МАҚОЛАҲО

МАҚОЛАҲО

Чанд сухан аз таърихи пайдоиши иди занон 8 март

Рӯзи байналмилалии занон, 8 март, таърихи бой ва қадима дорад, ки бо ҷараёни муборизаҳои занон барои ҳуқуқу озодиҳои онҳо алоқамандии зич дорад. Сараввал ин сана аз эътирозҳои сиёсии занон баҳри сабукиҳо дар фаъолияти корӣ оѓоз гардида, то ҷашнгирии иди занон омада расидааст. Оѓози ин рӯйдоди муҳим аз “роҳпаймоии дегчаҳои (кострюл) холӣ”, ки 8 марти соли 1857 дар шаҳри Ню-Йорки давлати Амрико ба вуқуъ пайваста буд, рост меояд. Коргарзанони корхонаи нассоҷии ин шаҳр ба кӯчаҳо баромада, шароити беҳтари корӣ, музди баландтари меҳнатӣ ва рӯзи кори кӯтоҳтарро талаб карданд. Он замон реҷаи корӣ барои мардҳо 8-соат ва барои занон бошад 16 соатро ташкил менамуд. Онҳо дар даст дегчаҳо ба ҳамоиш баромада, дегчаҳоро бо ҳам мезаданд ва сару садо баланд мекарданд ва ба ҳамин восита, таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеаро ба мушкилоти худ ҷалб менамуданд. Чунин ҳамоишҳо солҳои зиёд идома меёфт ва соли 1908 дар шаҳри Ню-Йорк занони фаъол тавонистанд гирдиҳамои дигари оммавиро роҳандозӣ намоянд, ки дар он беш аз 15 000 занон иштирок намуданд. Дар ин ҳамоиш занон талаботи дигар-ҳуқуқи ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботро низ илова намуданд. Як сол пас аз ин, дар солгарди ин раҳпаймоӣ, Ҳизби сотсиалистии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гирдиҳамоӣ баргузор намуд ва якшанбеи охири моҳи февралро Рӯзи миллии занон эълон намуд, ки ҷашнгирии он то соли 1913 идома ёфт. Клара Сеткин, яке аз фаъолзани олмонӣ ва узви ҳаракати сотсиалистӣ, дар таъсиси Рӯзи байналмилалии занон нақши калидӣ доштааст. Клара Сеткин дар охири асри 19 ва аввали асри 20 шахсияти муҳим дар сиёсати давлати Олмон буд. Вай иштирокчии фаъоли ҳаракати байналмилалии коммунистӣ ва яке аз асосгузорони Ҳизби коммунистии Олмон маҳсуб меёбад. Клара Сеткин, ки номаш Эйснер аст, дар шаҳри Видерауи вилояти Саксонияи кишвари Олмон, дар оилаи яҳудӣ таваллуд шудааст. Дар синни ҷавонӣ, Клара бо кунҷковӣ ва хотираи устувори худ дар байни ҳамсолонаш фарқ мекард. Ў дар синни нӯҳсолагӣ, асарҳои Гёте ва Шиллерро хонда, шеърҳои онҳоро бо завқ аз бар мекард ва дар синни дувоздаҳсолагӣ метавонист порчаҳоро аз китоби “Таърихи Инқилоби Фаронса”-и Томас Карлайл азёд кунад. Дар замони донишҷӯиаш дар Гимназияи педагогии Лейпсиг, ки он замон яке аз муассисаи бонуфузи таълимӣ маҳсуб меёфт, Клара дар ҷаласаҳои махфии ҳизби сотсиал-демократҳо иштирок мекард. Дар соли 1878 ба Ҳизби сотсиалистии коргарон, ки баъдтар Ҳизби сотсиал-демократии Олмон (SPD) номгузорӣ шуд, аъзо гардид. Тақрибан дар ҳамин давра, вай бо донишҷӯёни муҳоҷири рус, ки дар Лейпсиг ғояҳои инқилоби коммунистиро паҳн мекарданд, робита барқарор кард, ки дар байни ин донишҷӯён Осип Сеткин, шавҳари ояндаи Клара низ буд. Зиндагии Клара соли 1881 пас аз он, ки Бисмарк Қонуни истисноиро алайҳи сотсиалистҳо қабул намуд, тағйир ёфт. Вай маҷбур шуд ба шаҳри Сюрих, сипас ба давлатҳои Австрия ва Италия муҳоҷират намояд. Баъдан дар ниҳояти кор ба шаҳри Парижи Фаронса, ки дар он ҷо Осип Сеткин зиндагӣ мекард, маскан гирифт. Дар Париж Осип ва Клара фаъолияти ҳизбии худро идома дода, аз ҳисоби тарҷумаи маводҳо ва нашри онҳо дар рӯзномаҳои сотсиал-демократӣ рӯзгори худро пеш мебурданд, гарчанде ки маоши онҳо ночиз буд. Вай ҳатто насаби худро ба Сеткин иваз кард ва аз Осип ду писар таваллуд кард, ҳарчанд муносибати заношўии онҳо расмӣ набуд. Аммо ҳаёти оилавӣ ӯро маҷбур карда натавонист, ки аз фаъолияти сиёсии худ даст кашад. Ҳангоми зиндагӣ дар Фаронса, Клара дар омодагӣ ва кори Конгресси муассисони Интернасионали дуюм дар Париж соли 1889 фаъолона иштирок намуд ва дар он ҳамоиш дар бораи нақши занон дар муборизаҳои инқилобӣ суханронӣ намуд. Пас аз қатъ шудани таъқиби сотсиал-демократҳо дар Олмон, Клара ба Олмон баргашт ва соли 1892 дар шаҳри Штутгарт нашри рӯзномаи занони SPD зери унвони “Баробарӣ”-ро ба роҳ монд. Соли 1907 Клара роҳбарии бахши занонро, ки дар дохили Ҳизби демократӣ таъсис дода шуда буд, ба ӯҳда гирифт. Дар ин давра бо фаъолзани дигари олмонӣ Роза Люксембург ошноӣ пайдо намуда, дар якҷоягӣ муборизаро барои баробарҳуқуқии занон идома доданд. Соли 1910 дар Конфронси байналмилалии занони сотсиалистӣ дар шаҳри Копенгаген, бо пешниҳоди Клара қарор дар бораи ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии занон қабул гардид. Соли 1917 Клара аз мақоми худ дар ҳайати таҳририяи рӯзномаи “Баробарӣ” бо сабаби мухолифаташ ба идомаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ барканор карда шуд. Соли 1920 Клара Сеткин бори аввал ба Иттиҳоди Шӯравӣ сафар кард ва дар он ҷо бо роҳбари давлати Советӣ Владимир Ленин ва завҷаи ў Надежда Крупская шиносоӣ пайдо кард. Дар солҳои баъдӣ, Клара зуд-зуд барои иштирок дар конгрессҳои Коминтерн ба Маскав сафар мекард. Аз соли 1920 то 1933, Клара мунтазам ҳамчун аъзои Рейхстаг аз Ҳизби коммунист интихоб мешуд ва ҳамзамон вазифаи Котиботи байналмилалии занони Коминтернро ба зимма дошт. Дар моҳи июли соли 1932 вақте, ки сотсиалистҳои миллӣ дар натиҷаи интихоботи ѓайринавбатии Рейхстаг, аксарияти овозҳоро дар парлумони Олмон ба даст оварданд, Клара Сеткин дар Маскав қарор дошт. Ҳамчун узви калонсоли Рейхстаг ӯ ҳақи ифтитоҳи иҷлосияи аввалини даъвати навро дошт, бинобар ин бо вуҷуди хуб набудани саломатиаш ба Берлин сафар кард ва дар он ҷо оиди хатарҳои миллатчиёни немис, ки дар арсаи сиёсат нав ворид мегардиданд, суханронии пурҳарорат намуда, даъват намуд, ки як ҷабҳаи ягонаи зиддифашистӣ таъсис дода шавад. Пас аз манъ шудани ҳизбҳои чапгаро дар Олмон, Сеткинро аз ватанаш бадарға намуданд ва ин дафъа барои бори охир ба Иттиҳоди Шӯравӣ ворид гардид. Клара Сеткин 20 июни соли 1933 дар деҳаи Архангелскии наздикии Маскав, дар синни 76-солагӣ дунёро падруд гуфт. Аз рӯйи маълумотҳои расмӣ, дар маросими дафни Клара Сеткин, шаш ҳазор нафар иштирок карданд. Хокистари ҷасади Клара Сеткинро дар кӯзачае гирифта, дар девори Кремли Майдони сурхи шаҳри Маскав гузоштанд. Ҳамин тавр номи Клара Сеткин ҳамчун рамзи зани озодихоҳ ва ҳақталаб барои ҳуқуқу озодиҳои занони ҷаҳон барои ҳамеша, дар саҳифаи таърихи ҷаҳонӣ сабт гардид. Маводи мазкур дар арафаи фарорасии яке аз идҳои бисёр ҳам арзишманд барои ҳамаи мо, иди Моларон, нашр мегардад, аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми модарони ватани азизамон Тоҷикистонро сидқан табрику таҳният гуфта, ба онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ таманно менамоям. Бигузор фазои орому осудаи ватанамон абадан пойдор бошад. А. Мирзозода – мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОЛАҲО

Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба зан-модар

Модар калимаест, ки аз шунидани он ба дили кас шодию сурур ва зебогию меҳрубони ворид мешавад. Олиҳаест, ки дар ҳама давру замон аз ҳурмату эҳтиром бархӯрдор буд. Тамоми олимону донишмандон ва бузургони илму хирад модарро ҳамчун офаридгор ва давомдиҳандаи насли башар дониста, ба ҷасорату шуҷоаташ ва меҳрубонию заҳматҳояш баҳои баланд додаанд. Император ва сипаҳсолори бузурги фаронсавӣ Наполеон Бонапарт барҳақ иброз доштааст, ки “ Модар ба як даст гавҳора ва бо дасти дигар сайёраро такон медиҳад”. Дар миёни мардуми Чин зарбулмасале ҳаст, ки дар дунё зани зишт вуҷуд надорад. Яъне онҳо дар чеҳраи зан танҳо зебогиро мебинанд. Файласуфи бузурги Юнони қадим Суқрот чунин гуфтааст: “Бо падару модари худ чунон рафтор кун, ки аз фарзандони худ таваққуъ дорӣ”. Воқеан тамоми мавҷудоти рӯи олам назди бузургии модар сар фуруд овардаанд ва қаҳрамониашро дар зиндагӣ нотакрор донистаанд. Вақте тифл ба дунё меояд тарбияи ӯ аз модар оғоз мешавад ва ба кадом қуллаҳо мерасад аз саҳми модар вобаста мебошад. Модар қаҳрамонест, ки қаҳрамононро тарбия намудааст, олимону донишмандонро роҳнамоӣ намудааст ва бузургтар аз ҳама модарест, пайғамбаронро ба дунё овардааст. Дини ислом низ нисбат ба эҳтироми модар ва волидайн мақоми хос гузоштааст. Қуръони Карим, ки сарчашмаи асосии дини ислом мебошад, яке аз сураҳои он ба зан бахшида шудааст. Паёмбар (с) гуфтаанд: “Ризоияти Худованд дар ризоияти падару модар ва хашми ӯ дар хашми онҳост”. Яке аз шоистатарин амале, ки инсон бояд ба он диққат диҳад ин эҳтиром ва ҳаққи падару модар мебошад. Президенти кишвари азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи зан – модар чунин иброз доштаанд: “Модар муқаддастарин ва азизтарин шахс дар зиндагии ҳар як инсон аст. Ҳеҷ қувва ва ҳеҷ сарват наметавонад меҳрубониву муҳаббати модарро иваз намояд. Зан – модар чароғи хонадон. Пояи давлат ва офарандаи ҳаёт аст”. Пешвои миллат бузургии зан – модарро ба инобат гирифта, ӯро ҳамчун эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва посдорандаи анъанаҳои миллӣ донистааст. Имрӯзҳо фаъолияти занону модарони тоҷик дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дида мешавад ва дастгирии Ҳукумату давлат мебошад, ки ба мо занон чунин шароитҳо муҳайё шудааст. СММ доир ба ҳуқуқҳои занон ва мавқеи онҳо дар ҷомеа 18-декабри соли 1979 Конвенсия қабул намуд ва ин Конвенсия 3-сентябри соли 1981 дар эътибор даромадааст. Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон бахшида шудааст. Ин Конвенсия аз дебоча, 6-қисмат ва 30-модда иборат буда, ҳар як қисм ба масъалаи муҳиме нисбати некӯаҳволии ҳайёти занон бахшида шуда аст. Мақсади асосии Конвенсияи СММ дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон баробарии ҳуқуқҳои занон бо мардҳо буд. Дар интихобот ва дигар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ баробар иштирок намудан аст. Масъалаи баробарҳуқуқии занон бо мардон дар дигар санадҳои муҳими байналмилалӣ инъикос гардидааст. Имрӯзҳо мақоми зан дар ҷомеа бисёр баланд мебошад. Дар урфият гуфтаанд, ки “Зан чароғи хонадон аст”. Дар ин ҳикмат маънии бузурги фалсафӣ иниҳон буда, он мақоми занро дар оила баён месозад. Дар баробари пешрафти инсоният ва барпо гардидани форматсияҳои ҷамъиятӣ мақоми роҳбарӣ дар оила ҳамчун ҷузъи ҷомеа ба зан тааллуқ дошт, ки он марҳилаи “Модаршоҳӣ” ном дошт. Дар анъанаҳои фарҳангии халқи тоҷик зан аз ҳурмату эҳтиром бархӯрдор буд. Махсусан дар адабиёт нақши ӯ ҳамчун модар ва ҳимоятгари ободии хона тараннум карда мешавад. Қонунгузорӣ оид ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон медорад: “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, метавонанд оила бунёд намоянд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд”. Давлат мақоми махсуси занро дар оила ва ҷомеа баён доштааст. Ба ин меъёри конститутсионӣ “модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд”. Давлат ба модарон имтиёзҳои зиёд додааст. Зан ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи мо дар баробари мардон бояд тамоми имкониятҳоро баҳри иштирок дар ҳаёти сиёсии мамлакат дошта бошад. Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат низ ба масъалаи таҳсилу донишомӯзӣ ва касбомӯзии занон ҳамеша таъқид менамоянд. Занону модарони тоҷик дар таърихи миллати тоҷик бисёр саҳми бузург гузоштаанд. Онҳо фарзандонеро чун Саъдию Ҳофиз, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Айниву Бобоҷон Ғафуров тарбия намудаанд, ки ин чеҳраҳои мондагор ба халқу миллати тоҷик хидмат намуда, таъриху фарҳанги тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд ва номи некашон ҳаргиз фаромўш нахоҳад шуд. Пешвои миллат дар ҳама суҳбату вохӯриҳои худ нақши занону модаронро муҳим арзёбӣ намуда, чунин гуфтаанд: “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”. Аз ин суханон чунин хулоса кардан мумкин аст, ки Пешвои миллат ба нерӯи зан-модари тоҷик боварии комил доранд ва нақши онҳоро дар рушди давлатдорӣ муҳим меҳисобанд. Агар Пешвои муаззами миллат ба зан-модари тоҷик ҳамчун неруи қудратманд ва боирода боварӣ доранд, пас месазад мо ҳар як зан ва бонуи тоҷик дар ҳифзу посдории арзишҳои милливу таърихӣ саҳмгузор бошем ва барои пойдории анъанаву суннатҳои созандаи миллатамон саъю талош варзем. Шарифова С. – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

МАҚОЛАҲО

Тавсифи зан – модар дар Ислом ва дигар динҳо

Ҳамаи динҳо ба эҳтиром, муҳаббат ва ғамхорӣ нисбат ба модар аҳамияти махсус медиҳанд. Модар на танҳо шахсе аст, ки фарзандро ба дунё меорад, балки шахсияти муҳими тарбиявӣ, маънавӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Дар динҳои гуногун, мисли ислом, масеҳият, яҳудият, буддоия, ҳиндуия ва дигар анъанаҳои динӣ, таълимоти махсус дар бораи эҳтироми модар ва муносибати нек ба ӯ вуҷуд дорад. Мавриди зикр аст, ки модар дар ислом на танҳо шахсияти оилавӣ, балки шахсияти муқаддас ва муҳтарами маънавӣ мебошад. Ислом модарро бо эҳтиром ва муҳаббат ба фарзандонаш муаррифӣ мекунад. Қуръон ва аҳодис на танҳо мавзӯъҳои ахлоқӣ, балки муфассал ба нақши модар дар ҷомеа ва муносибатҳо бо фарзанд таъкид мекунанд. Модар ҳамчун шахсияти муҳтарам дар ислом, намунаи муҳаббат, сабр ва асоси ҳаёти инсон дар ислом нақши бузург дорад. Дар Қуръон ва дар аҳодиси Паёмбар (с) модарро ҳамчун шахси наздиктарин ва муҳтарамтарин барои фарзандон муаррифӣ мекунанд. Дар ислом модар на танҳо барои фарзанде, ки ба ӯ ғамхорӣ мекунад, муҳаббат дорад, балки ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат ва сабр дар ҷомеа ҳам арҷманд аст. Ислом таваҷҷӯҳ ва эҳтироми хоса ба модарро таъкид мекунад. Яке аз маъруфтарин аҳодисе, ки қадри модарро таъкид мекунад, чунин аст: “Ҷаннат зери пои модар аст.” (Саҳеҳ, Муслим). Ин ибора маънои онро дорад, ки фарзанд барои ба даст овардани ризои Худо ва ҷаннат, бояд модарро эҳтиром кунад ва ба ӯ некӣ кунад. Модар дар ислом рамзи меҳру муҳаббат ва сабр мебошад. Ҳар як модар дар давраи ҳомилагӣ, таваллуд ва тарбияи фарзанд бо меҳру ғамхории беандоза ва сабрро нишон медиҳад. Мусалмонон бояд ин эҳсосоти пурқиматро қадр кунанд. Эҳтиром ва қадри модар дар Қуръон бисёр ҷидди таъкид мешавад. Қуръон ба нақши модар дар ҳаёти фарзанд ва аҳамияти он дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии фарзандон диққат додааст. Дар оятҳои гуногуни Қуръон ба қадри модар ва масъулияти фарзандон нисбат ба модарон таъкид мешавад. Оятҳои Қуръон дар бораи Модар чунин баён шудааст. Дар ояти 23 ва 24 сураи “Исро” омадааст: “Ва сазовори меҳрубонӣ ва некӯкорӣ ба онҳо модар аст, ки ӯ онҳоро дар ду соли синапарварӣ ба дунё овард. Аз ин рӯ, шукронаи ман ва модаратро кун, ва дар ҳаёт ба ман баргаштан аст.” Ин оят нишон медиҳад, ки модар нисбат ба фарзанд масъулияти зиёд дорад ва фарзанд бояд баробари кӯмак ва хизмат дар зиндагӣ ба ӯ эҳтиром ва шукрона кунад. Меҳри модар нисбати фарзанд беғараз ва комил аст. Модарон дар тарбияи фарзанд, нигоҳубин ва мушкилоти зиндагӣ сабр ва таҳаммулро нишон медиҳанд. Дар ислом сабр ҳамчун сифати муҳими маънавӣ ва ба даст овардани ризои Худо таълим дода шудааст. Модар дар ислом беш аз як шахси оила аст; ӯ пайванди муҳими ҷомеа мебошад. Қадр ва эҳтироми модар ҳамчун фарзанд дар тамоми аҳком ва ҳаёти иҷтимоӣ таъкид мешавад. Ҳамчунин қадри модар дар аҳодис ба таъкид зикр шудааст. Яке аз маъруфтарин аҳодисе, ки қадри модарро нишон медиҳад, ин аст. Пайғамбар (с ) фармуданд: “Як мардеро назди Паёмбар (с) оварда, вай пурсид, ки ман бояд ба кӣ бештар эҳтиром кунам? Паёмбар (с) ҷавоб доданд: “Модаратро.” Пурсид: “Пас аз ӯ?” Паёмбар (с) гуфтанд: “Модаратро.” Вай боз пурсид: “Пас аз ӯ?” Паёмбар (с) гуфтанд: “Модаратро.” Вай боз пурсид: “Пас аз ӯ?” ) гуфтанд: “Падаратро.” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим) Ин аҳодис бисёр равшан нишон медиҳад, ки эҳтиром ва муҳаббат ба модар дар ислом ҳадди аксар аҳамият дорад. Паёмбар (с) се маротиба барои эҳтиром ба модар таъкид карданд, ки ин нишон медиҳад, ки модар мақоми хоса дар ислом дорад. Ҳамчунин дар дигар ҳадис Паёмбар (с) мефармоянд: “Се нафарро эҳтиром кун: Падар, Модар ва устод” (Саҳеҳ, Бухорӣ). Ин аҳодис нишон медиҳад, ки эҳтироми модар баробар бо эҳтироми падар ва устод аст, балки дар баъзе мавридҳо ҳатто афзалият дорад. Дар дигар аҳодис ҳам Паёмбар (с) бо ишора ба саҳимият ва ахлоқи модар чунин фармуданд: “Ҷаннат зери пойи модар аст.” (Саҳеҳ, Насоӣ) Ин аҳодис маънои онро дорад, ки баргузор кардани эътибори Худо ва роҳи дастрасӣ ба ҷаннат бо эҳтиром ба модар ва хизмати ба ӯ муваффақ мешавад. Қадри модар дар ҷомеа низ хелоҳам муҳим мебошад. Модар на танҳо оила, балки пойдевори ҷомеа мебошад. Модар фарзандонро тарбия мекунад, арзишҳои ахлоқиро таълим медиҳад ва ҷомеаро бо ахлоқи дуруст тақвият медиҳад. Модар ҳамчун омӯзгори аввалини фарзанд ва роҳнамои маънавӣ мебошад. Дар охир ҳаминро бояд қайд намуд, ки Модар дар ислом як шахсияти муқаддас ва муҳтарам аст. Қуръон ва аҳодис пайваста нақши модарро дар тарбияи ахлоқии фарзандон ва ҷомеа таъкид мекунанд. Модар як намунаи муҳаббат, сабр, хидмат ва ибодат ба Худо мебошад. Вай на танҳо шахсияти оила, балки шахсияти маънавӣ ва тарбиякунандаи фарзандон аст. Модар бояд бо муҳаббат ва эҳтиром баробар бо рисолат ва амали шукронаи фарзандон қадр шавад. Аммо оиди мақоми модар дар динҳои ҷаҳонӣ чунин иброз дошт, ки модар дар тамоми тамаддунҳо ва динҳои ҷаҳон ҳамчун шахсияти муқаддас ва муҳтарам шинохта мешавад. Аз ҷумла дар дини масеҳият модар ҷойгоҳи хеле баланд дорад. Китоби муқаддаси масеҳиён Библия фарзандонро ба эҳтироми модар ва падар фаро мехонад. Амри эҳтироми падару модар Дар яке аз аҳкоми машҳури Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Падари худ ва модари худро эҳтиром кун, то умрат дар рӯи замин дароз шавад.» (Китоби Хуруҷ 20:12) Ин амр яке аз Даҳ аҳком мебошад, ки дар дини масеҳият аҳамияти бузург дорад. Он фарзандонро вазифадор мекунад, ки ба падару модар, махсусан ба модар, эҳтиром ва муҳаббат нишон диҳанд. Дар масеҳият модари Марям ҷойгоҳи бисёр баланд дорад. Вай ҳамчун намунаи покӣ, сабр ва имон шинохта мешавад. Дар Инҷил гуфта мешавад: «Ҳама наслҳо маро хушбахт хоҳанд гуфт.» (Инҷил, Луқо 1:48) Марям ҳамчун модари муқаддас дар масеҳият эҳтироми бузург дорад ва дар бисёр анъанаҳои масеҳӣ ҳамчун рамзи модарӣ ва муҳаббати илоҳӣ ҳисобида мешавад. Яҳудият низ яке аз қадимтарин динҳои ҷаҳон мебошад ва дар таълимоти он ҳам модар ҷойгоҳи муҳим дорад. Дар китоби Таврот чунин гуфта шудааст: «Ҳар кас бояд аз модар ва падари худ эҳтиром намояд.» (Левит 19:3) Ин таълимот нишон медиҳад, ки эҳтироми модар як фарзи динӣ мебошад. Дар фарҳанги яҳудӣ модар ҳамчун нигоҳдорандаи дин ва анъана ҳисобида мешавад. Дар бисёр ҳолатҳо ҳатто ҳувияти динӣ аз модар муайян мешавад: агар модар яҳудӣ бошад, фарзанд низ яҳудӣ ҳисобида мешавад. Дар дини Ҳиндуия бошад модар яке аз муқаддастарин шахсиятҳо мебошад. Дар бисёр матнҳои динӣ ва фалсафии ҳиндуӣ модар ба дараҷаи

МАҚОЛАҲО

НАВРЎЗИ ОЛАМАФРЎЗ

Наврӯзи бостонӣ яке аз куҳантарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои фарҳанги ориёӣ-тоҷикӣ буда, он ҷашни сароғози баҳор, таҷаллигоҳи зеботарин чеҳраи табиат ва саршавии соли нави мардуми тоҷику порсизабони олам мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дошта, куҳантарин ва дерпойтарин ҷашни миллии мардумони ориёитабор маҳсуб гашта, инъикоскунандаи таърихи маданият ва оини миллии мо ба шумор меравад. Аз қадимулайём гузаштагони мо ақида доштанд, ки ҳар касе Наврўзро ҷашн гирад, ба хуррамӣ пайвандад ва то Наврўзи нав умри хеш ба шодмонӣ гузаронад. Наврўз рўзи эътидоли баҳорӣ – рўзи баробаршавии шабу рўз, аз нав зинда гаштани табиат, рўзи ба бурҷи Ҳамал расидани Офтоб аст. Бо омадани Наврўз табиат қолини мунаққаш аз гулҳои баҳориро ба мисли чакани зебосанамони диёри биҳиштосои мо ба бар мекунад. Лолаву ёсуман ва дигар гулҳои наврўзӣ гўиё бар як пой рост истода, бо замзамаҳои оҳанги нафиси боди баҳорӣ ба рақс медароянд: Рўзест, ки дар умр наёбанд чунин рўз, Солест, ки дар умр наёбанд чунин сол. Эй рўз, чӣ рўзӣ ту бад ин зиннату ин зеб, К-аз зиннату зеби ту дигар шуд ҳама аҳвол. Донишманд ва олими қарни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия»-и хеш чунин зикр намудааст: «Овардаанд, ки дар Наврўз ҷоме пур аз ҳалво бар Пайғамбар (с) ҳадя оварданд. Он Ҳазрат пурсид: «Ин чист?» Гуфтанд: «Имрўз рўзи Наврўз аст». Пурсид: «Наврўз чист?» Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён аст». Фармуд: «Оре, дар ин рўз буд, ки Худованд Аскараро зинда кард». Пурсиданд: «Аскара чист?». Фармуд: «Аскара ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда, сар ба биёбон ниҳоданд ва Худованд бар онон фармуд: «Бимиред! Пас мурданд. Пас ононро зинда кард ва абрҳоро амр фармуд, ки бар онон биборанд. Он гоҳ (Расули акрам (с) аз ҳалво тановул кард) ва фармуд: «Кош ҳар рўз барои мо Наврўз буд». Аз ин ҷо суннати об пошидан дар Наврўз ривоҷ ёфтааст. Ҳамчунин бояд зикр кард, ки дар адабиёти наврўзӣ мувофиқи иттилои Абурайҳони Берунӣ, фикри дигаре низ вуҷуд дорад, ки тибқи он гўё дар Басра вабое падид омад ва ҳамаи сокинони он ҷо фавтиданд. Чун аввали Фарвардин расид, Худованд бороне бар эшон биборид ва ононро зинда кард, эшон ба масокини худ баргаштанд. Пас подшоҳи замон гуфт: «Ин Наврўз аст». Дар натиҷа ин рўз ба Наврўз ном баровард ва мардум онро муборак шумориданд. Дар китоби мазкур Абурайҳони Берунӣ аз забони Алӣ бинни Яҳё чунин нигориштааст: «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китоби дигари худ «Ал-тафҳим» зикр намудааст: «Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишони соли нав аст». Наврўз қадимтарин дар ҷаҳон ҷашни куҳану бостонӣ ва фархундаи фарвардин буда, эҳёгари табиат ва паёмовари ваҳдату муҳаббат, покию садоқат ва зебоию садоқат мебошад. Дар ин ид дехқонон ба киштукори саҳроӣ мебароянд. Маҳз маҳсули меҳнати деҳқон аст, ки мардум ба хотири ҷамъ ва осоишта умр ба сар мебаранд: Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст, Аз ў гаҳ заръ гоҳе бўстон аст. Муносибат ба ин иди баҳор дар ҳар ҷо гуногун аст. Ҷашнгирии ин иди баҳор дар даврони шўравӣ манъ буд, зеро Наврўзро иди динӣ меҳисобиданд. Бояд хотиррасон намоем, ки иди Наврўз ва дини ислом ду чизи аз ҳамдигар ҷудо буда, омехта кардани онҳо ба ҳамдигар ноҷоиз мебошад ва метавонад боиси сар задани нофаҳмиҳо гардад. Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат хело ба маврид таъкид намудаанд: “То замони интишори ислом гузаштагони халқи тоҷик низ дорои фарҳангу тамаддун, дину оини бостонӣ ва соҳибкитоб буданд. Бинобар ин, мо имрўз набояд ба саҳифаҳои заррини таърихи чандинҳазорсолаи миллати худ аз рўи таассуб ё ноогоҳии динӣ хати батлон кашем ва таърихи гузаштаи халқи хешро инкор созем. Чунонки мушоҳида мегардад, баъзеҳо арзишҳои бузурги ахлоқиву маънавии миллиро, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанги мардумӣ то имрўз нақши муайянкунанда мебозанд, нодида гирифта, мехоҳанд онҳоро ба арзишҳои динӣ муқобил гузоранд. Муаллифони чунин мавод набояд фаромўш кунанд, ки баръакс Наврўз яке аз ҷашнҳои воқеан ва табиатан милливу мардумии мост ва бо ягон дину мазҳаб муносибат надорад”. Дар ин ҷо ба як нуктаи муҳим бояд ишора намуд, ки Алӣ ибни Абутолиб ва Абдуллоҳ ибни Аббос, ки ба иттифоқи тамоми мазоҳиби исломӣ яке аз фақеҳтаринҳо буданд, ҷашнгирии Наврўзро манъ накарданд, ҳол он ки ин саҳобаҳо дину диндориро аз урфу одат беҳтару бештар фарқ карда метавонистанд. Мувофиқи ақидаи исломӣ ҳар рӯзе, ки дар он некӣ бошад, он рӯз барои мусулмон рўзи муборак ва нек аст. Дар ин ҷо мисоле овардан бамаврид аст, ки аз ибтидои зуҳури ислом то ба ҳол тамоми давлатҳои исломӣ рӯзҳои хосеро ҷашн мегиранд, ба монанди рӯзи истиқлол, рӯзи ғалаба ва ғайра. Ҳеҷ касе ин рӯзҳоро маҳкум намекунад, баръакс онро ҷашн мегиранд ва фархунда медонанд. Наврӯз низ ҳамчун падидаи зиндашавии замин аз қадимулайём ҷашн гирифта мешавад. Он нафароне, ки эрод мегиранд ва даъво доранд, ки Наврўз яке аз идҳои маҷусиҳост, хато мекунанд. Зеро, таърих исбот намудааст, ки Наврӯз ба ҳеҷ як дине марбут намебошад. Дар Афғонистон бошад толибон Наврўзро оини зардуштӣ ҳисобида, қатъиян ба ҷашнгирии он иҷозат намедиҳанд. Курдҳои Ироқу Туркияю Эрону Гурҷистон, ки аз насли ориёитаборон мебошанд, ин идро бо тантанаҳои назаррас, ҳамчун иди Наврўз, ҷашн мегиранд. Дар Ҷумҳурии Сурияи Араб то солҳои 2010 ҷашнгирии ин ид расман манъ шуда буд ва 21 мартро ҳамчун “Рўзи модар” қайд мекарданд, ҳоло бошад, ҷашнгирии Наврўз 21 март дар Сурия иди расмӣ эълон гардид. Тантанаҳои наврўзӣ бо рақсҳои “дабка”-и курдӣ дар шаҳрҳои Киркук, Мосул, Сулаймонияи Ҷумҳурии Ироқ аз қадимулайём то ба имрўз идома доранд. Дар Эрону Озарбойҷон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҷашнгирии ин рўз шукуҳу шаҳомати хешро дорост. Дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА, ки тақрибан наздики 2 млн эронитабор дар он ҷо умр ба сар мебаранд (бо иҷозати расмии ҳокимони шаҳр) ҳамасола дар майдонҳои муайяншуда ин идро ҷашн мегиранд. Дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия ин идро ҳамватанони дар он ҷо будаи мо барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ низ қайд намуда, бо ин восита маданияту урфу оини миллии куҳанбунёди моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки бо ташаббус ва иқдомоти пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии сарони кишварҳои

МАҚОЛАҲО

Рўза ва садақот дар моҳи Рамазон

Рўза рукни чаҳорумин аркони панҷгонаи дини ислом ба шумор рафта (пас аз калимаи шаҳодат, намоз ва закот) рўза доштан ба мусулмонон соли дуюми ҳиҷрӣ фарз гардида аст. Рўза дар поксозии бадани инсон нақши закотро дар мол анҷом медиҳад. Пайғамбари акрам (с), ки худ нуҳ сол рўзаи моҳи мубораки Рамазонро гирифта буд, фармудааст: «Ҳар чизе закоте дорад ва закоти бадан рўза аст». Расули акрам (с) рўзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, мефармояд: «Шахсе, ки Рамазонро аз рўи имон ва ихлос рўза бидорад, гуноҳҳои гузаштаи ў омурзида мешаванд» («Саҳеҳ»-и Бухорӣ). Ба ривояти Имом Бухорӣ дар ҳадиси қудсӣ омадааст: «Тамоми аъмоли фарзанди Одам моли ўст, ба ҷуз рўза ва он моли Ман аст ва мукофоташ назди Ман аст. Бо раҳнамоии Расули акрам (с) заминаҳои иҷтимоии ибодат, аз ҷумла рӯза, дар паҳлўҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва афрод фароҳам хоҳад омад. Рӯза инсонро чун шахси уҳдадору масъулиятшинос, хештандору ба имон ва василаи беҳтарини тарбия ва тағзия (ғизо додан)-и ҷисму ҷон, тақвияи шуури динию мазҳабӣ, шукуфоии неру ва истеъдодҳои ботинӣ, дарку андешаронӣ дар неъматҳои худовандӣ мегардонад. Рўза дорои ҳикматҳои зиёдест, он танҳо як навъи гуруснанишинӣ, риёзати бадан, худдорӣ аз хўрдану нўшидан ва ҳамбистарӣ ё сер кардани гуруснагон нест, балки худдорӣ аз тамоми рафтору кирдори бад, соҳиби ахлоқи ҳамида будан, некўгардонии хулқу атвор мебошад. Худдорӣ аз хўрдану нўшидан ва ҳамбистарӣ танҳо ҷанбаи зоҳирии рўза аст ва Худованд ҳеҷ ниёзе ҳам ба он надорад. Рўза ғизои маънавии рўҳ мебошад, мисли он ки хўрок ба тан қувват мебахшад, рўза ҳам ба рўҳ неру мебахшад. Рўзадор ба монанди намозгузор дар ҳолати ибодат қарор дорад, танҳо фарқ дар он аст, ки агар дар намоз сухани дунёӣ гуфтан ва ҳаракати зиёдатӣ кардан раво набошад, шахси рўзадор сухан мегўяду ҳаракат мекунад, вале бояд аз тамоми аъмоли зишту ҷоҳилона, рафтори ношоиста, гуфтори беҳуда, алфози зишту носазо худдорӣ карда, аз хусумат, дурўғу туҳмату ғайбати дигарон ва амсоли ин канораҷуӣ намояд. Аз бузургтарин фоидаҳои руҳии рӯза ин аст, ки он боиси хушнудии Худованд ва мағфирати гуноҳону дурӣ ҷустан аз маъсият мебошад. Дар ҳадиси шарифи набавӣ омадааст: “Ҳар шахси рӯзадоре, ки каломи беҳуда ва кори беҳударо тарк накунад, Худованд ниёзе ба гурусна будану ташна будани ӯ надорад” (“Саҳеҳ”-и Бухорӣ). Худои таоло дар Қуръони карим зимни хитоб ба аҳли имон мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардед, бар шумо рўза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд, ки пеш аз шумо буданд, то бошад ки парҳезгорӣ кунед!” (сураи «Бақара», ояти 183). Аз ин оят ба таври ошкору возеҳ аён мегардад, ки рўза ибодати қадимӣ ва бар пайравони динҳои пешин низ фарз гашта будааст. Уламо адои закотро дар моҳи шарифи Рамазон мустаҳаб донистаанд, ба ҷиҳати қавли Усмон ибни Аффон (раз): “Агар моҳи Рамазон даромад, ин моҳи адои закоти шумост” (Изо дахала рамазон ҳозо шаҳру закотикум…). Рамазон мактаби ҷавонмардӣ ва бахшиш, мавсими садақаву хайрот аст. Расули акрам дар саховатмандӣ, ҷавонмардӣ ва ғамхориву дилсўзӣ ба ниёзмандон намунаи ибрат буд. Дар моҳи мубораки Рамазон аз дигар моҳҳо бештар некӣ мекард, ба бахшишу эҳсон мепардохт, сахитару бахшандатар буд. Пайғамбари гиромӣ (с) фармудааст: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад» («Саҳеҳ»-и Бухорӣ). Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа аз он иборат аст, ки арзишҳои олии фарҳангии милливу диниамон – некиву накўкорӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва дастгирии ятимону дармондагонро дар байни мардуми шарифи Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоем. Дар ин маврид дар Қуръони карим омадааст: « …Ва он чи аз мол харҷ кардед, (нафъ) барои (зоти) шумо аст. Ва лоиқ нест, ки ҷуз барои талаби рўи Худо (хушнудии Худо) харҷ кунед. Ва он чи аз мол харҷ кардед, ба тамом ба (сўи) шумо расонида шавад; ва шумо ситам карда нахоҳед шуд» (сураи “Бақара”, ояти 272). Ҷои дигар Қуръон хабар додааст: «Ҳар ки некие оварад, ўро даҳчанд (подош) аст…» (сураи «Анъом», ояти 160). Даҳ баробар дараҷаи поёни подоши як некӣ ва ҳасана мебошад ва он то ҳафтсад баробар ва болотар аз он афзоиш меёбад. Расули Худо (с) мефармояд: «Тамоми амали фарзанди Одам (дар назди Худо) афзоиш дода мешавад. Некӣ аз даҳ то ҳафтсад баробар ва то он ҷое, ки Худо бихоҳад, афзоиш меёбад» («Саҳеҳ»-и Муслим, 2707). Қуръон дар мавриди афзоиши аҷру подоши аъмоли хайр ва инфоқоти ҷавонмардонаи шахси накукор дар назди Худо чунин тамсил задааст: «Масали касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо харҷ мекунанд, монанди масали як дона аст, ки ҳафт хўшаро бирўёнад, дар ҳар хўша сад дона аст. Ва Худо ба ҳар ки хоҳад, дучанд медиҳад; ва Худо Фарохнеъмати Доно аст» (сураи «Бақара», ояти 261). Худованд инфоқу ҷавонмардӣ дар роҳи Худоро қарз додан ба Ў таоло донистааст. Ба ин маъно, ки ҳар чизеро, ки банда дар роҳи Худо сарф менамояд, подош ва ивази он ба сурати қарзе дар назди Худованд маҳфуз нигоҳ дошта мешавад, балки онро чандин баробар барояш афзоиш медиҳад: «Кист, он ки Худоро нек вом (қарз) диҳад; пас Худо онро барои ў дучанд, ба маротиб бисёр месозад» (сураи «Бақара», ояти 245). Боиси хурсандист, ки дар Тоҷикистони азизи мо, махсусан, дар арафаи иду ҷашнҳо соҳибкорони ватанӣ, муҳоҷирони меҳнатию дигар ҷавонмардон, ки дар хориҷи кишвар кору ифои вазифа менамоянд ятимону маъюбон, хона-интернатҳо, оилаҳои камбизоат ва дигар ашхоси эҳтиёҷмандро дастгирӣ менамоянд. Ин падида дар байни хонандагони мактабҳои миёна низ дастгирӣ шуда истодааст. Вале, инсон набояд дар пайи садақот, некиҳо ва хайру ҷавонмардии худ миннату озор ва риёкорӣ намуда, баъзан садақагирандаро дар хонаи хеш ғуломвор кор фармояд, ки ин амали хайри эшон ботил гашта, мартабашон назди худошанд коҳиш меёбад: «Барои онон, ки амволи худро дар роҳи Худо харҷ мекунанд, сипас, аз пайи он харҷ кардан миннат (ниҳодан) ва озор(расонидан)-ро (дар миён) намеоранд, назди Парвардигорашон муздашон ҳаст…» (сураи «Бақара», ояти 262). Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Бар ҳар мусулмоне садақа додан лозим аст». Пурсиданд: «Эй Пайғамбари Худо (с) касе, ки чизе надорад, чӣ кунад?» Фармуданд: «Кори некеро анҷом бидиҳад ва барои худ ва дигарон манфиат бирасонад». Гуфтанд: «Агар натавонист?» Фармуданд: «Ба ҳоҷатманде, ки аз вай кумак мехоҳад, ҳамкорӣ намояд». Гуфтанд: «Агар натавонист?» Фармуданд: «Кори некеро (ки метавонад) анҷом бидиҳад ва аз кори бад худдорӣ намояд

МАҚОЛАҲО

ЗАН – ЧАРОҒИ МУНАВВАРИ ХОНАДОН

Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт. Эмомалӣ Раҳмон Зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан – Модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост. Фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи онҳо сарчашма мегирад! Асоси оилаи солимро марду зан ташкил дода, зан дар тарбияи фарзандон нақши муҳимеро мебозад. Дар оилаҳое, ки мардон зиёдтар вақти хешро дар кор сарф мекунанд ва ё барои беҳтар намудани зисту зиндагонии фарзандону наздикони хеш ба муҳоҷирати меҳнатӣ, сафарҳои хидматии тўлонӣ мераванд, дар ин ҳолат нақши калидиро дар тарбияи фарзандон зан – модар мебозад. Ояндаи давлату кишвари мо аз тарбияи дурусти фарзандон вобастагии зич дорад. Таҳкурсию кордонӣ, масъулиятшиносӣ ва бо муваффақияту сарбаландӣ иҷро намудани вазифаҳои бар дўши аксари ҷавонон гузошташуда, ин натиҷаи тарбияи хуб гирифтани онҳо дар оила мебошад. Дини мубини ислом таъкид менамояд, ки дар пешгоҳи Худованд марду зан ҳуқуқҳои баробар дошта, зану мардро дар савобу муҷозот баробар мегузорад, ҳарчанднвазифаҳояшон вобаста ба табиати фитрии онҳо гуногун мебошад. Дар ислом ҳуқуқи ҳам зану ҳам мардро масъулияти дуҷониба ташкил менамояд. Зан дар корҳои динӣ, ҷамъиятӣ, ватанпарастӣ ва оилавӣ бо мард баробар дониста мешуд. Маҷбуран ба шавҳар додани духтарон аз тарафи падару модар, бародар ва ё парастор мумкин набуд ва ризоияти зан ҳатман гирифта мешуд. Ҳатто баъди хонадоршавӣ ў метавонист номи хонаводагии худро нигоҳ дорад. Ҳангоми тақсими мерос ба сифати меросбар, ў нисфи ҳаққи бародарашро мегирифт ва дар тарбияи фарзанд саҳми асосӣ дошт. Занон ҳақ доштанд барои ҳуқуқи худ ба Пайғамбар (с) муроҷиат намоянд. Ислом ба зан кафолат ва ҳуқуқи иштирок дар корҳои дунявӣ, динӣ, инчунин ҳуқуқи кор кардан ва савдою тиҷоратро додааст. Ҳатто ислом ризоияти занро дар интихоби ҳамсар то дараҷае тарғиб мекунад, ки агар занро падараш маҷбуран ба шавҳар дода бошад, пас никоҳ беэътибор дониста мешавад. Мувофиқи ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим, Пайғамбари акрам (с) никоҳи Хансоа бинти Ҳизоми Ансориро, ки падараш ўро зўран ба никоҳи марде дароварда буду писанди духтар набуд, бекор кардааст. Занон барои шавҳарони худ сабаби оромиш ва модарон барои аъзои хонавода сарчашмаи муҳаббат ва меҳрубонӣ ҳастанд. Ин нақши калидии занон ва модарон боис мегардад, ки хонаводаҳо муҳити гарму пур аз муҳаббат дошта бошанд ва фарзандон дар рўҳияи эҳтиром ба ҳамдигар ва хайрхоҳӣ тарбият ёбанд. Агар дар хонавода чунин вазъияте ҳукмфармо бошад, ҷомеаи шаҳрвандии мо низ ҳам чунин ҳолатеро хоҳад дошт. Нақш ва мақому ҷойгоҳи занон дар дунё лоиқ ба васфу ситоиш аст. Бисёре аз зебоиҳо ва тароватҳое, ки мо дар зиндагонӣ аз он бархўрдор мегардем, маҳз ба хотири вуҷуди пурмеҳру пурлатофати занону модарон аст. Ин ҷинси латиф неъмати бебаҳое аст, ки Парвардигор ба ҷиҳати камоли инсоният офаридааст ва дар ҳақиқат наметавон ин зиндагиро бе ҳузури онҳо ботаровату зебо тасаввур намуд. Дуруст аст, ки зан нисбат ба мард заифтар аст. Заифии зан аз мард дар он аст, ки дар мард гармони биологӣ зиёд буда, дар фикрронӣ, қувваи ҷисмонӣ ва сабру тоқат тавонотар аст. Ин аст, ки Худованд мардро дар оиладорӣ сардор амр кардааст ва ўҳдадор сохтааст, ки оилаи худро роҳбарӣ намуда, таъминоти моддиву маънавии онро бо дурустиаш ба ҷо оварад: «Мардон – ба сабаби он ки Худо баъзе одамиёнро бар баъзе бартарӣ додаст; ва ба сабаби он ки аз амволашон харҷ карданд, бар занон корсози тасаллутёфта шудаанд…» (сураи «Нисо», ояти 34). Бояд дуруст фаҳмид ва дарк намуд, ки заифии зан сабаби он нест, ки баробарҳуқуқ шуда натавонанд ва мардҳо бояд онҳоро мисли ғуломи худ истифода баранд. Баръакс, дар ҳоле ки мард нисбати зан дар оиладорӣ бедонишу нотавон бошад, роҳбарии оила дар ўҳдаи зан мешавад. Роҳбарӣ ва ўҳдадориҳои оила аз зан ё мард будан вобастагӣ надорад, балки ин вазифаро аъзои солимфикру дурандеши оила бояд ба ўҳда гирад. Вазифа ва ўҳдадории ба зиммаи мардон-сардорони оила, гузошташударо бояд хуб дарк намуд. Онро набояд нодуруст фаҳмида, аз он суиистифода намуда, ба оилаи худ зулму ситам оваранд. Баъзе мардони мусулмоне ҳастанд, ки қонуни оиладориро аз назари ислом хуб дарк накарда, дини исломро бо ҷоҳилии худ бадном менамоянд. Аҳли оилаи худро бо қаҳру ғазаб мисли ғулом истифода намуда, зўроварию ситамро нисбати онҳо раво медонанд, дилхуникиву парокандагиро дар оила ба вуҷуд меоваранд. Бадбахтӣ дар он аст, ки онҳо чунин рафтори ҷоҳилонаи худро тавре маънидод мекунанд, ки гўё ин ҳуқуқҳоро ба онҳо Худованд дода бошад. Худованди мутаол роҳбарони оиларо ўҳдадор намудааст, ки аз он неъматҳое, ки ба мо арзонӣ кардааст, тавассути ақл аз он чӣ дар осмону замин ба вуҷуд овардааст, дарёбем. Худованд ўҳдадории таъминоти ҳар оиларо ба роҳбарони оила вогузор кардааст. Роҳбарони оила, чӣ марду чӣ зан, онро бояд бо тамоми лавозимоти маънавию моддӣ аз тавоноии худ таъмин намоянд, то ки оила солим тарбия ёбад ва тавонад дар замони пешрафтаи илму техника ҳаёт ба сар барад. Худованди меҳрубон вазифаи ҳар як аъзои оиларо дар китоби муборакаш-Қуръон, баён кардааст, то ки мо аз ҳуқуқҳои якдигар огоҳ гашта, онҳоро поймол накунем ва даст ба ситаму зўроварӣ ва исрофкориҳо назанем. «…пас, занони некўкор фармонбардоранд ва дар ғайбати (шавҳар) нигоҳдорандае чизеанд, ки Худо онро нигоҳ доштааст…». Дар ин оят Худованд муроҷиати пандомези Худро ба занҳо кардааст ва дар он беҳтарин сифати зане оварда шудааст, ки ў аз рўйи дониш имон меоварад ва ҳамеша дар итоати Парвардигори худ мебошад. Чунин занон ҳамеша бандагиашонро бо сифатҳои беҳтарини инсонӣ, яъне меҳрубонӣ, раҳмдилӣ, некўкорӣ, дилнишинӣ, дилписандӣ, пурмеҳрӣ, поквиҷдонӣ ва вафодорӣ дар назди Аллоҳ ба ҷо меоранд. Онҳо ҳамеша оилаҳои худро бо одобу рафтори хуб, яъне эҳтирому вафодорӣ ба шавҳару фарзандон ва ростиву покизагӣ бо амри Худованд чунон нигоҳ медоранд, ки Парвардигор онро аз тамоми беҳаёгиву бешармиҳои ҳаёти ҷоҳилонаву гумроҳона тавассути панду ҳикматҳояш нигоҳ доштааст. Худованди меҳрубон вазифаи эҳтироми шавҳарро дар назди зан гузоштааст. Ҳар қадаре зан вазифаи зану модар буданашро оқилона иҷро намояд, ҳамон қадар дар он оила бештар якдигарфаҳмиву дўстӣ ба вуҷуд меояд. Дар он ҳолат он оила пешрафтаву хушбахт гашта, аъзоёнаш сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд: «…Ва он занонеро, ки аз саркашиашон тарс доред, панд диҳед; ва пас, дар хобгоҳ онҳоро тарк кунед…» (сураи «Нисо», ояти 34). Вақте тарбияи хуби инсониро дар худ пайдо намуда, ҳаёти солимонаро месозем, дар он меҳрубониву якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд

МАҚОЛАҲО

    Ҳаёт ва эҷодиёти илмии Абунасри Форобӣ

Абунасри Форобӣ яке аз бузургтарин файласуфон ва мутафаккирони ҷаҳони ислом дар асрҳои миёна ба шумор меравад, ки дар фалсафа, мантиқ, сиёсат ва мусиқӣ нақши ҳалкунанда доштааст. Ӯро дар анъанаи илмӣ Муаллими дуюм (пас аз Арасту) меноманд, ки ин нишонаи ҷойгоҳи баландаш дар таърих аст. Абунасри Форобӣ тахминан соли 870- 872 мелодӣ дар шаҳри Фороб (Ӯтрор, дар сарзамини Мовароуннаҳр) ба дунё омадааст.[1] Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки маълумоти асосӣ аз зиндагии ӯ чандон пурра нест ва манбаъҳои зиёди ёддоштӣ баъди асрҳо аз ҷониби муаллифони араб навишта шудаанд. Вай таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби маҳаллӣ ва зери роҳбарии донишмандони замон оѓоз кардааст, сипас барои идомаи таҳсил ва рушди илми фалсафа ва мантиқ ба Бағдод – маркази илмии он давр сафар кардааст. Дар он ҷо ӯ аз донишмандони барҷастаи замона баҳра гирифта, бо илмҳои гуногун, аз ҷумла  мантиқ, метафизика, сиёсати иҷтимоӣ ва мусиқӣ шинос шудааст.  Ӯ бештари умри худро  дар Баѓдод ва баъдтар дар Димишқ ва Ҳалаб сипарӣ намудааст. Ӯ бештари вақти худро ба таҳқиқоти илмӣ ва таълифи асарҳо бахшидааст. Дар соли 950 – 951 мелодӣ дар Димишқ даргузашт.[2] Абунасри Форобӣ ҳамчун шарҳдиҳандаи барҷастаи таълимоти Арасту маъруф аст ва дар таҳкими мантиқ ва систематикаи он нақши асосӣ доштааст. Вай кӯшиш намудааст, ки фалсафа ва мантиқро бо таълимоти исломӣ ҳамоҳанг созад ва ба вуҷуд овардани як низоми илмии муттаҳидро пешниҳод кунад. Мафҳумҳои ӯ дар мантиқ ба тавзеҳ ва тартиби қоидаҳои ақлӣ ва баҳси арастушиносон гузоштанд, ки сипас ба таҳқиқоти баъдӣ таъсири калон расонданд. Ба андешаи муҳаққиқон, Форобӣ мантиқро муқаддимаи ҳамаи илмҳо медонист ва онро тарзи тафаккури саҳеҳ мешуморид.[3] Муҳимтарин асари сиёсӣ – фалсафии Форобӣ «Мадинаи фозила » мебошад, ки дар ин асар андешаҳои худро дар бораи ҷомеаи идеалӣ, роҳбарӣ, адолат ва сиёсат баён намудааст. Ба ақидаи Форобӣ роҳбари ҷомеаи фозила бояд дорои сифатҳои ахлоқӣ ва ақлонии барҷаста бошад ва мардумро ба сӯи саодати ҳақиқӣ ҳидоят намояд.[4] Ин назария бо андешаҳои Афлотун дар бораи шаҳри фозила қобили муқоиса буда, нишондиҳандаи таъсири анъанаи юнонӣ бар тафаккури Форобӣ аст. Абунасри Форобӣ дар асари худ «Эҳсоъ–ул-улум» — «Шумориши илмҳо» ба классификатсияи илмҳо пардохта, онҳоро ба мантиқ, риёзиёт, табииёт илоҳиёт ва илмҳои маданӣ ҷудо менамояд. Ин яке аз аввалин кушишҳои муназзам барои таснифи дониш дар тамаддуни исломӣ ба шумор меравад. Абунасри Форобӣ ба файласуфони баъдӣ, ба вижа Ибни Сино ва Ибни Рушд, таъсири амиқ гузоштааст. Андешаҳои ӯ миёни фалсафаи Юнон ва фалсафи исломӣ пуле барқарор намуда, заминаи шукуфоии тафаккури ақлониро дар асрҳои миёна фароҳам овардааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, низоми фалсафии Форобӣ яке аз нахустин кӯшишҳои ҳамгироии ақл  ва ваҳй дар доираи як системаи мантиқӣ ва метафизикӣ буд.[5] Абунасри Форобӣ мутафаккири фарогир ва бисёрҷанба буд, ки дар соҳаҳои фалсафа, мантиқ, сиёсат ва мусиқӣ осори гаронбаҳое ба мерос гузоштааст. Кӯшиши ӯ барои пайванди фалсафаи юнонӣ бо андешаи исломӣ, таҳкими мантиқ ҳамчун тарзи тафаккур ва пешниҳоди намунаи ҷомеаи фозила, ҷойгоҳи ӯро дар таърихи андешаи инсонӣ ҷовидона гардонидааст. Осори Форобӣ то имрӯз мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор дошта, ҳамчун бахши муҳими мероси фалсафии ҷаҳони ислом арзёбӣ мегардад.    Адабиёт Majid Fakhry, Al‑Farabi, Founder of Islamic Neoplatonism: His Life, Works and Influence (Oxford: Oneworld Publications, 2002). Osman Bakar AL‑FARABI, Life, Works and Significance, Islamic Book Trust (Kuala Lumpur) с 2018, с 126. Наср, Саййид Ҳусайн. Таърихи фалсафаи исломӣ. Теҳрон: 2006, саҳ 162. Фахрӣ, М. Таърихи фалсафаи исломӣ. Қоҳира: 2001.   Сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ                Наботов М.А.

МАҚОЛАҲО

Зӯроварӣ дар оила сарчашмаи асосии бадбахтиҳост

Бо дарназардошти пешравии илму фарҳанг ва тамаддун, бозҳам дар ҷаҳони имрӯз хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо зиёд мегардад, ки яке аз амалҳои номатлуб ва доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Зӯроварӣ дар оила нисбат ба зан падидаи нав нест. Зӯроварӣ дар оила мушкилии дар тамоми ҷаҳон паҳнгардида буда, барои ҷабрдидагон аз ҷиҳати ҷисмонӣ, эҳсосотӣ-рӯҳӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта, на танҳо ба оила, балки ба тамоми ҷомеа низ таъсиргузор мебошад. Мутаассифона, аксарияти одамон, ҳам марду ҳам зан лату кӯб ва рафтори бадро (ба мисоли ҳақорат, масхараву мазоқ кардан, носазо гуфтанро) байни аъзоёни оила ҳамчун зӯроварӣ надида, онро чун қисми муқаррарии ҳаёти оилавӣ мешуморанд. Зӯроварӣ нисбат ба ҳамсарро одатан чун баҳс, низоъ ва ҷанҷоли оилавӣ ҳисобида, онро ба кори дохилии оилавӣ шомил мекунанд, ки ин комилан хато мебошад ва ин бардошти ғалат дар ҷомеаи имрӯзи мо низ мутаассифона баръало мушоҳида мешавад. Ҳеҷ яке аз динҳои осмонӣ зулму хушунатро дар оила раво надида, баракс барангехтани чунин кирдорро сахт маҳкум мекунанд. Агар чунин кирдорро аз нигоҳи динӣ назар андозем, хоҳем дид, ки дини ислом, зӯроварӣ дар оиларо қатъиян манъ мекунад. Дар ҳадисҳо ва оятҳои зиёде таъкид гардидааст, ки бо занҳо бо адолат ва меҳрубонӣ муносибат карда шавад. Худованд дар Қуръони карим мардону занонро ба рафъи ихтилофот ва оштиву таҳаммули ҳамдигар даъват намуда, чунин мефармояд: “Ва агар зане аз шавҳараш хавфи саркашӣ ё рӯгардонӣ дошта бошад, пас бар онҳо боке нест, ки дар миёни худ ба навъе сулҳ оранд; ва сулҳ кори беҳтар аст”. Сураи Нисо, ояти 128 “…Ва бо занон ба ваҷҳи писандида зиндагонӣ кунед,…” (Сураи Нисо, ояти 19). Инчунин дар ҳадисҳо омадааст: Оиша (р) гӯяд: Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо зан ва фарзанди худ беҳтарин рафторро дошта бошанд. Ва ман бо хонаводаам аз ҳамаи шумо рафтори беҳтарро дорам ”. “Сунани Тирмизӣ”, китоби “Маноқиб”, ҳадиси 3830; “Сунани Дорамӣ”, китоби “Никоҳ”, ҳадиси 2160; “Сунани Ибни Ҳуббон”, ҷилди 9, саҳ 492, ҳадиси 4186. Шариати ислом ҳусни муошират (рафтори накӯ)-ро бар якдигар дар оила беҳтарин амр медонад. Дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик низ эҳтироми ҳамсар, эҳтироми волидон, тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила ҳисобида мешавад ва масъулияти аввалиндараҷаи волидон дурусту баркамол ба воя расонидани фарзандон мебошад. Барои хушбахтии фарзандон заҳмати волидон дар ҷойи аввал меистад. Ногуфта намонад, ки оилаи солим дар ҳолате ба ҷамъият нафъи худро расонида метавонад, ки ҳар як узви оила бо фикру андешаҳои солими худ ба воя расида, дар ҳар қадам барои пешрафти оила ва ҷомеа саҳмгузор бошанд. Яке аз паёмадҳои нохубе, ки зӯроварӣ дар оила ба вуҷуд меорад, ин таъсири манфӣ ва ногувори он пеш аз ҳама ба кудакон мебошад, ки боиси сар задани ҳолатҳои вазнини рӯҳӣ ва равонӣ мегардад ва ҳамин таъсири равонӣ ба аъзои оила метавонад аз доираи он берун баромада, ба худкушиҳо ва ё барои содир намудани дигар қонуншиканиҳо, аз ҷумла, ҷиноятҳои махсусан вазнин мусоидат намояд. Дар таҷрибаи мардуми мо баъзе омилҳои зӯровариро нодуруст ба дин мечаспонанд ё маънои динӣ медиҳанд. Дар ҳоле, ки баракс дар дин барои тарбияи дурусти фарзандон ва меҳрубони нисбати аҳли оила таъкидҳои зиёде шудааст. Доир ба хислату кирдори нек Расули акрам фармудаанд: “Беҳтарин мероси падару модар барои фарзандон тарбияи неки онҳо мебошад” ( Табаронӣ “Ал-Авсат” ин ҳадисро ривоят кардааст). “Фарзандони худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳони шумо омурзида шаванд” (“Сунан”-и Ибни Моҷа, ҷ.2 саҳ.1211). “Адолатро байни фарзандонатон риоя кунед, ҳамон гуна, ки шумо низ дӯст доред дар неки ва лутф ба худатон адолатро риоя кунанд” (“Ҷомеъ-ус-сиғар”-и Суютӣ, саҳ 74). “Фарзанди шоиста ва хуб гуле аз гулҳои биҳишт аст” (Кофӣ, ҷ.6, ҳадиси 10). “Касе фарзанди хурдсол дорад, бояд бо ӯ бозӣ кунад” (“Канз-ул-уммол”, ҷ.16, саҳ457). Дар ҳузури кӯдакони ноболиғ садо баланд кардан, ба онҳо зӯроварӣ кардан, ҷанҷолу муноқиша кардани волидон, на танҳо ба ҳолати равонӣ, балки ба саломатии кудакон низ таъсири манфии худро мерасонад. Дар натиҷа ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, зарари равонӣ гирифта, худашонро одатан аз ҷомеа дур мегиранд, бо атрофиёни наздик алоқаро гум мекунанд, дар таҳсилу кор мушкилӣ мекашанд. Хушбахтона, солҳои охир дар мамлакати мо масъалаи зӯроварӣ дар оила чун мушкилии иҷтимоӣ (на мушкилоти оилавӣ) ошкоро муҳокима ва эътироф карда мешавад ва бисёр корҳо барои бартараф кардани он ба анҷом расонида мешаванд. Ҳамин тавр, дар сатҳи қонунгузорӣ дар мамлакат бисёр санадҳои меъёрӣ қабул шудаанд ва муҳимтаринаш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” (№954) мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2013 ба имзо расид. Инчунин дар Тоҷикистон дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ фаъолиятҳои гуногунро доир ба мубориза нисбати зӯроварӣ дар оила амалӣ мекунанд. Соли 1993 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занонро ба тасвиб расонид ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тавассути ҳифзи ҳуқуқи занон ва мусоидат намудан ба ҳимояи ҳуқуқу имкониятҳои баробар ҷиҳати иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ таъсис дод. Тасвиб ва татбиқи амалии чунин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ имконият медиҳад, ки мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа устувор гардад, аз тарафи дигар барои пешгирии зӯроварӣ ва хушунати иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард. Хулоса, бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо дар ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти он буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд. Ҳеҷ яке аз афроди ҷомеа набояд дар ин самт бетарафиро интихоб кунад. Шокиров Умедҷон Усмоналиевич – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

МАҚОЛАҲО

Фазилат ва вижагиҳои моҳи шарифи Рамазон

Моҳи шарифи Рамазон яке аз муқаддас ва пурбаракаттарин моҳҳо дар дини мубини Ислом ба шумор меравад. Ин моҳ на танҳо замони рӯза доштан, балки мактаби тарбияи ахлоқ, поксозии рӯҳ, тақвияти ирода ва наздикшавӣ ба Худованди Мутаол аст. Дар ин моҳ мусалмонон бо ихлос ва муҳаббат ибодат мекунанд, аз гуноҳон парҳез менамоянд ва барои ислоҳи нафс талош меварзанд. Рамазон моҳи нузули Қуръон, моҳи раҳмату мағфират ва наҷот аз оташи ҷаҳаннам мебошад. Тавре ки дар Қуръони карим омадааст, рӯза барои парҳезгорӣ фарз гардонида шудааст. Ин моҳ имконияти нодирест барои худшиносӣ, поксозии ботин ва таҳкими робитаи инсон бо Парвардигор. Дар бораи маъно ва ҷойгоҳи моҳи Рамазон дар Ислом чунин метавон гуфт, ки моҳи Рамазон моҳи нӯҳуми тақвими ҳиҷрии қамарӣ мебошад. Номи он аз решаи «рамзо» гирифта шуда, маънои гармии сӯзонро дорад, ки ба поксозӣ ва сӯхтани гуноҳон ишора мекунад. Рӯзаи моҳи Рамазон яке аз панҷ рукни асосии Ислом мебошад, ки дар ҳадиси машҳури Паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с) баён шудааст. Ин рукн дар канори шаҳодатайн, намоз, закот ва ҳаҷ қарор дорад. Рӯза дар соли дуюми ҳиҷрат фарз гардида ва аз ҳамон замон то имрӯз барои тамоми мусалмонони болиғу оқил фарз аст. Мақсади аслии рӯза, тибқи ояти маъруфи сураи «Бақара», расидан ба тақво (парҳезгорӣ) мебошад.Тақво ҳолати худназоратии ботинӣ ва эҳсоси ҳузури доимии Худованд аст. Рӯза инсонро водор месозад, ки ҳатто дар танҳоӣ аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ намояд. Ин таҷриба эҳсоси масъулияти ахлоқиро тақвият мебахшад ва инсонро ба худназоратӣ одат медиҳад. Аз нигоҳи илмҳои ахлоқ, худназоратӣ яке аз асосҳои ташаккули шахсияти комил мебошад. Рӯза ҳамчун як тартибу қоидаи амалӣ ин қобилиятро тақвият медиҳад. Мавриди зикр аст, ки яке аз бузургтарин фазилатҳои ин моҳ нузули китоби муқаддаси мусалмонон Қуръон мебошад. Худованд мефармояд, ки Қуръон дар моҳи Рамазон нозил гардидааст, то ҳидоятгари мардум бошад. Дар ин моҳ тиловати Қуръон савоби чандинкарата дорад. Бисёре аз мусалмонон кӯшиш мекунанд, ки дар давоми моҳ ҳадди ақал як маротиба хатми Қуръон намоянд. Ин амал рӯҳро равшан ва дилро ором мегардонад. Дар мавриди фарзияти рӯза ва ҳикмати он инро метавон баён дошт, ки рӯза худдорӣ аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар амалҳои ботилкунанда аз тулӯи субҳ то ғуруби офтоб мебошад. Дар баробари ин яке аз муҳимтарин ҳикматҳои Рамазон поксозии рӯҳ аз олудагиҳои ахлоқӣ мебошад. Рӯза инсонро аз ғазаб, ҳасад, кина, такаббур, дурӯғ ғайбат, сухани бад, ва дигар амалҳои ношоиста дур месозад. Дар илми тасаввуф, нафс манбаи асосии майлҳои манфӣ дониста мешавад. Маҳдуд сохтани ниёзҳои ҷисмонӣ боиси суст гардидани ҳукмронии нафс мегардад. Аз ин рӯ, Рамазон як марҳилаи амалии «тазкияи нафс» (поксозии ботин) мебошад. Ҳамчунин рӯза дорои як қатор ҳикматҳо мебошад. Аз ҷумла тарбияи тақво, қавӣ гардидани ирода, эҳсоси ҳолати камбизоатон, покшавии ҷисм ва рӯҳ, таҳкими сабру таҳаммул Дар умум метавон гуфт, ки Рамазон инсонро ба ростқавлӣ, покдоманӣ ва хоксорӣ даъват мекунад. Худдорӣ аз ғазаб, кина ва сухани носазо яке аз шартҳои қабул шудани рӯза мебошад. Ин моҳ муҳити ахлоқиро дар ҷомеа беҳтар намуда, равобити байни инсонҳоро устувор месозад. Дар баробари ин фазилатҳо, Рамазон моҳи раҳмат ва мағфират мебошад. Дар ҳадисҳо омадааст, ки моҳи Рамазон ба се қисм ҷудо мешавад, даҳ рӯзи аввал раҳмат, даҳ рӯзи дувум – мағфират, даҳ рӯзи сеюм наҷот аз оташи ҷаҳаннам мебошад. Дар ин моҳ дарҳои биҳишт кушода ва дарҳои ҷаҳаннам баста мешаванд,, то инсон имкони бештар барои ибодат ва хайру садақа дорад. Исоев Н, сармутахассиси шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ.

МАҚОЛАҲО

Раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти арзишҳои динӣ дар кишварҳои мусулмоннишин:

2. Фарҳанги сиёсӣ ё мушкилоти ташаккули фарҳанги сиёсӣ дар кишварҳои мусулмоннишин (Аввалаш дар шумораи гузашта) Ташаккули фарҳанги сиёсӣ заминаи асосии ҳаёти сиёсии ҷомеа буда, меҳвари самти талаботи ҷомеаро муайян ва роҳнамоӣ мекунад. Ба фарҳанги сиёсӣ ва аҳамияти он чӣ дар гузашта ва чӣ дар раванди имрӯза вобаста ба вазъи умумии ҷомеа баҳо дода мешавад. Таҷриба собит намуд, ки раванди ташаккули муайяни иҷтимоӣ бевосита ҳадафҳои иқтисодиро ба вуҷуд меоранд, ки амалӣ шудани онҳо минбаъд моҳияту мазмуни раванди сиёсиро муайян мекунанд. Фарҳанги сиёсӣ дар навбати худ аз тариқи истифодаи усул ва воситаҳои дар ихтиёрдошта мушкилоти ба миёномадаро ҳаллу фасл менамояд. Агар аз гузаштаи таърих то имрӯзро мавриди назар қарор диҳем, мебинем, ки “як шахс метавонад ба моҳият ва рафтору татбиқи сиёсат таъсир расонад ва ба он самти муайян диҳанд” Сиёсат як соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ аст, ки бо ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифодаи қудрат, инчунин фаъолияти идоракунии давлат ва тақсимоти захираҳо байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ алоқаманд аст.1 Моҳияти сиёсат дар ташкили ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳалли низоъҳо ва ноил шудан ба ҳадафҳои муҳими сиёсӣ-иҷтимоӣ мебошад. Мафҳуми сиёсат аллакай дар замонҳои қадим масалан, рисолаи Арасту дар бораи идоракунии давлатӣ “Сиёсат” ном дошт. Муддати тӯлонӣ мафҳумҳои сиёсат хусусияти меъёрӣ доштанд, ки мувофиқи он он ҳамчун “мубориза барои тартиботи одилона” ё ҳамчун воситаи ноил шудан ба манфиати умумӣ муайян карда мешуд. Аз нигоҳи сохторӣ-функсионалистӣ, сиёсат унсури муҳими ҳар як созмони ҷамъиятӣ буда, мустақиман муқаррар кардани ҳадафҳо, маҷбуркунӣ ва нигоҳ доштани низоми сиёсӣ дар ҷомеа алоқаманд аст. Он ҳам метавонад рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро танзим кунад ва ҳам ҳамчун монеа дар тағйироти пешрафти онҳо амал кунад. Бояд эътироф кард, ки бар асоси ин таъриф, зӯроварӣ -ҳамчун фарҳанги сиёсии аксари кишварҳо тавсиф мешавад, зеро дар таърихи ҳар як давлати ҷаҳон аз мисолҳои бераҳмӣ ва задухӯрдҳо (дар ҷангҳои бешумори хориҷӣ), истилоҳо, задухурдҳои оммавӣ, шӯришҳои халқӣ, репрессияхои сиёсӣ, зиддиятҳои динӣ, мавҷуданд. Вале аз ин таҷрибаи душвори таърихӣ на факат хулосаҳои дахлдор набароварданд, балки зўроварӣ тадриҷан ақли башариятро бурд ва фарҳанги сиёсиро бо зўроварӣ тавъам кард ва дар тӯли таърихи ҷаҳон ин таҷриба борҳо тасдиқ шудааст. Дар ҳақиқат, тақрибан 250 давлат, 7 миллиард нафар бо 4000 забон ҳарф мезананд ва дар марҳилаҳои гуногуни рушд дар натиҷаи низоъҳои доимӣ ба вуҷуд омадаанд. Муборизаи шадидтарин байни афрод ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар соҳаи сиёсӣ ва динӣ ба амал меояд. Дар айни замон сабаби шиддат гирифтани муносибатҳои сиёсӣ дар заминаи андешаҳои динӣ ва динӣ-сиёсӣ ва ба вуҷуд овардани низоъ фалокати минбаъдаи иҷтимоиро ба бор меорад. Аз ҷумла, муқовимати идеологии ҷомеаи мусулмонӣ бо Ғарб фундаментализми исломиро ба вуҷуд овард, ки ба ақидаи баъзе ҷомеашиносони ғарбӣ, ба “қабатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки дар сектори пеш аз капиталистии истеҳсолот ва гурӯҳҳои иҷтимоие, ки аз он тарбия ёфтаанд” алоқаманд аст, дар ҳоле ки ба ақидаи дигар, он ба “категорияҳое, ки дар натиҷаи навсозӣ, кормандони ҷомеаи исломӣ, мусулмонӣ, дар ин соҳа ба вуҷуд омадаанд” алоқаманд аст. Дар таҷрибаи шарқи мусулмонӣ ҳамаи ҳадафҳои сиёсӣ зери шиори озодӣ ва адолат саршуда, тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ новобаста аз касбу кор исломро байрақи талабҳои худ мегардонанд. Ин ҳолатро донишманди фаронсавӣ Оливье Рой чунин қайд кардааст, “зеро фарҳанги сиёсӣ бевосита ба маданияти хоси сиёсии ҷахони ислом алоқаманд аст”. Дар аксари мавридҳо масъалаи диндории воқеӣ ё самимии муҳандисон, омӯзгорон, устодони донишгоҳҳо барои сиёсатмадорон ё он гурӯҳҳое, ки ин низоъҳои сиёсиро зери шиори дин ташкил мекунанд, муҳим нест. Зеро аз нигоҳи ҷаҳонбинӣ ва муносибат ба арзиҳои эътиқодӣ инҳо аз пайравони созмонҳои бунёдгароии ислом куллан фарқ доранд. Барои онҳо, пеш аз ҳама, ислом аслиҳаи сиёсӣ аст, ки ҳамзамон на он қадар ҷаҳонбинӣ ва фаҳмиши ҷаҳонро мутамарказ мекунад, балки ҳуввияти динӣ ва иртиботи маънавӣ бо уммат, садоқат ба анъанаҳои динӣ ва рамзи зиддиғарбӣ мебошад. Дар солҳои 50-70 асри гузашта дар баъзе кишварҳои исломӣ, ки таҳти таъсири Ғарб қарор доштанд, гурӯҳҳои модернистҳои ғарбӣ пайдо шуданд, ки роҳи озодии халқҳои худро дар «ғарбшавӣ» ва бо суръат азхудкунии ҳадди аксар арзишҳои ғарбӣ дар сиёсат, илм, фарҳанг, ҳаёти ҳаррӯза ва амалиёти иқтисодӣ медиданд. Аммо дар шарқи мусулмонӣ аксарият ба онҳо пайравӣ накарданд. Баръакс онҳо ояндаи худро худро дар «бозгашт ба решаҳои» навбатии покии аслии ислом, ки ҷаҳони ислом аз замони пайдоишаш, бахусус дар давраҳои муқовимат бо ғайр аз сар мегузаронад ва таҳдидҳоро ба тарзи зиндагӣ ва низоми иҷтимоии он амиқ эҳсос мекард, диданд. Нахустин вокуниши мусалмонон ба экспансияҳои мустамликадории Ғарб, чолишҳои ҳарбию сиёсӣ ва фарҳангӣ-идеологии он исломгароӣ (панисломизм) буд, ки муттаҳид шудани тамоми мусулмононро бо рафъи ихтилофоти ақидавӣ ва дигар дар байни ҷунбишҳо ва фирқаҳои мухталифи онҳо талаб мекард. Исломгароии муосирро султонҳои усмонӣ, ки худро халифаи тамоми мусалмонон медонистанд, ба таври муассир истифода бурданд. Барои нигоҳ доштани қудрати худ, онҳо ба маҳкум кардани ҳама чизи ғарбӣ ташвиқ мекарданд ва зарурати ягонагии тамоми мусулмононро аз Марокаш то Шинҷон дар зери сарпарастии Истамбул ташвиқ мекарданд. Бисёре аз идеологҳои панисломистӣ дар пайдоиши ҳизбу созмонҳо дар кишварҳои исломӣ саҳм гузоштанд, ки муттаҳид шудани тамоми мусалмонон (аз ҷумла дар давлатҳои ғайриисломӣ) зери нуфузи Султон-халифаро бо шиорҳои «эҳёи хилофат» таблиғ мекарданд. Маҳдуд будани манфиати туркҳо натавонист ин шиорро умумисломӣ кунад. Бинобар ин, дар муборизаҳои идеологӣ панисламизм шикаст хўрда, тадриҷан ҷои онҳоро ҷараёнҳо ва назарияҳои дигари мусулмонӣ, исломи сиёсӣ, пеш аз ҳама бунёдгароии исломӣ гирифтанд. Мақсади асосии ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ таъмини адолати иҷтимоӣ, ки татбиқ ва таъмини онро бо Қуръон асос мекарданд. Дар майдони сиёсӣ ва идеологӣ дар шарқи мусулмонӣ ба ғайр аз идеяи адолати мутлақи дин ва ғояҳои каптализм инчунин гояҳои адолати социализм низ ворид гардид. Ин идеяҳо ва таълимотро баъзе миллатгароён ва сарварони давлатҳои исломии асри 20 (Носир Содот дар Миср, Бен Белла дар Алҷазоир, Каззофӣ дар Либия, Зулфикар Бхутто дар Покистон, Алии Шариатӣ дар Эрон) пайравӣ карданд, зеро ин идея мусулмононро ба таври органикӣ муттаҳид мекарданд. Дар ин маврид, ҳаракатҳои миллатгаро дар кишварҳои мусулмонӣ аз ақидаи ҷамъияти мусалмонон комилан ҷудо нашуда буданд, балки пайвастагии доимӣ доштанд. Ҳатто пешвоёни миллатгаро, ки эътиқоди дунявӣ доштанд, маъмулан саъй мекарданд, ки хоҳиши бунёди давлати дунявии миллиро бо ғояҳои модернизми исломӣ муттаҳид кунанд. Дар Миср бунёдгароии динӣ дар шакли як ташкилоти мутамарказ. “Ихвонул муслимин” бо сохтани як давлати исломӣ, ҳанӯз дар солҳои 1928 ба майдони сиёсӣ ворид шуда буд. Чунин ҷараёни сиёсӣ “Анҷумани уламои ислоҳталаб” дар Алҷазоир ташкил ёфт, ки зери шиори миллати

Прокрутить вверх