МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

Муқоисаи андешаҳои мотуридия бо ашъария, муътазила ва имомия

Қисми 3 Дар қисмати сеюм таҳқиқ ва муқоисаи ақидаи мотуридиҳо бо ашъариён, муътазилиён ва имомиён ва муқоисаи мотуридиҳо ва шиъаҳо аз ҷиҳати мабони ва равиш пардохта мешавад. Мотуридия ва Муътазила Мотуридиён Мӯътазиларо рақиби худ медонистанд ва бузургтарин талоши Абумансури Мотуридӣ ва пайравони ӯ ба интиқод ва радди андешаҳои онҳо бахшида шудааст. Баррасии умумии осори Мотуридӣ ва баъзе пайравони ӯ ин иддаоро хуб тасдиқ мекунад. Аз ин рӯ, интизор мерафт, ки онҳо бо мӯътазилиён чи аз назари усул ва чи аз назари ақида ва эътиқод бештар тафовут дошта бошанд, аммо ин тавр набуд, мотуридиён бо муътазилиён муштаракоти муҳиме доранд. Муқоиса миёни равиши каломи мотуридӣ ва мӯътазила Чунон ки машҳур аст, мӯътазилиён дар ақлгароӣ ба шиддат ифрот меварзанд. Мӯътазилиён ақлро муҳимтарин манбаъ дар истинбот ва дифоъ аз эътиқод медонистанд ва ба ин далел шиори “фикр пеш аз шунидан меояд” миёни онҳо як асли ҳоким маҳсуб мешуд. Ин корбурди аз ҳад зиёди ақл аз ҷониби мӯътазилиён тадриҷан эҳсосеро ба вуҷуд овард, ки мехоҳанд ҳама чиз, ҳатто ҳукмҳои фаръии шариатро ба воситаи ақл ба даст оранд. Аз ин сабаб, мотуридиҳо дар сафи пеш зидди онҳо қарор доранд. Тавре ки қаблан зикр гардид, ҳарчанд мотуридиҳо ба ақл аҳамияти бузург медиҳанд ва дар бисёр мавридҳо аз истидлоли ақл кор мебаранд, дар баробари ақл аз нақл низ ёрӣ меҷӯянд, Қуръон ва суннати мутавоттирро барои истихроҷи ақидаҳои динӣ ва дифоъ аз онҳо заминаи устувор медонанд. Аз ин рӯ, гарчанде мотуридиҳо ва муътазилиҳо дар бораи принсипи истифодаи далелҳои ақлӣ дар ҳимоя ва хулосабарории эътиқоди динӣ мувофиқат мекунанд, аммо дар андоза, миқёс ва умқи ин истифода фарқиятҳои ҷиддӣ доранд. Мотуридиён дар баъзе бахшҳои эътиқод, аз қабили қиёмат, ақлро нотавон медонанд ва бар ин боваранд, ки танҳо бо ёрии нақл метавон вориди он ҳавзаҳо шуд. Ҳамчунин, яке аз эътиқодҳои мӯътазила пазируфтани ҳусну қубҳи ақлӣ аст. Ин таълимот дар бобҳои гуногуни каломӣ аҳамияти зиёде дорад. Ҳарчанд ҳам мӯътазилиён ва ҳам мотуридиён асли ҳусну кубҳи ақлиро мепазиранд, вале дар баъзе паёмадҳои он ихтилофи назар доранд. Маҳз намунаи ақида ба низоми дуруст ва низ омӯзиши вуҷуби дуруст барои Худованд яке аз паёмадҳои ҳусну қубҳи ақлӣ аст, ки мӯътазилиён ба шиддат аз он дифоъ мекунанд, аммо мотуридиҳо дар адами пазириши он камтарин тардиде раво намедоранд. Нуқтаи дигари бунёдӣ ва муҳимме, ки миёни мотуридиҳо ва мӯътазилиён муштарак аст, бархӯрди ҷудогонаи ин ду гурӯҳ ба эътикоди каломии илоҳӣ дар бораи Худост. Ҳар ду гурӯҳ асли танзиҳро муҳимтарин асл дар боби худошиносӣ медонанд ва аз ин рӯ, аз пазируфтани ҳар гуна дидгоҳе, ки дорои шубҳаи ташбеҳ (монанд) ва таҷсим (ҷисм соҳтан) аст, парҳез мекунанд. Бар пояи ин асли бунёдист, ки ҳам мотуридиҳо ва ҳам мӯътазилиён дар мавриди сифатҳои хабарӣ ба таъвил даст мезананд (ё ҳадди ақалл аз нисбат додани маъноҳои зоҳири онҳо ба Худо парҳез мекунанд ва ба тафвиз рӯ меоранд). Аз ин рӯ, мотуридиён дар мабонӣ ва бунёдҳои андешаи худ ҳарчанд ақлварзии ифротии мӯътазиларо қабул надоранд ва дар канори ақл нақлро ба кор мебаранд, аз миёни дигар мактабҳои аҳли суннат аз лиҳози равиши ақлӣ, онҳоро метавон наздиктарин гурӯҳе ба мӯътазила номид. Мотуридия аз лиҳози корбурди ақл ва нақл дар нуктаҳое миёни муътазилиён ва ашъариён ҷой дорад. Дар ин мақом муҳимтарин нукоти муштарак ва ихтилофҳои мотуридияро бо муътазилиён баррасӣ мекунем: Мавридҳои муштараки мотуридия ва муътазила 1) Зарурати ақлии шинохти Худо Мотуридиён дар баробари муътазилиён бар ин боваранд, ки шинохти Худо, имон овардан ба Ӯ ва итоати ӯ воҷиби ақлӣ аст ва агар қонуни шаръ ва ё дине ҳам намебуд, инсон вазифадор буд, ки Худоро ба қадри имкон бишиносад ва бар пояи ақли худ ба ӯ имон биёварад. Мӯътазилиён низ дар ин масъала бо мотуридиҳо розӣ ҳастанд. 2) Исботи мавҷудияти Худо Мутакаллимон ва илоҳидонон дар мавриди тариқи исботи вуҷуди Худо ихтилофи назар доранд. Дар ҳоле ки гурӯҳе аз мутафаккирони мусулмон бар ин боваранд, ки шинохти Худо ва роҳи исботи вуҷуди Ӯ ба фитрати инсон ва кори қалб маҳдуд аст, бисёре аз мутафаккирон ва фирқаҳои динии мусалмон ва ғайримусулмон бар ин боваранд, ки мавҷудияти Худоро низ метавон тавассути истидлоли ақлӣ исбот кард. Дар охир ҳар кадом роҳҳои гуногунеро паймудаанд ва дар миёни қудамои мутакаллимони мусулмон истидлоли ақлӣ аз роҳҳи бурҳон ҳудуси бештар роиҷ будааст. Дар ин миён, ҳам мотуридиён ва ҳам мӯътазилиён ҳар ду бар истидлоли ақлӣ бар вуҷуди Худо аз роҳи бурҳони ҳудус ҳамфикранд. 3) Инкори маънои зоҳири сифатҳои хабарӣ Дар баҳси сифоти хабарӣ мотуридиён аз ҳамли маънои зоҳирии сифоти хабарӣ бар Худованд худдорӣ меварзанд. Дар ин миён бархе аз онон, аз ҷумлаи Абумансури Мотуридӣ, қоил ба тафвиз, аммо аксарияти онон қоил ба таъвил мебошанд. Мӯътазилиён низ аз нисбат додани маънии зоҳири ин сифатҳо бар Худованд худдорӣ мекунанд ва ба тарзе таъвилу тафсир мекунанд, ки ташбеҳу таҷсими ба шахсияти Худоро тақозо намекунад. Ҳамчунин, ҳам мотуридиён ва ҳам мӯътазилиён ба ин боваранд, ки Худоро метавон (шайъ) чиз номид, аммо ҷисм номидан мумкин нест. 4) Вуҷуди ҳикмат ва ағроз дар афъоли илоҳӣ Нуктаи дигари тавофуқ миёни мӯътазилиён ва мотуридиҳо вуҷуди ҳикмат ва ағроз дар афъоли Худованд ва тиҳӣ будани ин афъол аз абасу беҳудагӣ аст, ҳарчанд онҳо дар тафсири ҳикмат ва ағроз ихтилоф доранд. 5) Адами ҷавози таклифи “мо ло ютику” (таклиф ба он чи берун аз тавон аст) Мотуридиён ва мӯътазилиён бар адами ҷавози таклифи “мо ло ютику” (таклиф ба он чи берун аз тавон аст) иттифоқи назар доранд. Идома дорад… Исоев Н., сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

ҶУҒРОФИЯИ ТАЪРИХИИ САМАРҚАНД ДАР ЗАМОНИ МОТУРИДӢ

Самарқанд аз ҷумлаи вилоятҳои маъруфи Варорӯд ё Мовароуннаҳри асримиёнагӣ ба шумор меояд. Дар ин мулки зархез садҳо донишманду адиб зода шуда, парвариш ёфтаанд, ки барои инсоният хидматҳои шоиста кардаанд. Яке аз риҷоли машҳури Самарқанд, ки дар ҳазор соли охир номаш пайваста дар осори таърихию фарҳангӣ зикр мешавад, Абумансури Мотуридӣ мебошад. Дар ин навишта, мехоҳем, ба таври мухтасар, бо такя бар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ, ҷуғрофияи таърихии Самарқанд дар замони зиндагии Абумансури Мотуридиро тазаккур диҳем. Замоне ки арабҳо ба Варорӯд ҳуҷум карда, онро бо забони худ Мовароуннаҳр номиданд, дар ин кишвари азим чанд мулки мустақил ва боаҳамият қарор дошт, ки Хутал, Чағониён, Шумон, Фарғона, Чоч, Бухоро ва Самарқанд аз ҷумлаи онҳо буданд. Муаррихи тоҷик Ғ. Ғоибов шароити ҷуғрофӣ ва иқлимии ин мулкҳоро дар остона ва замони ҳамлаи арабҳо тасвир кардааст. Бинобар хулосаи ӯ, парокандагии ин мулкҳо яке аз сабабҳои асосии дар баробари ҳуҷуми арабҳо тоб оварда натавонистанашон будааст (1; 17-21). Тавре устод Б. Ғафуров навиштаанд, аз байн рафтани давлати Ҳайтолиён ва тақсим шудани қаламрави он байни Сосониёну Хоқонати Турк дар оянда сабаби аз байн рафтани ягонагии сиёсӣ дар минтақа гашта, дар пешорӯйи ҳуҷуми арабҳо ин сарзаминро сахт осебпазир гардонд (2; 344-345). Минбаъд ҳаёти сиёсии вилоятҳои бузург, аз ҷумла Самарқанд, дар танҳоӣ пеш бурда шуд, ҳарчанд миёни минтақаҳо ҳамеша иртиботи иқтисодиву бозаргонӣ дар ҷарён будааст. Аз лиҳози ҷуғрофӣ Самарқанд дар ҷануби Суғд воқеъ буда, ҳамвора маркази маъмурии ин иқлим ба шумор мерафт ва тадриҷан ба тараққӣ расида, боиси пайдо шудани истилоҳи «Суғди Самарқанд» гардид (6; 322-323). Ин ҷудошавӣ низ натиҷаи парокандагии Варорӯд пеш аз ҳуҷуми арабҳо буда, дар асрҳои минбаъда идома ёфтааст. Тавре дар боло ишора кардем, Самарқанд ҳамчун Бухоро ва Уструшанаву Фарғона як вилояти паҳновар буда, вале ба сабаби машҳур шудани маркази он дар асрҳои XII-XV, ҳамчун шаҳр яъне, Самарқанд асосан номи вилоят аст ва сипас шаҳр. Бар хилофи қарордоде, ки Қутайба бо мардуми Самарқанд баста буд, ӯ лашкариёнашро дар миёни мардум ва хонаҳои онҳо ҷой дод, ки сарчшмаҳои арабӣ низ онро тасдиқ мекунанд (4; 81). Муҳимтарин шӯрише, ки дарбори Аббосиёнро ба ларза овард, дар ибтидои асри IX дар шаҳру вилояти Самарқанд буд, ки бо роҳбарии Рофеъи Лайс рух дод. Шиддати шӯриш чунон баланд буд, ки халифа Ҳорунуррашид хост шахсан ба ин ҷо омада, онро фурӯ нишонад. Вақте хонадонҳои маҳаллӣ, аз ҷумла Сомониён дар Варорӯд ба қудрат расиданд, вилояти муҳими ин минтақа ҳамоно Самарқанд буд. Ба ҳамин хотир пойтахти нахустини Сомониён низ шаҳри Самарқанд интихоб гардид (7; 174-177). Ин шаҳр ҳатто пас аз пойтахт шудани Бухоро низ ҷойгоҳи иқтисодӣ ва фарҳангии худро нигоҳ дошт. Яке аз сабабҳои машҳур шудани Самарқанд, ҷойгоҳи муносиби он аз нигоҳи боду ҳаво низ мебошад. Бештари осори ҷуғрофии асри Х, аз ҷумла, Истахрӣ, Ибни Ҳавқал, Мақдисӣ ва муаллифи «Ҳудуду-л-олам» таровату сарсабзии онро таъкид кардаанд. Ибни Хурдодбеҳ Самарқандро «покизатарин ва комилтарини шаҳрҳо аз назари покӣ» меномад (3; 159-160). Дар соҳили рӯди Суғд (Зарафшони кунунӣ) ҷойгир будани он мояи сарсабзу хуррам будани он шаҳр гардид. Муаллифи номаълуми асари «Ҳудуду-л-олам» навиштааст, ки дар асри Х «Самарқанд шаҳре бузург асту ободон аст ва бо неъмати бисёру ҷойи бозаргонони ҳамаи ҷаҳон аст ва ӯро шаҳристон аст ва кӯҳандиз аст ва рабаз аст ва аз болои боми бозори Шон яке ҷӯйи об равон аст аз арзир ва об аз кӯҳ биёварда ва андар вай хонагоҳи монавиён аст ва эшонро Нағушок хонанд ва аз вай коғаз хезад, ки ба ҳама ҷаҳон бибаранд ва риштаи қанаб хезад ва руди Бухоро ба дари Самарқанд бигзарад» (9; 108-109). Дар як баёни кӯтоҳ ки ин муаллиф овардааст, ба тамоми паҳлуҳои рӯзгори сиёсӣ, вазъи бозаргонӣ ва муҳити фарҳангиву иҷтимоии ин шаҳри қадим ишора шудааст. Шояд иттилои хеле муҳим дар ин навишта вуҷуди пайравони Монӣ дар Самарқанд бошад, ки дар замони истиқрор ва ҳукумати комили ақидаи исломӣ ҳодисаи нодир аст. Дар атрофи Самарқанд пайравони ойини масеҳӣ низ зиндагӣ ва кору эҷод мекардаанд. Ин гувоҳи он аст, ки дар Самарқанд муҳити ҳамзистии ақидаҳои гуногун мавҷуд буда, онро мо дар давраҳои дигар камтар мушоҳида мекунем. Дар асри Х пас аз Бухоро, Самарқанд бештарин мадрасаҳоро доштааст ва мувофиқи ахбори ҷуғрофӣ пайравони мактабу равияҳои гуногун дар ин шаҳр ба таълиму тадрис машғул будаанд. Аз ҷумла, пайравони мазҳаби шофеъӣ ва шиа низ дар Самарқанд зиндагӣ кардаанд. Чанд донишманди шофеъӣ дар ин шаҳр зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Муҳаққиқи рус С. Прозоров навиштааст, ки дар шаҳри Самарқанд Муҳаммад ибни Масъуди Айёшӣ ном шахс, ки дар соли 932 аз дунё рафтааст, озодона ақидаҳои мазҳаби шиаи имомиро таълим дода, дар фиқҳ ва тафсир соҳиби чанд таълифот низ будааст (8; 18-19). Ин ки дар ин бораи донишмандони зиёди шаҳр китоби алоҳидае бо номи «ал-Қанд фи зикри уламои Самарқанд» падид омадааст, далели зиёдии олимони ин шаҳр мебошад. Аммо дар ҳазор соли охир дар Самарқанд ҳамеша мазҳаби ғолиби ислом мазҳаби Абуҳанифа будааст, ки далели он ҳузури ҳазорон донишманду муфассиру ва муҳаддису фақеҳ аз ин мазҳаб мебошад.Дар панҷ қарни охир (XV-XIX) пайравони дигар мазҳабҳои исломии Самарқанд тадриҷан ба ҳошия ронда шуда, дигар дар ин шаҳр таъсир надоштанд. Наздиктарин вилоят ба Самарқанд Бухоро буда, бештарин шаҳру деҳаҳое, ки тобеи вилояти Самарқанд будаанд, дар масири роҳи миёни Самарқанд ва Бухоро қарор гирифта буданд. Яке аз дарвозаҳои аслии шаҳр низ бо номи Бухоро хонда мешуд. Аз ҷумла, Дабусия, Кушония, Арбанҷан, Зармон, Кармина дар ҳамин масир воқеъ гардидаанд. Инчунин, шаҳру деҳоти Панҷакат, Варағсар, Маймурғ, Санҷарфаған, Дарғам ва Маймурғ низ ба вилояти Самарқанд итоат мекарданд. Яке аз маҳаллаҳои машҳур ва тобеъи Самарқанд Мотурид ё Мотурит буд, ки ҳамеша дар он мардуми маҳаллии тоҷик зиндагӣ доштаанд. Корвонсароҳои бешумори Самарқандро Ибни Хурдодбеҳ, Истахрӣ ва Ибни Ҳавқал писандида, аз зиёд будани хайру саховати мардуми Самарқанд гузориш додаанд. Асри Х замони шукуфоӣ ва равнақи илму дониш дар Мовароуннаҳр ва хусусан ду шаҳри он – Бухоро ва Самарқанд буд, ки дар ин бора асарҳои зиёде навишта шудааст. Дар чунин шаҳр донишмандону адибони зиёд ба камол расидаанд, ки парвардаи ин муҳит буда, барои тамоми инсоният асар эҷод кардаанд. Дар домани чунин шаҳр ба камол расидани фақеҳ ва мутакаллими барҷастаи олами ислом Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Маҳмуд Абумансур Мотуридии Самарқандии ҳанафӣ (852-932) ҳодисаи аҷиб нест. Ин шахсият чунон таъсире дар ақидаи аҳли суннат гузошт, ки то имрӯз дар миёни донишмандони ҷаҳон ба он ишора

МАҚОЛАҲО

Фарзандон таҷассумгари маънавиёти волидонанд

Пўшида нест, ки вазифаи падару модар дар масъалаи тарбияти фарзанд бисёр муҳим, сангин, масъулиятнок ва хеле мушкил аст. Аз ин рӯ, волидон бояд аз рўзи таваллуди фарзандон тарбияи онҳоро бо беҳтарин усулҳои барои ҷомеа судманд, пайваста зери назорат гиранд. Худованди мутаол дар ин маврид фармудааст: «Эй мӯъминон, хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташафрӯзи он мардум ва сангҳо бошанд, нигоҳ доред!» (Таҳрим, 6). Ҳамин нуктаро бояд хотиррасон намуд, ки ҳар як падару модар барои фарзандони худ бояд намунае бошанд, то дар ба камолрасию таълиму тарбияи дурусти фоиданок барои љомеа нақши муассире бозида бошанд. Њамин нуктаро рўзноманигори амрикої, барандаи барномањои телевизионї ва муаллифи китобњои зиёд Људит Мартин чунин иброз намудааст: «Њамаи мо дилкашу дилрабо, тоза ва таббиию бетакаллуфона таваллуд мешавем. Бинобар ин, мо бояд муаддаб бошем, то ин ки аъзоёни комилњуќуќи љомеа бошем». Фарзанд азиз аст, вале ўро эркаю нозук тарбия карда, њаргиз дар таълиму тарбияи фарзандон ба сањлангорї роњ додан лозим нест. Њисси масъулиятшиносиро дар фарзандон аз хурдї бедор кардан лозим аст. Тавре Дзержинский Ф. Э. (Феликс Эдмундович Дзержинский, 30.08.(11.09.)1877, ходими фаъоли давлатї ва њизбии собиќ Иттињоди Шуравї, муассис ва роњбари ВЧК) ќайд намудааст: «Фарзандони бо ноз парваридашуда (эрка) ва нозук, ки тамоми њавою њаваси онњо ќонеъ карда мешаванд, њамчун ашхоси аз одамгарї баромада ва сустиродаи худбин ба воя мерасанд. Таърих гувоҳ аст, ки волидони зиёде фарзандони худро тавре тарбияву парвариш намудаанд, ки ифтихори ҳам падару модар ва ҳам кишвари азизамон гаштаанд. Мефахрем аз он, ки пешгузаштагони бошарафи мо бо аъмоли шоистаи хеш номи миллати тољикро дар тўли таърих машњур сохта, дар даврони истиќлол бошад, меросбарони эшон дар мансабњои мухталифи роњбарикунандаи давлати соњибистиќлоли мо ифои вазифа намуда истодаанд. Агар яке дар нињодњои ќудратї шабу рўз дар фикри тинљию амонї ва осмони беѓубори болои сарамон ифои вазифа намояд, дигаре бо рехтани араќи љабини хеш дар сохтмону корхонаву сањро кишварро ободу зеботар, сеюмї бо дастовардњои илмии хеш миллати пешрафтаву бошуур будани миллати тољикро бори дигар тасдиќ, чорумї бо мењнати њалоли хеш дар соњаи тибу таълиму ѓайра поягузори тањкурсии матини ояндаамон, панљумї бо сањмгузории молиявии хеш гушањои мухталифи диёрамонро ободу зебо, ниёзмандонро дастгирї ва шашумї бо роњбарии хирадмандонаи хеш такондињандаи њаракати ободтаргардиву мустањкамтаргардї ва гулгулшукуфонтаргардии ин давлати аз гузаштагон ба мо меросмонда зањматњо мекашад. Натиљаи зањматњои ин фидоиёни миллату Ватанро зимни гузоришҳои интернет дар суханронињои самимию ќадромези мењмонони хориљии аз кишварњи мухталифи олам, аз ќабили Амрико, Эрон, Олмон, Афѓонистон, Ќирѓизистон, Ќазоќистон, Русия ва ѓайра, ки имсол барои истиќболи љашни Наврўзи пирўзпай ба диёри мо ќадам ранља фармуда буданд, низ мушоњида намудем. Мухлисонаи мунсифона, агар ба њамаи ин комёбињою дастовардњою пешравињо бањо гузорем, наќши роњбарикунандаю зањматњои Сарвари азизамон, муњтарам Эмомалї Рањмон хело бузург аст. Пешвои муаззами миллатамон тавонист мењандўстони мухталифро дар атрофи худ муттањид намояд, ки натиљаи он назаррас аст. Лозим ба ёдоварї аст, ки њуқуқи фарзандон бар падару модар қабл аз таваллуд оғоз шуда, фароҳам овардани муҳити лозимеро барои сарпарастии фарзандон тақозо мекунад. Зимни тарбияи хуб додан, шароити таълимгириро фароњам оварда, дар фикри ояндаи хуби фарзанд будан, интихоби њамсарони солењ орзую њаваси волидон ва бобою бибињо низ мебошад. Дар аҳодис ва суннати набавӣ дар бораи муносибати зану шавҳардорӣ гуфтаву андешаҳои бисёре вуҷуд дорад, ки ҳар кадоми онҳо паҳлуҳои гуногуни ин муносибатњоро шарҳу баён менамоянд. Агар мусулмонон бо ин амру ҳидоятҳо амал намоянд, бидуни шак, ба ҳадафу мақсади волои зану шавҳардорӣ ва тарбияи дурусти фарзандон ноил мешаванд. Иффату покдоманӣ, ташкили хонаводаи хуб, тарбияи солиму солеҳи фарзандон, эҳтирому иззати байниҳамдигарӣ, меҳру шафқат, ғамхориву меҳрубонӣ ва ғайра аз авомиле мебошанд, ки дар тарбия ва рушди насли наврас нақши муҳим мебозанд. Ҳикмату фалсафаи ҳаёти зану шавҳардорӣ тибқи қавонини исломӣ аз он иборат аст, ки зану мард шарик ва мӯниси ҳамдигар буда, ахлоқи хубу неки падару модар дар онҳо то охири ҳаёт нақши асосӣ мебозад, зеро фарзандон онҳоро намунаву сармашқи зиндагонии худ ҳисобида, дар кору фаъолияти худ аз онҳо пайравӣ мекунанд. Дини мубини ислом ба масъалаҳои зану шавҳардорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, масоили мубрами онро то ҷузъиёташ мавриди назар қарор додааст. Масъалаи интихоби дурусти ҳамсари солеҳу покдоман, яке аз масъалаҳое мебошад, ки аз он масъалаҳои дигар, аз ќабили ташкили хонавода, тавлиди фарзандон, таълиму тарбияи солиму солеҳу накӯкори онҳо ва ғайраҳо ба он вобастагии махсус доранд. Баъди ақди никоҳу издивоҷ ҳаёти зану шавҳардорӣ оғоз меёбад, ки вобаста ба таълиму тарбияи гирифтаи навхонадорон тақдири ҳаёти якҷояи минбаъдаи онҳо ҳаллу фасл мегардад. Агар табиати домоду арӯс бо ҳам мувофиқ оянду бо ҳам унс бигиранд, пас дар асоси робитаи ба вуҷуд омадаи миёни онҳо, асосҳои оилаи нав гузошта мешавад. Таваллуди фарзандон бошад, метавонад асосҳои ин хонаводаро боз ҳам тақвият бахшида, робитаи байни зану шавҳарро устувортар гардонад. Фазои хонавода иваз шуда, марҳалаи ҳамзистӣ, тарбият ва таваҷҷуҳ ба фарзандон оғоз шуда, эҳсосоти наве дар хонадон эҷод мешавад, ки аз падару модар фароҳам намудани муҳити солимро барои тарбияи фарзандон тақозо мекунад. Худованди мутаол дар бораи вазифаи зан дар ин давраи ҳаёти зан чунин фармудааст: «Ва модарон бояд ки ба фарзандони худ ду соли тамом шир диҳанд. Ин ҳукм барои касе аст, ки мехоҳад муддати шир доданро тамом кунад; ва хӯроку пӯшоки ин занони ширдеҳ ба ваҷҳи писандида дар (ӯҳдаи) падар аст. Ва бар ҳеҷ кас ба ҷуз қадри тавоноии ӯ воҷиб карда намешавад; модарро бо сабаби фарзандаш набояд ранҷ дод ва на падарро ба сабаби фарзандаш. Ва бар ворис ки (низ) монанди ин (лозим) аст. Агар падару модар баъди ризои миёни якдигар бихоҳанд (кӯдакро) аз шир боз кунанд, пас ҳеҷ гуноҳ бар онон нест. Ва агар хоҳед, ки барои фарзандони худ доя гиред ва агар он чиро, ки доданашро муқаррар кардед, ба хӯшхӯии тамом таслим намудед, пас ҳеҷ гуноҳ бар шумо нест. Ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки Худо ба он чи мекунед, биност» (Бақара, 233). Дар бораи фоидаҳои ду сол аз пистони худ шир додани модарон ҳоло китобу мақолаҳои зиёде ба табъ расидаанд, вале айни замон бо ҳамин ёдоварӣ маҳдуд мешавем. Табибон собит намудаанд, ки аз назари ҷисмӣ ва рӯҳӣ кӯдакони шири пистонхурда кӯдакони солим ба воя мерасанд, айнан акси ҳамин чиз ҳам собит шудааст, ки зане ба кӯдакаш шир намедиҳад ҳам худ ва ҳам фарзанди худро дар маърази бемориҳо қарор медиҳад. Чунин фарзандон дар ин муддат эҳсосоти меҳрубонӣ, лутфу

МАҚОЛАҲО

ТАҲАММУЛ ВА МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО: АҲАММИЯТИ ТАЪЛИМОТИ МОТУРИДӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Аннотатсия: Мақолаи мазкур таҳлили фалсафӣ ва илоҳии таълимоти Абӯмансур Мотуридиро ҳамчун заминаи асосӣ барои рушди фарҳанги таҳаммул ва муколамаи байнитамаддунӣ пешниҳод мекунад. Муаллиф баҳс мекунад, ки низоми каломии Мотуридӣ, ки бар ақл, виҷдон ва герменевтикаи ахлоқии шариат асос ёфтааст, як модели амиқи маърифатӣ ва ахлоқиро пешниҳод мекунад, ки қобили муқовимат бо ифротгароии мазҳабӣ буда, фаҳмиши мутақобили тамаддунҳо ва мазҳабҳои гуногунро тақвият медиҳад. Таҳқиқот ба китоби «Китоб ат-Тавҳид»-и Мотуридӣ ва тафсирҳои муосири илмӣ такя мекунад, то пояҳои метафизикӣ ва маърифатии ҳамзистии байнидинӣ шарҳ дода шаванд. Бо таъкиди бар ақлу масъулияти ахлоқии инсон, равиши Мотуридӣ ҳамчун як парадигмаи қобили қабул барои рушди муоширати байнифарҳангӣ ва гуногунандешии рӯҳонӣ дар ҷаҳони муосир муаррифӣ мегардад. Калидвожаҳо: каломи мотуридӣ, таҳаммул, муколамаи байнидинӣ, фалсафаи исломӣ, ақл ва ваҳй, гуногунандешии динӣ, зидди ифротгароӣ, маърифатшиносии ахлоқӣ, герменевтикаи ахлоқӣ, ҳамзистии фарҳангӣ. Дар ҷаҳони муосир, ки бо шиддати рӯзафзуни бархӯрди арзишҳо, эҳёи идеологияҳои истисноӣ ва афзоиши таҳдидҳои ифротгароии динӣ тавсиф мешавад, зарурати бознигарии мероси маърифатии башар, хусусан таълимоти каломии муътадил ва ақлонӣ, бештар эҳсос мешавад. Муқовимат бо ифротгароӣ ва таъсиси фазои муколамавии тамаддунҳо танҳо дар заминаи равишҳои таҳаммулгаро ва фаҳми маънавии арзишҳои динӣ ва фарҳангӣ имконпазир мебошад. Яке аз чунин равишҳо, ки тавозуни устувори байни ваҳй ва ақл, шариат ва маърифат, мазҳаб ва виҷдонро пешниҳод мекунад, таълимоти Абӯмансур Мотуридӣ (в. 944 м.) мебошад. Ӯ яке аз мутафаккирони намоёни мактаби каломи суннатиест, ки бо поягузории равиши фалсафии ақлонӣ дар тафсири дини мубини Ислом, имкони фаҳми навини ахлоқӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии арзишҳои исломиро ба вуҷуд овардааст. Мактаби ӯ, ки бо ном «Мотуридӣ» маъруф аст, дар таърихи фалсафаи исломӣ ҳамчун намунаи иттиҳоди ақл ва шаръ, ирода ва виҷдон, ва таҳаммул ва маърифат шинохта шудааст. Аз дидгоҳи фалсафаи иҷтимоӣ ва маърифатшиносӣ, таълимоти Мотуридӣ на танҳо ба ислоҳи тафсири мазҳабӣ, балки ба бозсозии таносуби инсон ва ҳақиқат, ақлу шариат, ва виҷдону ҳукмҳои Илоҳӣ равона шудааст. Ин равиш барои замони мо, ки дар он, ба таъбири Ҳанс Йонас, инсоният ба як буҳрони маънавии ҷаҳонӣ гирифтор аст, аҳаммияти ҳаётӣ пайдо мекунад. Дар ин замина, мақсади асосии мақолаи мазкур таҳлили фалсафии таълимоти Мотуридӣ ҳамчун манбаъи эҳёи фарҳанги таҳаммул ва муколамаи тамаддунҳо мебошад. Бо истифода аз методологияи герменевтикаи динӣ, фалсафаи калом ва усули маърифатшиносии фалсафаи исломӣ, мо мекӯшем нишон диҳем, ки чаро ва чигуна равиши Мотуридӣ метавонад ба ҷаҳони муосир, ки дар остонаи парокандагии арзишҳо қарор дорад, иртиботи муҳимме дошта бошад. Таҳаммул дар андешаи Абӯмансур Мотуридӣ на ҳамчун хулқи инфиродӣ, балки ҳамчун як низоми назариявӣ ва фалсафии маърифати динӣ зуҳур мекунад. Аз дидгоҳи ӯ, ақл, ихтиёр, виҷдон, ва геременевтикаи (таъвили) шаръӣ чаҳор пояи асосии дарки динро ташкил медиҳанд, ки бе онҳо муносибати инсон бо Худо, ҷомеа ва худи матни динӣ носозгор бо ҳақиқат ва ахлоқ хоҳад буд. Мотуридӣ таълим медиҳад, ки инсон дорои иқтидори дарки маънавӣ ва иродаи интихоб аст, ки ӯро на танҳо масъул, балки шарики маънавии Худо дар замини маърифати ахлоқӣ мекунад. Мафҳуми калидии “касб” дар ин равиш на танҳо амали воқеии инсонро ифода мекунад, балки рамзи озодии ахлоқӣ ва масъулияти маърифатии ӯст. Тибқи ин назар, инсон ҳамеша дар иртибот бо ҳақиқат қарор дорад ва ҳар амали ӯ дар заминаи имкони интихоби ахлоқӣ арзёбӣ мешавад. Илова бар ин, ақл дар мактаби Мотуридӣ на воситаи ёрирасон, балки манбаи мустақили шинохти ҳақ ва ботил мебошад. Дар асари бузурги ӯ «Китоб ат-Тавҳид», ақл ҳамчун воситаи шинохти вуҷуди Худо, муайян кардани зебоӣ ва зиштии ахлоқӣ ва фаҳми ҳикматҳои шариат муаррифӣ мешавад. Аз ин рӯ, ӯ дарки динро бе ақл, маърифат ва таъвил номумкин медонад. Муҳимтарин хусусияти ин мактаб дар он аст, ки тафсири шариат зери таъсири маънавиёти инсонӣ ва ақли солим қарор мегирад. Таъвили шариат, ба гуфтаи Мотуридӣ, бояд бо мақосиди дин ва эҳтиёҷи маънавии ҷомеа ҳамоҳанг бошад. Аз ин рӯ, равиши ӯ як асоси назариявии таҳаммул ва муколамаи фалсафӣ миёни адён ва мазоҳибро ташкил медиҳад. «Иҷтиҳод ва таъвил на амали фикҳӣ, балки вазифаи маънавии инсон аст, ки бо истифода аз ақл бояд ба мақосиди Илоҳӣ наздик шавад»[1]. Аз дидгоҳи фалсафаи динӣ ва ҳермоневтикаи каломӣ, ин равиш ба пайдоиши як модели фаҳми маърифатгароёнаи шариат мусоидат мекунад, ки дар муқобили равишҳои зоҳирӣ ва суннатгароии таассубӣ қарор мегирад. Асри мо, асри бархӯрди тамаддунҳо, поляризатсияи динию фарҳангӣ ва густариши ифротгароӣ ниёз ба бознигарии решаҳои фалсафии муколама ва таҳаммул дорад. Яке аз сабабҳои аслии нокомии муколамаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ набуди навъи фалсафии муътадил ва маърифатмеҳвари дарки дин мебошад. Дар ин замина, мактаби Мотуридӣ ҳамчун каломии умумӣ метавонад посухи назариявӣ ва амалии ин буҳронро пешниҳод намояд. Мотуридӣ дар иртибот бо фалсафаи дин ва ҷомеа таъкид мекунад, ки инсон ҳамчун мавҷуди озоду соҳибақл метавонад бо истифода аз шинохт ва маърифат, ба муҳити иҷтимоии муколамавӣ ва таҳаммулгароён мусоидат менамояд. Аз ин ҷост, ки ин мактаб арзишҳои зотии инсонро дар меҳвари дарки динӣ қарор медиҳад ва аз ифротгароии мазҳабӣ ва истиснои дигарон ҳазар мекунад. Аз дидгоҳи герменевтикаи муосир, таълимоти Мотуридӣ на танҳо шариатро таъвил мекунад, балки мафҳумҳои ҳастишиносӣ ва ахлоқро ба дарки муосир наздик месозад. Ӯ бо пайвастани ваҳй ба ақл ва шариат ба виҷдон, навъи дарки “тафсири инсонмеҳвар”-ро асос мегузорад, ки дар он мазмун аз маънои таърихии худ ҷудо намешавад, балки дар иртибот бо воқеиятҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ақлонӣ фаҳмида мешавад. Дар шароити муосир, ки фазои сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳонӣ аз тафриқа ва ихтилоф ранҷ мебарад, барномарезии сиёсати фарҳангӣ ва муколамаи тамаддунҳо бояд ба равишҳое такя кунад, ки имкони фаҳми байнифарҳангӣ ва байниадёнӣ доранд. Мактаби Мотуридӣ дар ҳамин замина на танҳо навъи каломӣ, балки ҳамзистӣ ва онтологияи маърифатгароёнаи инсонӣ мебошад. Ба таъбири Наср Ҳомид Абу Зайд, “дине ки фақат дар маънии зоҳирӣ маҳдуд мешавад, ба идеология табдил меёбад; вале дине ки даркаш ба ақл ва виҷдон боз аст, ба фалсафа ва маърифат табдил меёбад”. Аз ин рӯ, Мотуридӣ барои ҷаҳони муосир на як хотираи таърихӣ, балки манбаи зиндаи тарбияи маърифатӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии инсон мебошад. Он метавонад хати равшан миёни дин ва ифрот, шариат ва ҷаҳолат, маърифат ва таассуб бикашад. Ифротгароии мазҳабӣ, ки дар шакли такфир (кофир донистани дигарон), тафсири зоҳиргароёнаи шариат ва инҳисори ҳақиқат зуҳур мекунад, аз нишонаҳои равшани дарки беақлонӣ ва бемаърифатонаи дин мебошад. Маҳз набуди тавозун байни ваҳй ва ақл, шариат ва ахлоқ, ва таълим ва виҷдон боиси зӯру зулм, низоъ ва тафриқа дар фазои

МАҚОЛАҲО

МАФҲУМИ ОЗОДИИ АҚИДА, ВИҶДОН ВА ДИН

Ҳар як инсон ва шаҳрванд дорои ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳо мебошад. Озодии инсон мафҳуми васеъ буда, сарҳади он то ҳудуди ҳуқуқи инсон рафта мерасад. Озодии ақида, виҷдон ва дин яке аз ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон ва шаҳрванд ба шумор рафта, дар худ се озодии аз ҳам ҷудонопазирро дар бар мегирад. Якум озодии ақида, дуюм озодии виҷдон ва сеюм озодии эътиқоди динӣ. Инсон бе надоштани озодии ақида, виҷдон ва дин арзи ҳастӣ карда наметавонад, чунки инсон худ беҳтарин офаридаи Худованд буда, дорои ақл, ҳиссиёт, эҳсосот, идрок, тафаккур, дарккунӣ, фикрронӣ мебошад. Доштани қобилияти фикрронӣ аз инсон будан шаҳодат медиҳад. Фикрронии инсон ба доштани ақидаи худ бурда мерасонад. Озодии ақида – ин мустақилияти инсон ва норавоии дахолат намудан ба фикрронӣ ва андешаронии инсон мебошад. Озодии ақида соҳаҳои гуногуни худро дорад. Аз ҷумла, озодии ақидаи динӣ. Озодии ақидаи динӣ маънои онро надорад, ки фикр накарда оид ба дин ва масъалаҳои динӣ ақидаи худро иброз намоӣ. Инсон бояд фикр намуда, сипас ақидаашро нисбат ба дин ва масъалаҳои динӣ баён намояд, то ки озодии ақида, виҷдон ва эътиқоди динии дигаронро вайрон нанамояд. Виҷдон аз дил доштани инсон сарчашма мегирад. Виҷдон як ҷузъи ботинии инсон буда, дар дили инсон ҷой гирифтааст. Виҷдон – ин ҳастиву вуҷуди инсон мебошад. Виҷдон – ин тарсест, ки Офаридгор дар дили инсон, яъне ҳасткардаи худ ҷой додааст, то ин ки тавассути он гуфтор, рафтор ва кирдори ӯро ҳамчун махлуқи бошуур назорат намояд. Инсон доимо дар ҳар гуфтораш, рафтораш ва кирдораш ҳатман ба виҷдонаш муроҷиат менамояд. Аз виҷдони инсон танҳо Офаридгораш хабардор мебошад. Эътиқод – ин ихлоси инсон ба ягон кас ва ё чиз мебошад. Эътиқод – ин бовари доштан ба қувваҳои табиӣ, фавқуззикр мебошад. Инсоният дар тули ташаккулёбии худ аз давраи қадим то замони муосир дар давоми ҳаёти худ ба қуваҳои табиӣ, аз қабили оташ, раду барқ, заминҷунбӣ, обхезӣ ва ҳоказо боварӣ ва эътиқод ҳосил кардааст. Аз оғози ҳаёти ҷамъиятӣ инсон инчунин ба парастиши ҳайвонҳо, ба монанди гов, маймун, аждар шуруъ намудааст. Бо пайдоиши динҳо парастиши динӣ, яъне этиқоди динӣ оғоз гардид. Дар ҷаҳон динҳо хеле зиёданд. Дар замони муосир се дин ҷаҳонӣ эътироф шудааст: дини буддоия, дини насронӣ ва дини ислом. Озодии эътиқоди динӣ. Ҳар як инсон дар интихоби дин, дар пайравӣ ба дин озод мебошад. Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад озодона ин ё он динро интихоб намояд. Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад ба ин ё он дин пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад. Инчунин ҳар як инсон ҳуқуқ дорад ба ягон дин эътиқод (боварӣ) надошта бошад, ягон динро парастиш накунад. Маҳз, ҳуқуқ ба озодии эътиқоди динӣ дар ҳамин ифода меёбад. Ҳамин тариқ, озодии ақида, виҷдон ва дин яке аз ҳуқуқу озодиҳои шахсии инсон ва шаҳрванд буда, ба табиату фитрати инсон хос мебошад. Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ, дотсент

МАҚОЛАҲО

Кӯмак ба осебдида – қарзи динии ҳар мусулмон

Таърихи рушди ҷомеаи башарӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳар гоҳе фарде ё қисмате аз ҷомеаро мусибате фаро гирифта бошад, ҷомеа тавонистааст ба зудӣ оқибати он мусибатро бартараф намуда, ба осебдида дар идомаи зиндагӣ кӯмаки муҳими ҳам моддию ҳам маънавӣ расонидааст. Намунаи равшани ин гуфтаҳо ҳодисаи заминларзаи Тошкант дар соли 1966 мебошад. Тошканти харобгардидаро мардуми собиқ шуравӣ новобаста аз мансубияти миллию динияш тавонист дар муддати сею нимсол аз нав боз ҳам зеботару васеътар барқарор намояд. Дар робита ба ин сиришти созандаю инсонпарваронаи насли башарӣ шоири бузурги форсу тоҷик Шайх Саъдӣ барҳақ таъкид намуда буд: Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор. Бо таассуфи зиёд бояд қайд намуд, ки заминларзаи мудҳише, ки дар миёнаҳои моҳи апрели соли ҷорӣ дар минтақаи Рашт рух дод, тамоми аҳли ҷомеаи моро ғамгин гардонид. Аҳли ҷомеа бо ҳар роҳу восита ҳамдилию ҳамдардии худро ба мардуми зарардида иброз доштанд. Аммо хеле зарур аст, ки ба мардуми осебдида ғайр аз дастгирии маънавӣ боз кӯмаки моддӣ низ расонида шавад. Хушбахтона, мардуми мо, ки ҳамагӣ мусулмонанд ва аз таълимоти ахлоқии дини ислом ба хубӣ огоҳ ҳастанд, қарзи динии худро дарк намуда, дар баробари дастгириҳои моддию маънавии ҳукумат аз ҷониби худ низ дарҳол ба кӯмаки ниёзмандон шитофтанд. Зеро кӯмак ба ниёзмандон дар таълимоти дини ислом мақоми хеле баланд дошта, ҳам дар аҳодис ва ҳам оятҳои қуръонӣ такрор ба такрор зикр шудааст. Дар ҳадиси саҳеҳ, ки ҳам аз номи Бухорӣ ва ҳам Муслим ривоят мешавад, гуфта мешавад, ки «Ҳеҷ яке аз шумо имон надоред, вақте шумо сер бошеду ҳамсояатон гурусна». Дар робита ба фармудаи ҳадиси мазкур бояд зикр намуд, ки шахси хонаю манзилаш осебдида моҳиятан аз гушнаҳо ҳам бояд гушнатар бошад, зеро эҳтимол аст, ки аз гулӯи чунин шахси осебдида чизе гузарад. Сониян, агар ба мазмуни ҳадис таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки пайғамбари ислом дастгирии ҳамсояро шарти имон ҳисобидааст. Яъне, пайғамбар ба аркони имон даст накофта, кӯмак ба шахси гуруснаро шарти зуҳури имон ҳисобидааст, ки албатта, аз ҷанбаи хеле инсонпарваронаи таълимоти пайғамбар шаҳодат медиҳад. Агар матлабро ба дигар навъ баён намоем, чунин натиҷагирӣ хоҳем намуд, ки агар бандаи мусуломон намозу рӯзаю ҳаҷро адо намояду ба ҳамсояи гуруснаю ниёзмандаш кӯмак нанамояд, ин ибодатҳои ӯ беарзиш хоҳанд гардид. Пас, кӯмак ба ҳамсояи гуруснаю ниёзманд шарти қабули ибодатҳои динӣ мебошад. Дар робита ба мақоми баланди ҳамсоя ҳамчунон месазад, ки ҳадиси саҳеҳи дигарро низ, ки ҳам аз Бухорӣ ва ҳам Муслим ривоят шудаанд, ёдовар шавем. Оиша нақл мекунад, ки ба Пайғамбар Ҷабраил нозил шуд ва ӯро дар бораи ҳамсоя он қадар насиҳат намуд, ки гумон кардам ҳамсояро меросхӯр таъин менамояд. То ба ин сатҳ мақоми баланд доштани ҳамсоя дар таълимоти ислом аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фарзанди одамӣ бояд тамоми мушкилоти зиндагиро дастаҷамъона пасисар намуда, дар хурсандиҳои ҳамдигар шарик бошад. Дар робита ба кӯмаки ҳамдигарӣ сухан ронда ҳатман бояд аз мундариҷаи ояти 36 аз сураи «Нисо» низ бояд ёдовар шуд. Дар ояти мазкур баъд аз талаби ибодат накӯкорӣ намудан дар ҳаққи падару модар, хешовандон, ятимон, мискинон, ҳамсояҳои наздику бегона ва ҳамнишини наздику мусофир амр карда мешавад. Мазмуни оят моҳиятан ба он нукта ишорат менамояд, ки дар ҳолати даст додани имконият ҳар фард бояд ба ҳар шахси ниёзманд бидуни истисно кӯмак намояд. Зеро оят баъд аз падару модар хешовандонро бо ҳамсояҳои наздику бегона ҳамчун объекти кӯмак таъкид намудааст, ки он моҳиятан фарогир буда, тамоми аҳли ҷомеаи ниёзмандро дар назар дорад. Дар робита ба ҷанбаи инсонпарваронаи таълимоти дини ислом сухан ронда, бояд таъкид намуд, ки дар як қатор сураҳои Қуръон имон овардан бо амали солеҳ, ки ифодаи олии инсонпарварист, якҷоя зикр шудааст. Дар ояте (Каҳф, 18:110) амали солеҳ ҳатто пеш аз имон таъкид мешавад, ки бешак аз мақоми баланди некуию накӯкорӣ дарак медиҳад. Бо боварии том метавон гуфт, ки ҳадису оятҳои инсонпарваронаи мазкурро мардуми шарифи кишвар ба роҳбарӣ гирифта, мушкилоти осебдидагонро дар муддати кӯтоҳ бартараф менамояд. Акс аз сомонаи боз. Абдухалилзода К.А. Муовини директори Маркази исломшиносӣ

МАҚОЛАҲО

Давлати дунявӣ ва масъалаҳои муносибати он ба дин

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандро ба озодии виҷдон кафолат медиҳад, ки бо хусусияти дунявӣ доштани давлат алоқаманд аст. Дар Конститутсия равшану возеҳ омадааст, ки «ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Ҳеч як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлати эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд» (моддаи 8-и Конститутсия). Чунин хусусияти давлат бо моҳияти демократии он алоқаманд буда, ба манфиати тамоми мардум амал карданро ифода менамояд. Аммо ҷудо эълон кардани ташкилотҳои динӣ аз давлат мазмуни инкори ҳамкории онҳоро надорад. Диндорон аз ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа дур карда намешаванд. Ҳама шаҳрвандон сарфи назар аз эътиқоди динӣ баробарҳуқуқ буда, Конститутсия ба онҳо ҳуқуқу озодиҳои баробарро кафолат медиҳад. Дар Конститутсия муқаррар шудааст, ки ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд (моддаи 26-и Конститутсия). Масъалаи таносуби дин ва давлати дунявӣ дар низоми сиёсии ҷомеаи мусулмонии муосир, ки таваҷҷўҳ ба дин зиёд буда, дин ҷузъи ҷудонашавандаи равандҳо ва сиёсатҳои минтақавӣ мебошад, яке аз мавзўъҳои басо муҳим, вале мураккабу баҳснок ба ҳисоб меравад. Доир ба муколамаи дину давлати дунявӣ, таносуби онҳо, баъзе ҷанбаҳои ҳамкории дину давлати дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқотҳои илмӣ, гузоришҳои коршиносон мунтазам оммавӣ мегарданд. Дар онҳо роҳҳои устувор кардани боварӣ дар байни намояндагони ҷаҳонбинии динӣ ва арзишҳои дунявӣ ва диалектикаи онҳо дар даврони бунёди давлати миллӣ нишон дода шудааст. Гарчанде таҳқиқотҳо ва баррасиҳои файласуфон, олимон ва рӯҳониён оиди ин масъала зиёд ҳастанд, вале ҷанбаҳои баҳснок вуҷуд доанд ва бояд мавриди назар бошанд. Дунявият дар асли худ арзиши умумибашарӣ буда, ҳудуди миллӣ ва минтақавӣ- ҷуғрофӣ надорад. Дар тўли таърих дар минтақаҳои гуногун ҳар кадом халқу миллати соҳибдавлат аз он мувофиқи хусусиятҳои миллӣ- мадании худ истифода кардаанд. Аз ин рў, ҳангоми ҳамчун сифати давлат қабул кардани дунявият ва онро бидуни ягон тарҳрезӣ, дар шакли ғарбӣ татбиқ намудан нодуруст буда, ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои миллию динии ҳар минтақа яке аз шартҳои муҳими ҳифзи дунявият ва рушди ҷомеаи демократӣ мебошад. Барои ҳамин сарфи назар намудани ин ҷанбаи масъала метавонад дар роҳи ҳамзистии дину давлати дунявӣ душвориҳо эҷод намояд. Олимон хеле барвақт сари ин масъала фикрҳои ҷолиб баён намудаанд. Ҳанўз дар ибтидои солҳои шастуми садаи XX шарқшиноси Шўравӣ Конрад Н.И. дар мақолаи «Старое востоковедение и его новые задачи» бар хилофи сиёсати аврупоимарказият таърихи башарро ҳамчун як раванди умумитаърихӣ баррасӣ карда, нақши бонуфузи тамаддуни Шарқро дар ин раванд нишон додааст. Ў тафовути таъриху маданияти Шарқу Ғарбро таъкид карда, мегўяд: «Аврупомарказият дар худ ҳамеша хавфи ба тариқи механикӣ ба ҳаводиси таърих ва маданияти Шарқ кўчонидани он мақулотеро дорад, ки хоси таърих ва маданияти Ғарбанд… Афкори назариявии Шарқро дар ҳамаи соҳоти илм роҷеъ ба инсон ва ҷомеа ба ҳисоб гирифтан зарур аст…Яке аз вазифаҳои илмҳои инсонӣ ва ҷомеашиносӣ имрўз – бартараф кардани аврупомарказият дар илм аст….Ин на танҳо хавфи аврупомарказияти илмиро бартараф мекунад, ҳамчунин хавфи осиёмарказиятро пешгирӣ менамояд». Ҷомеаи дунявӣ, ки асоси он илмгароист, ҷомеаест, ки дар он нақши ҳалкунандаро зеҳният ва тафаккури инсонӣ мебозад. Ҳамаи мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ аз роҳи таҳлилҳои дурусти илмию мантиқӣ муайян шуда, роҳҳои ҳалли онҳо пешбинӣ мешаванд. Ҳамин аст, ки дар ин гуна ҷомеаҳо сармояи асосӣ зиёиён ва мутафаккирон ба ҳисоб мераванд. Ҷомеаи дунявии илмгаро танҳо ба андешаи инсоният, қудрату неруи зеҳнии он такя мекунад ва мушкилотро аз роҳи илму мантиқи зинда ҳаллу фасл менамояд. Шаҳрвандони ин навъи ҷомеа ҳар кадоме дорои ҳувият, шахсият ва андешаи худ буда, бо роҳи хираду дониш сатҳу сифати зиндагии хешро аз роҳи ақлу хирад боло мебаранд. Мутаассифона, дар ҷомеаҳои бештари кишварҳои шарқӣ, ки бештар ҷаҳонбинии динӣ ва донишҳои диниро ба гунаи асолат ва мутлақ қабул менамоянд, неруҳои зеҳнии инсонро маҳдуд карда, онро ба мавҷуди вобаста, бефоида, паст ва тарсанда табдил медиҳанд. Ақлгароӣ ба таасуб табдил меёбад. Гарчанде ҳазорсолаҳо қабл муттафакирони тоҷикзабон хавфи онро таъкид карда буданд. Вале худ мавриди шиканҷаву азоб қарор гирифтанд. Ҳамин аст, ки ҷомеаҳое, ки низоми теократӣ доранд, инсонҳоро саркӯб месозанд. Дар онҳо ҳараҷу мараҷ ниҳоят зиёд буда, сатҳи донишҳои илмӣ ниҳоят маҳдуд аст. Муносибат ба одамон дар сатҳи баланди дискриминатсионӣ (ҷинсӣ, динӣ – мазҳабӣ, табақавӣ) вуҷуд дорад. Аксари ин навъи кишварҳо вопасгаро, мардумонаш фақир ва пуртаззоду ноустувору осебпазиранд. Ҳамин гуна вазъро метавон дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ба осонӣ мушоҳида намуд. Ҳарчанд ин кишварҳо аз лиҳози захоири табиӣ кишварҳои сарватманд ба ҳисоб мераванд, вале набуди сатҳи баланди донишҳои илмӣ ва ҳокимиятҳои теократие, ки дар ин кишварҳо ҳукмрон аст, бошандагони ҷомеаро ба нафарони таассубзадаву хурофотӣ табдил дода аст. Аз тарафи дигар захоири саршори табии дар ин кишварҳо мавҷудбуда бо сабаби набуди ҷомеаи ақлгаро ва илммеҳвар дар шакли ашёи хом ба кишварҳои дигар содир мешавад. Низоми дунявият- низомест, ки шоистагии зиндагии инсонро таъмин намуда, ҳуқуқ ва озодиҳояшро кафолат медиҳад. Агар ба таърихи башар назар афканем, фақат инсоният дар дараҷаи ҷомеаи дунявӣ тавонистааст истеъдод ва сиришти хешро пурра ошкор намояд. Зеро меҳвари ҷомеаи дунявиро инсонсолорӣ ва гуманизм ташкил медиҳад. Ҳадафи зиндагии инсонӣ бошад, озодии инсон аст ва инсонҳо танҳо дар ҷомеаи дунявӣ метавонанд озодии хешро ҳифз кунанд ва дар саодат ва ҳамзистии осоишта ба сар бибаранд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки дар дигар навъи ҷомеаҳо, ки меҳвари онҳоро на арзишҳои баланди инсонӣ, балки арзишҳои динӣ ташкил медиҳанд, озодиҳои инсон маҳдуд гардида, хираду заковат ва истеъдодҳои инсон саркӯб мешаванд. Барои равшан намудани бартарияти ҷомеаи дунявӣ баъзе аз хусусиёти низоми динӣ-теократиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Д. Баҳромбеков – сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

МАҚОЛАҲО

Худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ ҳаром аст!

Яке аз масъалаҳои доғи рӯзи ҷомеаи муосир масъалаи худкушӣ ба ҳисоб меравад. Дар тӯли таърих ҷомеаи башарӣ ба намудҳои гуногуни он рӯ ба рӯ шудааст. Ҳар як инсони оқилу солимфикр бояд бидонад, ки ҳаёти одамӣ беҳтарин ва бузургтарин неъмати Парвардигор аст. Вале, афсӯс нафароне ҳастанд, ки ба ин неъмати бузург ношукрӣ намуда, даст ба худкушӣ мезананд ва ба амонати илоҳӣ хиёнат менамоянд. Бо ин васила на фақат худ балки аҳлу оила ва тамоми наздиконашонро сархам мекунанд. Инсон на фақат ҳақ надорад, ки ҷони худро аз байн бубарад, балки барояш воҷиб аст то онро посдорӣ ва ҳифз намояд. Худованди мутаъол дар каломи хеш мефармояд: ”Ва худро накушед…Ва ҳар кас чунин кунад аз рӯйи таҷовуз ва ситам, пас ба зудӣ вайро дар оташ дармеоварем ва ин кор бар Худо осон аст”. (Сураи Нисо, ҷузъе аз ояти 29ва 30). Паёмбари ислом (дуруду салом ба руҳи покашон) мефармоянд: “Ҳар нафаре, ки худро бо чизе ба қатл мерасонад, фардо рӯзи қиёмат бо ҳамон чиз азоб дода мешавад”. (Бухорӣ, Муслим). Дар ҳадис омадааст: “Ҳар кӣ заҳре бинӯшад, пас бимирад, он заҳрро дар оташи дӯзах низ менӯшад дар ҳоле ки дар азоби он абадӣ мемонад. Ҳар кӣ худашро аз баландие партофта бимирад, пас ӯ дар оташи дӯзах андохта мешавад, дар ҳоле, ки дар он абадӣ мемонад”. Пайғамбари бузургвор мефармоянд: “Миёни умматҳои пеш аз шумо марде ҷароҳате бардошт ва аз шиддати дард корде гирифт ва бо он дасташро буррид ва аз рафтани хуни зиёд мурд, пас Худованд фармуд: Бандаам дар гирифтани ҷони худ бар Ман пешдастӣ кард, ҳар оина биҳиштро бар ӯ ҳаром кардам”. Сабабҳои худкушӣ дар чист? Проблемаҳо дар ҳаёти шахсӣ: – ҷангҳои оилавӣ, талоқ; – номувафақиятӣ дар муҳаббат; – марг ё аз даст додани шахси наздик, бемории шахси наздик; – танҳо мондан, бе нигоҳу бин мондан аз ҷониби наздикон; – ҳолатҳои рӯҳие, ки бо сабаби моҷароҳои оилавӣ рух медиҳанд; – комёб нашудан дар кор ё дар таҳсилот; – гум кардани пулҳои бисёр, ё муфлисшавӣ; – аз даст додани манбаъ ва сарчашмаи рӯзгузаронӣ; – бемории руҳӣ; Кадом омилҳо як шахсро ба худкушӣ оварда мерасонанд? – қасдан зиён расонидан, туҳмат, таҳқир, ва пастзадани инсон; – таҷовуз, масхара кардан, лату кӯб кардан, монда шудан аз зиндагӣ, – надоштани шавқу ҳавас ба зиндагӣ ва ҳаёт. – сарсупурда ё фанати дин шудан, – тариқи ҷиҳод ба худкушӣ даст задан. – маҷбуран худкушӣ кардан (бо ҳукми суд, аз тарси марги пур азоб). – тарс аз ҷазо (дар ҷинояткорон, тарс аз таҳқири наздикон ва ҷамъият, баъди ҷиноят, тарс аз ҳукми суд ва ҷазо). -худмуҳокимакунӣ барои ягон амали нодуруст. – худкушӣ барои ҳимояи виҷдон. – дар маҳбасхона. Аз далелҳои овардашуда бармеояд, ки худкушӣ ва ё сӯиқасд ба ҷони худ ҳаром буда, аз гуноҳони кабира маҳсуб меёбад. Абдуллоҳи Қодирӣ -сардори шуъбаи иттилот ва ташхиси диншиносӣ

МАҚОЛАҲО

Меҳрубонии мо метавонад зиндагии як нафарро тағйир диҳад…

Дар ҳама давру замон мардуми шарафманду саховатпешаи миллати тоҷик, дасти кумак дароз кардан ба мардуми камбизоат ва дармондаро пешаи худ карда, ин амали некро шоистаи ситоиш ва дарки баланди масъулият медонанд. Мусаллам аст, ки миллати тоҷик бо ҳамин гуна фарзандонаш аз қадим то имрӯз бо кору пайкори хеш барои ноил шудан ба озодӣ бо созандагиву бунёдкорӣ, бо ақлу заковати нобиғагонаш дар саросари олам ва кишвари азизамон ном баровардааст. Ҳамаи ин дастовардҳо дар рушд ва пешравиҳои ногузини миллат ва ташаккули давлатдории миллӣ, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолият аст. Имрӯз замоне расидааст, ки ин ҳама бовариву назари некбинонаи Пешвои миллатро дар амал татбиқ намоем бо забон не, балки бо амалу рафтори созгорамон нишон диҳем. Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 апрели соли 2025 соати 09:24 дақиқа дар ҳудуди кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он 160 километр шимолу-шарқи шаҳри Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи заминларза дар марказаш 5-6-балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3-баллро ташкил додааст. Тибқи маълумоти пешакӣ дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногун зарар дидаанд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди рух додани заминларза 13 апрел комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардиданд. Аз айёми сар задани зарари фоҷиаборе, ки ба сари мардуми водии Рашт омад, ҷомеаи моро хушбахтона ҳисси масъулияти шаҳрвандии мардуми кишварамон баланд шуда, дарҳол ба кумак ва ба мардуми зарардидаи ин минтақа дасти ёрӣ дароз намуданд. Дар ҳамин радиф аз ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки дар доираи имконот барои мардуми зарардида аз офати табии водии Рашт дасти ёрӣ дароз кунанд. Муссалам аст, ки аз ҷумлаи он анъанаи неке, ки аз Паёмбари ислом Муҳаммад (с) ба умматашон мерос мондааст, ба ниёзмандон хайру саховат кардан дар рӯзҳои мушкил мебошад. Ҳамаи динҳо, аз ҷумла дини мубини ислом низ мардуми ҷаҳонро ба ваҳдат, иттиҳоду бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва муҳаббату дўстӣ даъват менамоянд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар яке аз ҳадисҳои мубораки Паёмбари ислом Муҳаммад (с) омадааст, ки “Сахӣ ба Худо наздик аст, ба биҳишту ба мардум наздик аст; бахил аз Худо дур аст, аз биҳишт дур аст, ба дўзах наздик аст”. Пас амали инсон замоне садақа маҳсуб мешавад, ки агар он воқеан аз рӯи ихлосу имон ва ақидаи устувор дар роҳи расидан ба ормонҳои динӣ ва шостаи муҳаббату дӯстии Худованд бошад. Вақте Худованд барои шахс бузургтарин неъмат – неъмати имонро насиб кард ва аз молу дороии дунё низ ўро рўзӣ гардонид, пас тибқи фармудаи шариат бояд ба шукронаи ин ду неъмат бо дасту дили кушод хайру садақа анҷом диҳад. Ҳамаи мо ба хуб медонем, ки ҷавҳари дини мубини исломро таҳаммулпазирӣ, хайрандешӣ ва инсондўстӣ ташкил медиҳад. Бинобар ин мо боварӣ дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол, сарфи назар аз мансубияти миллию динӣ ва мавқеи иҷтимою иқтисодӣ беш аз ҳарвақта ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандиро пеша менамояд. Мо бояд дар зери парчами ваҳдати миллӣ муттаҳид гардида, ба рўйдодҳои замон аз мавқеи хирад баҳо диҳем ва ба ояндаи кишвару миллати хеш хушбинона назар кунем ва дар рӯзҳои мушкил дастгири якдигар бошем. Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ, К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ? Абулқосим Лоҳутӣ Ҷалолов Сӯҳроб Рустамович– мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

МАҚОЛАҲО

Ногузирии таҳаввулоти динӣ дар Арабистони Марказӣ дар арафаи пайдоиши дини ислом

Дарёфти мавқеи дуруст дар фазои маънавии ҷомеа ва ташаккули ҷаҳонбинии ба сатҳи рушди ҷомеаи башарӣ тақозо менамояд, ки аз таҳқиқи барои дингароён одатшудаи масоили таърихӣ (бо истифода аз нерўҳои фавқуттабиа шарҳу баррасӣ намудани ҳаводиси таърихӣ-иҷтимоӣ) канорагирӣ намуда, усули таърихият ва воқеънигориро ба роҳбарӣ гирем ва сабабҳои пайдоиши дини исломро чуноне, ки ҳаст, пешкаш намоем. Усули одатшударо зимни таҳқиқи масоили таърихӣ- иҷтимоӣ ду сад сол пеш маорифпарварони фаронсавӣ чун усули барои қуруни вусто хос мазаммат карда буданд. Ба андешаи маорифпарвари намоёни фаронсавӣ Шарл де Монтескье таърих дар Фаронса ҳанўз ҳам чун дар асрҳои миёна бо руҷуъ ба манбаи фавқуттабиӣ тавсиф карда мешавад. Мутафаккир анъанаи мазкурро бепоя мехонад ва мутмаин мегардад, ки шиносоӣ бо таърих хонандаро аз хурофотҳояш озод менамояд ва барои бунёди ҷомеаи имрўза мусоидат менамояд. (Eighteenth Centuries Enlightenment Philosopfers// http://www. fsmitha.com/h3/h29-phil2.htm / Санаи муроҷиат. 25.04.2025. Вақт 15-00. Қобили зикр аст, ки маорифпарварони фаронсавӣ дар шароите зиста буданд, ки ҷомеа аз лиҳози илму технология аз сатҳи имрўза хеле фарқ менамуд. Имрўз, дар ҳолате, ки иддае аз мардум дар сайёраҳои дигар барои худ макони иловагие ҷустуҷў доранд, мутаассифона, дар ҷомеаи мо аз тарафи иддае аз ашхос усули мазкур истифода мегардад. Аз нигоҳи ин ҷониб аз усули анъанавии баёни ғайриилмии масъалаи пайдоиши дини ислом иҷтиноб намуда, воқеъбинона арзёбӣ намудани масъала ҳам тибқи фармудаи Қуръон (Ояти 10 аз сураи Бақара барои дурўғгу азоби дарднок ваъда медиҳад) хоҳад буду ҳам хонандаро ба андешаи амиқ доир ба ин масъала водор мекунад ва тадриҷан дили ўро бо ҳақиқати илмӣ равшан мегардонад. Ба дарназардошти мантиқи байёнгардида тасмим гирифтем ногузирии пайдоиши дини исломро мухтасаран пешкаши хонанда намоем. Дар арафаи пайдоиши дини ислом Арабистони Марказӣ на танҳо аз лиҳози сохтори сиёсӣ, балки аз лиҳози фазои маънавӣ, махсусан шакли эътиқоди динӣ низ хеле қафомонда буд ва ба як таҳаввулоти ҷиддӣ ниёз дошт. Новобаста ба таъсири зиёд ва афзояндаи динҳои бегона дар охири қарни VI дар нимҷазирраи Арабистон бутпарастӣ бартарият дошт. Арабҳо ситораҳоро мепарастиданд ва ба бутҳо дар шакли сангҳо эътиқод доштанд. Дар Каъба (парастишгоҳ дар шакли куб)-и Гайман (шаҳр дар Арабистони Ҷанубӣ) худо дар шакли «санги сурх», дар Каъбаи ал-Абалата дар шакли «санги сафед» мавриди парастиш қарор дошт. Дар Макка бошад, «санги сиёҳ» мавҷуд буд. Каъбаи шаҳрҳои зикршуда ҳам аз рӯи шакл ва ҳам мундариҷа якхела буданд. Дар Каъбаи Макка 360 бут мавҷуд будааст. Дар қисмати шарқии бино «санги сиёҳ» – метеорити обгардида маҳкам гардидааст. Дар марказ бути Ҳубал ҷойгир будааст. Дар ҳамшафатии Каъба ду теппаи на он қадар калон ас-Сафо ва ал-Марва қарор доштаанд. Дар теппаи якум бути Исаф ва дар теппаи дуюм бути Наил мавҷуд будаанд. Ҳар як қабила худо-нигаҳбони худро доштааст. Ба ҷумлаи худоҳое, ки арабҳо мепарастидаанд, Аллоҳ низ дохил будааст. Номи мазкур аз калимаи «илоҳ» бо пайваст намудани артикли муайянии «ал» ташаккул ёфтааст. Тибқи фармудаҳои Қуръон бутпарастон аксаран зимни дар баҳр будан ба кӯмаки Аллоҳ ниёзманд мешудаанд. Баъзе худо-занҳои парастандашаванда – ал-Лот (шакли ҷинси занона аз Аллоҳ), ал-Узза (бузург) ва Манат (замон) «духтарони Аллоҳ» маҳсуб меёфтаанд. Дар тасаввуроти динии арабҳо инчунин ҷинҳо ва шайтонҳо, ки байни олами одамон ва олами худоҳо миёнҷӣ маҳсуб меёфтанд, мақоми муҳимро ишғол менамудаанд. Ин рӯҳҳои нек ва бад тибқи иродаи худоҳо ба одамон рафтору пиндорро талқин менамудаанд. Чунин ҳисобида мешуд, ки онҳо ба одамони муқаррарӣ аҳён-аҳён зоҳир мегарданд, лекин боз одамоне будаанд, ки тавассути онҳо ба дигарон пешгӯӣ менамудаанд. Онҳо Арроф (пешгӯикунандаҳо) ва коҳинон номида мешудаанд. Онҳо ояндаро пешгӯӣ менамудаанд, чизи гумшударо меҷӯстаанд, чизи пинҳонро дармеёфтаанд. Ҳар як қабила арроф ё коҳини худро доштааст. Тасаввуроти аксари арабҳои минтақаи мазкур дар марҳилаи пайдоиши ислом хеле оддӣ буд. Араби бадавӣ ба зиндагии ухравӣ, ҳаёти баъд аз марг ва рӯзи ҳашр бовар надошт. Чун зиндагии ӯ дар саҳроҳо дар фақирию муҳтоҷӣ мегузашт, дар хотири ӯ барои рӯҳи диёнат ва ҳисоби охират ҷое набуд. Яъне, тамоми ҳастии ӯ барои таъмини моддии зиндагияш нигаронида шуда буд. Агар бутҳои худро парастиш мекард ва аҳёнан ҳадя ва қурбонӣ ба онҳо тақдим менамуд, ин ҳам барои рафъи ниёзмандиҳои моддӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои дигари хеш буд. Баъзан ба бути хеш назр мекард, ки агар хатареро аз вай дафъ кунад, гӯсфанде ё шутуреро қурбонӣ мекунад. Аммо чун хатар мегузашт, ба ҷои гӯсфанду шутур, ки назди араб қимати зиёдтар дошт, оҳуи саҳроиеро сайд намуда, мекушт. Ӯ бовар дошт, ки бут намефаҳмад ва байни қурбониҳо тафовут гузошта наметавонад. Аммо дар бисёр ҳолатҳо вақте ҳоҷати ӯ раво намегашт ва ё қурбонии ӯ мақбул намешуд, ба хашм меомад ва бутҳои худро дашном дода, онҳоро сангсор менамуд. Ҳато дар ҳолатҳои тангдастии сахт худои худро, ки солҳо ибодат карда буду аз орду хурмо иборат буд, мешикаст ва мехӯрд. Дар баъзе мавридҳо араб буташро аз мақоми «Худо будан» маҳрум карда, сохтаю ночиз будани онро ошкор ба ӯ гушзад мекард (Абдулҳусайни Зарринкуб, Таърихи Эрон баъд аз ислом. Чопми даҳум. Теҳрон. 1983, Ҷилди 3, саҳ. . (Қобили зикр аст, ки дар Қуръон низ сохта будани бут, ба офариниш қодир набудани он, надоштани қудрат на барои манфиат ва на барои зарар дар оятҳои зерин зикр шудаанд: (5:76); (7:191,192); (10:18); (19:42); (21:66); (22:12)). Ин бутҳо баъзе ба ин ё он хонавода тааллуқ доштанд ва баъзеи дигар аз они тамоми қабила буданд. Дар Макка аҳли ҳар хонае буте дошт, ки парастиш мекард. Пеш аз сафар рафтан ва баъди бозгашт аз сафар бути худро масҳ мекарданд. Ҳар кӣ аз Макка сафар мекард, санге ҳамроҳи худ мебурд ва дар макони нави худ сангро насб карда, гирди он тавоф менамуд. Ба ғайр аз бутҳои хонагӣ боз бутҳое низ вуҷуд доштанд, ки онҳоро як ё якчанд қабила ибодат мекарданд. Баъзе бутҳо аз санг тарошида шуда буданд. Боз пормасангҳое низ буданд, ки арабҳо онҳоро ҷо-ҷо насб мекарданду гирди он тавоф мекарданд. Хуну чарби қурбониро бар он мемолиданд. Ҳар яке аз ин бутҳо дар миёни қабила «хона» ё маъбаде дошт ва онро хидматгузоре буд. Чунон ки маъбади Лот дар Тоиф парастишгоҳи муътабар буд, маъбади Фалас дар байни қабилаи Тай макони эътибори махсус буд, Каъба парастишгоҳи бути Ҳубал бут, ки чун Уззо назди Қурайш ва аҳли Макка парастиш мешуд. Маъбади Уззо дар беруни Макка қарор дошт. Манот буте буд, ки онро дар Ясриб қабилаҳои Авс ва Хазраҷ ибодат мекарданд. Араби тоисломӣ дар бодия ҳафтаҳо сафар мекард. Гуруснагӣ ва гармои

Прокрутить вверх