мебошад. Махсусияти хатарзои амалҳои террористии ҷаҳони муосир дар он аст, ки онҳо аҳолии осоиштаро ҳамчун объекти таҳдид қарор дода, ба ҳамин васила ҳукумату мақомоти давлатиро зери фишор қарор медиҳанд. Омили хатарноки дигар, ин аз тарафи баъзе давлатҳои манфиатхоҳ гурӯҳҳои террористӣ, ифротӣ ва экстремистӣ ҳамчун воситаи амалӣ намудани мақсадҳои геополитикӣ ва геостратегӣ истифода бурда мешавад. Ҳамчунин раванди ҷаҳонишавӣ ва афзудани нобаробарии иқтисодии давлатҳо барои амалҳои террористӣ имкониятҳои густурдаеро созмон додааст. Хусусан қишри муҳоҷирони меҳнатӣ ва маҷбурӣ аз ҳадафҳои асосии гурӯҳҳои террористӣ мебошанд. Олимони ҷомеашинос ва коршиносон бар он ақидаанд, ки маҳз чунин шароит кӯшиши ба воситаи неруҳои ҳарбию қудратӣ несту нобуд намудани терроризм боиси он мегардад, ки террористон аз ҷинояткорон ба муборизони адолати иҷтимоӣ табдил меёбанд. Вале омили аз ҳама хатарафзои терроризми замони муосир дар он аст, ки даҳсолаҳои охир онҳо зери ниқоби дини ислом ҳадафҳои муғризонаи худро амалӣ месозанд. Имруз ташкилотҳои террористӣ бидуни ягон истисно аз номи дини ислом баромад мекунанд. Барои ҳамин ҳам давлатҳое, ки аксарияти аҳолиашро мусулмонон ташкил медиҳанд, ё роҳи дунявияти давлатдориро интихоб намудаанд мубориза бо терроризм хеле мушкил гардадидааст. Омили дигари хатарафзо ин босуръат рушд ёфтани шабакаи интернет ва технологияҳои иттилоотии замони муосир, ки ба паҳн намудани ақидаҳои ифротиашон хеле мувофиқанд. Барои ҳамин ҳам мавриди таҳқиқу омӯзиши мунтазам қарор доданищама гуна зущуротщои ифротгароёна ва терроризм, муҳим ва зарур мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият бо падидаи терроризм рӯ ба рӯ гардида буд. Амалҳои террористии содирнамуда дар даврони истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳуриро таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон водор намуд, ки як қатор қонуҳои муҳимро қабул намоянд. Ҳамин тавр соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» қабул гардидаанд. Дар моҳи январи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» қабул гардид. Ҳамчунин ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бо экстремизм ва терроризм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» қабул гардид. Баъдан фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 июни соли 2021, №187 оид ба «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025» қабул мегардад. Ҳамчунин, бо қарори Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 то инҷониб фаъолияти зиёда аз 29 ташкилоти террористию экстремистӣ дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон гардидааст. Сардори шуъбаи пажуҳиши исломи муосир, н.и.с., дотсент Баҳромбеков Д.А.

Прокрутить вверх