МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

Салафия как направление противостоящее ханафии и другим исламским теологическим школам и направлениям

Ин чӣ шӯру мубтало, ё раб, макун, Мазҳабам бахшу даҳмазҳаб макун. Мавлонои Румӣ Что за смута, о Господи, не поступай ты так, Дай мне один мазхаб, не сделай меня десятимазхабником. Джалаледдин Руми Как известно, сущность салафии (араб. -‎‎«предки, предшествен ники») обычно трактуется как направление в исламе, ориентированное на образ жизни и веру ранней мусульманской общины, квалифицируя как бидъа все позднейшие нововведения в указанных сферах. Салафия также в интерпретации некоторых исследователей означает «понимание религии в том виде, в котором её понимал Пророк и его сподвижники», «возвращениек Корану и сунне»в комментировании шариатских положений. По этой причине в западной научной литературе для характеристики идеологии салафитов вполне справедливо используются термины «традиционализм», «фундаментализм» или «возрожденчество». К салафитам причисляются, в частности, основоположник религиозно-богословской школы или мазхаба шафиия – аш-Шафии, основоположник религиозно-богословской школы или мазхаба ханбалия – Ибн Ханбал, известный мусульманский богослов Ибн Таймия, идеологи экстремистского движения «Братья-мусульмане» и др. Своей основной задачей салафиты считают никак необоснованную исламским вероучением борьбу за очищение ислама от различных чуждых, с их точки зрения, ему примесей, основанных на культурных, этнических или каких-то других особенностях тех или иных мусульманских народов. Именно по этой причине салафия не только отличается от ханафии, но и противостоит ей, ибо в ней применяется принцип «урф» – опора на традиции и обычаи мусульманских народов. В главном принципе учения самой салафии содержится внутреннее противоречие, ибо ее представители, как было уже отмечено, квалифицируют как бидъа все позднейшие нововведения в учении ислама. Если глубже вникнуть в эту проблему, то салафия сама является величайшей бидъой, ибо появившись только в XVIII-XIX вв. ее сторонники допускают нововведение путем введения нового принципа в виде отрицания учения своих салафов – предшественников в развитии учения ислама, в том числе ханафитских богословов, которые представляют опыт, накопленный в течение более одиннадцати веков истории данной религии. Другими словами, если опираться на идеи известного персоязычного пакистанского мыслителя Мухаммада Икбала, который еще в начале ХХ в. утверждал, что любая идеология, основанная на «ло» – «нет», на отрицание всегда несостоятельна, то салафия, которая говорит «нет» многовековому опыту всех мусульманских теологов, в целом является необоснованным религиозным учением. Говоря об отрицании нововведений со стороны салафитов, уместно также отметить содержание известного хадиса кудси, в котором отмечено, что в начале каждого столетия придет тот, кто обновить вам вашу религию – хадис, который признан многими исламскими мыслителями, в том числе Абухамидом Мухаммадом Газали. Здесь также уместно провести параллель с тем, что в начале нового тысячелетия таджикский народ под руководством главы своего государства вспоминая свои корни в лице Имама Аъзама и его мазхаба ханафии, и проведя крупное мероприятие международного масштаба в честь юбилея этого великого богослова, тем самым обновил свою религию и приспособил ее к нуждам современного мира. В других принципиальных основах учения салафитов также можно выявить противоречия не только с учением ханафии, но и с исламской религией в целом. Например, салафиты утверждают запретность паломничества к могилам святых или близких, ибо они рассматривают это как поклонение мертвым. Однако этот принцип они доводят до абсурда и отрицают даже уход за могилой родителей и близких или совершение мольбы – дуо в их адрес. Это же противоречит, как было уже сказано, не только принципам ханафии, но и общечеловеческим гуманистическим, этическим, морально-нравственным устоям. Как известно еще Абу Бакр ас-Сиддик по этому поводу говорил: «Если брат обращается с мольбой за своего брата, которого он любит ради Аллаха, свят Он и велик, и эта мольба принимается». Наряду с принципами ханафии, салафиты отвергают и методы символико-аллегорической трактовки Корана, поэтому они также противостоят суфизму и исмаилизму, ибо в этих двух известных в исламе направлениях, символы и внутреннее содержание исламских принципов являются важнее внешней их оболочки. Точно также салафиты выступают против шиитов. Наглядным свидетельством этому являются слова одного из так называемых их «ученых» – Мухаммада ибн Ибрагима Али Шейха, который в отношении шиитов из Бахрейна утверждал, что «они слишком низкие, чтобы зарезанные ими животные были дозволенными». Противостояние салафии ханафитскому богословию с одной стороны, и шиитскому направлению, исмаилизму и суфизму, с другой стороны, воочию показывает внутреннюю, конфликтную природу этого движения, которое внешне выглядит мирным учением, проповедующим, что «любое политическое разделение исламской общины или гражданская война должны рассматриваться как раскольничество, нарушение исламского единства». Основные же принципы салафии утверждают обратное – распространение идеологии салафии способствует разделению и противостоянию различных исламских учений и направлений, многочисленность которых было предугадано еще пророком Мухаммадом в его словах о разделении его уммы после смерти пророка на семидесяти трех течений в исламской религии, среди которых не отдается предпочтение ни одной школе. Салафиты же вполне необоснованно и вопреки духу исламского вероучения признают свою исключительность. Следует также отметить, что главными учеными для салафитов считаются улемы XVIII-XIX вв. Мухаммад ибн Абд аль-Ваххаб, Хусейн ибн Мухаммад ибн Абд аль-Ваххаб, Ибрахим ибн Мухаммад ибн Абд аль-Ваххаб, Абдуллах ибн Мухаммад ибн Абд аль-Ваххаб, Али ибн Мухаммад ибн Абд аль-Ваххаб и др. Этот неполный список салафитских улемов воочию показывает, что салафия в принципе является ваххабизмом, т.е. мусульманским фундаментализмом, опирающийся на идеологию одного клана воинствующих богословов. В последующих периодах, т.е. в XX-XXI вв. главными улемами и идеологами салафии стали Абдуррахман ибн Насир ас-Саади – известный саудовский толкователь Корана и правовед, Мухаммад ибн Ибрахим Аль аш-Шейх – первый Верховный муфтий Саудовской Аравии, Абдуль-Азиз ибн Баз – Верховный муфтий Саудовской Аравии, преемник Мухаммада ибн Ибрахима, Абдуль-Азиз ибн Абдуллах Аль аш-Шейх – Верховный муфтий Саудовской Аравии, преемник Ибн База, Мухаммад ибн Салих аль-Усаймин – известный правовед-факих из Саудовской Аравии и др. По этому перечню видно, что салафия выражает идеологию определенных кругов только мусульман одной страны, даже не весь арсенал арабских государств, а тем более – всех мусульманских народов мира. Салафия, как было показано выше, отрицает новшества введенными, в том числе мазхабом Имама Аъзама. Она внешне отрицает как бы и всевозможные новшества, привнесённые в мусульманский мир с Запада. Однако это в принципе является иллюзией, ибо данное движение всесторонне поддерживается западными политиками. Ведь не секрет, что движение ваххабизм, по единодушному утверждению специалистов этой сферы, было создано британскими спецслужбами. В качестве примера поддержки этого движения извне также можно привести реакцию западных стран на запрет салафии в Таджикистане, отраженные в словах известного политика Фелис Гаэр в ее реакции на запрет движения “Салафия” в январе 2010 года Верховным судом Таджикистана как опасного явления для национальной безопасности страны и на принятие таджикским парламентом

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

ҶАНБАҲОИ КАЛОМИИ «КИТОБ АТ-ТАВҲИД»-И АБУМАНСУРИ МОТУРИДӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛИ УСУЛИ ЭЪТИҚОДИИ АҲЛИ СУННАТ ВА ҶАМОАТ

Абумансур Муҳаммад ибн Муҳаммад ибн Маҳмуд ал-Мотуридӣ (вафот: 333 ҳ.қ. / 944 м.) яке аз бузургтарин мутакаллимон ва фақеҳони асри сегонаи ҳиҷрӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи тафаккури исломӣ нақши барҷастае гузоштааст. Зодгоҳи ӯ Мотурид, яке аз маҳаллаҳои қадимаи Самарқанд мебошад. Дар муҳити зодааш, ки маркази муҳими илмӣ ва мазҳабии Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт, уламои зиёде парвариш ёфта буданд ва равишҳои гуногуни фикрӣ, аз ҷумла ҳанафия, муътазила, шиъа ва ақидаҳои ғайрисуннӣ миёни донишмандон ва омма дар гардиш буданд. Мотуридӣ дар чунин муҳити пурњаяљон ва изтиробангез ба камол расид ва дар мактаби фикрии Абуҳанифа, ки бар мантиқ ва истифодаи ақл дар шарҳу тафсири матнҳои динӣ таъкид дошт, таълим гирифт. Ӯ шогирди мустақими Абубакр ал-Ҷурҷонӣ ва Муҳаммад ибни Муқотил Аррозӣ ва дигар уламо буд, ки силсилаи илмии онҳо ба Имом Абуҳанифа мерасад. Бо такя ба ин анъанаи илмии ҳанафия, Мотуридӣ мактаби мустақили каломии худро ба вуҷуд овард, ки баъдан бо номи мактаби Мотуридия машҳур гашт. Замони Мотуридӣ, яъне садаи сеюми ҳиҷрӣ, яке аз муҳимтарин давраҳо дар ташаккули мактабҳои каломӣ ва густариши баҳсҳои эътиқодӣ буд. Ин давра ба замони давлатдории Сомониён рост меояд, ки аз як сӯ пуштибони илму фарҳанг буданд ва аз сӯйи дигар, ба таъмини суботи мазҳабӣ ва рушди тафаккури аҳли суннат ва ҷамоат таваҷҷуҳ доштанд. Дар ҳамин давра, муътазилиён бо такя ба мансабҳои давлатӣ дар хилофати Аббосиён дар Бағдод нуфузи қавӣ доштанд ва бо услуби фалсафӣ ба тафсири ақидаи исломӣ мепардохтанд. Дар муқобили онҳо, аҳли ҳадис ва ашъариён ба таври ҷиддӣ мавқеъ гирифта, равишҳои дигареро пеш гирифтанд. Мотуридӣ дар чунин муҳити пурбаҳси каломӣ, бо такя ба усули мазҳаби ҳанафӣ, талош кард ақидаи аҳли суннатро аз диди ақлӣ ва мантиқӣ ҳимоя намояд. Вай, дар муқоиса бо мактаби муътазила, ки ба ифроти ақлгароӣ моил буданд ва мактаби ашъария, ки нақлро бар ақл тарҷеҳ медоданд, роҳи миёнаро баргузид. Аз назари ӯ, ақл воситаи муҳим барои фаҳми дин аст, вале бояд дар чорчӯби Қуръон ва суннат истифода шавад. Ин равиши мутавозин ба Мотуридӣ имкон дод, ки мактаби мустақили каломӣ таъсис диҳад ва дар миёни равияҳои замони худ ҷойгоҳи хос пайдо кунад. Абусансури Мотуридӣ натанҳо як мутакаллим буд, балки фақеҳ, муҳаддис, ва муфассир низ буд, ки дар тамоми илмҳои исломӣ дониши фарох дошт. Агарчи шумораи асарҳои боқимондааш маҳдуд аст, машҳуртарини онҳо «Китоб ат-Тавҳид» ва тафсири «Таъвилоту аҳли-с-суннат» мебошад, ки таъсири афкори ӯ дар тамоми таърихи баъдии мактаби ҳанафия эҳсос мешавад. Пас аз ӯ, бузургони каломии ҳанафӣ мисли Абулмуин ан-Насафӣ, Наҷмиддин ан-Насафӣ ва дигарон фикри ӯро шарҳ ва густариш додаанд. Нақши Мотуридӣ дар таърихи ақидаи исломӣ то имрӯз маҳфуз мондааст. Ӯ бо мувозинати амиқи байни ақл ва нақл, моделеро барои фаҳми имон ва ақида пешниҳод кардааст, ки то имрӯз дар сарзаминҳои васеъ, ба вижа дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Ҳинду Покистон, Туркия ва минтақаи Балқон мавриди қабул ва пайравӣ гардидааст. «Китоб ат-Тавҳид» ягона асари маъруфи Абумансури Мотуридист, ки дар соҳаи калом то замони мо расидааст. Агарчи дар муқоиса бо асарҳои баъдии каломӣ матни он мухтасартар аст, аммо аз лиҳози тарзи истидлол, интихоби мавзуъҳо ва низоми фикрӣ намунаи барҷастаи ақидаи муътадили аҳли суннат ва ҷамоат маҳсуб мешавад. Асар бо услуби далелпарварӣ ва мантиқнигорӣ таҳия шудааст. Мотуридӣ дар он бештар аз ақл ва қиёс истифода мекунад, ҳарчанд манбаъҳои нақлӣ низ аз Қуръон ва ҳадис ҷойгоҳи муҳим доранд. Хусусияти аслии услуби ӯ дар ин аст, ки ӯ масъалаҳоро бо саволу ҷавоб, ҳамроҳ бо нақли шубҳаҳо ва радди онҳо баён мекунад, як равиши илмии беназир, ки ҷанбаи диалогӣ (ҳиворӣ, муколамавӣ) дорад ва хонандаро ба андеша ва тафаккур кардан водор месозад. Мотуридӣ дар муқаддимаи китоб таъкид мекунад, ки ба ҳимояи ақидаи дурусти исломӣ дар баробари аҳли илҳод, муътазила (инкоркунандагони сифоти Худо) ва дигар фирқaҳои ботил машғул аст. Ӯ бо низоми қавии далелҳо ақлро ба сифати василаи муҳими шинохти Худованди таборак ва таъоло ва таъйини ҳақиқат муаррифӣ мекунад. Мавзуи меҳварии «Китобу-т-тавҳид» масъалаҳои эътиқодиро дар бар мегирад. Тавре ки аз номи китоб пайдост, ҳимоя ва тавзеҳи тавҳид (яъне ягонагии Худованд) ҳадафи аслии муаллиф аст. Мотуридӣ тавҳидро на танҳо ба маънои инкори ширк, балки ба маънои амиқтари фаҳми сифоти Худованди таъоло мефаҳмондааст. Ӯ исбот мекунад, ки Худованди таъоло дорои сифатҳои зотӣ ва феълӣ мебошад, вале ин сифот на ҷузъи зоти Ӯянд ва на хориҷ аз зоти Ӯянд, балки «ғайруҳу, ло ҳува» мебошанд. Мотуридӣ дар масъалаи сифоти Худованд бар хилофи ақидаи муътазилиҳо меистад, ки онҳо вуҷуди сифоти мустақилро рад мекарданд. Ба гуфтаи Мотуридӣ, Худованди Таъоло, Доно, Қодир, Зинда ва Соҳибирода аст ва ин сифатҳо абадӣ ва азалӣ мебошанд. Мотуридӣ дар масъалаи сифоти илоҳӣ ба як тафсири каломӣ рӯ меоварад, ки на ба ташбеҳ (монанд донистани чизе ба Худованд) меанҷомад ва на ба таътил (инкори сифот), балки роҳи миёна ва муътадилро интихоб мекунад. Яке аз мавзуъҳои асосии «Китоб ат-Тавҳид» баҳси ақл ва нақл аст. Ӯ дар ин асараш чунин мегуяд: «إن العلم بالله وبأمره عرض لا يدرك إلا بالاستدلال» «Маърифати Худованди таъоло ва фармонҳои Ӯ, як арзишест, ки фақат бо андеша ва истидлол ба даст меояд» саҳ: 137. Мотуридӣ ақлро ба унвони василаи аввалияи шинохти Худованди таъоло муаррифӣ мекунад ва исбот менамояд, ки инсон бо ақлаш ҳатто пеш аз ирсоли пайғамбарон метавонад ба вуҷуд ва ягонагии Худованди таъоло пай бибарад. Аммо барои фаҳми шариат ва мукаммал шудани ақидаи дуруст, фиристодани пайғамбарон зарурист. Дар ин дидгоҳ, Абумансури Мотуридӣ мавқеи мутавозин ва миёнаро ихтиёр мекунад, ки ҳам аз равиши ашъариён фарқ дорад ва ҳам аз назари муътазилиён. Ӯ бар хилофи ашъариён, ки нақлро бар ақл тарҷеҳ медиҳанд, ва муътазилиён, ки ақлро дар тамоми масоили динӣ мустақил ва кофӣ меҳисобанд, бар он назар аст, ки ақл василаи муҳим ва зарурии дарки маорифи динӣ мебошад, аммо на ягона манбаи маърифати дин. Ба таъбири дигар, Мотуридӣ миёни нақл ва ақл тавозуни методологӣ ба вуҷуд оварда, нақш ва аҳаммияти ҳар кадомро дар доираи муносиби он таъйин мекунад. Аз мавзуъҳои печидаи каломӣ, ки Мотуридӣ ба таври муфассал онро баррасӣ мекунад, масъалаи тақдир ва иродаи инсон аст. Ӯ кӯшиш мекунад миёни қудрати мутлақи илоҳӣ ва озодии инсон робитаи мутавозинро нишон диҳад. Ба гуфтаи ӯ, Худованди таъоло офарандаи аъмоли инсон аст, вале инсон касби ихтиёрӣ дорад, яъне инсон аъмолро ихтиёр мекунад ва бо ҳамин ҷавобгар аст. Ин назари «касб», ки баъдан аз ҷониби

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ҚАТЪНОМАИ СММ ОИД БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ

(Дар ҳошияи қабули лоиҳаи қатънома зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» дар Созмони Милали Муттаҳид) Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳим ва таърихӣ оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) қабул гардид. 25-уми июли соли 2025 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун иқдоми навоварона ва дурбинона баҳогузорӣ шуда, аҳаммияти истифодаи технологияҳои муосирро дар самти таъмини рушди устувор, амнияти иттилоотӣ ва пешбурди илмӣ-техникӣ таъкид менамояд. Маврид ба зикр аст, ки ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида буд. Қатъномаи мазкур нишонгари мавқеи устувори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва саҳми фаъолонааш дар ташаккули ояндаи рақамии башарият мебошад. Ин иқдом боз як шаҳодати дигарест аз сиёсатҳои хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҷомеаи пешрафта ва рақамӣ. Абдуллоҳи Қодирӣ сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Заминаҳои зуҳури ғояҳои ҳаракатҳои ифротӣ дар фазои динии кишварҳои шарқӣ ва воситаҳои мафкуравии муқовимат бо он дар Тоҷикистон. Ҷамоати Ансоруллоҳ

  Равияи ифротгарои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ё «Ансоруллоҳ» соли 2011 дар Афғонистон аз ҷониби яке аз мухолифони  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ( Radio Azattyq (Радиои «Озодӣ», 30.07.2021).  «Ҷамоат» калимаи арабии «جماعة‎» буда, маънои «иттиҳод, ташкилот, иттифоқ»-ро дошта (Х.К.Баранов. Арабско-русский словарь. Москва,1977), мафҳуми «иттиҳоди гурўҳи мусулмонон бо мақсади омўзиши якҷоягии дини ислом, адо намудани воҷиботи динӣ, кумаки якдигар ва мубодилаи афкор»-ро ифода менамояд. «Ҷамоат» теъдоди мухталифи диндорони дар як масҷиди муайян барои адои намоз ҷамъшударо метавонад муттаҳид намояд. Роҳбарияти «Ҷамоат»-ро имоми масҷид ба уҳда дорад. Ибораи «Ансоруллоҳ» (أنصار الله‎ ) низ арабӣ буда, он аз калимаҳои «Ансор» ва «Аллоҳ» иборат аст. Калимаи «Ансор» шакли ҷамъи калимаи «Носир» буда, маънои «ҳаводор, пайрав, тарафдор, ёрдамчӣ…»-ро ифода мекунад (Шарбатов. Арабско- русский словарь. Москва, 1977). Калимаи «Ансор» дар фарҳанги «Ар-роид» чунин шарҳ дода шудааст: «Аҳли Мадина, ки Пайғамбари ислом ва ёрони Вай аз аҳли Маккаро ёрӣ карданд» (Ҷуброн Масъуд. Фарҳанги алифбоиӣ арабӣ –форсии  Ар-роид. Машҳад, 1380 ҳ.қ.) Аз соли 2006 то 2015 роҳбарии ташкилоти террористии мазкурро зодаи Тоҷикистон – Амриддин Табаров ва аз соли 2015 то ба имрўз роҳбарии онро Муҳаммад Шарипов ба уҳда дорад. Аз рўзҳои аввали пайдоиши хеш роҳбарони «Ҷамоати Ансоруллоҳ» муносиботи душманонаи хешро нисбати Тоҷикистон оғоз кардаанд. Дар ин маврид муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-уми сентябри соли 2023 дар панҷумин мулоқоти машваратии президентҳои ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ дар ш.Душанбе иброз намуданд: «Солҳои охир мо бо кушишҳои воридшавӣ ва убури ғайриқонунии убури сарҳади давлатӣ, аз ҷониби гурўҳҳои террорристии мухталиф, рў ба рў шудаем.  Чанде пеш ду кўшиши убури марз аз ҷониби силоҳбадастон пешгирӣ гардид. Онҳо мақсади анҷом додани амалиёти террористиро дар пойтахт ва дигар манотиқи кишварро доштанд». Ниҳоди қудратии масъули ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ҳануз 5 сентябри соли 2023 хабар дода буд, ки 3 нафар аъзои ташкилоти байналхалқии террористӣ шаби 29-ум ба 30-юми моҳи август ғайриқонунӣ хатти марзи байни Тоҷикистону Афғонистонро дар минтақаи ҳамсарҳад бо деҳаи Кеврони самти ноҳияи Дарвоз убур намуданд. 26 апрел бошад, Маркази алоқа бо ҷомеаи КАМ ҶТ аз несту нобудсозии 2 нафар аъзои «Ансоруллоҳ» ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ хабар дода буд. Ногуфта намонад, ки «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ягона ташкилоти террористиест, ки аъзоёни он аз шаҳрвандони фирории Тоҷикистон иборатанд, ки аз аввалин рўзҳои таъсисёбии хеш зери роҳбарии «Толибон» ҷангидаанд. Ҳаракати «Толибон» баъди ба даст гирифтани зимоми давлатдории дуюмбораи Афғонистон, моҳи августи соли 2021 ба силоҳбадастони «Ансоруллоҳ» масъулияти ҳимояи яке аз минтақаҳои марзи байни Афғонистону Тоҷикистонро супоридаанд. Каме пештар, моҳи июни соли соли 2021, вақте ки «Толибон» гузаргоҳи назоратии байни Тоҷикистону Афғонистонро дар Бадахшон зери назорат гирифтанд, насби парчами «Толибон»-ро дар ин мавқеъ ба яке аз силоҳбадастони тоҷиктабор Маҳдӣ Арсалон супориш доданд. Маҳдӣ Арсалон ин исми мустаори Муҳаммад Шарипов мебошад. Ў зодаи деҳаи Шербегиёни ноҳияи Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 29 сол дорад. Ҳукумати «Толибон» ба гурўҳи Муҳаммад Шарифов масъулияти назорати 5 ноҳияи Бадахшони Афғонистон (Куфоб, Хвахан, Маймай, Нусай ва Шикай)-ро вогузоштааст. Дар Афғонистон Арсалон ва дигар размандагони тоҷик ҳамчун «толибони тоҷик» маъруфанд. Дар асли ҳол онҳо аъзоёни равияи ифротгарои «Ҷамоати Ансоруллоҳ» мебошанд. Аъзоёни ин равияи ифротгаро бо сарварии Муҳаммад Шарипов якҷоя бо «толибон» чандин маротиба дар задухўрдҳои сарҳадӣ бо марзбонони тоҷикистонӣ иштирок намудаанд (1.Радио «Озодӣ», Фарангиз Наҷибулло, 30.07.2021, 13:33. 2.Sweet, Julia (2022). “Jamaat Ansarullah (JA) Commander, Mahdi Arsalan, Ready To Invade the Shamsiddin Shokhin District (Shuroabad) in Khatlon region of Tajikistan – 06 October 2021”. TRAC. Retrieved 2023-02-14). Ногуфта намонад, ки ҳар як фаъолияти ифротгароёнаи аъзоёни равияи мазкур аз масъулони ниҳодҳои қудратии тоҷикистонӣ пўшида нест. Бисёр аъзоёни ин равия дар ҷангҳои дохилии Афғонистон ва ё задухўрдҳо, ҳангоми убури марзи Тоҷикистону Афғонистон, ба ҳалокат расидаанд ва ё асир гардидаанд. Охирон кўшиши убури марзи Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти террористӣ аз ҷониби гурўҳи сенафараи мусаллаҳонаи «Ҷамоати Ансоруллоҳ», дар арафаи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ, низ ба бод рафта, роҳбарияти «Толибон», минҷумла сухангўи «Толибон» Забиҳулло Муҷоҳид, аз маълумот доштан ва алоқа доштан бо «Ҷамоати Ансоруллоҳ», дар сафҳои гуруҳҳои ҷангҷуи ифротии Афғонистон иштирок намудани тоҷикистониҳо, инчунин таҳдид накардан ба кишварҳои ҳамсарҳади хеш ва иҷозат надодан ба ҳуҷуми ягон гуруҳи мустақар дар Афғонистон даъво мекунанд, аммо ин ҳама ботил аст. Зеро «Ҷамоати Ансоруллоҳ» бо дигар равияҳои ифротгарою ҷангҷуи Афғонистону Покистон, «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Алқоида», «ДИИШ» ва ғайра алоқаи зич дошта, тамоми фаъолияти хешро зери сарпарастии роҳбарияти «Толибон» анҷом медиҳанд. Гарчанд роҳбарияти «Толибон» даъво доранд, ки иҷозат намедиҳанд заминҳои Афғонистон барои амалиёти низомии зидди кишварҳои ҳамсоя истифода шавад, вале ҳақиқат ҳол дигар аст. Гуруҳи ҳарбии «Ансоруллоҳ»-и шиъаҳои зайдӣ (шиъаҳои зайдӣ яке аз шохаҳои муътадили мазҳаби ташайюъ буда, асосгузори он Зайд ибни Алӣ (набераи Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абутолиб)  дар асри 8-уми милодӣ мебошад. Ин шоха ба асосҳои мазҳаби ҳанафӣ қаробат дорад-Большая советская энциклопедия. Москва, 1978) дар Яман низ фаъолият дорад. Онҳо соли 2004 бар зидди ҳукумати Яман ошуби ҳарбӣ барпо намуда, қисмате аз заминҳои қисмати ҷанубии Яманро зери тасарруфи хеш дароварданд. Онҳо дар инқилоби соли 2011 низ ширкат варзиданд, ки дар натиҷаи он президенти Яман Али Абдулло Солиҳ ба истеъфо рафт ва 4 декабри соли 2017 ба қатл расонида шуд. Соли 2015, баъди ба даст гирифтани пойтахти Яман- Санъо ва ташкили Шўрои инқилобӣ, роҳбари Шўро Муҳаммад Алӣ Алҳусӣ интиҳоб гардид. Аз ин сабаб дар ВАО (васоити  ахбори омма) истилоҳи «яманиҳои ҳусӣ» ва ё «ҳусиҳо» истифода мешавад. (Густерин П. Йемен в переходный период. На пути к миру или распаду? — Саарбрюккен, 2014. — ISBN 978-3-659-28300-0).   Наҷмиддин Салимов – мутахассиси пешбари  шуъбаи пажўҳиши исломи муосир      

МАҚОЛАҲО

Дар пайи ҳаёти ҷовидон

Аз китоби Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо аз “Маснавии маънавӣ” Марде ҳаким бо забони рамзу истиора ба дӯстони худ гуфт:- Дар Ҳиндустон дарахтест, ки ҳар кас аз меваи он бихӯрад, на пир мешавад  ва на мемирад. Ин сухан ба гӯши подшоҳ мерасад ва сахт шефтаи он дарахт мегардад. Аз ин рӯ, қосиде[1] ба сӯи Ҳиндустон мефиристад, то ҳар гуна, киҳаст, он дарахтро биёбад. Қосидсолҳо дар он сарзамин ҷустуҷӯ мекунад ва нишони он дарахтро аз ҳар касе мепурсад, аммо ҳамагон ӯро масхара мекунанд ва мегӯянд, чунин дарахте вуҷуд надорад: Шаҳр- шаҳр аз баҳри ин матлуб гашт, Не ҷазира монду не кӯҳу на дашт. Ҳар киро пурсид, кардашт ришханд, К-ин кӣ ҷӯяд? Ҷуз магар маҷнуни банд. Муддатҳо гузашт ва шоҳ мураттаб барои ӯ пул мефиристод, то ба ҷустуҷӯ идома диҳад, аммо ӯ ҳарчи бештар ҷустуҷӯ мекард, камтар ба натиҷа мерасад. Саранҷом, азми бозгашт кард: Пас саёҳат кард он ҷо солҳо, Мефиристодаш шаҳаншаҳ молҳо. Чун басе дид андар он ӯурбат таъаб,[2] Оҷиз омад охируламр аз талаб. Кард азми бозгаштан сӯйи шоҳ, Ашк мебориду мебурид роҳ. Дар яке аз манозили роҳ фурӯд омад, то каме истироҳат кунад. Ногаҳон бо олиме раббонӣ рӯ ба рӯ шуд. Достони худро барои ӯ бозмегӯяд, то гиреҳ аз кораш бикшояд. Он олим пас аз шунидани суханони ӯ мегӯяд: -Эй содадил, он дарахт дарахте нест, ки дар саҳрову биёбон ва боғу бӯстон бошад, балки мақсуд аз он дарахт дарахти илму маърифати аст. Шайх хандиду бигуфташ:- Эй салим! Ин дарахти илм бошад дар Алим, Бас баланду бас шигарфу бас басит,[3] Оби ҳайвоне зи дарёи муҳит. Ин гавҳарро номҳои гуногуне аст, гоҳе ба он дарахт мегӯянд, гоҳе офтоб, гоҳе дарё ва гоҳе абр ва ҳазорон хосият дорад, ки яке аз онҳо умри ҷовидон аст: Гаҳ дарахташ ном шуд, гоҳ офтоб, Гоҳ баҳраш ном гашту гаҳ саҳоб. Он яке, к-аш сад ҳазор осор хост, Камтарин осори ӯ умри боқист. Ту аз ин рӯ гумроҳ шудӣ ва ба натиҷа нарасидӣ, ки дар пайи ному сурат рафтӣ ва аз ҳақиқату маънӣ бозмондӣ. Гарчанде ҳадафи мутафаккир аз ин ривоят дониши динист, чун ӯ дар асри миёна зиндаги карда буд, аз ин ривоят бо назардошти хусусиятҳои рушди имрӯзаи ҷомеа бардошти дурбинона ва оқилона бояд ҳосил намуд. Дар фазои пурталотуми рақобатҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ рӯ ба улуми табиатшиносӣ овардан василаи беҳтарини таъмини умри ҷовидона барои миллат буда, кафили амну осоиш ва хушбахтии воқеӣ барои фарзандони он мебошад.   Гирдоваранда: Исоев Н.сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

ТАБИАТИ ДУНЯВИИ ДИНИ ИСЛОМ

Дин дар моҳияти худ авлавияти неруи фавқуттабиа ва мақоми тобеъ ва дуюмдараҷа доштани олами моддиро бо тамоми арзишҳояш нуҳуфтааст. Аммо нигоҳу назари уқобӣ ба таъиноти дин ба он далолат менамояд, ки ҳадафи охирини дин боз ҳам олами моддию арзишҳои он маҳсуб меёбад. Дуруст аст, ки худи дин таъиноти мазкурро ошкоро эълом намедорад, лекин ин таъинот аз тааммулу тааққул, аввалан, дар болои сабабҳои пайдоиши дин, сониян, дар болои дастуроти динӣ бармеояд. Ба қавли дигар, агар дар ҷомеа дар зинаҳои муайяни рушди он мушкилоти ҳалталаб дар ҳаёти моддию маънавии инсон вуҷуд намедошт, на дин пайдо мегардид, на зарурат ба он. Яъне, зарурат ба дину ҳалли мушкилоти инсон тавассути дин усули қадима ва асримиёнагии мушкилоти инсон маҳсуб меёбад. Аз ин нуқтаи назар, ҳеҷ яке аз диният орӣ аз ҳалли мушкилоти дунявии инсон нест. Инсон, аз як тараф, ба хотири посух додан ба ҳисси кунҷковию, аз тарафи дигар, қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавияш динро офарид. Ҳамин тариқ, асли таъиноти дин аз бароварда сохтани талаботи дунявии инсон бо усули ба дин хос иборат мебошад. Дар заминаи мантиқи баёнгардида дунявият ҳамчун зуҳури ҳадафу манофеи дунявии инсон унсури муҳим, асосӣ, вале ниҳонии ҳар гуна диният маҳсуб меёбад. Вай вобаста ба шароитҳою заминаҳои моддию маънавии пайдоиши дин дар сатҳҳои гуногун аз худ дарак медиҳад. Агар вобаста ба матлаби баёнгардида шароити пайдоиши динҳои сомӣ – динҳои яҳудӣ, масеҳӣ ва исломро муқоиса намоем, мебинем, ки вобаста ба шароити пайдоишашон таъиноти дунявии онҳо низ гуногун будааст. Дини яҳудӣ дар замоне ташаккул ёфт, ки халқи яҳуд дар зери тазйиқу фишори сахти халқҳои бегона қарор доштанд. Аз ин рӯ, мундариҷаи асосии китобҳои пайёмбарони ин динро мубориза бо бегонаҳо ва ҳифзи ҳувияти сиёсию миллию динии халқ ташкил менамояд. Ба қавли дигар, муҳтавои асосии таълимоти дини яҳудӣ аз касб намудани мақоми сазовор дар байни халқиятҳои сершумор иборат мебошад. Дини масеҳӣ бошад, дар муҳите дар байни халқи яҳуд пайдо шуд, ки халқ боз ҳам дар зери фишори сахти римиҳо қарор дошт. Масеҳиёни аввал баръакси дигар фирқаҳои бар зидди зулми римиҳо муборизабаранда хостаанд, ки мушкилоти дунявии худ – зулму беадолатиҳои замона, татбиқи баъзе орзую хоҳишҳои моддӣ, дастрасӣ ба арзишҳои муайяни дунявӣ ва ғайраро тавассути гӯшанишинию парҳезгорӣ ҳал намоянд. Яъне, иҷтиноб аз ҳаёти фаъолонаи моддӣ, қаноатмандӣ ва умед ба лаззатҳои моддии ухравӣ роҳе маҳсуб ёфт, ки тавассути онҳо ҳама гуна арзишҳои моддии заминӣ аҳамияти воқеии худро гум кард. Ҳамин тариқ, муҳити сиёсӣ-иҷтимоӣ таъиноти дунявии дини масеҳиро муайян намуд. Мардуми аз ҳаёти моддии хушбахтона ноумедгардида кӯшиш намуданд, ки ба ин хушбахтӣ тавассути дин ноил шаванд. Ин хушбахтӣ дар ворид шудан ба малакути Худо ифода ёфт ва ба таври маҷозӣ мушкилоти мухталифи иҷтимоию сиёсии мардумро ба осонӣ паси сар намуд. Дар заминаи мантиқи баёнгардида, агар шароити пайдоиши дини исломро воқеъбинона мавриди таҳқиқ қарор диҳем, мебинем, ки шароити пайдоиши он аз шароити пайдоиши ду дини ёдшуда комилан фарқ менамояд. Тафовути мазкур, пеш аз ҳама, дар шароитҳои зерин ифода меёбад: Аввалан, мардуми Ҳиҷоз чун мардуми яҳуд дар зери истисмори сахти бегонаҳо қарор надошт, ки аз мубориза дилхунук шуда, гӯшанишиниро ихтиёр намояд, агарчанде чанде пеш таҳдиди ғасби минтақа ва вайрон кардану кӯчондани Каъба ҳамчун сарчашмаи муфти даромад ба Яман аз тарафи Абраҳа сурат гирифта буд. Сониян, дар нимҷазира афзоиши муттасили нақшҳои динҳои ғайр, чун яҳудияю масеҳияю зардуштия ва тадриҷан танг гардидани фазои бутпарастии аҷдодӣ тавассути динҳои номбурда таҳаввулоти диниро ногузир гардонида буд, ки бевосита аз заминаи дунявии ташаккули дини ислом дарак медиҳад. Сеюм, агар таълимоти дини яҳудӣ дар заминаи таълимоти худои қавми Яҳуд – Яҳве, ки худои ҷанговар буд, ва Худои Изроил Элоҳим ташаккул ёфта бошад, таълимоти дини масеҳӣ дар заминаи эътирофи танҳо лафзии таълимоти пайғамбарони яҳудӣ ва вобаста ба шароит руҳи гӯшанишиниро ихтиёр намудани Исо-пайғамбари масеҳия ташаккул ёфта бошад, пас дини ислом дар заминаи синкретизми анъанаҳои халқии мардуми Ҳиҷоз ва динҳои масеҳияю зардуштия пайдо шуд. Яъне, Муҳаммад таълимоти теологии динҳои баёнгардидаро ба муҳити динии Ҳиҷоз мутобиқ гардонд. Ҳамчунин ӯ иддае аз анъанаю тасаввуротҳои тоисломиро, ки воқеан ҳам дар муқоиса бо фарҳангҳои муҳитҳои пешқадам хеле қафомонда буданд, бекор гардонд. Ҳамин тариқ, дини ислом низ дар заминаи омилҳои муҳими дунявӣ, чун ногузирии ислоҳоти динӣ, зарурати муттаҳид намудани қавм, ниёзмандӣ ба ташкили умумияти сиёсӣ, эҳтиёҷ ба ислоҳи ахлоқӣ, мутамарказ намудани даромади динӣ ба вуҷуд омада, дар қатори ҳалли мушкилоти динӣ ҳалли як идда масоили дунявиро низ мундариҷаи таълимоти худ қарор дод. Чун таҳқиқи ҳалли тамоми масоили дунявӣ дар ислом аз доираи имконоти як мақолаи хурд берун аст, ин ҷо мо бо овардани чанд далели муҳим ва муътамад кӯшиш менамоем, ки табиати воқеан ҳам дунявии дини исломро то ҳадди имкон барҷаста ба маъраз гузорем. Аз имконияти мусоид истифода намуда, таъкид намудан мехоҳем, ки дар навиштаи мазкур мафҳуми «дунявӣ» ба маънои фаҳмиши муосири он, ки онро нависандаи англис Ҷорҷ Ҳолук асос гузоштаасту он дар луғатномаҳои сершумори англисӣ таъкид мегардад ва ҳамчунин фаҳмише, ки аз афкори доишманди маъруфи олами ислом Муҳаммад Ғазолӣ бармеояд, истифода мегардад. (Ниг. Ниг. علمانية / http:// ar.wikipedia,org /w/index.phr; Аҳмад Идрис ат-Таъон. Ал-алмонийюна в-ал Қуръон-ул-карим. Ар-Риёз, 1428. Саҳ. 127; Имом Муҳаммад Ғазолӣ. Китоб-ул-арбаин. (Ба хати форсӣ). Тарҷумаи Бурҳониддин Ҳамдамӣ. Интишороти иттилоот. Теҳрон-1381. Саҳ. 147. Oxford Advanced Leaner’s Dictionary of Current English.Seventh Edition. A S Hornby Oxford University Press. – С.1371; Oxford Encyclopedic English dictionary. Clarend press. Oxford.1991. – С.1311; Collins Cobuild Advanced Learner’s English Dictionary. New Edition. Canada.2006. – С. 1301). Дар заминаи фаҳмиши баёншуда аввалин ва муътамадтарин далел доир ба табиати дунявии дини ислом боз ҳам ҳамон ояти дар байни аҳли ҷомеаи мо маъруфи «Эй Парвардигори мо, ба мо дар дунё неъмат ва дар охират неъмат бидеҳ» (Бақ, 2: 201) ифода меёбад. Вожаи «неъмат», ки дар шакли арабии оят вожаи «ҳасана» истифода шудааст, дар тафсири Ибни Касир маъноҳои зеринро ифода менамояд: «Саломатӣ, меҳмонхона, зани хуб, мулки васеъ, донишҳои хуб, аъмоли нек, нақлиёти хуб, номи нек» ва амсоли инҳо (Ниг. http://play.google.com>store>apps>details. Коран.Перевод Э.Кулиева (Т. ас-Саади и Ибн Касира). Маънои баёншуда ҳамчунин дар «Сура» – и «Қасас», ояти 77 «Насибатро аз дунё фаромӯш макун» низ таъкид мегардад. Ибни Касир дар тафсири худ дар робитьа ба амри мазкур таъкид месозад, ки сухан дар бораи «Хӯрок, нӯшокӣ, либос, истиқоматгоҳ, занҳо ва он чӣ Худо ҷоиз шуморидааст, меравад» (Ҳамон ҷо). Агар шарҳи муфассири маъруфи эътирофшударо зимни фаҳмиши ду

МАҚОЛАҲО

МУШКИЛИИ ҲАМОИШИ АРЗИШҲОИ ДИНӢ БО АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Мавриди зикр аст, ки арзишҳои миллӣ хусусияту хислат ва вижагиҳои махсусе доранд, ки баҳри дилхоҳ миллат пураҳамият ва алоқаю робитаи ғалату нораво ба онҳо ниҳоят натиҷаҳои фалокати андуҳовар дар пай доранд. Бояд қайд намуд, ки яке аз сабабу боиси поин омадани давлати миллӣ нодида гирифтани арзишҳои миллӣ ва бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба онҳо аз ҷониби намояндагони миллат аст. Ҳар як васоити дар арсаи сиёсӣ пойдору устуворнигоҳдорандаи миллат ҳамчун арзиши миллӣ шинохта мешаванд. Арзишҳои миллӣ заруртарину муҳимтарини бунёду асоси маънавии таҳкими давлати миллӣ ва истиқлоли давлат буда, дар ҳоли ҳозир ҷаҳони пурҷӯшу хуруш ва зудтағйирёбанда ҳамчун сарчашмаи асосии бунёди давлати демократӣ, одилона, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб мешаванд. Аз ин хотир, ба ҳар яки мо зарур аст, ки дар партави таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта бояд дар фикри ислоҳи камбудиҳову иштибоҳоти худ ва дарёфти роҳҳову василаҳои рушду пешрафти миллат бошем. Аз хислату хусусиятҳои лозима ва сабабҳои тараққӣ намудани миллат сарфаҳм рафтани моҳияти манофеи воқеии миллӣ, рушду инкишофёбии тафаккури миллӣ ва худшиносии намояндагони он ба ҳисоб меравад. Барои ин ҳам, бояд дар фаъолияти зиёиён ва соҳибхирадон роҳҳои таҳкими тафаккури миллӣ тавассути назарияву амалия исботи худро ёбанд. Аз ин хотир мо метавонем дар инҷо як чанд ҳамоиши арзишҳои динӣ ва арзишҳои миллиро ёдовар шавем, ки метавонанд мушкилоте ба вуҷуд оваранд, хусусан вақте ки байни ин ду низоми арзишӣ ихтилоф пайдо мешавад: 1.Ихтилоф дар сарчашмаи арзишҳо – Арзишҳои динӣ одатан аз китоби муқаддас, суннат ва таълимоти динӣ сарчашма мегиранд ва бо илоҳиёт, ахлоқ ва зиндагии охират марбутанд. – Арзишҳои миллӣ аз таърих, фарҳанг, забон, анъанаҳо ва таҷрибаи иҷтимоии як миллат бармеоянд. Аз ин хотир, вақте арзишҳои динӣ ва миллӣ аз сарчашмаҳои гуногун бармеоянд, метавонанд дар масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ бо ҳам мухолифат кунанд. 2.Афзалиятдиҳӣ ба яке бар дигараш Баъзан гурӯҳҳо ё шахсон: – Арзишҳои динӣ- ро болотар аз арзишҳои миллӣ мешуморанд (масалан: “Уммати исломӣ болотар аз миллат аст”). – Баръакс, баъзеҳо арзишҳои миллӣ-ро авлотар медонанд ва арзишҳои диниро чун кори шахсӣ медонанд. Ин гуна афзалиятдиҳӣ метавонад ба низоъ ва ҷудоӣ дар ҷомеа оварда расонад. 3. Масоили ҳувият (шахсияти миллӣ ва динӣ) – Як шахс метавонад худро ҳам узви як дин ҳис кунад ва ҳам узви як миллат. Аммо дар мавридҳое, ки арзишҳо дар таорузанд, инсон дучори шубҳа ва кашмакаш мегардад. Барои мисол: Агар дин пӯшидани либоси муайянро талаб кунад, аммо фарҳанги миллӣ дигаргуна бошад, шояд шахс дар интихоби либос ё рафтор саргардон шавад. 4. Таълим ва тарбияи насли нав – Дар мактабҳо ва оилаҳо масъалаи тарбияи ахлоқӣ муҳим аст. Вале баъзан оила таълими динӣ медиҳад, мактаб таълими дунявӣ пас ин мушкили сабаб мешавад, ки барои кӯдак нофаҳмӣ ва дугонагии фаҳмиши арзишҳоро ба вуҷуд оварад. 5. Сиёсат ва истифодаи дин – Сиёсатмадорон метавонанд арзишҳои диниро барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ истифода баранд, ё баръакс, арзишҳои миллиро барои маҳдуд кардани таъсири дин. Пас инҷо мушкили истифодаи дин ба ҳайси воситаи сиёсӣ метавонад ба коҳиши эътимод ба ҳар ду низом оварда расонад. Хулоса ин ки мушкилоти ҳамоиши арзишҳои динӣ ва миллӣ вақте ба вуҷуд меояд, ки ба яке аз онҳо аҳмияти нобаробарӣ дода шаваду фаҳмиш ва таҳаммул вуҷуд надошта бошад. Ҷомеа ба ҷои ҳамоҳангсозӣ, ба ихтилоф афтад. Инро бояд қайд кард, ки Таблиғи фаҳмиш, таҳаммул, ва ҷустуҷӯи нуқтаҳои муштарак байни дин ва фарҳанги миллӣ метавонад ба ҳамбастагӣ кумак кунад. Исоев Н. сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО, Хабарҳо

БАРДОШТЕ АЗ КИТОБ

Таҷассумёбии арзишҳои миллии ҳуқуқӣ дар баъзе аз принсипҳои асосии қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (бардоште аз китоби тозанашри доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ. «Давлати миллии демократӣ: андешаҳо доир ба табиати давлати миллии демократӣ». Дар 2 китоб. Душанбе: «Эр-граф», 2025) Боиси хурсандиовар аст, ки аз ҷониби олимони ҳуқуқшиноси ватанӣ ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани ганҷинаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ кӯшишу харҷҳое зиёде сарфа мешаванд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои наздик асари тозанашри устоди гиромии мо, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғафор зери унвони «Давлати миллии демократӣ: андешаҳо доир ба табиати давлати миллии демократӣ» дар 2 китоб аз чоп баромад. Гуфтан ҷоиз аст, ки муаллиф дорои қалами ҳамешасабз буда, ҳамасола чандин мақолаю китобҳоро дар мавзуҳои мубрами ҳаёти ҳуқуқии кишвар, аз ҷумла оид ба масъалаҳои ҳуқуқии давлат ва фалсафаи ҳуқуқ, нашр намуда, хонандагонро ҷиҳати андеша намудан оид ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносӣ, таърих ва фалсафа водор намуда, пешниҳоду бинишҳои худро ҷиҳати масъалаҳои гуногун дарҷ мекунанд. Ин аст, ки дар китоби нави худ низ муаллиф вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии давлати миллии демократӣ дар шароити шиддат гирифтани ҷаҳонишавии манфиатҳо, аз ҷумла оид ба масъалаҳои мубрами давлат ҳам аз нигоҳи таърих, ҳам аз нигоҳи фалсафаи ҳуқуқ ва ҳам аз нигоҳи назарияи ҳуқуқ дар қолаби манфиатҳои миллӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои демократӣ, ақидаҳои дар ҳақиқат ҷолиби илмиро рӯйи қалам овардаанд. Дар китоби мавриди назар оид ба таносуби масъалаҳои мубрами давлати миллӣ, манфиатҳои миллӣ бо арзишҳои демократию башарӣ фикрҳои ҷолиби илмӣ бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва илми давлатшиносӣ ироа шудаанд. Муаллиф оид ба масъалаҳои мубрами таъсири ҷаҳонишавӣ ба ташаккули манфиатҳои миллӣ, андешаҳои созандаю бунёдии давлати миллии демократӣ, озодӣ ва соҳибихтиёрӣ дар давлати миллӣ ва худшиносии миллӣ, заминаи маънавии ташаккули давлати миллии демократӣ, нақши инсон ва илм дар ташаккули давлати миллӣ, ташаккули зиёии муосир, холигиҳо ва дастовардҳои бунёди давлат ва ҳуқуқи миллӣ дар тамаддуни шарқӣ ва ғарбӣ бо истифода аз сарчашмаҳои гуногун андеша ва назарҳои тоза ва сабақомӯз пешниҳод намудаанд. Эҳсос мешавад, ки мавзуҳои баррасишавандаи китоб натиҷаи ҷамъбасти мобайнии таҳлилу омӯзиши масъалаҳои илмие мебошанд, ки муаллиф дар фаъолияти илмиашон дар самти таърих, назария ва фалсафаи ҳуқуқ ва давлат тайи чанд соли охир таълиф кардаанд, мебошанд. Хотимаи умедбахши китоби дуюм шаҳодат бар он дорад, ки силсилаи таҳқиқоти илмии муаллиф дар самти омӯзиши масъалаҳои давлат ва ҳуқуқи миллӣ идома доранд. Яке аз масъалаҳое, ки муаллиф дар китоб дарҷ менамоянд, ин саҳми илми ҳуқуқ дар раванди эъмори давлати миллии демократӣ ва таҳкими рушди минбаъдаи он, инчунин вазифаҳои зиёии муосир дар ин равандҳо мебошанд. Дар ҷараёни ошноӣ бо китоб дарк карда мешавад, ки муаллиф масъалаи бисёр ҳам мубрам – чӣ гуна давлати миллӣ бояд дар ин ҷаҳони пуртаззоду гуногунравиш манфиатҳои миллии худро ҳимоя намояду дар баробари ин дар раванди ҷаҳонишавӣ эҳёи арзишҳои миллии худро боз ҳам рушд намояд, чун мавзӯи асосии баррасӣ қарор додаанд. Масъалаи мазкур дар ҳақиқат ҳам масъалаи мубрами на танҳо илмҳои сиёсатшиносӣ ва дигар илмҳои ҷомеашиносӣ, балки илмҳои ҳуқуқшиносӣ низ мебошад. Зеро, ноил шудан ба ҳадафҳои давлат маҳз дар замина ва кӯмаки ҳуқуқ ва меъёрҳои он, чӣ низоми ҳуқуқи миллӣ ва чӣ низоми ҳуқуқи байналмилалӣ, сурат гирифта, давлатҳо ҳамеша манфиатҳои миллии хешро рӯйи саҳнаи муносибатҳо мегузоранд. Пас, дар ин равандҳои гуногун, ки аз як тараф давлатҳо рӯй ба ҷаҳонишавӣ ва рушди технология доранду, аз тарафи дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии гуногун эътироф карда шудаанд, чӣ гуна метавон арзишу манфиатҳои миллии худро ҳимоя намуд? Бо ибораи дигар, чӣ гуна метавон ҳам аз рушди ҷомеаи муосир қафо намонду ҳам арзишҳои миллии худ, аз ҷумла арзишҳои миллии ҳуқуқии худро, ки маҳаки асли соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии давлатиро неру мебахшанд, эҳё, ҳифз ва паҳн намуд? Фикр мекунем, ки ҷиҳати ноил шудан ба мақсади рушди эҳёи арзишҳои миллӣ дар раванди инкишофи ҷомеаи муосир пеш аз ҳама мо бояд арзишҳои миллӣ, аз он ҷумла арзишҳои миллии ҳуқуқии худро ба хубӣ донему дарк намоему онҳоро ҳимоя намоем. Дар ин ҷо, мо зери арзишҳои миллӣ, инчунин арзишҳои миллии ҳуқуқӣ тамоми он ақидаҳо, ғояҳо ва принсипҳое, ки аз шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» бармеоянд, мефаҳмем. Аз як нуқтаи назар, моҳияти шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» то андозае ба ҳамагон маълум мебошад, аммо ошноӣ ва дарки фалсафаи амиқи он имкон медиҳад, ки онро инчунин ҳамчун принсипи асосӣ ва бунёдии низоми ҳуқуқии муосир эътироф намоем. Ҳамзамон, бояд дар назар дошт, ки худ таркиби мафҳуми «арзишҳои миллии ҳуқуқӣ» дарбаргирандаи се мафҳумҳои гуногун, аз қабили «арзиш», «миллӣ» ва «ҳуқуқӣ» мебошанд. Дар алоҳидагӣ, ин мафҳумҳо дорои хусусиятҳои худ буда, вобаста аз моҳияти масъала тобишҳои дахлдорро соҳиб мегарданд. Аммо, дар ҳамҷоягӣ вақте сухан дар бораи арзишҳои миллии ҳуқуқӣ меравад, пас дар ин асно сухан дар бораи он ақидаҳо, ғояҳо ва принсипҳое, ки дар тӯли таърих аз ҷониби ин ё он миллат истифода шуда, таҷассуми худро дар меъёрҳои ҳуқуқӣ ва одатӣ дарёфт намудаанд, бояд равад. Пас, арзишҳои миллии ҳуқуқӣ худ ба сифати он ақидаҳо, ғояҳое ва принсипҳое, ки миллати мушаххас дар тӯли рушди худ соҳиб гардида, такмил ва татбиқ намуда, онҳоро ҳамеша муаррифӣ мекунад, бояд пазируфта шаванд. Дар ин асно, арзишҳои миллии ҳуқуқӣ заминаи меъёрҳои ҳуқуқиро дар худ таҷассум намуда, моҳият ва фалсафаи тамоми унсурҳои низоми ҳуқуқиро бунёдгузорӣ мекунанд. Бояд қайд намуд, ки арзишҳои миллии ҳуқуқӣ ва арзишҳои миллии давлат байни худ робитаи ногусастанӣ дошта, вақте сухан дар бораи арзишҳои миллии давлат меравад, ин аз он ҷумла арзишҳое мебошанд, ки ба сифати арзишҳои миллии ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар муқаррароти меъёрҳои гуногуни он (ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам одатӣ) таҷассум ва дарҷ карда мешаванд. Бо ин назардошт, мехостем оид ба дарҷи моҳияти шиори «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек»-ро аз диди баъзе аз принсипҳои асосии қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи 3 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КМ) дарҷ карда шудаанд, баррасӣ намоем. Умуман, вақте сухан оид ба ҳуқуқи маданӣ дар маҷмуъ ва принсипҳои асосии қонунгузории маданӣ меравад, мо ҳамеша аз он бармеоем, ки ҳуқуқи мадании муосир дар бештари қисми худ дастоварди ҳуқуқи Рими қадим буда, институтҳои асосии ҳуқуқи мадании муосир маҳз аз ҷониби ҳуқуқшиносони Рими қадим коркард шудаанд. Ин, албатта, бешакку шубҳа мебошад, зеро дастовардҳои илми ҳуқуқшиносии Рими қадим, ки худ ҳуқуқи римиро чун «ақли навишташуда» («ratio scripta») меномиданд, дар рушди минбаъдаи ҳуқуқи мадании муосир ва қонунгузории маданӣ заминаи мустаҳкамро гузоштааст. Зеро, асосан ретсепсияи

МАҚОЛАҲО

МАҚСАДУ МАРОМИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аввалин қонуни миллист. Коркард ва қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин инқилоби фарҳангӣ ва воқеияти иҷтимоӣ мебошад. Бо қабул гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеши роҳи исрофкорӣ гирифта шуд, вақт ва маъракаҳо ба танзим дароварда шуданд. Инчунин дар ҷомеа сатҳи зоҳирпарастӣ коҳиш ёфта, сарфаю сариштакорӣ ба роҳ монда шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қонуни оддӣ нест. Мақсади қабул кардани қонуни мазкур ин ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қонунест, ки пеши роҳи вазнинии гузаронидани ҷашну маросимҳоро гирифт. Вазифаҳое, ки дар назди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» истодаанд: 1. Масъалаҳои иқтисодӣ, аз қабили сарфаю сариштакорӣ, кам кардани хароҷоти маъракаҳо; 2. Масъалаҳои иҷтимоӣ, аз қабили маданияти гузаронидани маъракаҳо, қабули меҳмонон; 3. Дигар масъалаҳое, ки дар назди қонун истодаанд. Ин қонун мутобиқ ба арзишҳои динӣ қабул шуда, баҳри беҳбудии зиндагии мардум равона гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри рушди давлатдорӣ ва ҳифзи таъминоти иҷтимоии аҳолӣ қабул карда шудааст. Моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд дар ҷомеа ба шаҳрвандон боз ҳам фаҳмонда дода шавад. Қонуни мазкур мавҷудияти анъанаҳоро ба танзим даровард. Омӯхтани таърих, анъана ба хотири беҳбудии зисту зиндагонӣ ва шароити хуби мардум аст. Ҳаждаҳ соли амали қонуни танзим самара дода истодааст. Пешгирӣ аз ҳама гуна зиёдаравиҳо дар гузаронидани ҷашну маросимҳо, беҳдошти зиндагии мардум мақсаду мароми қонуни танзим мебошад. Дар тарғибу ташвиқи қонуни танзим саҳми воситаҳои ахбори омма, телевизион, радио, маҷаллаҳо, рӯзномаҳо хеле калон аст. Бонувон дар риояи талаботҳои қонуни мазкур ҳиссаи хеле калон доранд. Саҳми бонувон дар сарфаю сариштакорӣ хеле зиёд аст. Ҳамин тариқ, рисолати мо, дар фаҳмонидани қонуни танзим ва қуввату тавониии он ба шаҳрвандон мебошад. Мо, бояд қонуни танзимро пурра дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ пиёда намуда, роҳнамои зиндагии худ қарор диҳем. Шоев Фируз Маҳмадаминович, сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

Аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ

Барои дарки моҳияти созандагии Ваҳдати миллӣ моро зарур аст эътироф намоем, ки фазои имрўзаи сулҳу оромӣ дар фазои кишвар, пайваста рух додани маъракаю чорабиниҳои мухталифи хурсандибахши мардум дар саросари кишвар, фаровонии бозору мағозаҳо аз молҳои гуногуни ниёзи мардум, пур гардидани на танҳо роҳҳои автомобилгарди шаҳр, балки кўчаю тангкўчаҳо дарманотиқи дурдасти кишвар аз мошинҳои гуногунтамғаи ҳозиразамон маҳсули Ваҳдати миллӣ мебошанд. Ваҳдати миллист, ки иқтисодиёти кишвар бомаром ҳар сол 7-8 дар сад пешрафт карда истодааст. Ваҳдати миллист, ки сатҳи накўаҳводии мардум пайваста беҳ гардида, давр байни қисмате аз аҳолӣ фарбеҳшавӣ ҳамчун нишонаи фаровонию серию пурӣ раванди маъмулӣ гардида, дар байни дигар қишрҳои аҳолӣ низ интишор ёфта истодааст. Ваҳдати миллист, ки имрўз варзишгарони кишвар дар соҳаҳои мухталифи варзиш парчами давлатро баланд бардошта, миллатро ҳамчун умумияти этникии тамаддунпарвару фарҳангсоз муаррифӣ карда истодаанд. Ахиран, Ваҳдати миллӣ ба миллати тоҷик муҳимтарин ва пурқиматтарин арзиши сиёсӣ – истиқлоли давлатиро эҳдо намуд. Аз ин нуқтаи назар, муносибати байни Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатии кишвар муносибати байни сабабу натиҷа мебошад ва нақши тақдирсози Ваҳдати миллиро амалан таъкид менамояд. Албатта, ҳамаи он падидаҳои хурсандибахше, ки зикр гардиданду бояд муҷиби шукргузории аҳли ҷомеа бошанд, бидуни муттаҳидӣ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рух намедоданд. Маҳз ҳамин муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат ва сафарбар намудани тамоми нерў баҳри татбиқи дастуру нишондодҳои Президенти кишвар ҷомеаи моро ба чунин рўзҳои саид ва фараҳбахш – оромию осудагӣ дар фазои сиёсии кишвар ва серию пурӣ дар ҳар хонадони кишвар оварда расонидааст. Вақте дар бораи аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ сухан меронем, пеши назари мо беихтиёр ҳамон кўшишу талошҳои қишри хиёнатпешаи миллат дар солҳои ҷанги таҳмилӣ ҷилвагар мешавад, ки бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои сиёҳи худу хоҷагони хориҷияшон қариб буд кишварро пора-пора намоянд. Бузургон мегўянд, ки «шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст». Ҳамчунин мо медонем, ки миллати курд баъд аз парокандашавии худ то ҳол имкон надорад, ки боз бо ҳам омада, худро ҳамчун як умумияти сиёсӣ муаррифӣ намояд. Аз ин рў, хушбахтии беканори халқи тоҷик аст, ки мардуми кишвар дар солҳои ҷанги таҳмилӣ дар атрофи нерўҳои созанда ва миллатдўсти кишвар ҷамъ омаданду миллатро аз парокандагӣ ҳифз намуданд ва ба ин рўзҳои саид расиданд. Қобили зикр аст, ки ҳаводиси сиёҳи гузашта, агарчанде, паси сар гаштанд, ҳамзамон як мактаби омўзишие гардиданд, ки аз онҳо бояд хулосаи зарурӣ баровард ва барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳои ғайричашмдошт ҳамеша бояд омода буд. Аввалин сабақи хотирмони он ҳаводиси сиёҳ дар он ифода меёбад, ки барои шахс ё қишри хиёнатпеша на таъриху фарҳанг ва на имрўзу ояндаи миллат ҳеҷ арзише надоштааст. Дар рагу пайванди қишри зикршуда аз номуси худшиносию ватандорӣ асаре ба мушоҳида намерасад. Аз ин рў, чунин қишр ба сабаби ҷаҳолат арзишҳои миллии худро ба осонӣ қурбони арзишҳои бегона мегардонад. Дар пешорўи таҷлили солгарди Ваҳдати миллӣ бо дарки амиқи аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ мехоҳем қайд намоем, ки дар ҷомеа имрўз раванду ҳодисаҳое аз худ дарак дода истодаанд, ки аҳамияти бузурги Ваҳдати миллиро барои ҳар фарди худшинос ва меҳанпараст садчанд зиёд мегардонанд. Аз нигоҳи мо ба ҷумлаи чунин раванду ҳаводиси таҳрикдиҳанда дохил мешаванд: – нерў гирифтани раванди ҷаҳонишавии фарогир; -тезутунд гардидани муносибатҳои байналмилалӣ ва дар заминаи он сурат гирифтани тақсимоти нави ҷаҳон; -идома ёфтани таъсири нерўҳои ифротии динӣ ба зеҳни насли ҷавон; -дар ҷомеа якбора ба маротиб зиёд гардидани раванди дингароӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ онро наметавон раванди мусбат номид (дар ин замина набояд аз мадди назар дур сохт, ки дар ҷомеаи мо чанде пеш дар тўли ҳафтод сол идеологияи дунявӣ ҳукмрон буд, аммо ғайричашмдошт дини дар камин ноайён хобида, чун шери гурусна зуд сари худро баланд кард ва ҷомеаро дар як муддати кўтоҳ зери таъсири афкори номатлуби худ дароварда, оқибатуламр яке аз сабабҳои ҷанги бародаркуш гардида буд.); – дар ҷомеа имрўз насли ҷавоне ба воя расида истодааст, ки зеҳни он моҳият ва зарурати Ваҳдати миллиро ба сабаби ноогоҳӣ аз таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилӣ дуруст ва амиқ дарк наменамояд. Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида, махсусан ҳаводиси сиёсии даҳсолаҳои охир дар манотиқи мухталифи дунё ҳар як фарди миллатдўсту меҳанпарвари кишварро воҷиб мегардад, ки зимни фаъолияти тарғиботӣ доир ба аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллӣ ба самтҳои зерин таваҷҷуҳи махсус зоҳир намояд: – Сухани Пешвои муаззами миллат: «Мо аслиҳаи ядроӣ надорем, лекин Ваҳдати миллӣ дорем, ки аз он ҳам нерумандтар аст» ро – дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа ба таври равшан бояд шарҳу эзоҳ дод; – Сиёсати муқаддам будани арзишҳои миллӣ, махсусан Ваҳдати миллиро дар муқоиса бо дигар анвои арзишҳо, ҳатто арзишҳои илмию динӣ пайваста бояд ҷорӣ кард; – Барои даст ёфтан ба Ваҳдати комили миллӣ авло будани манофеи миллиро аз манофеи шахсию гурўҳӣ пайваста дар зеҳни аҳли ҷомеа ҷой намуд; – Ба насли ҷавони ба воярасидаистода аҳамияти тақдирсози Ваҳдати миллиро пайваста бо мисолҳои мушаххаси таърихӣ бояд шарҳ дод то дар зеҳнашон эҳсоси баланди худшиносию меҳанпарварӣ ба таври устувор ташаккул ёбад. Абдухалилзода К.А. Муовини директори Маркази исломшиносӣ

Прокрутить вверх